19:40:22 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29        

Ситораи тобноке дар уфуқи илму ҳунар - II

Тӯли панҷ соли донишҷӯӣ, мисле ки одами ташна лаби чашма давида, аз оби мусаффои он ҷону тан роҳат мебахшад, тамошобини рақами яки ҳама консертҳои дар шаҳр баргузоркардаи устод Ҷӯрабек Назрӣ ман будам, муболиға нашавад, қариб ҳамаи сурудҳояшро аз ёд медонистам. Устод дар саҳна бо шогирдонашон месуруданду ман хаёлан хешро паҳлуяшон тасаввур доштам.

3_jurabek_236556.jpgМехоҳам як нуктаро таъкид созам, ки имрӯз мебинам қисме аз тамошобинон ё ба консертҳои «ситораҳо» ва ё ҳунармандони асил, тасодуфан ва ё аз бекорӣ кадукорӣ гуфтагӣ барин, меоянд, таронаҳоро хушк қабул мекунанд, мисле ки ҳисси мусиқидарккунӣ надоранд, яъне ба толори зебои консертӣ тамошобини хушзавқ намерасад. Аммо он давра чунин набуд. Воқеан, ҳамаи тамошобинон баробари ман пазмони шунидани овози устод буданд, бо ҳар авҷгирии устод ба шӯр омада «ҷон!», «маст шав!» нидо дармедоданд, умуман, тамошобини раҳгумкарда дида намешуд. 

Дар дасти ман фиттае нигоҳ дошта мешавад, ки сабти овозии консерти устодро дар соли 1978(ровӣҳунарманди шинохта Убайдулло Раҷаб) дорад. Дар он шеъру ғазалҳои «Чӣҳосил»- Қассоб, «Гоҳе ки ошиқ нестам»-и Гулрухсор, «Баҳри аёдат омадӣ»- Б. Раҳимзода, «Дили овора»-и Хусрави Деҳлавӣ, «Маслиҳат нест»-и Мавлавӣ, «Фурқати ту»-и Иззатшоҳи Дарвозӣ, «Рафтам шабе ба кӯяш»-и Сайидо, «Дунё ғанимат аст»-и Гулрухсор, «Ба азми тавба»-и Ҳофиз, «Ошӯби ҷонӣ»-и К. Хӯҷандӣ, «Бими рақибон»-и Саъдӣ, «Дилбару дилдор»- аз халқ, «Чашми сиёҳи туро»- аз халқ, «Намеоям дигар»-и Гулрухсор, «Суруди анҷум»- и Иқбол, «Ало, ай дилрабо»- аз халқ бо оҳангҳои масту махмур ва овози ҷонбахшу дилобкунанда сароида мешаванд. Ҳофиз гоҳе аз дарду ҳиҷрони ёр менолад, аз номуродиҳои ишқ фиғон мекашад, дар водии муҳаббат тани танҳо мемонад, гоҳе савори саманди ишқ ба висоли ёр мерасад, маҳбубаи дар муҳаббат содиқ худро ғуломи ӯ мегардонад, сайёраи ишқи оташзо наздаш фуруд омада ӯро ба кайҳони нопайдоканор мебарад ва гоҳе даъват аз ваҳдат, васли қалбҳо ба гӯш мерасад, нурафкании ситораи толеъ, сидқу вафо тасаввур мегардад.

Устод дар хондани шаҳд маҳорати комилу овози ҷигарреш дорад. Рези тору таблак, ҷуршавии нағмаи маҳини аккордеон ва дар ин асно бо овози пасти дардолуда  ба гӯш расидани лаҳни ҳофиз рагҳои эҳсоси шунавандаро ба ҷунбиш меорад. Иқрор мешавам, аз таъсиру ҷозибаи шаҳдхониҳои устод мӯйҳои баданам рост мехезад, худро дар худ бегона мебинам.

Пас аз хатми мактаби олӣ(1976) дар маркази ноҳияи Ҷиликӯл баробари касби омӯзгорӣ, ҳамзамон, муддати се сол дар хонаи маданият ба ҳайси роҳбари бадеӣ  саҳми фаъолият низ доштам. Аслан, ба ин кор маро худи мудири хонаи маданият, Аълочии маданияти СССР шодравон Аҳмадҷон Мақсудов, ҷалб кард, зеро он ҷо бинобар тез-тез иваз шудани мутахассисони санъат кор бо ду по мелангид. Мани филолог ҳаваскоронро сарҷамъ карда, ансамбл ташкил намуда, бо машқи мусиқию садои марғуби санъаткорони ҷавон толори хомӯшшударо зинда гардондем. Аллакай ҳамон солҳои нахуст пайравони устод Ҷӯрабек Назрӣ чун паррончакҳои зебои баҳорӣ дар самои орзу бол мезаданд ва хеле зиёд ҳам буданд. Онҳоро низ тавонистам бо дилгармӣ, мисле ки кабӯтар фарзандонашро дон дода аз қафои худ мебарад, ба дастаи ҳунарӣҷалб созам. Бародарон Иззатулло ва Одилшоҳ Раҳимовҳо, Пирумшоҳ Исмоилов, Насриддин Мирзоев… бо лаҳни шевои шогирдона ташвиқгари таронаҳои устод буданд. Баъдан, тасмим гирифтам, ки барномаи ҳунарии ансамблро омода, пухтаю рехта карда, ба Шӯрои бадеии студияи телевизион пешкаш менамоям, агар он пазиро гардад, лаҳзае хотири тамошобинони оинаи нилгунро шод мегардонем. Барои кумак омӯзгори дар ин кор дасти тавоно доштаи деҳаамон Султони Ҳамад (ҳоло рӯзноманигори таърихнигор ва муҳаққиқи шинохтаи ҷумҳурӣ, сокини шаҳри Душанбе)- ро даъват кардам. Барнома, ки ҳама бандҳояш аз рақсу таронаҳои дилпазир таркиб ёфта буд, чун пироҳани зебои арӯсӣ омода гардид. Сипас, ба шаҳр омада назди муовини вазири маданият Тамара Абдушукурова даромада хоҳиши дастгириашонро барои ҳунарнамоӣ дар оинаи нилгун кардам. Баъди аз шӯрои бадеии телевизион гузаштан (устод Хайрулло Абдуллоев қабул карданд) баҳори соли 1978 барномаи рангини ҳунарии мо дар телевизиони ҷумҳурӣ беш аз ним соат пешкаши тамошобинони хушзавқ гардонда шуд. Ростӣ, имрӯз гоҳи ба жарфнои андеша фурӯ рафтанам аҷибам меояд, ки ин дастовардро на мутахассисони дипломдори соҳаи санъат, балки мани филолог соҳиб гардида тавонистам. Он вақт ин кор осон даст намедод, ба қавли шоир «ба нохун роҳ дар хоро буридан»-ро мемонд, зеро аъзои шӯрои бадеӣ хеле сахтгир буданд, барномаро мисли дон аз ғирбол гузаронда, сараро аз носара ҷудо карда мегирифтанд. Ин имрӯз аст, ки ҳар санъаткори бо ном «ситора» саҳнаи ҳунарро бесоҳиб ёфта, «шеър аз худам, оҳанг аз худам, овоз аз худам» гӯён худро машҳур ва мухлисонашро зиёд карданӣ мешавад. Чунончи, ҳамон вақт як ғазали сароидаи шогирди устод Акашариф Ҷӯраев бобои Ёфтулло Рӯзиевро (тавре дар боло ишора рафт) низ дар навор сабт ва тамошо карда будем. Мӯйсафед овози булбул доштанд. Мутаассифона, бо кадом сабаби ба мо номаълум он сабт манзури тамошобинон нагардид, шояд нуқсе дар матни ғазал буд, яъне чени нохун барин камбудӣ сади роҳи ҷомаи амал пӯшидани орзуятон мегардид.

1 jurabek 236556Солҳои ҳаштодум ҳамаи маъракаҳои хурсандии деҳаҳои атрофи маркази ноҳияро  раҳнаварди мактаби ҳунарии устод Ҷӯрабек Назрӣ,  шогирдаш НазаралӣҚурбонов мегузаронд, ҳатто навбати маъракаҳоро ба рӯзҳои холӣ ва ё мусоидаткунандаи ӯ нигоҳ карда мемонданд, хулоса гули сари сабади мардуми ноҳия буданд. Бинобар ному шуҳрат доштани устод ҷавонон бо ҳавас ӯро «шогирди Ҷӯрабек Назрӣ» меномиданд. Тавре зикраш боло рафт, ин ҳунарманди роҳи мушкил ва пурпечутоби санъатро пасисаркарда имрӯз низ аз ҳунари овозхонӣ канда нест. Қурбоналӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2015 бо ҳунари волои худ ду маъракаи мардумии ноҳияи Ҷиликӯлро гулафшон гардонд, ки НазаралӣҚурбонов низ паҳлӯяш истода, сари овоз мегирифтанд.

Солҳои ҳаштодум яке аз шогирдони дигари устод Абдусамад Шарифов аз ноҳияи Ҷ. Румӣ ба маркази ноҳияи Ҷиликӯл омада, ба ҳайси мудири шуъбаи маданият фаъолият намуд ва бо овози ширадори асиркунандаи Ҷӯрабек Назримонандаш бо дастагули созу тарона байни мардум ҳаводорони бешумор пайдо кард. Солҳои навадум ин ҳунарманди хушсалиқа ба шаҳри Душанбе омада, ҳамроҳи шогирди устод Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов ҳамкорӣ дошт.

Замони шӯравӣ устод ду-се маротиба дар маъракаҳои хурсандии мардуми деҳаи мо ва атрофи ноҳияи Ҷиликӯл базми суруд гузаронда, бо таронаҳои шӯрангезашон ба қалби мухлисонашон олами шодию нусрат бахшида буданд. Аммо банда аз суҳбат ва шиносоӣ бо устод канорагирӣ доштам, шояд ҳавои ҷуръат надоштам.

Охирҳои солҳои ҳаштодум буд, ки устод бо сафари ҳунарӣ ба ноҳияи Ҷиликӯл ташриф оварда, ситораи толеи мани мухлис чашмакӣ задагӣ барин, дар клуби деҳаи мо бо таронаҳои марғуб консерт нишон доданд. Мухлисони ба шӯру шааф омада гулу себаргаҳоро пойандози таронаҳояшон гардонданд. Ана, ҳамон вақт ман муваффақ гардидам, ки бо ин инсони равшанназар мусоҳибаи кӯчак, аммо пурмуҳтавое анҷом бидиҳам, Он замон худро ҳамчун як рӯзноманигори музофотӣ муаррифӣ карда, бинобар таомули хоксорӣ аз баёни пайрави мактаби ҳунарии ӯ буданам истиҳола доштам. Мусоҳиба дар рӯзномаи ноҳиявӣ чун як пайки хуши фарҳангӣ ба нашр расид. Мавод, ки ҷолибу хонданӣ буд, аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шуд. Як сол қабл аз дӯстам Султони Ҳамад, иттилоъи хуш  гирифтам, ки он мусоҳиба дар китобе, ки  ба фаъолияти илмию ҳунарии устод Ҷӯрабек Назрӣ бахшида шуда будааст, нашр гардидааст. Росташ, оҳанги фахрам ба осмон танин андохт.

Аммо орзуи аз наздик бо устод шиносоӣ пайдо кардан, мисли як дарди ширин, қалбамро ором намегузошт. Ниҳоят солҳои охири сарварии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттиро ба дӯш доштанашон, мисле ки офтоб ба сӯям хандарез нигариста бошад, аз шуълаи гарм гули орзуям шукуфт. Шахсан бо умеди дидор ба ҳуҷраи кориашон ворид гардида, тавонистам бо ин марди табиатан хоксору маҳфилоро,  сиришташ саропо аз илму фарҳанг саршор, давоми беш аз як соат дар муколаммаи рангин бошам. Пай бурдам, ки устод мулоқоти аввалаамонро ба ҳайси рӯзноманигор ёд надоранд. Аммо дар ин маврид ҳам, аз пайрави устод буданам забон кушода натавонистам.

aka-sharif_326651212.jpgШогирди бовафо чароғи ҳунари устоди хеш ва машъалбардори ӯ мегардад. Банда тӯли ҳаёти худ ҳеҷ гуна шогирдонеро, амсоли шогирдони бовафои мактаби ҳунарии устод Ҷӯрабек Назрӣ, надидаам, ки ҳатто ба ҷодаи устодӣ расидани худ ҳам, ҷаҳони меҳру садоқаташонро дар ҷомеа ба устодашон зиёд баён дошта бошанд. Чӣ Қурбоналӣ Раҳмон ва чӣ Ҷамшед Исмоилов то имрӯз, гӯё аз даҳонашон асал мерехта бошад, бо сипосгузорӣ иброз медоранд, ки «Ҳарчи шудем, аз дасти тарбияи устоди худ Ҷӯрабек Назрӣ шудем». Воқеан, чунин андешаи солим аз ҷониби онҳо ҳақиқати бебаҳс аст. Гӯё шоир маҳз барои чунин ҳунармандон фармуда бошад:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе  нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ноябри соли 2015 ҳини иштироки Қурбоналӣ Раҳмон дар яке аз маъракаҳои мардумии ноҳияи Ҷиликӯл аз ӯ саломатии устодро ҷӯё шудам. Гуфтанд: «Ману Ҷамшед хушбахттарин санъаткоронем, ки устодамон то имрӯз тори сарамон соягӣ доранд. Сари устодро дард гирад, сари ману Ҷамшедро ҳам дард мегирад. Бовар мекунед, ман як рӯзи ҳаётамро бе устод тасаввур карда наметавонам. Устод дар баъзе ҳолатҳо падар, дар баъзе ҳолатҳо бародар, дар баъзе ҳолатҳо рафиқ мебошанд». Магар эҳтироми воқеӣ ва садоқату муҳаббати оташзо нисбат ба устод аз ин ҳам бештар мешавад? Ин яке аз писандидатарин ойини ҷавонмардист! 

Декабри соли 2015 Ҷамшед Исмоилов дар яке аз шабакаҳои радиои ҷумҳурӣ бо шунавандагон гуфтугӯи мустақим анҷом медод, ки шунидани он хеле мароқангез буд. Ин ҳунарманди дар ибтидо шогирду имрӯз худ ба ҳадди устодӣ расида бо чунин ҳиссиёти ҳайратовар ҳарф зад, ки солҳои 70-80 дар паҳлуи устодони зиндаёд Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Абдулло Назрӣ…, ки айни шукуфоии санъати асилу пояи баланди обруяшон буд, ҷой гирифтану шуҳрат пайдо кардани ҳофизони ҷавон хеле душвор, чун аз осмон ситора кандан ва ё обро дар ғирбол гирифтан буд. Аммо нисбат ба дигар ҳофизони ҷавони ҳамсинну соли худ Ҷӯрабек Назрӣ тавонист, ки аввалан бо овози марғуби қалбҳоро тасхиркунандааш ва баъдан бо ранҷу заҳматҳояш дар радифи онҳо ҷойгузин гардад, мисли як ситораи тобон дурахшад ва сафи ҳаводорони асили санъаташро афзояд.

Ҳунари овозхонӣ ин ҳамон доди Худовандист барои инсон то ниёзу хосторҳои ботинашро берун занад. Ҳамон тавре инсон дар намоз бо Офаридгори худ розу ниёз мегӯяд, овозхон ҳам, аламрезаҳои қалбашро дар шакли тарона армуғони мардум мегардонад.

Қурбоналӣ Раҳмон худи ҳамон моҳ дар барномаи «Ногуфтаҳо»- и шабакаи «Сафина» бо як ҷаҳон миннатпазирӣ парда аз болои асрори ногуфтаҳои худ бардошта иброз намуд, ки дар санъаткор шудани ӯ на фақат сеҳри овози устодаш, балки дасти кумаки шахсан худаш ҳам боис гардидааст. Гӯиё ӯ бо ташвиқи як ҳамсабақаш «прокурор мешавем» гӯён ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии университет супорида, бо дониши қавии худ аз ҳамаи имтиҳонҳо бо сари баланд мегузарад. Аммо шутур ҳамаро бардоштаасту элакро не, гуфтагӣ барин, дар ҷамъи баҳо ним бал намерасад. Акнун, ҳуҷҷатҳояшро гирифта бо қалби шикастаю хотири ошуфта чаппасар ба деҳа баргаштанӣ будааст, ки бо амри тасодуф устод Ҷӯрабек Назрӣ воқиф гардида бо ӯ вомехӯрад ва якҷоя бо шоираи маҳбуб Гулрухсор ба Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода ҳидояташ менамоянд. Яъне, устод ӯро ба шоҳроҳи орзую умед- пайраҳаи санъат роҳнамоӣ доштанд. Ин пайраҳа дар қисмати умри ӯ пайраҳаи сабзидану шукуфтанҳо, пайраҳаи ҷойгузини қалби дӯстдорон шуданҳо гардид. «Агар ҳамон вақт устод Ҷӯрабек Назрӣ соябон намешуданду дасти хайрхоҳӣ дароз намекарданд, шояд ман ба деҳа баргашта дигар дунболи санъат намерафтам ва якумрӣ бо он хайру маъзур мекардам, мисле ки Худованд эшонро барои соябонии банда ва мусоидати нек ба тақдири ояндаам фиристода буд»- ҳарф зад ӯ. Воқеан, ин андеша баҷост, охир, «Тақдирро такдирҷунбон даркор» гуфтаанд.

2_jurabek_236556.jpg

Ҳамчунин, Қурбоналӣ Раҳмон дар барномаи солинавии «Дидор»-и шабакаи «Сафина» зимни сипосгузорӣ доштанаш ба устод, бо қалби моломол аз меҳр гуфтанд, ки «Мо ҳатто мехостем на фақат дар овозхонӣ, балки дар тарзи фарҳанги либоспӯшӣ, роҳгардӣ ва суҳбату муошират низ ба устоди худ монанд бошем». Бале, шогирдон меваҳои ширини дарахти ҳаёти устод буданд.

Яке аз шогирдони дигари устод Хушвахт Шарофов, ки солҳои донишҷӯӣ(1985-1990) ҳамроҳашон дар маъракаҳо ва сабти сурудҳо иштирок доштааст, имрӯз ба ҳайси корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҷиликӯл заҳмат мекашад. Ӯ тасмим дорад, ки дар ноҳия аз ҳисоби пайравони устод Ҷӯрабек Назрӣ гурӯҳи ҳунариеро бо номи «Пайрав» созмон дода, оби чашмаи эҷодии устодро мисли пешин барои мардум ширину покиза ва фаровон нигоҳ бидорад.    

Устод Ҷӯрабек Назрӣ соли 2009 «Нидои дил» ном армуғони таронаҳояшро дар шакли клип пешкаши ихлосмандони созу навояш гардондааст, ки тамошо ва шунидани он дармонбахши ҷону танҳост (Телевизиони Хатлон ин фиттаро тибқи хоҳишу дархост пайваста манзури тамошобинон мегардонад). Аз худи ҳамин барномаи мусиқии дар фитта сабтгардида возеҳ маълум мегардад, ки сарояндаи маънисаро чӣ сон ғазалҳои баландмазмун ва олиро донишмандона интихоб кардаю санъаткорона оҳанг баста метавонад. Мазмун ва оҳанги ҳар суруд тилисме дорад, ки роғибро ба доми худ гирифтор месозад. Эҷоди оҳангҳо ва садои марғуладори таронасаро бар шеъру ғазалҳои «Қӯи сафед»-и М. Қаноат, «Ҷоми шабона»-и Мавлоно, «Чӣ тадбир кунам»-и Ҳофиз, «Афсонаи ишқ»-и Гулрухсор, «Дили ушшоқ»-и Мағрибӣ, «Муждаи васл»-и Ҳофиз, «Ҳудҳуди сабо»-и Ҳофиз инсонҳоро ба садоқату эҳтироми ишқ, вафодорӣ, хираду покӣ, қадру манзалати одам, хайру сахо даъват менамояд.

Маълум, ки ишқ ва ҳаёт таззодҳо, барору нобарориҳо, муруввату бемурувватиҳо дорад, инсон дар ин гунбади сипеҳр гоҳе роҳат ва гоҳе ранҷ мебинад. Дар ғазалҳои cароидааш устод Ҷӯрабек Назрӣ аз нозу истиғнои ёр, аҳдшиканиҳои маҳбуба, хилватгоҳи рози ошиқон, зулми замонаи пуршӯру пурсавдо, ошӯби даҳр, макру ҳияли риёкорон меноладу дар гӯши фалак фарёд мезанад, савори бодбони ишқ баҳру уқёнусҳоро мепаймояд, нидои ишқи нурполоро аз сурайё мешунавад.

Ҳофиз аз ишқи пок месарояд, ишқе, ки хомҳоро пухта, сардиҳоро гарм, хиёнатҳоро садоқат мегардонад, ишқе, ки  парешониро сарҷамъӣ, нооромиро оромӣ, ғаму ғуссаро шодию нишот мебахшад.

4_jurabek_236556.jpgИмрӯз ҳам ҳаводорони овози ҷонфизои устод дар ҳама манотиқи ҷумҳурӣ кам нест. Ин овоз барои онҳо мунодии парастиши ҳаёти зебо, ишқи зиндагӣ, дилбастагӣ ба хоку резасангҳои Ватан ва расидан ба қадри обу хоки диёр мебошад. Гоҳҳо меандешам, ки устод ситеғи умри хешро дар камолоти пирӣ ва майдони санъатро дар дасти ҷавонон дида, хаёлашон ӯ фаромӯш шудааст, ки асло ин тавр нест. Собиқ мухлисонаш, ки алҳол дар синну соли камолот аз 50-60 болоанд, муштоқи шунидани овози шаккарини уянд. Пазмонии мухлисон ба овози устод мисли он аст, ки бемори бистарӣ бо шунидани хабари хуш ҳама дардҳоро фаромӯш карда ба по мехезад. 10-15 сол қабл, гоҳҳо ҳангоми ба ягон маъракаҳои хурсандӣ даъват шуданам, ровӣ эълон медошт: «Гурӯҳе аз холаҳо зиёд хоҳиш доранд, ки акаи Сайдаҳмад аз сурудҳои устод Ҷӯрабек Назрӣ хонад». Азбаски шохаҳои умри мо ҳам қайчӣ задаю синну соламон ба ҷое расидааст, ду даҳсола боз бо овозхонӣ нуқта гузоштаам, аммо аввалан, ба хотири эҳтироми номи устод ва баъдан барои нашикастани қалби ҳаводорони овозаш як-ду суруд мехондам.

Боре зани ҷавоне аз деҳаамон гилаю ҷингиларо корвони мӯрча карда, ба ман чунин изҳори норизоӣ нишон дод:

- Акаи Сайдаҳмад, барои чӣҳамон устоди шумо  моҳи камнамои паси абрҳо шудагӣ барин дигар дар телевизион суруд намехонад?

Ҷавонзан устод гуфта Ҷӯрабек Назриро дар назар доштанд. Зеро бинобар таронаҳои ин булбули шӯридадилро хонданам, мардуми деҳа аз хурд то калон ба чунин боваранд, ки айёми донишҷӯӣ(1971-1976) ман дар гурӯҳи ҳунарии устод овозхонӣ доштам. Барои ҳамин ҳар гоҳ ки устод дар шабакаҳои радио ё телевизион сухане гӯянд ва ё сурудеашонро пешниҳод созанд, дар роҳ бо ман вохӯрдан замон мужда мерасонанд: «Устодат баромад дошт».

Аз ҷавонзан суол кардам:

- Магар чизе шуда?

Он кас нигоҳашро аломати савол кардаю китфон дар ҳам кашида чунин ҷавоб гардонданд:

- Аз бозе ки дандони ақл бароварда худро мешиносам, очаам мухлиси ашаддии сурудҳои устоди шумост. Лекин намедонам, ба устодат чашм расидааст магар, ки хеле боз аз ойинаи нилгун ғайб зада садояш шунида намешавад. Очаам худ бо худ зуққида мегӯяд, ки «Наход Ҷӯрабек Назрӣ бо овозхониаш хайру маъзур карда бошад?». Рости гап, ақли ман намегирад ва ё ба ин кор тааҷҷубам меояд: магар ҳамин хел ҳам шуданаш мумкин аст, ки як ҳофиз нахонаду ту дилатро зиқ карда гардӣ?

Заҳрхандаро ба даври лабонам меҳмон кардам, зеро маълум шуда меистод, ки ҷавонзан санъатро санъат шунидааст, куҷо расад ба дарки мусиқию овозхонии ҳунармандон.

Сипас, ҷавонзан аввал бо камоли ҳайронӣ ба заҳрхандаи ман мултафит шуд ва пасон  чеҳраашро офтобӣ карда, чунин ҳолати воқеиро баён дошт.

Шаб дар деҳа базми арӯсӣ авҷ мегирифт. Танини овози ҳофиз ба гӯши фалак мерасид. Аҳли оила табақаи тирезаро кушода монда буданд, то аз овози ҳофиз бебаҳра намонанд. Ногоҳ модар даст аз таом бардошта андешаманд, мисле ки чашмаш роҳ медида бошад,  ҷониби тиреза чашм андохт. Донистанд, ки садои баландгӯяк мисли оҳанрабо ӯро ба худ кашид. Баъд, бо саросемагӣ дастонашро пок карда, гӯё касе даъваташ карда бошад, берун баромад. Аҳли байт ғизоро истеъмол намудаю акнун табақро холӣ карда монда буданд, ки модар, мисли ташвишеро саришта ва обро ба лаби ҷӯй баробар кардагӣ барин, қаноатмандона баргашта даромад.

- Чӣ магар ягон ҷойро об зер кард, ки дартоз баромадӣ?- норозиёна чинҳои пешонаро қатор намуда, суол карданд фарзандон.

Ӯ посух медиҳад:

- Овози акаи Сайдаҳмадро шунида баромадам. Аз сурудҳои Ҷӯрабек Назрӣ ширин хонд, афсӯс ки кам мехонад.

Фарзандон борони маломатро ба сари модар мерезанд:

- Пир шудию ҳеҷ аз ҳамин дарди бедаво - Ҷӯрабек Назрӣ гӯшкуниат намондӣ- да! Ҳатто аз овози худат дида овози ӯро бештар дӯст медорӣ.

Модар ба фарзандон нигоҳи гунаҳкорона афканда иқрор мешавад:

- Ба Худо худам ҳам намедонам, ки чаро ин хел...

Аз чашма суол кардаанд:

- Шилдирроси обат аз баҳри чист?

Норизо шуд:

- Ин шилдиррос не, балки ғазалхонист!

Ростӣ, гоҳҳо ба олами андеша ғӯтида, мисли як одами муқассир, ботинан бори хиҷолат мекашам, ки банда бо кӯшиши худ ҳамагӣ ду маротиба бо устод муколамма варзида, овози худододу истеъдоди нодирашонро хотиррасон намудааму халос. Ному насаб ва киву чикора буданамро ҳатто фаромӯш кардагист, охир аз як вохӯрӣ то вохӯрии дувум каму ғам не, 15- 30 баҳор гузашта. Аммо ин мардуми ғофил кӯрмакро аз шолӣ фарқ накарда, маро шогирди устод ва ҳатто дӯсти хеле наздики аз як пиёла чой менӯшидагиаш меҳисобанд. Магар дар Душанбе пайравони устодро қаҳтӣ зада, ки маро ба гурӯҳи ҳунарии худ мегиранд? Бо вуҷуд, худро тасалло додаю аз гирдоби хиҷолат раҳонда, хаёлан ифтихорам меафзуд аз чунин ташхисзаниҳои мардум, ҳатто гоҳе хешро дар шохи чанор медидам.

30 июни соли 2015 дар Анҷумани 14-уми адибон, ки дар толори Театри ба номи устод Лоҳутӣ баргузор гардида буд, даъватӣ будам. Ҷои нишастам як қатор пеш аз устод Ҷӯрабек Назрӣ буд. Дар ин маврид магар метавонистам баҳузӯр нишинам? Бо хиҷолат аз ҷой бархостаю шарти адаб ба ҷо оварда, ба қатори пеш, ба ҷои нишасти худ даъваташ кардам. Аммо бо изҳори сипос қабул надошт. Дарк кардам, ки устод маро дар ёд надоранд, бо вуҷуд аз ҳузураш истифода карда, то оғози маҷлис сари масоили адабиёту фарҳанг суҳбати кӯтоҳ анҷом додем. Устод аз ҳунари волою нотакрори ҳофизони мардумӣ Одина Ҳошиму Абдулло Назрӣ  ёдовар шуданд. Сипас, бо суратгираки худ, ки дар ҷузвдонам буд, ҷиҳати хотира якҷоя сурат гирифтем. Бо нармӣ суол кардам, ки мухлисонатон муштоқи шунидани овози хушатон мебошанд, чаро онҳоро ба олами фаромӯшӣ гузошта, дар оинаи нилгун намесароед? Ва оё ин ба он монанд набуда, ки аз дарёи таронаҳоятон як коса об ба ташнагони овозатон намедиҳед? Устод бо хандаи латиф посух доданд: «Имрӯз осмони санъатро он қадар селаи «ситораҳо»- и навбаромад зеру забар кардааст, ки барои ман ҷой намонда ва ҳатто байнашон нопадид шуда».

Он лаҳза дар дастам китоби бузургҳаҷми тозанашри «Адибони Тоҷикистон» кушода меистод, ки дар яке аз саҳифаҳояш оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабии банда маълумоти кӯтоҳе дода шуда буд. Лаҳзае, ки саргарми мутолиаи он маълумот будам, дар дилам хоҳише хурӯҷ кард, ки китобро ба устод нишон диҳам, то ақаллан бо ному насаб ва киву чикора буданам ошно гардад, ба ин васила шояд байнамон роҳи дӯстӣ кушода шавад. Китоби кушодаро дароз кардам. Устод баъди хондан онро бо чеҳраи мамнун баргардонд. Аммо боз пушаймонӣ бар ман тасаллут шуд, ки чаро кутоҳандешӣ карда ба ин иқдом даст задам, мабодо устод инро аз ҷониби банда мояи ғуруру ифтихор напазируфта бошанд? Намедонам, устод чӣ хел қабул карданд ва чӣ маъние бардоштанд аз ин муносибати ман, аммо ғаразам чунин набуд, фақат мехостам худро шиносонда тарҳи дӯстӣ пайвандам, ки инро барои хеш камоли ифтихор меҳисобидам.

Наметавонам як нуктаи ҷолибро ёдовар нашавам, ки сухангӯии устод вобаста ба масоили адабиёту фарҳанг, тариқи садою симо, ба маънавиёти бинандаю шунаванда мусоидат дорад. Дар ин маврид назари шахсии хешро бо суханҳои мубин на фақат иброз медоранд, балки чун як омили ба рушди ҷомеа мусоидаткунанда пешниҳод мегардонанд. Ин лаҳза метавонам сари даҳҳо баёни андешаҳои устод истода гузарам, аммо беҳтар медонам, ки бо як далел қаноат намоям.

Ёдам ҳаст, ки замони шӯравӣ махсусан, охири солҳои 80-ум, истиқлолиятхоҳии фарҳангии мардум аз забони тоҷикӣ шурӯъ ёфта, авҷи тоза дошт. Мардум аз ҳукумати вақт тақозо менамуд, ки забон ба маснади олии худ шинонда шавад, яъне мақоми давлатиро соҳиб гардад. Устод тариқи ойинаи нилгун , дар мавриди рушд ва покизанигоҳдории забони миллӣ, дар мусоҳиба бо журналист, мазмунан чунин баёни андеша дошт: «Бозорҳои шаҳрро бинед, харбӯзаро «дыня», тарбузро «арбуз», пиёзро «лук» навишта мондаанд. Ба ҷои тарғиби забони тоҷикӣ ба тарғиби забони русӣ машғулем. Бо чунин ҳол забони тоҷикӣ чӣ гуна пеш рафта метавонад? Магар беҳтар набуда, ки номи ҳамаи молу маҳсулоти бозорҳо бо забони тоҷикӣ навишта  шаванду шаҳрвандони хориҷӣ онҳоро дидаю хонда дар зеҳнашон нигоҳ бидоранд? Ин кор ҳеҷ мушкиле надорад. Як омили аз ҷониби дигар миллатҳо омӯхтани забони тоҷикӣ, ки ба рушди он мусоидат менамояд, маҳз дар ҳамин аст»...

Рисолати инсон фақат барои худ зистану худро хушбахт кардан нест, агар чунин ойин афзал мебуд, маъниҳои донистани қадри инсон, ниҳоле сабзондан, дар роҳҳои корвонгузар барои мусофирон чоҳи обу меҳмонсарой сохтан, пул дода ғуломеро аз занҷири асорат раҳондан, дари хонаро ба рӯи гадое набастан, ғамшарики ғамдилон будан, аз пояи тобут доштан, як бел хок болои қабр партофтан… аз қадим то имрӯз дар гӯши инсонҳо чун панд хонда намешуд.

Ба мисли ҳамин, дар ин росто олим ва овозхони маъруфи миллат Ҷӯрабек Назрӣ рисолати азалии инсонии хешро накӯ ба ҷо овардаанд. Устод то имрӯз чашмаест, ки аз оби мусафояш ниёзмандон ташнагии маънавӣ мешикананд ва … на фақат ин.

saidahmadi-hasan_455115.jpgУстод чашми бинои мардум мебошанд, то ҳоли мардум бубинанд, устод гӯши шунавои мардум ҳастанд, то овози мардум бишнаванд, устод дасту бозӯи мардуманд, то гаронии мардум дарк намоянд.

Устод ситораи тобноке мебошанд дар уфуқи илму фарҳанг. Боқӣ, Худо пуштибон ва роҳнамои кору рӯзгорашон бод!

Саидаҳмади Ҳасан, адиб, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ҷиликӯл»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi