Ифтитоҳи Осорхона, Китобхона ва Кохи фарҳанг дар ноҳияи Ҳисор
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000 - солагии Ҳисор ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард.
Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои осорхонаи ноҳиявиро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дод.
Ин бинои наву замонавӣ ба истиқболи ҷашни 3000 - солагии Ҳисори шодмон бо ташаббуси Сарвари давлат бунёд ёфта аст.
Дар бино тарҳу ороиш ва нақшу нигори асри миёнаро бо муосир омехта намудаанд, ки ба ин иншоот шукуҳу шаҳомати хоса зам кардааст.
Осорхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои тамоми шароит барои нигоҳдории нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад.
Фармоишгар-Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣҶамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Монолит - 2011” мебошад.
Маблағи умумии сохтмон беш аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2014 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2015 ба анҷом расид.
Масоҳати умумии бино қариб як гектарро ташкил медихад. Дар таҳхонаи осорхона устохонаи таъмири маҳсулоти кулолгарӣ ва шишагӣ, устохонаи нусха кардани нигораҳо, таъмири маҳсулоти нахдор, сехи таъмири маҳсулоти дӯзандагӣ ва дигар намуди хизматрасонихо мавҷуд аст.
Ҳоло дар фонди осорхонаи навбунёд зиёда аз 3000 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст.
Осорхона аз 11 шуъба иборат мебошад, ки ҳар кадоми он вобаста ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик фаъолият намуда, насли ояндаро бо таърихи ниёгонамон шинос месозанд. Бо бунёди осорхона 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар толорҳои осорхона ҳунарҳои мардумӣ бо осорҳои заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ аз асрҳои 9 то 19 ва дигар бозёфтҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
Сокинони ноҳия баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи осорхона нигораҳоеро, ки аз аҷдодонашон мерос мондааст, ба осорхона туҳфа карда истодаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин иқдоми сокинони ватандӯст баҳои баланд дод.
Қомат афрохати биноҳои муосири Кохи фарҳанг, Осорхонаву Китобхона, фаввораҳои зебо ва даҳҳо иншооти дигар ба симои маркази ноҳияи Ҳисор ҳусни тоза зам кард ва ин натиҷаи сиёсати созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои насли оянда муҳайё кардааст.
Дар маркази ноҳия - шаҳраки Ҳисор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи ноҳиявӣ Китобхонаи марказии ноҳияро низ расман мавриди истифода қарор дод.
Сохтмони китобхона моҳи феврали соли 2014-ум бо тарҳ ва усули хоси меъморию шаҳрсозӣ шурӯъ гардида, бо харҷи 10 миллион сомонӣ бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти Дорои масъулияташ маҳдуди “Монолит 2011” бунёд гардид.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро хонандагони ин боргоҳи маърифат ва кормандони соҳа самимона истиқбол гирифта, китоби тозанашрро таҳти унвони «Донишномаи Ҳисор», ки бахшида ба таҷлили 3000 - солагии Ҳисори шодмон чоп шудааст, тақдим намуданд.
Китобхонаи марказӣ дорои 40 утоқ, аз ҷумла 25 ҳуҷраи корӣ ва 15 хонаи ёрирасон мебошад ва дар онҳо 38 компютер васлу насб шудаанд.
Дар бинои нави китобхона 30 нафар соҳибиҷойи корӣ доимӣ шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи аввали бино аз толори маҷлисгоҳи китобхона боздид ба амал оварда, дар маҳфили Рӯдакихонии муштариёни ин махзани илму маърифат иштирок кард.
Дар китобхонаҳои ҳудуди ноҳия 343 ҳазор асарҳои гуногун мавҷуд аст, ки аз он беш аз 200 ҳазорнусха дар китобхонаи марказӣ нигоҳ дошта мешавад. Шумораи умуми хонандагон бошад, 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Китобхонаи марказӣ аз шуъбаҳои маълумотдиҳӣ, библиографӣ ва илмӣ-методӣ, шӯъбаи феҳристи электронӣ, китобхонаи электронӣ ва бахши маълумотдиҳию бақайдгирӣ, толори адибони водии Ҳисор ва ду толори барҳавои хониш иборат мебошад.
Дар китобхона 500 ҳазор нусха асарҳои гуногун, аз ҷумла 500 нусха китобҳои электронӣ мавҷуд аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шароити китобхона пурра шинос шуда, бунёди чунин китобхонаи муосирро саривақтӣ донист ва онро ҳамчун тӯҳфаи арзишманд ба ҷавонону дӯстдорони китоб дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 3000 - солагии Ҳисори шодмон тақдим намуд.
Ҳамчунин бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор маросими ифтитоҳи Кохи фарҳанг дар маркази ноҳия сурат гирифт.
Сарвари давлат бо буридани лентаи рамзӣ ба оғози фаъолияти Кохи бошукуҳи фарҳанг асос гузошт.
Кохи фарҳанг бо 700 ҷойи нишаст бо харҷи қариб 27 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 1,3 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Дар корҳои сохтмонӣ пудратчӣҶамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Монолити шаҳри Душанбе беш аз сад нафар мутахассиси маҳаллиро ба кор ҷалб кард.
Корҳои сохтмонӣ дар Кохи фарҳанг, ки аз 3 ошёна иборат мебошад, аз соли 2013 оғоз гардида буд.
Назди бинои Кохи фарҳанг бо гулу гулзор ва фаввораҳо оро дода шуда, ба як гулгашти зебою сайргоҳи сокинону меҳмонони ин гӯшаи дилписанди Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар Кохи фарҳанг нигористони театрӣ барои нигоҳдории намунаи либосҳои санъаткорон ва дар осорхонаи он бошад, барои созҳои миллии мусиқӣҷойи махсус муҳайё карда шудааст.
Толори васеъ ва даромадгоҳи Кохи фарҳанг бо санъати хоси меъмории кандакорӣ ороиш дода шудааст.
Дар таҳхонаи бино ошхона бо 100 ҷой, ҷойи либосҳои театрӣ, толори варзиш, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории кормандон, кошонаи ҳусн, синфхонаи дӯзандагӣ, утоқҳои машқу тамрин ва дар ошёнаи сеюм маҳфили рассомон, утоқҳои сурудхонӣ мавҷуд аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Кохи фарҳанг 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосир, ки Ҳукумати мамлакат барои аҳли санъати ноҳия омода кардааст, намоишномаи театрикунонидашуда пешкаш карда шуд.
Президенти мамлакат ба бинокорон барои иҷрои корҳои сохтмонӣ изҳори сипос намуда, ифтитоҳи ин кохи бошукуҳи фарҳангиро ба аҳли ҳунар муборакбод гуфт.