20:58:15 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Гурӯҳи “Барака” ба мероси Аҳмад Зоҳир рӯй меорад

Дастаи мусиқии “Барака”, ки бо ремикси беҳтарин таронаҳои овозхонони тоҷик шӯҳрат ёфтааст, акнун ба бозсароии сурудҳои машҳури Аҳмад Зоҳир машғул хоҳад шуд.

gruppa-baraka-65565Раҳбари дастаи мусиқии “Барака”, Дмитрий Евсиков, мегӯяд, дилбастагие, ки аъзои ин гурӯҳ ба мусиқӣ ва фарҳанги тоҷик доранд, роҳи онҳоро ба сӯйи мероси ҳунарии “Элвиси Шарқ” – Аҳмад Зоҳир боз кардааст. Вай меафзояд, ҳоло “Барака” якҷо бо ҳунарпешагони тоҷик ба таҳияи маҷмӯае машғул аст, ки “Ёдвораи Аҳмад Зоҳир” ном хоҳад гирифт. Қарор аст, таронаҳои ин албом дар якҷоягӣ бо сарояндагони тоҷик фароҳам оянд.

Ин нуктаро Дмитрий Евсиков дар ҳоле баён дошт, ки охири моҳи ноябр бо даъвати диаспораи тоҷики муқими Русия ва мусодати Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар Маскав дар шаби ёдбуди дастаи ҳунарии “Гулшан” ҳунарнамоӣ кард. Вай мегӯяд, шод аст, ки ин маҳфил ба равон ва корномаи Наргис Бандишоева, Муборакшо Мирзошоев ва Хурмо Ширинова – сарояндагони саршиноси тоҷик бахшида шуд.

Дастаи “Барака” то ҳоло 9 диск нашр кард, ки яке аз онҳо “Ёдвораи Наргис” ном дошта, ремикси таронаҳои машҳури Наргис Бандишоеваанд, ки моҳи сентябри соли 1991 дар авҷи шӯҳрати худ дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Дар эҷодиёти худ ин гурӯҳ ҳамчунин аз мусиқии Олег Фезов, Муборакшоҳ, Далер Назар ва дигарон илҳом мегирад.

Ширкат дар консерти тоҷикон дар Маскав бахшида ба 50-солагии дастаи эстрадии “Гулшан” нахустин сафари ҳунарии дастаи мусиқии “Барака” ба Русия буд, ки дар Рига, пойтахти Латвия ба сар мебарад. “Барака” ҳамчунин соли 2013 дар Тоҷикистон чанд консерт дода буд. Бо вуҷуди он ки ҳангоми тарки Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе аъзои гурӯҳ бо мушкил ва муомилаи нохушоянди кормандони фурудгоҳ ва гумрук қарор гирифтанд, ҷаноби Евсиков узри тарафи Душанберо пазируфт ва гуфтааст, ин воқеа муҳаббати ӯро ба мардуми Тоҷикистон заррае кам накардааст.

Ҳафт сухани Дмитрий Евсиков дар бораи тоҷикон, фарҳанг ва мусиқӣ:

1. “Бардошти ман аз сафари Тоҷикистон сад бор зиёда аз ҳамаи интизориҳои ман буд. Мардуми наҷиб, бисёр дӯстгона, боз ва меҳмондӯст. Мо дар ин ҷо маводи зиёде барои кор пайдо кардем ва ба зудӣ забти албоми нави худро сар мекунем.”

2. “Мусиқии тоҷик хеле нафис аст. Матнҳои он чандзинаӣ буда, асосан маъниҳои сӯфиёна доранд. То расидан ба ин ганҷина ҷустуҷӯҳо маро ба кӯйи мусиқии буддоӣ бурда буд.”

3. “Тоҷикон бузургие доранд, ки худ дарк намекунанд. Инро дарк намекунанд, ки мисли онҳо дар ҷаҳон миллате нест, ба ин ростӣ, софдилӣ ва нотакрорӣ. Ман зодаи Ғарбам, аммо мисли тоҷик инсонвор ба рӯи як ҳамватан ё шиноси худ он гуна оғӯш кушода наметавонам, ки як тоҷик метавонад. Муносибатҳои инсонӣ, ки олуда нашудаанд, дар миёни тоҷикон ҳифз шудааст. Ин, ки зидди онҳо таблиғот ҳаст, ҳарзагӯие беш нест. Ростӣ, ман аҳли санъатам ва ин сиёсатҳоро наметавонам дуруст таҳлил кунам. Аммо метавонам ин софу соддагии руҳу ҷони тоҷикро тариқи таронаҳои онҳо ба Ғарб расонам.”

4. “Ман мусиқии зиёдеро гӯш мекунам, рок, ҷаз, хулоса, мухталиф. Аммо як чиро мегӯям: мусиқии Ғарб аз ақл бармеояд, мусиқии Шарқ аз дил. Дар Ғарб метавон аз рӯи ақл мураккаб навохт, чизҳои мураккаб эҷод кард, ки касро дар ҳайрат оварад, аммо кам таронае аз дил бармеояд. Он чӣ ман аз Муборакшоҳ ё Наргис шунидам, ҳамагӣ аз дил баромадаанд. Сад дар сад итминон дорам, ки маҳз мусиқии шумо аз дил бармеояд, на аз ақл.”

5. “Мусиқӣ мардуми Тоҷикистонро аз таваллуд то марг ҳамроҳӣ мекунад. Тоҷикон устодони моянд. Имрӯз тоҷикон дар Тоҷикистон зиндагии фақирона доранд, аммо соҳиби сарватҳои бузурги фарҳангиянд. Вале ин сарватҳо дар ҳоли гум шудан қарор доранд. Аврупо чизҳеоро аз даст медиҳад, ки Тоҷикистон ҳанӯз дорад.”

6. “Албатта, мо наметавонам ҳамаи тарафҳои муносибат ба тоҷикон дар Русияро фаро гирем, вале гуфтаниям, ки тоҷикон халқи хеле қадимие ҳастанд бо беҳтарин анъанаҳо, ки ҳоло ҳам қавиянд, бо дили бузург ва боз. Агар баъд аз консерти мо ақаллан як нафар дигар тоҷикро танҳо “гастарбайтер” нагӯяд, пас мо ба чизи зиёде комёб шудем.”

7. “Рисолати ман – хидмат ба фарҳанг аст. Ман барои мероси бузург ва зебоияш фарҳанги тоҷикро интихоб кардам. Аврупо аз ин ҷо дур аст, вале мо талош мекунем, на танҳо миёни анъанаҳои мусиқӣ, балки одамони одии кишварҳои гуногун, миёни дилҳо пуле дуруст кунем."

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi