01:23:17 27-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

«Турсунзода ва худшиносии миллӣ»

(Устод Мирзо Турсунзода 110 сола мешавад)   

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон оиди баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ифтихорӣ миллӣ дар ин давраи ҳассоси ҷаҳонишавии тамаддунҳо таъкид намуда,дар ин росто аз хизмати фарзонамардони миллат азҷумла устод Мирзо Турсунзода ёд меоваранд. Дар ҳақиқат хизмати устод ва номи устод дар таърихи асри ХХ-и миллат бисёр баланд ҳаст.

1 mirzo tursunzoda-110solaДар бораи устод Мирзо Турсунзода замони барҳаёт буданаш зиёд гуфтаанду зиёд навиштаад. Ин амал баъди вафоти ӯ, замони шӯравӣ низ давом ёфта, ҳам дар адабиёти сермиллати шӯравӣ ва ҳам матбуоти даврии ҷаҳонӣ аз ӯ зиёд ёд карда ва навиштаанд. Нависандагон чи олиму чи вазир, сиёсатмадору шоир, омӯзгору табибу коргар буда, ончунон зиёд навиштаанд, ки қариб намешавад, ки дар бораи ин суханвари маъруфи қарни ХХ чизеро дигар кам ё зам кард.

Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки дар бораи ин шахсияти бузурги кишвари паҳновари Шӯро, машҳуртарин тоҷики асри ХХ, ки санаи 2-юми майи соли равон 110 сола мешавад, нигоштаҳо, ангораҳои худро аз диди худ, чун як нафар мактаббача, пионери замони дар қайди ҳаёт будани устод ва таъсири сахти равонии ному пайкор ва ҳисси ҳурмату эҳтироми мактаббачаи он замону миллати тоҷикро нисбати ӯ ба риштаи тасвир кашам.

Нахуст мехоҳам иброз дорам, ки ба мактаббачаи замони шӯравии тоҷик аз охири солҳои 20-ум сар карда, то ибтидои солҳои 90-уми садаи пешин таъсири адабиёти оламгири порсӣ ва адибони порсигӯи замони шӯравӣ бисёр калон буд.Агар ба нахустмактаббачагони замони шӯравӣ, баъди ташкилшавии ҷумҳурии мухтори шӯравии тоҷик ва давраи таҳаввуллоти инқилобӣ,дигаргуниҳои азими сиёсӣ, ҳуқуқу озодиҳо, аз байн рафтани системаи торики замони феодалӣ, умумихалқӣ гаштани давлат ва молу мулк, арҷ гузоштан ба халқи камбағал, аз байн рафтани мафҳуми сарват ва сарватманд, бою хизматгор, баробарии шаҳрвандон, ба вуҷуд омадани шароити таҳсили фарзандони фуқаро дар мактаб, дастрас гаштани китобҳои чопӣ мисли давлатҳои муттамаддин боиси ҳавасмандӣ ва майлу рағбати онҳо ба хондан гашта бошад ва онҳо дилбохтаи адабиёти ба номи классикӣ ва адибони адабиёти инқилобӣ ва давраи сохтмони аввали ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон аз қабили устодоне чун Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав, Турсунзода, Миршакар, Боқӣ, Ҳаким Карим, Деҳотӣ ва дигарон гашта бошанд ва номи ин шахсиятҳо чун поягузорони адабиёт ва фарҳанги сохти нави шӯравӣ он давра байни хурду калон машхур гашта бошад. Пас солҳои минбаъдаи давраи Чанги Бузурги Ватанӣ, солҳои бадиҷангӣ, солҳои 60-ум, 70-ум ва 80-ум низ номи ин сипаҳсолорони адабиёти порсии Осиёи Вусто ҳама вақт маҳбуби хонандагони тоҷик буда ва дар ин қатор аз ҳамон давраҳои пешазҷангӣ ва баъдиҷангӣ номҳои дигаре чун Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Ғаффор Мирзо, Пӯлод Толис, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулчеҳра, Гулрухсор ва ғайраҳо дар адабиёти пурмаҳсулу сернашр ва серхонандаи фазои Тоҷикистон машҳур гашта, ҳар як хонанда, мактаббачаи тоҷик пеш аз ба синфи 1-ум рафтан номи шоиру нависандагони худро медонист ва хангоми таҳсил дар мактаби замони шӯравӣ ашъори ин шуаро чун ширу шакар ба рӯҳи ҳар як мактаббачаи точик омехта мегашт. Табиист, ки бо чунин муносибат ва эҳтиром ҳамагӣ ашъори шуарои худро хуб аз худ намуда, доири ҳаёту фаъолият, соли таваллуд, ашъори чопгаштаи адибони худ ҳама чизро медонист.Итминони комил дорам, ки агар аз мактаббачаи солҳои 30-юм ва 40-ум, ки синну солашон аз аз 80 сола бештар аст оиди барномаи фани адабиёти он давра пурсида шавад, онҳо ба хубӣ ин адабиёт ва намояндагони онро пурра ба хотир оварда гуфта метавонанд.

Барои мо мактаббачагони солҳои 70 ва ибтидои соли 80-и асри рафта чун анъанаи насли калонсол хондану донистани фанни адабиёт ва намояндагони он, ҳаёту фаъолияти онҳо бисёр хушоянд буд ва мо ҳамагӣ кӯшиш мекардем, ки ҳарчи зиёдтар аз шеъру достонҳои ин бузургмардон зиёдтар донем.Илова ба барномаҳои таълимӣ ҳамчунин аз китобхонаи мактабӣ ва китобхонаи деҳ шахсан куллиёту китобҳои алоҳидаи устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршаккар, Мӯъмин Қаноат, Юсуфҷон Акобиров, Ҳаким Карим, Мунзим, Лоиқу Бозору Гулрухсор ва дигаронро дастрас намуда, бо як ҷиддияти том аз онҳо илҳом гирифтаам.

Ёд дорам, то ибтидои солҳои 80-ум дар адабиёти тоҷик 22 роман офарида шуда буд ва ман мактаббачаи 16-сола тамоми ин романҳоро қироат намуда, мунтазири нашри романҳои нави нависандагони тоҷик будам ва албатта романҳои зиёди тарҷумагаштаи адабиёти дигар миллатҳоро низ мутолиа намуда будам.

Аз он давраи шӯру шавқи наврасӣ ва завқи зиёди китобхонӣ дар рӯҳияи ман аз синфи сеюм сар карда, як андеша сахт нақш баст ва то имрӯз ман ин андешаро дар дил мепарварам.Шояд хонандаи нозукхаёли ман суоле пеш оварад, ки ин чӣ андеша бошад?

Аз он давра, чун ҳар инсон хоҳ ноболиғу хоҳ калонсол бошад фикр ва хулоса мебарорад, дар хаёли ман устод Мирзо Турсунзода машҳуртарин тоҷики дунё буд.Ба назари мани кӯчак чунин менамуд, ки ӯро дар тамоми олам мешиносанд, дӯст медоранд ва ӯ ифтихори миллии мост.Ин андеша аз хондани маҷаллаю рӯзномаҳо, гуфтори мардуми деҳаи кӯҳистон ва омӯзгорон дар рӯҳи ман ҷо гирифта ва имрӯз шодам, ки ин андеша ва хулосабарории ман, як хонандаи 10-сола дуруст баромада ва устод Турсунзода дар ҳақиқат машҳуртарин тоҷик дар асри ХХ буд. Албатта миллати мо замони шӯравӣ бузургони дигаре низ дошта, лекин қайд бояд намуд, ки касе ба пояи номи устод замони шӯравӣ расида натавонист ва ӯ дар сатҳи элитаи сиёсии Кремл ва иттифоқи нависандагони шӯравӣ ва сатҳи байналмиллали тоҷики рақами якум боқӣ монд.

Мо кӯдак будем ва медонистем, ки устод раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва Шӯрои Олии СССР буда, вазифаҳои муовини раиси Иттифоқи нависандагони СССР ва раиси кумитаи Шӯравии якдилии халқҳои Осиё ва Африқоро ба дӯш дорад. Медонистем, ки устод барои офаридани асарҳои барҷаста дар сатҳи Шӯравӣ ва ҷаҳон, фаъолияти густурдаи ҷамъиятӣ ва сиёсияш, мубориза ва баромадҳояш барои сулх ва хазистии халқҳои ҷаҳон бо ҷоизаҳои Мукофоти давлатии СССР, мукофоти ленинӣ, ҷоизаҳои байналмиллалии ба номи Неҳру, Ҷамол Абдул Носир, мукофоти Италия, медали тиллоии Кумитаи сулҳи СССР, ҷоизаҳои комсомолии Тоҷикистон ва ба номи Рӯдакӣ, 4 ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени Нишони фахрӣ» ва ғайраҳо мукофотонида шуда, бо унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ қадрдонӣ гаштааст ва ба ростӣ мо мактаббачагон дар ҳамон давраҳо аз чунин тоҷики унвондор ва ҷоизадор фахр мекардем.

Боварии комил доштем, ки тоҷикро дар хориҷи дуру наздик ва сатҳи Маскав маҳз бо чунин шахсон мешиносанд ва ҳурмату эътироф мекунанд ва ҳам ҳамин тавр низ буд.

Воқеан шоири бузурги мо бо достонҳои овозадори худ, аз қабили «Қиссаи Ҳиндустон», «Ҳасани аробакаш», «Писари Ватан», «Садои Осиё», «Аз Ганг, то Кремл», «Ҷони ширин»,«Чароғи абадӣ», «Хазон ва баҳор», маҷмӯаҳои шеърҳояш тараннумгари барҳақи саргузашти халқи тоҷик, созандагии давр, ифтихори ватану ватандорӣ, муборизи сулҳу озодию бедории мардуми Осиё гардид. Замони барҳаёт будунаш тамоми ашъораш дар Маскав дар нашриётҳои бонуфузи «Советский писатель», «Художественная литература»,«Молодая гвардия» ва Ленинград чандин маротиба бо забони русӣ чоп гашта, ҳамчунин дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, бо забони халқҳои зиёди шӯравӣ чоп гашта,ӯро барҳақ ба яке аз пояҳои устувори адабиёти сермиллати шӯравӣ табдил доданд.

Таъсири достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Садои Осиё»-и устод ба адабиёти сермиллати советӣ бисёр назаррас буда, бисёре аз шоирони маъруфи сатҳи шӯравӣ зери ин таъсир ба мавзӯъи Шарқ даст задаанд, ки ин худ ифодагари истеъдоди баланди қаламкашии устод аст.

Устод ба хориҷи кишвар бисёр сафар мекард ва чун фиристодаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва миллати тоҷик номи Тоҷикистони азиз ва шукуфони худро ба забон меовард ва бо иборае ӯ як эълонномаи беминнати миллату кишвари худ дар хориҷи кишвар буд.

 Нисбати устод адибони маъруфи шӯравӣ ва хориҷӣ аз қабили Н.Тихонов, К. Симонов, М.Шолохов, Р. Ғамзатов, М.Авезов, Ч. Айтматов,С.Вурғун,Э.Межаелайтис,Ғ.Ғулом,Б.Кербобоев, Ф. Искандар, Д. Кугултинов, Мустай Карим, К.Кулиев, Луи Арагон,Файз Аҳмади Файз, Зулфия ва дигарон эҳтироми хосае доштанд.

Устод нисбати раванди тараққиёти ҷомеаи ҳамзабонони Ирону Афғонистон бефарқ набуд. Доимо бо ин кишварҳо дар тамос буд ва соли 1968 Кунгураи шеъри форсиро бо ширкати шоирони бузурги порсигӯ аз қабили- Нодири Нодирпур,Халиллулох Халили, Зиё Қоризода, Бориқ Шафеъ ва дигарон дар шаҳри Душанбе созмон дод.Дар ҷое хондам, ки баъди вафоти устод Турсунзода, устоди забардасти назми шӯравӣ, шодравон устод Расул Ғамзатов бо муншии аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шахсе, ки ҳамон давра бо достонҳои маъруфи хеш «Суруши Сталинград» ва «Мавҷҳои Днепр»-аш дар дили аҳли зиёи шӯравӣ ғулғула андохта, ҷоизаи давлатии СССР-ро гирифта буд, шоири овозадор ва хело ҷавони тоҷик устод Мӯъмин Қаноат вохӯрда, ӯро чун рафиқи калонсол ва таҷрибадор насиҳат мекунад, ки чанд сол боз нақшаи разведкаи ИМА ва СССР оиди ба якчанд давлати хурд тақсим кардани Ирон рафта истодааст. Ману Турсунзода солҳои зиёд бо дипломатияи нарм ва гуфтори худ оиди дӯстии қадимаи мардуми форсу славян, таъсири адабиёту фарҳанги онҳо ба якдигар то тавонистем бо навишта ва гуфтаҳои худ дар доираи элитаи сиёсии Кремл тафаккури дӯстӣ ба Иронро ҷой намуда, рухияи сарони шӯравиро дигар ва нақшаи разилонаи КГБ-ро қафо партофтем.Шумо додарам, ки акнун дар миқёси СССР ҷойгузини Мирзо Турсунзода ва яке аз котибони Иттифоқи нависандагони СССР гаштаед, ин рисолати Мирзои азизро бояд бо навиштаҳо ва баромадҳоятон дар сатҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба элитаи сиёсии СССР намоиш диҳед то онхо бо ИМА ба накшаи пароканда кардани Ирони бузург напардозанд. Оре, дар ин суханҳои шоири бузурги кӯҳистони Доғистон, адиби авар Расул Ғамзатов , ки ин халқияти хурд то андозае бо ирониён ва фарҳанги он қаробати хунӣ ва хешӣ доранд , бузургии устод Мирзо Турсунзода на чун як шоири тоҷик ва Тоҷикистон, балки чун як шоири бузурги ориёӣ ва тамоми кулли 150 миллион форсизабонони тамоми дунё бараъло ба назар мерасад.Бо ибораи дигар ин шоири бузург, шоири трансмиллӣ буд ва барои мардуми форсизабон ва адабиёти бузурги он марз намегузошт ва то тавонист дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ин мардум дифъ намуд. Хизмати ӯ чун ходими машҳури доираи сиёсии импературии вақт СССР - и бақудрат дар сулҳу салоҳи кишварҳои Шарқ, Осиё ва Африқо низ бисёр бузург аст, ки онро наметавон дар доираи як мақола ба таҳлил кашид.

Имрӯз бо гузашти солҳо фикр мекунам, ки кадом сабабҳо буданд, ки ин шоир, шоири ҳақиқатан халқии Тоҷикистон ин қадар маҳбубияти том дошт дар ватанаш ва байни халқи азизаш.Фикр мекунем, ки пеш аз ҳама таваҷҷӯҳи зиёдаш ба ватан, миллат,Тоҷикистони азиз, орӣ будан аз нишонаҳои пасти вобаста ба одаму одамгарӣ - ҳасудӣ, бахилӣ, кина ва маҳалгароӣ, дар доираи сатҳи шӯравӣ доимо ба забон овардани Тоҷикистон ва халқи тоҷик, (хонандаи закитабъ бояд фаромӯш накунад, ки дар доираи як импературии бисёр бузурги ҷаҳонӣ бо қариб 300 миллион аҳолӣ ном баровардан ва пайваста шиор задану ном гирифтани ҷумҳурӣ ва миллат дар он замон кори басо вазнин ва сангине буд!).                                 

 Дар рӯзномаҳои даврии бонуфузи марказии «Правда»,«Известия»,«Комсомолская правда»,«Литературная газета», «Труд», маҷаллахои «Огонёк», «Новый мир», аксар вақт чоп гаштани навиштаҳояш барҳақ ӯро дӯстдоштатарин, маҳбубтарин шоири миллат гардонд.Ба гуфти шогирди вафодораш устод Мӯъмин Қаноат, ки дар шеъри ба устодаш бахшида «Барои ҳурмати мӯи сафедаш» ҳанӯз соли 1963 овардааст:

Барои дил, дили оинавораш,

Ки аз чашму нигоҳи ӯ падид аст.

Барои хоксориҳои покаш,         

Таҳаммулнокии ҳамчун заминаш.

Фикр мекунем, маҳз чунин хислатҳое, аз қабили дили оинавор, хоксории пок, таҳаммулпазирӣ, ҳимматбаландӣ, ки хоси оини ҷавонмарди ва айёрони сарбаланди Хуросон буд, устодро ҳам дар ватан ва ҳам дар хориҷ шӯҳраи офоқ гардонид.

Аз рӯи достонҳои ӯ «Ҳасани аробакаш» ва «Аз Ганг, то Кремль» кинофилмҳо офарида шуданд. Филми «Ҳасани аробакаш», ки охирҳои солҳои 60-уми асри ХХ офарида шуд, дар сатҳи СССР ва хориҷи кишвар овоза пайдо кард.Ин филм он қадар машҳур гашт, ки ибораи «Ҳасани аробакаш» (бо русӣ «арбекеш») ба таркиби луғавии забонхои тамоми мардуми шӯравӣ дохил гашт ва муаллифи ин достон ва Тоҷикистони азизро хеле машҳур сохт.

Мактаби худшиносии миллии созмондодаи устод Мирзо Турсунзода, ки саросар аз ифтихори миллӣ, оини ватан ва миллатдӯстӣ дар он давраи ба ном интернационалистӣ (дар асл славянгароӣ) ва ғояҳои дигари зидди рушди ғояҳои миллӣ тавонист ҳамон давра ба инкишофи рӯҳияи миллатдӯстии тоҷик нақши муассири худро гузорад, ки онро муовин ва дӯстдоштатарин шогирди устод Мӯъмин Қаноат ва дигар шоирони боистеъдод ва нисбатан ҷавони мо аз қабили Лоиқ, Бозор,Гулрухсор,Аскар Ҳаким, Гулназар, Доро Начот,Зиё Абдулло, Искандари Хатлонӣ, Камол Насрулло, Назри Яздон , Фарзона ва дигарон то ҷое тавонистанд инкишоф доданд то миллати худро ба бедории миллӣ ва давлатсозӣ замони истиқлолият бурда расонанд.  

Аз китоби хотираҳои нависанда Михаил Левин маълум мегардад, ки устод Турсунзода бозии шоҳмотро дӯст медоштааст ва боре дар сафар дар шаҳри Москва дар меҳмонхонае,ки ҷой гирифта буд омада мебинад,ки ҳамсояхонаи ӯ зур зада вақти хунукӣ дари утоқи худро кушоданист,лекин онро кушода натавониста истодааст.Устод бошад дарав ба ин ҳамсояи ношиносаш рӯ оварда мегуяд,ки сирри ин қулфҳои англисиро ӯ медонад ва дари утоқро кушода медихад.Баъдан устод чун меҳмоннавоз буд , ин ҳамсояи навашро ба меҳмони ба утоқи худ даъват мекунад.Меҳмон баъди чанде вориди утоқи ӯ мешавад ва устод барои ӯ дастурхон кушода ,коняки тоҷикӣ мерезад ва дар омади гап мепурсад,ки оё меҳмон шоҳмот бозида метавонад?Баъди шунидани ҷавоби тасдиқкунанда, устод хурсанд шуда даррав шоҳмотҳоро барои бозӣ намудан тайёр мекунад. Ба нею нестони меҳмон нигоҳ накарда иброз медорад,ки барои дилгармӣ 1-2 партия бозӣ мекунанд.Ҳеҷ гап нест,натарсад худи ӯ низ он қадар шоҳмотбози зӯр нест.Баъди гашти аввал устод бой дода,мегӯяд эҳ чи тавр? Баъд боз 2 партияи дигар бозӣ мекунанд мутаасифона дар ин партияҳои боқимонда низ устод дар як гашт бой дода , хело авзояш парешон мешавад.Меҳмон аз чояш хеста мегуяд,ки зиқ нашавед , шумо бо худи Михаил Тал бозиро бой додед.!Аз ин суханҳои меҳмони ношиноси худ устод ба ханда омада , дасти ҳамдигарро мефишоранд.Он вақт Михал Тал шоҳмотбози овозадор ва чемпиони вақти ҷаҳон буд.Баъдан устод доимо вақти бозиҳои шоҳмот ин вохӯрии ғайриодии худро бо Тал ба ёд оварда иброз медоштааст , ки ӯ бо худи чемпиони ҷаҳон Михаил Тал бози кардааст.Чунин вохӯриҳои аҷиб дар силсиласафарҳои устоди гаронмоя Мирзо Турсунзода зиёданд.

 Рӯзи вафоти устод, санаи 24.09-и соли 1977 ҳеҷ аз лавҳи хотирам зудуда намегардад.Дар қафои хона, назди роҳи мошингард ҳамроҳи бачаҳои деҳ, калонсолон истода будем. Он вақт ман мактаббача будам.Ҳамин вақт ҳамдеҳаамон мудири мағозаи ҳамсоядеҳ, худораҳматии акои Мирзошариф, ки бинобар

ба қавли мардум ширинкор буданаш ӯро раис ном мебурданд,(ӯ аслан дурӯғҳое мегуфт, ки ҳеҷ гоҳ бар зарари мардум набуданд, ширинкориҳояш ба касе зарар нарасонда , монанд ба латифа буданд ва аксар мавридҳо рафтору гуфтораш боиси хушхолии мардум ва бар зарари худаш анҷом меёфтанд ва марде буд бас бо нону намак, чунончи фурӯхтани фонусҳои 5-сӯма бо 3- сӯмӣ ва баъдан ибрози дуруғ доштан дар хусуси оне,ки ба корхонаи мазкур занг задаст ва ин фонсуҳо гӯё 3 сумӣ будаанд) ва машҳуртарин ширинкори водии Дарвоз муаррифӣ мегашт, бо сумкаи калон аз назди мо гузашта хабар дод, ки устод Мирзо Турсунзода вафот кардааст. Аз ин хабари ногаҳонии чун раъду барқи ӯ ҳама ҳайратзада ва аламзада, ғамгин шудем. Касе ба сухани худораҳматии акаи Мирзошариф бовар кардан намехост. Ёд дорам, ки бригадири деҳаамон, марди шофмӯйлаб, акаи Мирзошоҳ(ёдаш ба хайр бод) аз наздамон гузашта, бо қаҳр ба аспаш қамчин зада, дод мезад, ки дурӯғ андоза дорад , Мирзошариф дурӯғи дигар наёфта , чунин дурӯғҳои зиштро паҳн мекунад!

Он рӯз ба хабари акаи Мирзошариф касе бовар накард ва сухани ӯро дурӯғи навбатияш пиндоштанд.Мутаассифона, хабари ин ширинкори номии водии Дарвоз, рӯзи дигар баъди омадану гирифтани рӯзномаҳои даврӣ, ки дар ҳамаи онҳо таъзияномаи роҳбарияти СССР бо имзои шахсони аввали Шӯравӣ-Брежнев, Косигин,Андропов,Мазуров,Шербитский,Кунаев,Рашидов,Алиев,Шеверднадзе,Расулов ва дигарон бо сурати устод чоп гашт , пурра тасдики худро ёфт ва он рӯз мардум мегуфтанд: «Эй кош, ин сухану хабарҳои овардаи Мирзошариф мисли дигар сухану хабарҳои беасосаш дурӯғ мебуд».Баъдан мардум мегуфтанд, ки Мирзошариф дар ҳаёташ як бор рост гуфтааст, ки ин вафоти устод Турсунзода буд.

Оре, дар ин амал ва гуфтори тарафҳо дар як деҳаи дурдасти кӯҳистони Дарвози тоҷик низ маҳбубият ва бузургии шоири номвари миллатамон бо тамоми ҷозибааш нуҳуфтааст ва аз мактаби ватандӯстии ӯ насли ҷавони миллат ҳама вақт бояд омӯзад.

1 varqa-zayniddin prkuror2021Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон.

мушовири адлияи дараҷаи 1,

Узви ИЖҶТ,

Аълочии матбуот ва фарҳанг Тоҷикистон,

Корманди фахрии мақомоти

прокуратураи Тоҷикистон

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi