07:10:14 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Қиссаҳо аз рӯзгори Мавлоно Ҷомӣ - 7

ФИТНАИ ФАТҲӢ ДАР БАҒДОД

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳамсафарони ӯ мувофиқи одати ҳаҷравандаҳо қарзҳои худро пурра пардохта, аз худи ҳамин ҷо ҳар кадоме барои худ ҷомаи тавоф ва дутоӣ чодар – яке сафеду дигаре сиёҳ гирифтанд.

mechet-baghdad1245566Аҳли қофила 21 августи соли 1472 милодӣ дӯстонро видоъ карда, аз Ҳирот баромад. Хешу табор ва дӯстону шогирдони Ҷомӣ ӯро гусел карданд. Роҳи ӯ аз Нишопур, Сабзавор, Бистом, Домғон, Симнон, Қазвин ва Ҳамадон мегузашт.

Аҳли қофила ноябри соли 1472 милодӣ ба Бағдод расиданд, ки он шаҳре зебо ва маъмуру обод буд. Бошандагони шаҳр одамони гуногуннажод ва мухталифмазҳаб буда, косибон аз ҳама зиёд ба чашм менамуданд. Мавлоно Ҷомӣ баъд аз чанд рӯзи иқомат дар Бағдод ба зиёрати оромгоҳи Имом Ҳусайн ба Ҳилла рафта омад.

Ҳангоми ин сафар аз Карбало ва Наҷаф низ гузашт. Дар ин ҷо ҳам Мавлоно Ҷомӣ дақиқае вақти худро беҳуда нагузаронда, на танҳо мадрасаву бозорҳо, хонақоҳу ҳаммомҳо ва қасру кошонаҳои Бағдодро тамошо кард, бо аҳли фазл суҳбатҳои дилнишин ва бо аҳли завқ маҷлисҳои тараб орост, балки дар китобхонаҳои Бағдод, ки аз нусхаҳои қадимии китобҳои Шарқ ниҳоят ғанӣ буд, китобҳои зиёдеро мутолиа кард.

Дар ин миён фитнае рӯй дод, ки боиси ранҷиши хотири Мавлоно Ҷомӣ шуд. Фатҳӣ ном шахс, ки аз аҳли Ҷом буду дар даргоҳи ӯ хизмат мекард ва дар ин сафар низ ҳамроҳ буд. Ин шахси чашмгурусна ҳангоми сафар бо корҳои ношоистаи худ корвониёни Ҷомиро шарм медоронд. Мавлоно Ҷомӣ чанд бор ӯро барои амалҳои ношоиста танбеҳу мазаммат кард. Ин ҳақношинос ранҷид ва бо мухолифон пайваст ва барои аз Мавлоно Ҷомӣ қасос гирифтан нусхаи дафтари аввали «Силсилат-уз-заҳаб»-ро, ки Ҷомӣ ба расми ёдгор ба китобхонаи Мадина мебурд, дуздида, чизи туҳматомезе навишта, дар байни китоб гузошт.

Рофизиёни Бағдод аз ҳуҷуми рӯйрост ибо карда бошанд ҳам, дар яке аз мадрасаҳои бузургтарини шаҳр маҷлиси серодаме тартиб доданд. Дар чандин рафу тоқчаҳои атрофи хона шамъ афрӯхта, дар пешгаҳи хона қандили чилчароғе гузошта буданд, ки ба дарахт монанд буд. Ҷамъ ҳафтод шамъ хонаро равшан мекард. Дастархонҳо бо анвои хӯрданӣ густурда шуда буданд. Мавлоно Ҷомӣ дар садри маҷлис ҷой гирифта, қозии ҳанафӣ ва шофеӣ дар ду тарафи ӯ нишастанд. Ҳокими вилоят Мақсудбек низ бо умарои дарбори худ он ҷо менишастанд. Суҳбати аҳли фазл тафсид, аммо дар ин миён рофизие, ки тақрибан 22–25 сола буд, китоберо оварда, бидуни иҷозат пеши ҳоким гузошт.

–Ин чист? – пурсид Мақсудбек, – китоб

–Ин китоб не, музахрафот, номаи рӯсиёҳии ин бадбахт!–фарёд бардошт он рофизӣ ва дасташро шоф карда, ангушти шаҳодаташро тирвор ба тарафи Ҷомӣ гардонд.

Ҳама дасту по гум карданд. Посбон омада, ҷавонро гирифта бурд. Ҳоким ҳамоно моту мабҳут буд, аммо Ҷомӣ танҳо лабханде карду бо аломати афсӯс сарашро ҷунбонда монд. Боиси шӯру ғавғо ва дӯғу пӯписаи ҷавон ба ӯ маълум набуд, аммо аҳли маҷлис хомӯш намешуданд. Ғулғула давом мекард. Билохира, аз ҳозирин рофизии дигаре бархоста, ба Мақсудбек наздик шуд ва боадабона ба сухан оғоз кард:

–Давлатпаноҳо, ту ҳомии Бағдод ҳастӣ, аз партави адолати ту ин шаҳр ба боғи дод ва дори салом табдил ёфт, аммо худ бифармо, бо он касе, ки дар ҳаққи ҳазрати Алӣ ибни Аӯтолиб (к.в)  носазо мегӯяд, чӣ гуна мебояд буд?

Ҷомӣ сухани ӯро бурид:

–Аз инҳо, ки мегӯйӣ, мо  хабар надорем.

Рофизӣ бо чобукӣ китобро аз пеши садрнишинон бардошт ва онро кушода ба хондан шурӯъ кард. Шеър аз таҳқири  Алӣ сар мешуд.

Мавлоно Ҷомӣ тирвор аз ҷояш хесту бо як ҳаракат китобро аз дасти рофизӣ гирифт, мардумро хомӯш кард ва бо лаҳни мулоим сухан оғоз намуд:

–Ёрон, паноҳ металабам аз шарри шайтон ва туҳмати ногаҳон. Худо ҳозиру нозир, ки нуҳ байти мобайн моли ман аст, аммо абёти дигар бофтаи кадом рӯсиёҳест. Ана, бинеду огоҳ бошед, ки ин варақи китоб хатти каси дигар ва коғазаш бағдодист, коғази авроқи дигар ҳиротӣ,–Ҷомӣ бо дасташ он варақи китоб ва чанд варақи дигарро ба аҳли маҷлис намоиш дод.

Садрнишастагон онро бо навбат ба даст гирифта зеҳн монанд ва ҳақиқати суханони Ҷомиро тасдиқ карданд. Мавлоно Ҷомӣ аввалу охири пораи овардашударо аз ёд хонда, сабаби гуфта шудани онро шарҳ дод ва баъди лаҳзае хомӯшӣ илова кард:

–Чун мо ба тартиб ва танзими ин китоб пардохтем ва амиралмуъминин Алӣ ибни Абӯтолибро таъриф ва тавсиф  намудем, аз сунниёни Хуросон пайваста ҳаросон мебудем, ки моро рофизӣ нахонанд, надонистем, ки дар хиттаи Бағдод ба балои хушунати ин тоифа гирифтор хоҳем шуд. Аслан, аз ин ғавғою низоъи пурнакбати шиъаву суннӣ ба ҷон расидем, ин фитна оламро хароб мекунад ва дар ин хусус ҷавоби мо ин аст:

Эй муғбачаи даҳр, бидеҳ ҷоми маям,

К-омад зи низои суннию шиъӣ қаям.   

Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ?

Сад шукр, ки сагсуннию харшиъӣ наям.

Рӯзи дигар ӯ шунид, ки бо амри Мақсудбек он касеро, ки абёти «Силсилат-уз-заҳаб»-ро тағйир дода буд, оварда итобу сиёсат кардаанд ва ба харе чаппа савор карда, гирди шаҳру бозори  Бағдод мегардонанд ва нидо дардодаанд, ки ӯро барои туҳматаш ба қатл хоҳанд расонд.

Мавлоно Ҷомӣ баробари шунидани ин хабар роҳи даргоҳи Мақсудбекро пеш гирифт ва бо илтимос ӯро аз ин кор боздошт. Бо ҳамаи ин аз аҳли Бағдод хотираи нохуше дар қалби Ҷомӣ боқӣ монд. Вай Бағдодро на боғи дод (адл), балки хористони бедодӣ номид:

Бар канори Даҷла дур аз ёру маҳҷур аз диёр

Дорам аз ашки ҷигаргун Даҷлаи хун дар канор.

Чун саводи дидаам дарё кунад Бағдодро,

Сели чашми даҷлаборам гар шавад бо Даҷла ёр.

Гар набурдӣ орзӯи Ясрибам аз каф зимом,

Кай фитодӣ бар харобободи Бағдодам гузор!

Ин на боғи дод, хористони бедод аст, лек

Нест ҷуз арбоби дилро дил зи хори ӯ фигор.

Вақти кӯч омад, бибанд, эй сорбон, бори сафар,

То ба кай бошад дил аз бағдодиёнам зери бор?!

Ҳар дам аз шавқи сафар чун уштурони сурхмӯй

Мекашад бар рӯйи зардам қатраҳои хун қатор.

Пушт хам гардад чу гардан ноқаро дар бодия,

Гар шавад бо борҳои дил бар ӯ Ҷомӣ савор.

Баъди истиқомати чаҳормоҳа дар ин шаҳр онро падруд гуфта, Ҷомӣ бо ҳамроҳони худ ба сӯйи Ҳиҷоз роҳ пеш гирифт. Ҷомӣ баъди чанд рӯз дар роҳи байни Бағдод ва Наҷаф ба дӯсту шогирди азизаш Алишер Навоӣ номае навишта, дар унвони он ду байти ин ғазали шикоятомези худро сабт намуд ва изҳор кард, ки дар бозгашт аз ин роҳ нахоҳад омад ва бо роҳи Шом, яъне ба воситаи Димишқ, Ҳалаб ва Табрез ба Хуросон хоҳад баргашт.

Амир Алишери  Навоӣ номаи устодашро гирифта, зуд ҷавоби мактуби ӯро навишт ва ба сӯйи устоди худ фиристод. Дар он аз ҷумла ин рубоӣ сабт буд:

Ин нома,  на нома, дофеи дарди ман аст,

Ороми даруни ранҷпарварди ман аст.

Таскини дили гарму дами сарди ман аст,

Яъне хабар аз моҳи ҷаҳонгарди ман аст.

Хуросониҳои озими Ҳиҷоз дар охири моҳи март ба Наҷаф расиданд. Сайид Шарафиддин Муҳаммади Нақиб, ки аз пешвоёни дин буд, Ҷомӣ ва аҳли корвони ӯро се шабонарӯз меҳмондорӣ кард.

Сипас аҳли қофила қадам дар биёбон ниҳоданд ва рӯй ба тарафи Мадина оварданд. Вақте ба лаби дарёи Шаттулараб расиданд, мусофирон дам гирифтанд. Мавлоно Ҷомӣ ба хотир овард, ки Шаттулараб, ки онро ба тарзи кӯтоҳ Шат низ мегӯянд, аз якҷоя шудани Даҷла ва Фурот ба вуҷуд меояд. Номи Даҷла дар хотири шоир Бағдод ва воқеаҳои нохуши онро аз нав зинда кард. Вай боз бо сӯзу гудоз ғазале гуфт:

Бикшой, соқиё, ба лаби Шат сари сабӯй

В-аз хотирам кудурати бағдодиён бишӯй.

Муҳрам ба лаб неҳ аз қадаҳи май, ки ҳеҷ кас

З-абнои ин диёр наярзад ба гуфтугӯй.

Аз нокасон вафою мурувват тамаъ мадор,

Аз таъби дев хосияти одамӣ маҷӯй…

Ҷомӣ, мақоми ростравон нест ин замин,

Бархез то ниҳем ба хоки Ҳиҷоз рӯй!

(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi