«Муноҷотнома»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ-13
Илоҳо, омадам бо ду дасти тиҳӣ, сухтам ба уммеди рӯзи беҳӣ. чӣ бошад, агар ба ин дили хастаам марҳаме биниҳӣ.
Илоҳо, эй орандаи ғами пушаймонӣ дар дилҳои ошноён ва эй афкандаи сӯз дар дили тоибон, эй пазирандаи гунаҳкорону муътарифон, касе бознаёмад, то бознаёвардӣ ва касе роҳ наёфт, то даст нагирифтӣ. Даст гир, ки чун Ту дастгир нест, дарёб, ки ҷуз Ту паноҳ нест ва пурсиши моро ҷуз Ту ҷавоб нест ва дарди моро ҷуз Ту даво нест ва аз ин ғам ҷуз аз Ту моро роҳат нест.
Илоҳо, Ту дӯстони Худро ба лутф пайдо гаштӣ, то қавмеро ба шароби унс маст кардӣ, қавмеро ба дарёи даҳшат ғарқ кардӣ. Нидо аз наздик шунавонидӣ ва нишон аз дур додӣ, раҳиро бозхондӣ ва он гоҳ Худ ниҳон гаштӣ. Аз варои парда Худро арза кардӣ ва ба нишони бузургӣ Худро ҷилва намудӣ, то он ҷавонмардонро дар водии даҳшат гум кардӣ ва эшонро дар бетобиву бетавонӣ саргардон кардӣ. Довари он додхоҳон Туӣ ва доддеҳи он фарёдкунон Туӣ ва дияти он куштагон Туӣ, дастгири ғарқшудагон Туӣ ва далели он гумшудагон Туӣ; то он гумшуда кай ба роҳ ояд ва он ғарқшуда куҷо ба карон афтад ва он ҷонҳои хаста куҷо биёсоянд ва ин қиссаи ниҳониро кай ҷавоб ояд ва шаби интизори ононро кай бомдод ояд?
Рубоӣ:
Ёр аз ғами ман хабар надорад гӯӣ,
Ё хоб ба ман гузар надорад гӯӣ.
Ториктар аст ҳар замоне шаби ман,
Ё раб, шаби ман саҳар надорад гӯӣ.
Илоҳо, кори Ту бе мо ба некӯӣ даргирифтӣ. Чароғи Худро бе мо ба меҳрубонӣ афрӯхтӣ. Хилъати нур аз ғайб бе мо ба банданавозӣ фиристодӣ. Чун раҳиро ба лутфи Худ ба ин орзу овардӣ, чӣ шавад, ки ба лутфи Худ моро ба сар барӣ. Илоҳо, Ту онӣ, ки нури таҷаллӣ бар дилҳои дӯстон тобон кардӣ ва чашмаҳои меҳр дар сари эшон равон кардӣ. Ту пайдо ва ба пайдоии Худ дар ҳар ду гетӣ нопайдо кардӣ. Эй нури дидаи ошноён ва сӯзи дили дӯстон ва суруди ҷони наздикон, ҳама Ту будиву Туӣ. Ту на дурӣ то Туро ҷӯянд, на ғофил, то Туро пурсанд, на Туро ҷуз ба Ту ёбанд.
Илоҳо, ҳар чӣ нишон мешумурдам, парда буд ва ҳар чӣ моя медонистам, беҳуда буд. Худовандо, як бор ин пардаи ман аз ман бардор ва айби ҳастии ман аз ман водор ва маро дар дасти кӯшиш магузор. Бор Худоё, кирдори мо дармаёр ва забони мо аз мо вомадор. Эй Кирдигори некӯкор, он чӣ бе мо сохтӣ, бе мо рост дор ва он чӣ Ту бартовӣ, ба мо маспор.
Байт:
Азбаски ду дида дар хаёлат дорам,
Дар ҳар чӣ нигоҳ кунам, Туӣ пиндорам.
Илоҳо, роҳам намо ба Худ ва бозраҳон маро аз бандӣ Худ, эй расонандаи ба Худ, бирасонам, ки касе нарасида ба худ. Бор Илоҳо, ёди Ту айш асту меҳри Ту сур. Шинохти Ту мулк асту ёди Ту сурур. Ҷӯяндаи Ту куштаи бо ҷон асту ёфти Ту растахези бе сур.
Илоҳо, на ҷуз аз шинохти Ту шодӣ асту на ҷуз аз ёфти Ту зиндагонӣ. Зиндагонии бе Ту бардагӣ асту зиндаи ба Ту ҳам зиндаву ҳам зиндагонӣ аст.
Рубоӣ:
Кай ғам хӯрад он, ки шодмонеш Туӣ,
Ё кай мурад ӯ, ки зиндагонеш Туӣ.
Дар насяи он ҷаҳон куҷо дил бандад.
Он кас, ки ба нақди ин ҷаҳонеш Туӣ.
Илоҳо, эй ёфтаву ёфтанӣ. Аз маст чӣ нишон диҳанд, ҷуз бехештанӣ. Ҳамаи халқро меҳнат аз дурӣ асту ин бечораро аз наздикӣ. Ҳамаро ташнагӣ аз ноёфтӣ3 об асту моро аз серобӣ.
Байт:
Эй ошиқи дилсӯхти, андӯҳ мадор,
Рӯзе ба муроди ошиқон гардад кор.
Илоҳо, эй донандаи ҳар чиз ва созандаи ҳар кор ва дорандаи ҳар кас. На касро бо Ту анбозе ва на касро аз Ту бениёзӣ. Кор ба ҳикмат меандозӣ ва ба лутф месозӣ, на бедод асту на бозӣ. Бор Худоё, бандаро на чуну чаро дар кори Ту донише ва на касро бар Ту фармоише. Сазоҳо ҳама Ту сохтӣ ва навоҳо ҳама Ту сохтӣ. На аз кас ба Ту ва на аз Ту ба кас. Ҳама аз Ту ба Ту. Ҳама Туиву бас. Халоик фониву Хақ якто ба Худ боқист.
Байт:
Номи Ту шунида банда дил дод ба Ту,
Чун дид рухи Ту дида, дил дод ба Ту.
Илоҳо, ба иноят ҳидоят додӣ ва ба маунатхо4 базри5 хидмат рӯёнидӣ ва ба пайғом оби пазириш додӣ.
Сур-шодмонӣ. Сур - сури Исрофил (а) мурод аст. Ноёфт - наёфтан. Маунат - ёрӣ додан, кӯмак кардан. Базр -тухм, дона.
(давом дорад)