11:33:59 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2029 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ФАРҲАНГИЁНИ ТОҶИК ДАР СӮГИ ФАРРУХИ ҚОСИМ

Даргузашти Фаррухи Қосим, ҳунарманди маъруф ва коргардони теотри "Аҳорун", бисёре аз фарҳангиён ва дӯстдорони ҳунари теотр дар Тоҷикистон ва хориҷ аз онро дар суг нишонд. Дар маросими видоъ бо Фаррухи Қосим, ки дар масҷиди Ҳоҷӣ Машраби шаҳри Душанбе баргузор шуд, садҳо нафар аз ҳунармандону адибон, мақомҳои вазорати фарҳанг, диплумотҳои хориҷӣ, хешу ақрабо ва дӯстдорони ҳунари вай ширкат доштанд.

 Дар ҷараёни ин маросим чанде аз шахсиятҳои фарҳангӣ хотирот ва назароти худро дар бораи шахсияти Фаррухи Қосим ва нақши вай дар пешбурди ҳунари теотр ва синемо дар Тоҷикистон бо мо дар миён гузоштанд:

 Барзуи Абдураззоқ, коргардони теотр: 

“Ман фикр мекунам, ки мо ба Фаррух бояд танҳо барои рӯйи саҳна овардани намоишномаи "Юсуфи гумгашта..." муҷассамаи тилоӣ мегузоштем. Зеро ин намоишнома як табаддулот ва ё инқилоби фарҳангие буд, ки 20 сол боз коргардонҳо дар теотрҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз ин равия фаъолият мекунанд. Яъне дар ҳар намоише, ки ман дар ин солҳо дар теотрҳо мебинам, тикае аз Юсуфи Фаррух ҳаст. 

Мо бо Фаррух дӯстони наздике набудем. Аммо барои ман будани Фаррух ҷаҳоне буд, ки ман медонистам, ки дар ҷаҳон фарде ҳаст ва доиман дар такопӯ ва фаъолият аст. Вақте ки Фаррух аз саҳна рафт, ман гуфтам, ки коргардонҳо рақиби арзандатарини худро аз даст доданд. 

Вале Фаррух буд ва ҷустуҷӯйи равияҳои мухталиф дар теотрҳо буд, Фаррух рафт ва ҷустуҷӯй аз теотр рафт. Ҳарчанд вай 11 сол тақрибан кор намекард. Аммо ҳама вақт ҳам рақиб буд ва ҳам устод, ки бо дарназардошти он ки Фаррух ҳаст, мо коргардонҳо фаъолият мекардем.

Донӣ, ки дар як кунҷи шаҳр Фаррух зинда аст, аммо сад афсӯс, ки бо рафтани Фаррух ҳунари коргардонӣ ва худи коргардонҳо дар Тоҷикистон "сағера" шуданд.” 

Нур Табаров, дромнавис ва мунтақиди теотр: 

“Аз он мутаассифам, ки мо имрӯз бо яке аз фарзандони воқеъан фарзонаи тоҷик, арбоби барҷастаи теотри тоҷик, хайрбод мегӯем. Донише, ки Фаррух андӯхта буд, умуман, ман дар асри 20 ва 21 касеро намебинам, ки монанди Фаррух аз ҷиҳати фарогирии мавзӯъ, амиқии дарки рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ таърихи мардумро дарк кунад ва афзун бар он, тавонад онро дар намоишномаҳо мунъакис кунад. Зиёда аз ин, ҳазорон тарҳҳои амалинашударо Фаррух имрӯз бо худ бурд. 

Фаррух танҳо шахсе буд, ки воқеъан ба маънии фалсафии эҷодиёти бадеъии бузургони мо муроҷеъа кард ва фикри амиқи онҳоро бо намоишномаҳояш ба мардум бозгӯ кард. Теотри Фаррух ҳақиқатан теотри нодире буд дар минтақа ва ҷаҳон. 

Беҳуда нест, ки ин теотрро мамолики Урупо ва Шарқ низ дарк карданду шинохтанд. Мо имрӯз Фаррух, паёмбари ростгӯйи ҳунари худро, аз даст додем. Эҷодиёти Фаррух барои мо, тоҷикон, ҳунари нотакрор аст. Дар қалби ин марди ҳунар ҳазорон гули орзӯ нашкуфта монд. Ва шоъир мегӯяд: 

Ҳама бурданд орзӯ бар хок,

Хок дигар чи орзӯ дорад? ” 

Гулрухсори Сафӣ, шоъири саршиноси тоҷик: 

“Толстой, нависандаи бузурги рус, гуфта буд, ки “Табиъат дар фарзанди нобиғаҳо истироҳат мекунад”. Аммо Фаррухи Қосим бо истеъдоду ҳунари худ ин гуфтаниҳои Толстойро инкор кард. Зеро Фаррухи Қосим худаш нобиға буд ва ҳар як нобиға дар асл хеле афроди сода, заминӣ ва хоксору дилсӯз мешаванд ва ман фикр мекунам, ки ҳамаи ин сифатҳоро Худо ба Фаррух дода буд. Ва афзун бар ин, Фаррух истеъдоди нотакрору фавқулъода ва беназир дошт ва гуфтан мумкин аст, ки як ҷоизаи иллоҳӣ буд барои фарҳангу адабиёти мо. 

Фаррухи Қосим шеъри форсу тоҷикро бо намоишномаҳои хеш ба минбар баровард. Шеъре, ки як замон ба зону зада буд. Шеъре, ки як вақт забони ҳоким ҷойи онро гирифта буд. Ва мардуме, ки як замон бо лаҳҷа суҳбат мекард ва он замон чопи "Маснавии маънавӣ" мамнӯъ буд ва тоҷик аз беҳтарин сарчашмаҳои худ бенасиб буд, 

Фаррухи Қосим фарзанди нозпарвари ду ҳунарманди тоҷик, Мушаррафа ва Муҳаммадҷон Қосимовҳо, тавонист ин фоҷеъаи миллиро дар хуну пӯсти худ зинда кунад. Ва шеърро дубора бо забони ханда, рақс, ҳаракат зинда кунад. Замоне як нозири хориҷӣ ба ман гуфта буд, ки мардуми тоҷик ба қадри нобиғагони худ намерасанд. 

Ҳарчанд барои ман аз даҳони як хориҷӣ шунидани ин суханон дарднок буд, вале дар китоби “Зодрӯзи дард”-и худ ин ҳарфҳоро навиштам. Ман замоне ки дар мавриди “фоҷеъаи миллӣ мегуфтам, аз Фаррухе, ки фоҷеъаи миллӣ аз чашмону абрувонаш ва лабону ҷуссаи паҳлавононаи вай маълум буд, ёд меорам. 

Ман замоне ки дар Маскав ба ҳангоми намоишномаи “Исфандиёр” Фаррухро дидам, пайхас кардам, ки хаста аст ва ниёз ба мудово дорад. Фаррух бояд зиндагӣ мекард, пеши ҳазор даҷҷолҳоро мегирифт. Ман шунидам, ки дар масҷид маросими видоъ бо Фаррухи Қосимро доир карданд. Аммо ман боварӣ дорам, ки барои Фаррух ватан ҳам масҷиду маъбад буд. 

Вале мутаассифона, имрӯз ҳазорон нафаре, ки Фаррухро дӯст медоштанд, аз марги вай бехабар монданду натавонистанд бо вай падруд гӯянд. Ин мард хеле сазовор аст ва марди бузург аст. Ва чанд намоишномаеро, ки Фаррух ба саҳна гузошт, идомаи умри нотакрори вай аст ва ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Имрӯз дар ин сардии ҳаво ба олами дигар парвоз кардани Фаррух ҳам рамзист. 

Дилу нияти Фаррух ва орзӯҳои вай сафед буд ва имрӯз барфи сафед Фаррухро ба роҳи охират гусел мекунад, барфи сафед монанди орзӯҳои сафеди вай. Мо метавонем Фаррухи Қосимро дар қатори Фредерико Лоркаи ҷавонмарг ва бисёре аз нобиғагони теотри ҷаҳонӣ гузорем. Ва мо бояд як маҳфили ёдбуди Фаррухро дар пойтахти Тоҷикистон ва дар теотре, ки Фаррух ошиқаш буд, базудӣ баргузор кунем. Ва аз номи шоъир мехоҳам бигӯям: 

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист.

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро. 

Ёдат ба хайр дӯсти азизи ман!” 

 Асалбек Назриев, ҳунарманди теотр: 

“Ман аз Фаррух танҳо ба некӣ метавонам ёд кунам. Аз нигоҳи ҳунармандӣ, Фаррух дар фарҳанги теотрии минтақа, яъне Осиёи Марказӣ, табаддулотеро ворид кард.  Мо тоҷикон, маҳз бо намоишномаҳое дар таҳияи Фаррухи Қосим ҷаҳонгир шудем. Аммо барои дастрасӣ ба ин, Фаррух мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронд. Агар аз Фаррух дар минтақаи дурдасттарини Тоҷикистон ном барем, ҳама бо вай ошно ҳастанд ва чун ҳунарманд ва коргардон ӯро хуб медонанд. 

Фаррух на танҳо дар Тоҷикистон намоишномаҳои теотриро таҳия кард, вайро чун коргардони мумтоз дар Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон низ хуб мешиносанд. Ва Фаррух дар ин кишварҳо низ бо теотрҳои мухталиф ҳамкорӣ кардааст.  

Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарманди теотр: 

“Ман бо Фаррух аз овони ҷавонӣ ошно будам. Бо ҳам дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода нахуст таҳсил мекардем ва сипас дар теотри ба номи Лоҳутӣ ҳамроҳ фаъолият мекардем. Фаррух бароям ба ҷуз аз ин, устод буд, устоди ҳунари саҳна ва дӯсти наздики мо буд. Марги Фаррух барои ҳамаи мо, тоҷикон, ва на танҳо мо, балки фарҳанги теотрии ҷаҳонӣ, талафоти сангинест.Ман фикр мекунам, ки монанди Фаррух дигар ҳунарманди комил ва коргардони мумтозро мо тоҷикон нахоҳем дошт. Равонаш шод бошад...”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1710-2010-02-08-20-19-49.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi