«СИМОИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД ДАР ЭҶОДИЁТИ УСТОД МӮЪМИН ҚАНОАТ»
«Нисбати 20 солагии даргузашти ҷонсӯзи қаҳрамони миллии башарият алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд бахшида мешавад.
Шоири миллат вазифадор аст, ки бо хомаи сеҳрофарин дарду доғи миллат, шукуфтанҳои Ватан, шикастанҳо ва ворастанҳои миллатро ҳақиқатнигорона ба тасвир кашад. Шоири миллат бояд бо андешаи мустаҳками миллӣ ва суханҳои нобу пурмаъно фикри худро сари масъалаи ватан, саҳифаҳои таърихи миллат ва шикастану сохтанҳои он амиқ ва таъсирбахш баён карда тавонад. Он тавре, ки ба кулли ҷамъияту миллат таъсири сахти равонӣ расонида, миллатро дар роҳи созандагӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватану ватандорӣ, зиракии сиёсӣ, бедории миллӣ ва дарки калимаи «Ман» ҳидоят намояд.
Шоирону адибоне чун Пушкин, Лермонтов, Байрон, Гёте, Балзак, Шопен, Шандор Петтефе, Мицкевич ва дигарон айнан бо навиштаҳои ҳақиқати даврон ва фоҷиаю муаммоҳои миллии замони хеш тавонистанд, ки миллати хешро ба созандагӣ даъват намоянд ва бо гузашти замон дар дилу дидаи мардуми худ сол аз сол зиёдтару зиёдтар маҳбубият пайдо намоянд.
Нависандаи асри Х1Х-и арман Хачатур Абовян тавонист, ки бо навиштани романи худ «Захмҳои Арманистон» ба зудӣ дар дилу дидаи миллионҳо арманӣ ҷой гирад, зеро бо ин романи худ агарчанде, ки ӯ тавонист, ки роҳи нави адабиёти арманро нишон диҳад, ҳамчунин ба ӯ даст дод ҳаёту мамот, ранҷу азобу муборизаҳои халқи арманро дар муқобили аҷнабиҳои кишварашро забтнамуда ба хубӣ ба риштаи тасвир кашад.
Бузургии шоири миллии мо Ҳаким Фирдавсӣ ва маҳбубияти хосаи ӯ бо асари безаволаш «Шоҳнома» - ҳаммосаи миллии кулли форсизабонон дар зарфи беш аз ҳазор сол низ дар ҳамин аст. Ӯ тавонист, ки бузургӣ ва азамати Ирони бузургро бо таърихи қадим ва фарҳанги бузургаш, ҳақиқатнигорона дар он даври басо барои мардуми форсизабон вазнини ҷангҳову иронстезии арабҳои бадавӣ ва қабоили туркҳои саҳроӣ ба риштаи тасвир кашад. Ӯ таърихи фирӯзманди ватанаш ва миллати бузургворашро аз ҷанголи нестшавӣ ва билохира мардуми порсизабонро аз манқуртшавӣ ва нестшавӣ наҷот дод! Бо сеҳри сухан он қадар набард кард, ки рӯҳан душманони миллии Аҷамро шикаст ва ба қавли шоири бедордил Ибни Ямин: «Ӯ суханро басо боло бурду дар курсӣ нишонд». Ӯ таво-нист, ки ғуруру ҳуввияти тоҷикона (ориёнаи Аҷам)-ро бедор созад. Дар ин росто вазифаи азалии шоирони миллист, ки доири қаҳрамониҳои фарзандони миллат алайҳи таҷовузи аҷнабиён, корзори онҳо баҳри ҳимояи ватан ва наҷоти миллати хеш асарҳои баландмазмун эҷод намоянд, то бо ин амал ҳам миллатро аз таърихи набардҳояш баҳри озодӣ ва истиқлолият огоҳ намоянд ва ҳам тавонанд ҳисси худшиносии миллӣ ва бедории фарзандони миллатро баҳри дифоъи ватан боло бардоранду абадан номи қаҳрамонони миллат ва корномаи онҳоро барои ояндагони миллат ба ёдгор гузоранд.
Хушбахтона, устод Мӯъмин Қаноат яке аз он нафарони камтарини адабиёти порсист, ки тавонистааст, бо офаридаҳои амиқу дақиқи худ, достонҳои хаммосии худ оиди давраҳои муайяни таърихии миллат возеҳу равшан саҳифаҳои рангини миллат ва дарду доғи замон, корномаҳои фарзандони ҷудогонаи онро ба риштаи тасвир кашад.
Шоир солҳои зиёде мақсад дошт, ки дар бораи яке аз мардони бузурги таърихи навини халқи тоҷик, бузургтарин қаҳрамони миллии тоҷикони дунё Аҳмадшоҳи Масъуд достоне офарад. Дар асари профессор Х.Асозода хонда будам, ки устод зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёни ДДМ - и Тоҷикистон иброз доштааст, ки 3 маротиба бо Аҳмадшоҳ вохӯрдааст, дар бораи ӯ ва набардҳояш маводи зиёдеро мутолиа кардааст ва дар ин бора бо номи «Аҳмадшоҳнома» достоне хоҳад навишт.
Баъди чанд соле, ки он вақт Аҳмадшоҳи Масъуд дар қайди ҳаёт набуд, дар рӯзномае хондам, ки устод баён медошт, ки Аҳмадшоҳ ҳалок шуд, гуфта будам, ки ӯро бо ман шинос кунед, лекин шинос накарданд. Достоне, ки дар бораи ӯ мехостам нависам, нонавишта монд. Лекин баъди 5 соли вафоти Аҳмадшоҳи Масъуд, устод Мӯъмин Қаноат ба ваъдааш вафо кард ва достоне бо мазмуни баланд дар бораи бузургтарин қаҳрамони миллии халқи тоҷик Аҳмадшоҳи Масъуд бо номи «Масъуднома» -ро эҷод кард.
Фикр мекунам, ки ин падида бузургтарин дастоварди адабиёти тоҷик тайи чанд соли охир дар ҳаёти адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистони азиз хосса дар замони истиқлол аст, зеро номи Аҳмадшоҳи Масъуд, кору пайкори ӯ, ки баҳри озодии ватанаш Хуросон (асри Х1Х англисҳо ба он Афғонистон ном ниҳоданд) ва наҷоти миллати арҷмандаш зиёда аз 23 сол бо қувваҳои ғосиби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва муллотолибону ҳаводорони онҳо Покистону ИМА дар набард қарор дошт ва дар ин набардҳои барои мардуми Афғонистон адолатнок алайҳи артишҳои пуриқтидор ва дорои техникаҳои ҳарбии навтарин ғалабаҳои дурахшон ва овозадор низ насибаш гашт ва то ҷое тавонист аз истиқлолияти ватанаш ва мардуми он низ дифоъ кард барои кули фарзандони тоҷикзамин азиз хаст.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамчун марди ватанпарвар ва ҷангӣ, истиқлолхоҳ ва фармондеҳи тавонои ҳарбӣ, дипломат ва сиёсатмадори маъруф аз охири солҳои 70- уми асри ХХ зиёд дар расонаҳои хабарии кишварҳои мухталифи ҷаҳон навиштаанду гуфтаанд.
Ӯ чун шахсият ҳам дар Шарқи Дуру Наздик, ҳам қораи Африқову Осиё, Аврупо маълуму машхур буд ва дар доираҳои ҳарбӣ ва сиёсии ҷаҳон эҳтиром ва ба номаш арҷ мегузоштанд.
Бо ибораи дигар Аҳмадшоҳи Масъуд машҳуртарин тоҷики асри ХХ ва шуҷоатмандтарин тоҷик дар ҳазораи II-и массеҳӣ маҳсуб мешавад ва тахаллуси ба ӯ додаи «Шери Панҷшер», ки ҳатто аз тарафи рақибони собиқаш, афсарону генералҳои шӯравӣ бо эҳтиром ба забон оварда мешавад, нишонаи ин гуфтаҳоянд.
Гузашта аз ин, Аҳмадшоҳи Масъуд дар роҳи ба ҳам овардани миллати тоҷики Тоҷикистон, ки бар асари манфиатҳои геополитикӣ ва ғаразҳои деринаи бархе аз кишварҳо дар Тоҷикистон ҷанги эъломношударо алайҳи миллати мо ба роҳ андохта, генотсиди садфоизаи миллатро созмон доданд, нақши калидӣ дошта, дар роҳи ба ҳам овардани миллаташ ва сулҳи комил дар Тоҷикистони азиз хизмати бузурги таърихиеро дар назди ватани бобоияш ва миллати арҷманди худ ба ҷой гузоштааст.
Аз ин рӯ, табиист, ки бо вуҷуди зиёдии маъхазҳо, мавҷуд будани шоҳидони зиндагиномаи Шери Панҷшер ва дигар далелҳои айёнӣ бинобар бузургӣ ва шаҳомати ин шахсият дар борааш сухане иншо намудан басо мушкил аст. Он аз шоиру нависанда масъулияти азимро талаб мекунад. Эҷодкор бояд ба ҳар як давра, фаъолияти зиндагии қаҳрамон, гуфтору рафтор, андешаи қаҳрамон диққат диҳад, то тавонад вақти тасвирҳои ҳаракати қаҳрамони худ онро ҳақиқатнигорона, бе каму кост, чун чашмаҳои мусаффои кӯҳистони Дараи Панҷшер ё Дараи Дарвоз ба қалам дода тавонад. Дар акси ҳол хонандаи закитабъ, оммаи халқ, ки ба диловари корзори нангу номуси миллии худ сахт таваҷҷӯҳ ва дилбастагӣ дорад бе ҳеҷ ваҷҳ сухани шоирро қабул нахоҳад кард. Сухан на аз аҳсантгӯӣ ва таърифу фантазия ва маҳду саногӯйии хушк иборат бошад. Инҷо сухани заминӣ, ботамкин, равонӣ, бомантиқ, кӯтоҳ ва орӣ аз мадҳгӯёии хушку холӣ, пурмазмун бо тасвири образноки қаҳрамон, мавзеъ ва мавзӯъи ҷанг ва ҳақиқатнигорӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Хушбахтона, устод Мӯъмин Қаноат аз он гуна шоирони достонсарои камтарини марзи пасошӯравист, ки медонад достонро чи гунна, бо кадом тарҳ, нақш ва мазмуну сухан офарид.
Достони бисёр баландмазмуни устод «Масъуднома» ҳаҷман он қадар калон нест, лекин шоир тавонистааст, ки дар 12 саҳифаи чопӣ тамоми сурату сирати қаҳрамони худро ба маърази тамошо гузорад (бузургии устод низ дар кам гуфтану суханро кутох, олимона ва хакимонаю шоирона бо фалсафаи баланд иброз доштан аст, вагарна дигар шоирон шояд тасвири хаёту фаъолияти дар 12 сахифа овардаро оиди Шери Панчшер дар 1200 сахифа низ ба риштаи тасвир кашида натавонанд!).
Мӯъмин Қаноат дар сароғози достон менигорад: «Ман кӯшидам ҷанбаҳои инсонӣ ва қаҳрамонии ӯро шоирона ҷилва диҳам. Ин асар ангораест аз чеҳраи нотакрори рустамона, орифона ва ошиқонаи Масъуд. Ӯ қаҳрамони марказии достон, симои бадеъӣ ва ормонӣ аст». Ҳамчунин устод дар сарогози достон аз роҳбари вақти кишвар ва Пешвои миллиямон Эмомалӣ Раҳмон бо некӣ ёд карда менигорад: «Сипоси бепоён ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва азизони дигар, ки дар ибтикори пайкори охирини ӯ саҳми босазо гирифтанд!». Оре роҳбари давлати тоҷикон ончунон, ки вақти талошҳои сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар пахлӯяш қарор дошт ва хоҳони сулҳу сарсабзии кишвари аҷдодияш буд , ҳамин тавр ба вақти сахтиҳои ин каҳрамони набардҳои Хуросон алайҳи хасми бадкеш ҳамроҳаш буд ва чун як тан фарзанди дигари барӯманди ин миллати олитабор ва чун Шери Хатлон аз ӯ пуштибонӣ кард!
Достон аз 9 боб иборат буда, бо сарсухани мухтасари устод оиди ин ҳаммоса оғоз меёбад. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки достон ҷанбаи фалсафӣ дорад ва на ҳар як хонанда ба фаҳми қудрати сухани устод мерасад. Барои фаҳми ин достон мисли дигар достонҳои шоир аз ҷумла достони «Гаҳвораи Сино», савияи баланди донишу ҷаҳонбинӣ бояд дошт, вагарна хонандаи оддӣ аз фаҳмиши он ва мақсади шоиру қаҳрамонаш дар канор хоҳад монд.
Шоир дар достон набардҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва ёронашро муқобили артиши шӯравӣ, аз ҷумла ҳуҷуми ҷузъу томҳои якҷояи қушунҳои шӯравиро бо ширкати танку тӯп, ҳавопаймоҳо, чархболҳо дар соли 1984 ба ҳудуди Дараи Панҷшер ва шикасти фоҷиавии ин артиши замоне номдор (ин шикаст баъдан рӯҳияи роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва Штаби генералии Вазорати мудофиаи -и СССР-ро оиди ғалаба дар Афғонистон ва сохтмони ҷомеаи коммунистӣ билкул тағйир ва ба ноумедӣ мувоҷҷеҳ гардонид) ба хубӣ ба қалам додааст.
Дар достон оиди ғалаба бар артиши русӣ, озодии Афғонистон ва ҷудо гаштани сарфармондеҳони ҷабҳаҳои гуногуни корзори ҷангӣ оварда шудааст. Чунончӣ, шоир аз забони қумандон Аҳмадшоҳи Масъуд чунин тасвир мекунад:
- Ки ҷунбиш мекашонад қиблаи моро ба Туркистон,
Ба Покистон биҷӯяд иддае сарманзили ҷонон.
Мазорӣ дар мазори кӯҳна меҷӯяд сару сомон,
Ва меҳан чист, афғон кӣ,
Кӣ гӯяд, бо мани нодон?
Чи тавре, ки устод қайд менамояд, дар достон чеҳраи рустамона, орифона ва ошиқона, чеҳраи нотакрори Масъудро нишон додааст. Ин чеҳра ҳангоми набардҳо, ҳангоми намоз гузоштани ӯ ба хотираи арвоҳи поки модар, андешаҳо оиди сохтани ватани ободу осуда ба хубӣ айён мегардад. Масалан, дар мисраъҳои зерин:
- Ба амри дил муҳандис мешавам охир,
Ва тарҳи орзӯям мекунам зоҳир.
Ба кохе мегузорам появу бунёд,
Ки бошад манзари як миллати озод.
ё худ абёти зер:
- Маро бигзор то танҳо гузорам ман намозамро,
Ба модар мегузорам ин намозу ин ниёзамро;
Ман аз раҳми шумою раҳмати Ҳақ омадам рӯзе,
Ту бахшидӣ маро, модар, аҷаб созу аҷаб сӯзе.
ба хуби чеҳраи орифонаи Аҳмадшоҳ кушода мегардад.
Воқеан, кам касон шояд медонанд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд натанҳо як сарлашкари муваффақ, балки як шахсияти бисёр бузурги адабӣ ва фарҳангӣ низ буд. Ба қавли шоири тавонои кунунии Афғонистон Латифи Пидроми Дарвозӣ воқеан Аҳмадшоҳ натанҳо як шахсияти низомӣ, балки як шахсияти бисёр бузурги фарҳангӣ низ будааст. Латиф менигорад: «Ёдам ҳаст, ки мо як бор бо ҷамъе ба Фархор (Афғонистон) меомадем ва тӯли роҳ сӯҳбат аз Бедил рафт. Ва тамоми роҳ ӯ бо мо сарфи қироату тафсири шеъри Бедил кард. Ӯ зиёд китоб мехонд, чи мутолиоти динӣ ва чӣ мутолиоти адабияш хело зиёд буд. Бо ҳамон рақам, ки мо чеҳраи низомии ӯро мешиносем, бо ҳамон қудрат чеҳраи инсонӣ ва фарҳангии Масъуд қобили дӯст доштан аст ва ҳам дӯст доштанист!»
Масъуд забонҳои фаронсавӣ ва инглисиро равон медонист. Воқеан, устоди дурандеш Мӯъмин Қаноат ин сифатҳои қаҳрамони худро хуб омӯхтааст ва тавонистааст, ки дар қабили чеҳраи рустамона, чеҳраи орифонаи ӯро низ, ки аз китобу адаб сарчашма мегирад, хуб бозкушоӣ намояд.
Аҳмадшоҳи Масъуд бо ҳамаи бузургӣ ва чеҳраи орифона ва рустамона доштан, фарзанди бани одамизод буд ва дар ин асос бешак ӯ аз эҳсоси дӯст доштану ошик шудан дар канор набуд ва мисли дигар мардони бузург низ ӯ дӯст дошт ва дар синни 34 солагияш ба духтари ҳамсангари худ Ҳоҷӣ Тоҷиддин аз деҳаи Ҷангалаки Дараи Панҷшер , ки ин духтар 17-сола буд, дил бохт ва ба зудӣ издивоҷ карданд.
Устод Мӯъмин Қаноат ин тарафи чеҳраи ошиқонаи сипаҳсолорро дар боби Y- уми достон бо тасивири зебои шоирона ба қалам додааст.
Аз ҷумла дар охири ин боб шоир меорад:
Ва танҳо дар ҳамин лаҳза ман ором гардидам,
Чу шери беша дар ин тӯри симин ром гардидам.
Чу ҷоне аз паси ҷавшан,
Чу ришта аз паси сӯзан.
Чу ҳарфи сабзи рӯиш аз гули савсан,
Ба рӯзи сахт, рӯзи бахт бо ман буд,
Ҳарими ӯ маро дар ҷавшани ҷон буд.
Ахиран китоби ҳамсари шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, бо забони форсӣ чоп гашт ва завҷаи ӯ ба хубӣ чеҳраи Аҳмадшоҳро, аз ҷумла чеҳраи орифона ва ошиқонаи ҳамсарашро, ки бешу кам 13 сол бо ҳам зиста, соҳиби 6 фарзанд 1 писар ва 5 духтар гардидаанд, бо мардуми форсизабон кушодааст.
Аз ҷумла, ӯ менигорад: «Ман 17 сол доштам ва ӯ 34 сол , ки бо ҳам издивоҷ кардем ва аввалин бор зиндагии худро канори марди бегона меёфтам. Ман духтари бисёр ҷавоне будам ва ҳеҷ дӯсте надоштам ва ба навъе чашму гӯши баста бузург шуда будам. Шавҳарам низ қабл аз ман занеро ламс накарда буд, ӯ замони навҷавонияш махфиёна зиндагонӣ мекард. Пас аз ин ҷиҳат мисли ҳам будем ва ҳама чизро бо ҳам кашф мекардем».
Ба қавли завҷааш Масъуд меҳрубонтарин падари дунё буд дар муносибат бо фарзандон.
Ин суханҳои Сиддиқаи Масъуд нисбати Масъуди ошиқ, ки дар китобаш «Дар бораи ишқи Аҳмадшоҳи Масъуд» соли 2007 бо фаронсавӣ ва соли 2010 бо форсӣ чоп гаштааст, пурра абёти шоирро оиди ишқу муҳаббати Аҳмадшоҳ ба ҳамсар ва аҳли оилааш тасдиқ мекунад.
Дар достон оиди падид омадани гурӯҳҳои толибон ва муқовимати қувваҳои Алянси Шимолӣ бо роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, шикасти фоҳиши толибону артиши Покистон ва дигар террористон аз 30 кишвари ҷаҳон дар даштҳои шимол дар баҳори соли 1998 ба хубӣ тасвири худро ёфтааст.
Шоир дар боби 9, боби охирон оиди сукути толибон ва ҳалокати Аҳмадшоҳи Масъуд аз дасти террористи суратгир бо сӯзу гудоз ёд мекунад.
Чунончӣ, ӯ менигорад:
Толиб шикаст, дамдамаи толибон шикаст,
Чандон кашид зеҳни камон, то камон шикаст.
Огаҳ кард аҳли ҷаҳонро зи рӯзи нав,
То рӯзи нав расид, низоми ҷаҳон шикаст.
ххх
Суратгаре, ки зоҳири сурат ҳамегирифт,
Маъно гирифт, хонаи рӯҳу равон гирифт.
ххх
Ҷайҳун ба зеру шаҳпари тайёра дар ҳаво,
Ҳангоми ин убур ҳаме ҷои ҷон шикаст.
Тайёра мепарад ва куҷо мебарад киро,
Он чӣ шикастанист, худоро ҳамон шикаст.
Устод дар чормисраи аввал ба таври дақиқу аниқи хулосабарорӣ оиди ҳукмронии толибон ва бедодгарии онҳо, ҳамроҳ бо дигар қувваҳои зиддибашарӣ ба амал овардани воқеъаҳои даҳшатноки 11 уми сентябри соли 2011 дар Нью-Йорк ва Питсбурги ИМА, ки боиси тағйироти кулли низоми ҷаҳонӣ ва қабули докторинахои нави ҳарбию ва сиёсии як қатор кишварҳои олам гардидаанд, ҳикоят менамояд.
Дар мисраҳои дигар оиди фоҷиаи санаи 9-уми сентябри соли 2011 ва аз тарафи террористони Шарқи Наздик ба ҳайси рӯзноманигор ва наворбардор омадану таркондани Аҳмадшоҳи Масъуд сухан мекунад.
Дар мисраҳои баъдӣ оиди ярадор гаштани Аҳмадшоҳи Масъуд ва бо чархбол ба Душанбе интиқол додани Шери Панҷшер ва дар болои дарёи Омӯ ҳангоми парвоз ба шаҳодат расидани Шери Панҷшер бо дурустии амиқ ва бо дард устод қисса намудааст.
Воқеан, офаридани ин ҳаммосаи қаҳрамони ва фалсафӣ бо мазмуни бисёр баланд як қадрдонӣ ва сипосгузории миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст дар назди рӯҳи поки қаҳрамони бузурги даврони худ,шаҳиди аъло Аҳмадшоҳи Масъуди гулгункафан ва ормонӣ.
Аз ин рӯ, ҳар як тоҷики бедордил ва заррае бохабар аз худшиносии миллӣ аз устоди бузургвор Мӯъмин Қаноат бояд ташаккур кунад ва сипосгузор бошад, зеро ӯ тавонист, ки рӯҳу хотираи диловартарин, бебоктарин, баномустарин тоҷики давр, орифтарин, фарҳангитарин ва ошиқтарин низомии асри ХХ- Аҳмадшоҳи Масъудро бо достони баландмазмунаш шод намуда, корномаи ӯро ба хонанда бозгӯи намояд.
Ин вазифаи таърихии устод Мӯъмин Қаноат буд ва тавонист, ки онро дар айёми пиронсолии худ бо ҷӯшу хуруши ҷавониаш ба анҷом расонад.
Устод ҳамчунин ба ин фарзанди барӯманди миллат ҳанӯз соли 1995 ду шеъри олии худро бо номҳои «Ки Масъуд зодааст чархи баринаш» ва «Тарҳи Зобул» бахшида буд ва дар ин шеърҳо бо як муҳаббат ва самимияти ба худ хос нақши Масъуду набардҳояшро барои Ватан нишон дода буд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки устод Мӯъмин Қаноат ҳануз соли 1992 барои президенти вақти Афғонистон, устод Бурҳонидини Раббонӣ, яке аз ифтихороти миллии мардуми ҷаҳон ва порсизабононони ҷаҳон, шеъри олиҷаноберо бо номи «Биё» навишта буданд.
Ин аст асолати шоири миллӣ дар назди миллат ва кишвари худ ва шахсони таърихӣ ва чеҳраҳои мондагори миллат.
Воқеъаҳои як моҳи охири ҷомеъаи Афғонистони ҳамсоя, ба кӯи фаромӯши партофтани мардуми хору зори ин кишвари дардкашида аз ҷониби СММ, думро хода намуда гурехтани артиши сарбозону генералҳои ИМА, қушунҳои НАТО дар муборизаҳо алайҳи кувваҳои бадкеши толибони паштунгарою покистонӣ ,танҳо мондани мардуми ин сарзамини дардкашида ва дар набард алайҳи қувваҳои терористӣ ва ифротгаро танҳо мондани мардуми тоҷикзабон ва хосатан мардуми тоҷиктабори Дараи Панҷшер баҳри пойдории сунатҳои демократия, озодию фарханги воло, ҳимояи манфиатҳои кулли ҷомеъаи башарият, кули ҷаҳон аз хасми бадандеши ифротгаро моро боз ба бузургии образ (шабеҳа)-и Аҳмадшоҳи Масъуди диловар мебарад.
Бори дигар исбот месозад, ки ин тоҷикписари далеру баномус на танҳо аз манфиатҳои миллати хеш ва дигар халкҳои Афғонистони ҷангзада, балки аз манфиатҳои кулли ҷаҳони имрӯза, яктану танҳо дар мубориза қарор дошта, худро барои озодии мардуми ҷаҳон қурбон намуда будааст.
Фикр мекунам, ки марказҳои тадқиқотии стратегӣ ва илмии ҷаҳон, ҷомеъаи ҷахонӣ ва хосатан СММ бояд хизматҳои Аҳмадшоҳи азизро дар оянда пурра омӯхта, ба ташкили мукофотҳои ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд барои ҳимояи арзишҳои озодихоҳию фархангӣ ва инсонӣ алайҳи терроризм, ифротгароӣ азм намоянд. Номи Аҳмадшоҳ бояд рамзи ҷавонмардии ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд гардад. Ин шахсияти бузурги таърихӣ сазовори номи олии Қаҳрамони башарият аст на чизи дигар!
Бисёр хушнудам, ки Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то лаҳзаи охирин ҳаёти ин шахсияти бузург дар муборизаҳои адолатноки ин марди таърихӣ дар роҳи орзӯю ормонҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва демократӣ дар канораш буд!
Исботи инро имрӯз низ баъди 20 соли қатли фоҷиабори Аҳмадшоҳи Масъуд дида истодем.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устодон Бурҳониддин Рабонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд барои саҳми бузургашон дар сулҳу осоиштагии Тоҷикистони азиз, санаи 6-уми сентябри соли 2021 бо мукофоти олии кишвар, ордени Исмоили Сомонӣ» дараҷаи 1 қадршиносӣ гаштанд, ки ин амал аз тарафи тамоми мардуми порситабор ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ баҳои аъло гирифт. Роҳбари миллати мо, ягона роҳбари баландмақоми сиёсӣ дар байни кишварҳои ҷаҳон ҳаст, ки ба масъалаи оромии Афғонистон ва ташкили як ҳукумати одилонаи ҷадид бо фарогирии тамоми ҳаққу ҳуқуқи миллату халқиятҳои ин кишвари ҳамҷавор, сухани қатъии худро ироъа дошт. Ин суханҳои роҳбари миллиямон дар аксари кишварҳои ҷаҳону башарият ҳамовозии зиёдеро пайдо карданд ва ин низ нишонаи меҳру муҳаббати халқи тоҷик ба Аҳмадшоҳи Масъуду устод Рабонию хизматҳояшон барои инсоният дар мубориза ба муқобили тероризму ифротгароӣ (бузургтарин хатари глобалӣ барои башарият дар асри ХХI) мебошад.
Дар охир андешаҳои худро мехохам бо ин байти шоири маъруфи Шарқ, устод Лоҳутӣ ҷамъбаст намоям:
Гардад кӯҳан замонаву хомӯш намешавад,
Он шӯълаҳои ҷаста бурун аз даҳони ман!
Хаққо, ки суханҳои устоди бузурги шеъри порсӣ Мӯъмин Қаноат ва андешаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд - муборизи шӯълавари адлу адолат дар байни халқҳои ҷаҳон, муборизи бебоки алайҳи хасми бадандеши инсоният-тероризм ва ифротгароӣ барои ворисони имрӯза ва ояндаи худ, ҳамин гуна ҷовидона боқӣ хоҳанд монд!
Дар паноҳи Яздони пок бошед, азизони дил, хамватанони азиз ва хамчунин 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз муборак бошад (тазодро бинед, ки терористони арабу покистонӣ маҳз дар ҳамин рӯз ин фарзонамарди миллати моро ноҷавонмардона ба ҳалокат расонидаанд ва сана 9-уми сентябр ҳатман рамзи Аҳмадшоҳи Масъуд, рамзи «Озодӣ ва Тоҷик» хоҳад буд)!
Варқаи Зайниддин, узви ИЖ ҶТ,
шаҳри Бохтар