07:48:27 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бахтиёр Худойназаров номашро дар синамо ҷовид кард

Даргузашти коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худоназаров дар синни 49-солагӣ даҳҳо нафар аз ҳампешагон, ҳамватанон ва дӯстдорони фарҳангу ҳунарро ба сӯг нишонд.

bakhtiyar-khudoynazarov-454.jpg"Вай номи худро дар сатҳи бисёр баланд боқӣ гузошт. Филми аввалини вай дар ҷашнвораҳои гуногун ҷоизаҳо гирифт. Филми дуввумаш “Қош ба қош” дар ҷашнвораи филми Венетсия ҷои дуввум ва "Шери нуқра"-ро гирифта буд. Филми ягон коргардони тоҷик ба ин поя нарасида буд, ба ҷуз аз Борис Кимёгаров, ки бо филми “Тоҷикистон” дар соли 1949 дар ҷашнвораи Венетсия ширкат карда, ҷоиза гирифта буд.

Бахтиёр тақлидкор набуд, ҳар филмаш ба сатҳи худаш мутобиқ буд. Дар Русия ҳам ҳар сол ӯро дар гурӯҳи коргардонҳои беҳтарин номбар мекарданд. Дар ин ҷо ҳам ҷоизаи “Ника” гирифта буд. Соли 2001 дар Русия коргардони беҳтарин шинохта шуд. Сатҳи вай баланд буд ва вайро дар Русия дар Аврупо мешинохтанд." - мегӯяд коргардони тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи кинематографистони СССР Давлат Худоназаров, ки аз хабари марги Бахтиёр шадидан изҳори андӯҳ кард.

Бахтиёр Худойназаров дар яке аз мусоҳибаҳояш Давлат Худоназаровро устоди худ номида буд ва ҳоло дар рӯзи фавти Бахтиёр устодаш сароғози роҳи кӯтоҳ, аммо мондагори шогирди худро ин гуна ба ёд овард: "Соли 1983 касе аз шиносҳои ман ба киностудия омад ва гуфт, ки Бахтиёр мехоҳад, бо кӯмаки Шумо дар бораи синамо ошноӣ пайдо кунад. Он вақт Бахтиёр 18-сола буд. Ҳамон вақт ман машғули таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ-таърихӣ будам. Вай тақрибан 2 сол бо ман кор кард ва ман кӯмак кардам, ки ба институти кинематография дохил шавад. Хушбахтона, Бахтиёр одами боғайрат баромад. Барои таҳиякунандаи хуб будан заҳмати зиёд сарф кардан даркор. Бахтиёр ҳамин заҳматро қабул кард ва чун коргардони тоҷик дар дунё ном баровард."

-Оё шумо дар таҳияи нахустин филмҳояш бо вай ҳамкорӣ доштед?

Давлат Худоназаров: Вақте ки вай дар институти кинеоматографияи Русия мехонд, раҳбараш коргардони номии Рус Игор Таланкин буд. Бале, ман ба институт ҳам меомадам. Лекин он корҳое, ки бевосита дар институт карда буд, ман ба он корҳо дахолат надоштам. Раҳбар дошт ва раҳбараш раҳнамоӣ мекард. Лекин баъд аз хатми институт сенарияҳои филмашро меовард, нишон медод. Ман фикру назари худро мегуфтам, лекин бештар аз ин ман дар филмҳояш ҳамкорӣ надоштам. Ҳар пешрафту комёбие, ки дошт аз заҳмати худаш аст. Хондани сенария ва изҳори назар дар синамо вуҷуд дорад. Агар хостанд, фикри шуморо қабул мекунанд ва агар нахостанд, қабул намекунанд. Ман ҳама вақт мегуфтам, ки вай бояд аз коргардонҳои дигар тақлид накунад. Вай кӯшид, ки симои худашро пайдо кунад.

-Чаро Бахтиёр корашро дар Тоҷикистон ё Русия идома надод ва ба Олмон кӯчид?

-Имконияти сохтани филм дар Тоҷикистон хеле маҳдуд аст. Дар Русия ҳам ҳамин тавр. Барои ҳамин, вақте ки дар яке аз ҷашнвораҳо ҷои аввалро гирифт, созмондиҳандагони ҷашнвора филмашро диданд ва пешниҳод карданд, ки ба вай дар таҳияи филмҳои ояндааш кӯмак мекунанд. Ин пешниҳод сабаб шуд, ки дар хориҷа аз таҳиягарони гуногун барои филмҳои ояндааш маблағ гирад. Ҳоло коргардонони гуногуни Русия ҳам аз хориҷа кӯмаки молӣ мегиранд. Масалан, агар филмҳои эрониро бубинед, мушоҳида мекунед, ки ғайр аз Эрон чанд кишвари дигар ҳам номбар шудаанд. Ҳамкориҳои байналмиллалӣ нишон медиҳад, ки коргардонҳо дар ҳамон сатҳ ном баровардаанд. Барои ҳамин Бахтиёр берун аз Тоҷикистону Осиёи Миёна ва Русия шинохташуда буд.

Филмноманавис ва продюсери саршинос Ираклий Квирикадзе мегӯяд: "Ҳама гуна вожаи мафтункунанда метавонад айни баҳое шавад ба Бахтиёр Худойназарови коргардон, эҷодкор ва ҳунарманд. Вай як навъ сабки хоси худашро дошт, як нерӯи фарогирандае, ки ҳама чиро дар худ гунҷоиш медод."

МАРГЕ ДУР АЗ ВАТАН

Бахтиёр Худойназаров рӯзи 21 апрел, соати 6:30-и субҳ, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Берлин аз дунё гузашт. Дар ин бора ба мо модари коргардон дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ хабар дод. Хонум Октябрина, ки гиря гулӯгираш мекард, гуфт, моҳҳои охир аҳволи писараш хеле бад шуда буд ва онҳо қариб ҳамеша дар бемористон ба сар мебурданд: "Ӯҳеҷ эҳсос намекард, ки базудӣ моро тарк мекунад. Бечора писарам, даргузашт."

Аз шиддати андӯҳ модари Бахтиёр сӯҳбат карда наметавонист ва танҳо гуфт: "Барои бурдани ӯ ба Маскав пули зиёд лозим аст. Илова ба ин таҳияи санадҳо ҳам вақти зиёдро талаб мекунад. Шумо қонунҳоро медонед, ки вай бояд ду ҳафта то як моҳ дар мурдахона бошад. Аз сӯи дигар, дар Маскав ӯ хона ҳам надорад. Ин ҷо, дар Берлин дӯстонаш ҳам ҳастанд, хонаву кораш ҳам ҳамин ҷо аст. Ин хоҳиши худи ӯ буд. Вай то охирин лаҳза эҳсос намекард, ки мемирад. , писараш дар Берлин дӯсту шиноси зиёд дорад ва бахоксупории ӯ дар ин шаҳр барояшон муносибтар аст."  

Ба иттилои сафири Тоҷикистон дар Берлин МаликшоҳНеъматов, ки ба дидорбинии Худоназаров ва модараш дар давоми ин муддати муолиҷааш дар бемористон рафтааст, қарори дар Берлин хоксупорӣ шудани коргардон бо хости худи ӯ сурат мегирад. "Вагарна, мо гуфтем, ки сафорат омодааст шароити интиқоли ҷасадро ба Тоҷикистон ва пӯшиши тамоми хароҷотро ба дӯш бигирад, вале онҳо гуфтанд, ки хости худи Бахтиёр аст, ки дар Берлин манзили охират пайдо кунад -гуфт сафир.

Дар яке аз охирин мулоқоташон бо Маликшоҳ Неъматов коргардон гуфтааст, вақте сиҳҳат шуд ва ба кор баргашт, ҳатман филми наве дар дохили Тоҷикистон ба навор хоҳад гирифт. Ба иттилои наздикон, Худоназаров чандин сол аз бемории саратон ранҷ мекашид ва моҳҳои охир аҳволаш вазнинтар шуд.

Бахтиёр Худойназаров яке аз машҳуртарин коргардонҳои синамо, соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, пас аз хатми Донишкадаи кинематографияи Шӯравӣ дар Маскав соли 1989 бо филми “Братан” шӯҳрат ёфтааст. Филми дигари ӯҚош ба қош”, ки соли 1993 бардошта шуд, дар ҷашнвораи Венетсия ҷоизаи “Шери нуқра” гирифт.

Аз аввалин филмаш бо номи “Братан” Бахтиёр Худойназаров нишон дод, ки соҳиби сабк ва нигоҳи хоси синамоии худ аст. Ин сабк дар “Қош ба қош” рӯшантар ба назар расид, ҳарчанд дар вазъи душвори оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 наворбардорӣ мешуд. Дар бархе аз саҳнаҳои он нишонаҳои ин ҷанг, ҳаракати афроди мусаллаҳ ва зиреҳпӯшҳо ба мушоҳида мерасад, ки коргардон онҳоро бадоҳатан ба навор гирифт ва ба матни филмҳамроҳ кард. Ба сурати умум ғуссаи сахт аз вазъи ватанаш оҳанги ботинии ин филмро ташкил додааст.

Дар интизори баҳр» асари шашуми Бахтиёр Худоназаров буд, ки ҷашнвораи соли 2012-и Румро оғоз бахшид. Худоназаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба ҷуз ин асар боз филми «Братан», «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Шик» ва «Танкери Танго»-ро наворбардорӣ кардааст. Маъруфтарин филми Худоназаров «Падари моҳтобӣ» аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байнулмилалӣ гирифтааст. Коргардон аз ҳамсари охираш ҷудо шуда, бефарзанд буд.

СОЯҲОИ АНДӮҲ ДАР ДУШАНБЕ ВА МАСКАВ

Ҳунарпешаи тоҷик Раҳмондӯсти Қурбониён, ки дар ду филми Бахтиёр Худоназаров - “Братан” ва “Қош ба қош” -нақш офаридааст, Бахтиёр Худоназаровро коргардони сатҳи байналмилалӣ ном бурд ва саҳми ӯро дар рушди синамои тоҷик ва ҷаҳонӣ муҳим хонд. Ҷаноби Қурбониён дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо Бахтиёр ҳамкорӣ кардан ва дар филми вай нақш офаридан лаззате дошт. Чун вай ҳунармандро дарк мекард ва барои офаридани як филми ҷолибу диданӣ ва аз ҳама муҳим сатҳи ҷаҳонӣ тамоми кумакашро дареғ намедошт."

Ин ҳунарманд гуфт, "дар ҳолати дардомез ва шигифтӣқарор дорам, чун ҳунарманди бисёр маҳбуб ва мӯнис, ки ному ҳунари тоҷикона дошт, моро тарк кард. Бахтиёр ғамхору дилсӯзи синамои тоҷик буд ва мехост то синамои тоҷик рушд кунад ва дар сатҳи ҷаҳонӣҳамеша муаррифӣ гардад."

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони тоҷик,  даргузашти Бахтиёр Худойназаровро фоҷиаи бузург барои фарҳангу синамои тоҷик унвон кард. Ҷаноби Ҳақдодов дар сӯҳбат бо мо гуфт, "Бахтиёр ҳарчанд дар хориҷ кору фаъолият мекард, аммо ҳамеша бо ватан – Тоҷикистон мезист ва дилаш барои мардуму миллати тоҷик месӯхт."

Сафарбеки Солеҳ – коргадони тоҷик, Бахтиёр Худоназаровро дар синамои кишвар ҳарфи нав номид ва гуфт, ӯ аз ҷумлаи камтаринҳо буд, ки дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ буд. “Шумо ба ҳар ҷашнвора, ки мерафтед, мегуфтанд, агар тоҷикед, пас, ҳамшаҳриҳои Бахтиёр ҳастед. “Падари моҳтобӣ”-и ӯ воқеан назир надошт.”

Ҷаноби Солеҳ мегӯяд, даврони бачагиву ҷавонии онҳо бо Бахтиёр гузаштааст ва ҳоло он рӯзҳоро мисли навори видео як-як аз назар мегузаронад. “Мо дар хонае, ки рӯбарӯи бинои Академияи илмҳост, якҷоя зиндагӣ кардаем. Бачагиву навҷавониямон пеши назарам ҳастанд. Хеле сарсупурдаи кор буд. Бо таассуф, ки худашро ҳифз накард ва хеле ба таври ғамангез дар айни шукуфоияш аз байни мо рафт,” - афзуд ӯ.

Сайёра Сафарӣ, ҳунарманди тоҷики муқими шаҳри Маскав, ки дар филми Бахтиёр Худойназаров “Дар интизори баҳр” яке аз нақшҳои асосиро бозидааст, мегӯяд, аз маризии таҳиягари маъруф огаҳ буд ва моҳи гузашта мехост ҳамроҳ бо Егор Бероев ва дигар ҳунармандон ба аёдаташ раванд. “Аммо ба ман раводиди Олмонро надоданд ва ман аз охирин дидор бо ӯ маҳрум мондам”, - бо садои олудаи дарду ғам мегӯяд Сайёра.

“Мо ҳамроҳ дар студияи “Тоҷикфилм” кор кардем, ӯ ёвари Давлат Худоназаров буд ва баъдан ман ҳам ёвари Давлат шудам. Ману Бахтиёр ҳамсолем ва аз насли мо ӯ аввалин таҳиягарест, ки филмҳояшро дар ҷашнвораҳои байнулмилалӣ муаррифӣ кард ва соҳиби ҷоизаҳои зиёд шуд. Мо аз ӯ, аз ҷумла, аз филми Братан”-аш илҳом мегирифтему талош меардем, ки филмҳои хуб рӯи навор оварем,“ - гуфт таҳиягари тоҷики муқими Порис Ҷамшед Усмонов.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi