16:55:43 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

М. ТАШКИН: «МАВЛОНО ШАХСИЯТИ ҶАҲОНӢ АСТ»

- «Мардумони тоҷику туркро аз қадимулайём робитаҳои амиқи илмию фарҳангӣ бо ҳам мепайвандад», гуфт зимни мусоҳиба мушовир оид ба фарҳанг ва иттилооти Сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад Ташкин. Урфу одат ва анъанаҳои гуногуни муштарак, ки аз қаъри асрҳо сарчашма гирифтаанд, бозгӯи суханҳо мебошад.  

- Бояд бигӯям, ки Туркия яке аз аввалин кишваре буд, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли 1992 Сафоратхонаи худро дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард ва робитаҳои дипломатӣ ба роҳ монда шуд, афзуд М.Ташкин. Бо барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Туркия чандин Созишномаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун –иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ба имзо расиданд, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Бахусус, бо имзо расидани Созишномаи ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи фарҳанг, робитаҳои фарҳангӣ ба роҳ монда шуданд.

 Дар асоси он ҳамкории самарабахш байни Тоҷикистону Туркия дар бахши ҳамкориҳои санъати театрӣ, ташкили намоишгоҳҳои рассомон, санъати тасвирӣ, сафарҳои ҳунарии ҳунармандон ташкил карда мешуд, вале бо вуҷуди мушкилоти моддӣ онҳо доир карда нашуданд. Ба фикри ман Созишномаҳо дар бораи ҳамкориҳои фарҳангии байни Тоҷикистону Туркия бояд аз сари нав баррасӣ карда шаванд.

 Зеро дар Туркия Вазорати фарҳангу сайёҳӣ аст. Дар Тоҷикистон бошад Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, яъне сохторҳо гуногун аст. Барои ҳамин дар шароити кунунӣ ин масъаларо бояд ба танзим даровард. Умед аст, ки дар оянда зимни сафари вазири фарҳанги Тоҷикистон ба Туркия ин масъала роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт.

 Ҳамкориҳои фарҳангии ҳар ду кишвар беш аз пеш густариш меёбад. Ҳайати туркӣ таҳти раёсати раиси диёнати Туркия дар Симпозиуми байналмилалии бахшида ба 1310-солагии асосгузори мазҳаби ҳанафӣ -Имоми Аъзам, ки дар Душнбе баргузор гардид, ширкат варзиданд.  

-Оё дар оянда рӯзҳои фарҳанги ҳар ду кишвар гузаронида мешавад?

 ӯшиш мекунем, ки дар соли оянда Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. 

-Дар оянда сафари ҳунарии овозхонҳои туркӣ ба Тоҷикистон дар назар дошта шудааст? Зеро суруди таронаҳои овозхонҳои шинохтаи туркӣ дар Тоҷикистон маҳбубияти хоса доранд. 

-Воқеъан, суруду мусиқӣ марзро намеписанданд. Суруду таронаҳои овозхонҳои маҳбуб дар ҳар канори дунё садо медиҳанд ва пайғомрасони дӯстиву рафоқатанд. Маҳз мусиқӣ аст, ки халқу миллатҳои гуногунро бо ҳам мепайвандад, дӯсту қарин ва меҳрубон мегардонад. 

Мо итминон дорем, ки дар ояндаи наздик ин корро ба анҷом расонем. Яъне ҳунармандони писандидаро бо сафарҳои ҳунарӣ ба Тоҷикистон биёрем. Бояд бигӯям, ки дар Туркия ду навъи санъаткорон ҳастанд, яъне санъаткороне, ки тобеи Вазорати фарҳанг ва овозхонҳои мустақил, яъне онҳо озод ҳастанд ва барои онҳоро бо сафари ҳунарӣ овардан сарпараст лозим аст. Яъне усули фаъолияти ҳунармандони мустақил дар Туркия дигар аст. 

-То ҷое мусаллам аст Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши туризм дорои захираҳои бои туристӣ аст. Дар ин масъала ҳамкориҳои ду кишварро чӣ гуна дидан мехоҳед? 

-Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати зебову афсонавии худ дорои захираҳои бои туристӣ мебошад, яъне дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи туризм заминаи мусоид вуҷуд дорад. Яке аз масъалаҳои асосии рушди туризм ин нақлиёт, сохтмони инфраструктура ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ аст. Зеро соҳаи туризм нозукиҳои худро дорад. 

Мавзеъҳои туристӣ ва маҳсулоти туристӣ тарзе ба сайёҳ пешниҳод карда шавад, ки сайёҳ онро ба таври хуш истиқбол намояд ва писандаш гардад. Агар як сайёҳ ба як кишвар сафар намояд дастоварду пешравиҳо ва ҳулқу атвори хуби мардуми он сарзаминро баъди бозгашт ба ватанаш ба 20 нафар наздикону пайвандон ва ҳамкасбонаш нақл менамояд. 

Агар бо ӯ зимни сафари сайёҳиаш ягон чиз масалан, сатҳи пасти хизматрасонӣ, муносибати дағалонаи мардуми ҳамон минтақа ва дигар падидаҳои номатлуб бо ӯ рух диҳанд, он сайёҳ чунин таасуроти номатлуби худро ба 40-50 нафар ва зиёда аз он шояд нақл намояд. Дар ин маврид таваҷҷӯҳи шахсе, ки мехост ба ҳамон кишвари писандаидаш равад, зоҳир намегардад ва назараш дигар мешавад. 

Агар сайёҳ тааасуроти худро нек арзёбӣ намояд, боз теъдоди шахсоне, ки мехоҳанд ба он кишар сафар намоянд бештар мегардад. Дар Тоҷикистон мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва зебоманзар ба мисли Помир, Хоҷа обигарм, Искандаркӯл, Варзоб ва ғайраҳо бисёранд. Хуб мешуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши рушди туризм таҷрибаи кишварҳои аз лиҳози туризм пешрафтаро, бахусус Туркияро меомӯхт ва афзалиятҳое, ки ба густариши туризм мусоидат менамояд дар Тоҷикистон ба роҳ монда мешуд.  

Бояд бигӯям, ки Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия ҳамеша ҷиҳати пешрафти туризм дар Туркия саъйю талош менамояд. Аз ҷумла, дар Туркия китобе нашр шудааст доир ба «Стратегияи рушди туризм то соли 2023-ум». Масалан, соли 2023 –ум Вазорати фарҳанг ва туризми Туркия ҷалби 50 миллион сайёҳро ба кишвар ба нақша гирифтааст, ки он бояд 40 миллиард доллар даромад биёрад ва даромад аз ҳар як сайёҳ ба иқтисодиёти Туркия қариб ҳазор долларо ташкил хоҳад дод. Барои ҷалби ин миқдор сайёҳ ва роҳҳои он дар ин китоб дар асоси стратегия рушди туризм муайян карда шудааст. 

-Дар як сол чӣ қадар сайёҳ ба тамошои Туркия меоянд ва даромади солонаи Туркия аз соҳаи туризм чӣ қадар аст? 

-Танҳо дар соли 2008 –ум 26 миллион 300 ҳазор сайёҳ ба Туркия омадаанд ва даромади солонаи Туркия аз туризм 20 миллиард лираи туркӣ аст. Дар байни кишварҳои аз ҷиҳат туризм рушдёфтаи ҷаҳон Туркия аз лиҳози рушди соҳаи туризм зинаи даҳумро ишғол менамояд. Дар Туркия барои реклама ва рушди инфраструктураи туристӣ маблағҳои калон ҷудо карда мешавад. 

Зимни истироҳат ва сайругашти сайёҳон дар ҳар кадом меҳмонхонаи Туркия пурсишнома гузошта мешавад, ки дар он сайёҳон фикру мулоҳиза ва назари худро роҷеъ ба сатҳи хизматрасонӣ, шароит ва дигар масъалаҳои марбут ба истироҳаташонро менависанд. Яъне дар ин маврид муайян мегардад, кӣ сайёҳон аз чӣ хушнуду қаноатманд ҳастанд ва аз чӣ не. Дар асоси пурсишномаи пурнамудаи сайёҳон кормандони бахши соҳаи туризми Туркия кору фаъолият намуда, дурнамои рушди ин соҳаро муайян менамоянд. 

-Аз кадом кишварҳо бештар ба Туркия сайёҳон меоянд?  

-Бештари сайёҳоне, ки ба тамошои Туркия меоянд аз давлатҳои Олмон, Русия ва Британияи Кабир мебошанд. Аз Тоҷикистон бошад бештар сайёҳони тоҷик ба Туркия тавассути дигар сайрхатҳо мераванд, бахусус бо сайрхатҳои Русия. 

-Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Истанбул роҳи ҳавоӣ фаъол аст барои чӣ бо сайрхатҳои Русия сафар мекунанд? 

-Ин ҷо як нозукии масъала аст. Мисол, аз Тоҷикистон як нафар ҳамчун сайёҳ ба Туркия сафар намояд, барои ду ҳафта истироҳат 3 ҳазор доллар зарур аст. Агар тавассути Русия бошад арзиши ду ҳафта истироҳат 1 ва 1, 5 ҳазор доллар мебошад. 

Вақте, ки сайёҳ вориди Туркия мегардад барои буду боши як моҳаи сайёҳ раводиди ройгон дода мешавад. Барои шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ бошад ба мӯҳлати ду моҳ раводид дода мешавад, ки он ба рушди туризм мусоидат менамояд. 

-Кадоме аз навъҳои туризм дар Туркия рушдёфта мебошанд?

 -Дар Туркия туризми тобистона, туризми кӯҳнавардӣ, конференс –туризм ва ғайраҳо вуҷуд доранд, ки беш аз пеш густариш меёбанд. 

-Назари Шумо ба шахсият ва таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чӣ гуна?

 -Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи мавлуди Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябр таҷлил карда мешавад. Дар Туркия бошад 17 декабр Рӯзи вафоти Ҷалолиддини Румӣ бо номи «Шаби арӯс» таҷлил мегардад. Дар назар аст, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ дар соли равон бо даъвати Президенти Туркия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати фарҳангиёни Тоҷикистон низ ширкат менамоянд.

 Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар давраи нооромиҳо -замони истиллои муғулҳо –Чингизхон, ба дунё омада, ба сарзамини Рум сафар менамояд ва дар он ҷо кору эҷод мекунад. Алҳол оромгоҳи ин шахсияти бузурги олами ирфонӣ, ки дар шаҳри Қунияи Туркия воқеъ аст, зиёратгоҳи ҳазорҳо нафар аҳли илму фарҳанг ва дилбохтагони шеъру адаб гардидааст.

 Таълимоту ақидаҳои фалсафии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ арзиши бузург дошта, инсонҳоро ба таҳаммулпазирӣ, фазилати нек, рафтори нек, гуфтори нек, кирдори нек ҳал намудани масъалаҳо бо роҳи осоишта ва ҳусни тафоҳум раҳнамун сохта, дар шароити кунунии ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ақидаҳои Мавлоно нақши бузург мебозад.

 Ба қавли Мавлоно инсонҳо ба Худо бо ашк ва бо муҳаббат расида метавонанд. Мавлоно мегӯяд, ки маргро бо ашк ва муҳаббат истиқбол намуд. Таълимот ва ақидаҳои фалсафии шоири бузург аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, дар кушодани гиреҳи бархе аз масъалаҳо нақши мондагор мебозанд. Ва мегӯям, ки Мавлоно шахсияти ҷаҳонӣ аст.

 -Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ

 Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1291-tashkin-mavlono-shakhsiyati-jahoni-ast.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi