01:36:12 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дидадарою ба дидаҳо ҷо

"Офарин Ғайратҷон! Ана истеъдоду мана истеъдод! Месазад, ки дар бораи ҳамин гуна истеъдодҳои воқеӣ асар навишт"

Низом Нурҷонов, доктори илми санъатшиносӣ, профессор.

1-ghayrat-454545Оре, ин сухани санъатшиноси шинохтаи соҳаи театр аст, ки ҳанӯз соли 1994 дар шаби эҷодии ҳаҷвнигори шинохта Ғайратҷон Ҳамроқулов дар ноҳияи Ашт пас аз тамошои шабии эҷодии ӯ гуфта буд. Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов аслан донишгоҳи аграриро хатм карда, мутахассиси соҳаи чорводорист. Антон Павлович Чехов - духтур, Ломоносов энсиклопедист ҳастанд. Вале ҳамаи онҳо чун адиб, драматург, забоншинос низ дар байни ҷомеа машҳур гаштаанд. Яъне, ба қавли шоир:

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Мусоҳиби мо ҳам дар асл муҳандис асту дар соҳаи барқ (электрик) ихтисос дорад. Панҷоҳучорсола аст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад. Аммо дар ҳалқаи мухлисони адабу санъат, ҳаҷву мутоиба чун ҳаҷвнигору ширинкори соҳибистеъдод шинохта шудааст. Албатта, мо ӯро ҳамрадифи шахсиятҳои дар боло номбаршуда намехонем. Вале ба ҳар сурат чун ҳунарманди воқеии соҳаи санъат, бахусус, пародия шинохта ва эътироф шудааст. Ӯ кист, - мегӯед, албатта, шумо.

Бале, чунонки аллакай аз аксаш шинохтед, Ғайратҷон Ҳамроқулов, зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд аст. Бештар аз сӣ сол мешавад, ки ба таври ҷиддӣ дар соҳаи санъат кору фаъолият дорад. Ҳамвора ба аъзоёни маҳфили "Ҳаҷвнигорони наврас" - и шаҳри Хуҷанд сабақ меомӯзонад. Соли 1996 дар озмуни телевизионии ширинкорони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон (дар шаҳри Тошканд) - "Чеҳраҳои монанд" аз байни зиёда аз чил нафар ғолиб омад. Ҳамчунин, дар Фестивал - озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ва ҷумҳуриявӣ борҳо ғолиб омадааст. Хизматҳояш бо нишони "Аълочии фарҳанги Тоҷикистон" қадрдонӣ гардидааст. Соҳиби оилаи ободу соҳиби шаш нафар фарзанд аст.

Ҳафтаи гузашта Ғайратҷон - ако меҳмони пойтахт буданд. Аз фурсат истифода бурда, бо эшон суҳбате оростем, то донем, ки дар хусуси касб, ҳадафҳои пешгирифта ва нақшаҳои минбаъдаи эҷодӣ чӣ андешаҳо доранд. Ба ҳамин хотир фишурдаи суҳбатамон пешкаши хонандагони арҷманд мегардад.

- Ба шаҳри Душанбе зуд - зуд меоед ё ки …

- Ҳе, укаҷон, ман меҳмони хориҷӣ не. Ҳар сол як, ду, се, чор…бор чарх зада Душанбеба мебиём.

- Албатта, Душанбе дили Тоҷикистон аст. Омадани шумо барин санъаткорон ба ин диёр, ба қалби мухлисон писанд аст. Охир, шумо ҳаҷвнигор - ку? Кӣ ҳаҷвнигорро аз наздик дидан намехоҳад?!

- Ҳой, ука, аввал ин ки Душанбеба ҳамту дасти холӣ намебиём. Ин ҷа омаданба баъзе нақшаҳом ҳай. Устодони санъат қатӣ вохӯрда, аз суҳбатҳои эшон воқиф шуда, таҷрибаашонро ба кор мебарам.

Шумо гуфтед, ки кӣ санъаткори ҳаҷвнигорро дидан намехоҳад? Хайр, майлаш, ана бинед, хандатонам набиёд, барои он, ки ман шарм надорам, хандед - ҳӣ - ҳӣ - ҳӣ! О, лекин ҳамин баъзе мухлисоба ман ҳайронам. Ҳамин ки раҳу рӯ, кӯчаю паскӯчаба ҳам дида монанд, "Ака, як латифа гуфта тед", - мегӯянд. Мебахшеду охир латифагӯию аскиягӯӣ ҳам ҷой доштагист?

- Яъне, аз мухлисонатон як навъ норозӣ ҳам ҳастед…

- Норозӣ нею… ба хаёлам, ки мақсади маро фаҳмиданд.

- Дар халқ мақоле ҳаст. "Хушбахт касест, ки ӯро халқ мешиносад ва хушбахт онест, ки мардум ӯро интизоранд". Шумо худро хушбахт меҳисобед?

- Албатта, хурсанд аз онам, ки мардум эҳтиромам мекунанд. Ҳар куҷо бошам, бо табассумҳои малеҳ пешвозам мегиранд. Ҳамчунин, соҳиби оилаи ободу фарзандони солеҳам. Хушбахтӣ аз ин зиёд мешавад - ука?

- Аксарият ҳаҷву мутоибаро дигар хел мефаҳманд. Мутаассифона, хаёл доранд, ки ҳар гуна суханҳои аз одоб берун ҳам ҳаҷв аст. Назари шумо ба ин чӣ гуна аст?

- Ин тоифаҳо, албатта, хато мекунанд. Аввал ин, ки шахси гӯянда бояд фозил бошад, зиндагиро самимона омӯзад, дӯст дорад, норасоиҳои онро дарк карда тавонад. Он гоҳ вай метавонад, ки бо табъи солим, суханони малеҳ, вале бо маъноҳои таҳтонӣ ба мардум расонад. Ҳаҷвгӯйӣ масхара кардан нест, ука, фош кардани нуқсон, ноҷӯриҳои ҷомеа, ислоҳи камбудиҳост.

- Хуб аст, ки маҷмӯи аскияҳою латифаҳоятонро дар ду маҷмӯа гирд овардаед. Яке "Ханда ҳам доруст" (Хуҷанд , соли 2000 - ум) ном дораду дигаре "Устозлар ва дӯстлар даврасида" (Хуҷанд, соли 2002 - юм, бо забони ӯзбекӣ). Дар маҷмӯаи аввалинатон эпиграфе доред: "Барои он, ки рӯзона одамҳоро хандонам, шабҳо гиря карда, меҳнат, меҳнат ва боз ҳам меҳнат мекунам". Бо ин чӣ гуфтаниед?

- Чӣ, хаёл мекунед, ки бо ҳаҷв сари кор гирифтан осон аст? Ҳаҷву мутоиба, ҳунари тақлидгарӣ бояд дар худ ҳунари кӯтоҳбаёниро ғунҷонда тавонад. Унсуралмаолии Кайковус гуфтааст - ку: "Беҳтарини ҳунарҳо сухан гуфтан аст". Барои ҳамин ҳам, сухан пеш аз он, ки гуфта шавад, бояд сад бор ба тарозуи ақл баркашида шавад, вагарна пушаймонӣ меоварад, зеро бузургон таъкид намуаанд:

Сухан дониста гуфтан беҳ, тааммул кун, тааммул кун,

Ки як соат тааммул беҳ зи садсола пушаймонӣ.

Ҳаминба нигоҳ карда, аввал каллая хуб об карда, сонӣ сухан мегӯем - да, гардам.

- Умуман, мақсад аз ҳаҷвнигорӣ, ҳазлу мутоиба чист?

2-ghayrat-454545- Ханда ҳам мисли сӯзандоруст, ба одам кайфият мебахшад. Баъзе хандаҳо самимӣ мешаванд. Кӯшиш кардан даркор, ки самимӣ хандем. Лекин баъзе аз хандаҳо дард доранд, дардҳои зиндагӣ. Яъне, мо, ҳаҷвнигорон, мехоҳем, ки ин дардҳоро бо ҳамин хандаҳои беғашамон табобат кунем. Ханда кайфият, табобат, ислоҳи ноҷӯриҳои ҷамъият аст, иллатҳо - фиребгарию дурӯягӣ, такаббур, манманӣ, беэҳтироми…- ро муолиҷа мекунад. Масалан, ман ҳеҷ гоҳ кӯшиш намекунам, ки тамошобинро хандонам, чунки агар дурусттар биандешем, ин хандаҳоямон ҳама гиря аст, дард аст.

- Шумо бовар доред, ки бо ҳаҷв, тақлидкорӣ, аскиягӯйӣ инсонҳоро тарбия карда мешавад?

- Набошад - чӣ? Шумо як бор тасаввур кунед - чи?! Агар ба зарфи шишагин якбора оби ҷӯшомадаро рехта монед, қарсӣ мекафад. Лекин агар оби иллиқ (ширмгарм) резед, намешиканад. Мо ҳам ҳамин тавр "табобат" мекунем, оҳиста - оҳиста, бо зарофат, бо сухани латиф.

- Офарин, ака! Медонистед, дилёб будаед. Воқеан ҳам, классиконамон ҳам ҳамин тавр "табобат" мекардаанд…

- Ҳа - дия! Бобои Убайди Зокония бинед, чӣ фармудаанд: - Падару писар аз назди хонае мегузаштаанд, ки садои гиряву нола ба фалак мепечид. Диданд, ки аз он хона тобутеро мебароранд. Писар аз падар мепурсад:

- Дадо, онро ба куҷо мебаранд?

Падар гуфтааст: - Э, писарам, майитро ҷойе мебаранд, ки он ҷо на об асту на нон, на чароғ асту на хӯрок.

Писар дар ҳайрат шуда гуфтааст:

- Чӣ, магар ӯро ба хонаи мо мебаранд?

Ба хаёлам, ин ҷо мақсад маълум. Ҳамту, агар як андеша кунед, ба баъзе лаҳзаҳои зиндагии имрӯзаи мо, сад фоиз набошад ҳам, наздик, аксар вақт чароғҳо хомӯш мешаванд…

- Беҳтараш, биёед боз аз хусуси ҳунаратон суҳбат кунем, ба гуфти худатон "дӯстро душман нагардонем". Киҳоро дар жанри ҳаҷвнигорӣ хамрадифи худатон медонед?

- Ҳамин калимаи "ҳамрадиф" - атон ба ман нафорид. Ман ҳамин қадар гуфтанӣ, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдуллоҳ Раҷабов дар ин соҳа дар ҷумҳуриамон байрақбардор аст. Ҳар гоҳ, ки ба пойтахт оям, кӯшиш мекунам, ки устодро хабар гирам. Лекин устодони воқеии банда Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ҳоҷибой Тоҷибоев (рӯҳаш шод бод!) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдураҳим Неъматов мебошанд.

Аз устодон, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Амонуллоҳ Қодиров, Шодӣ Солеҳов ва Саидмурод Мардонов низ миннатдорам. Рӯҳашон шод бод Усто ва Масто, Қиматшоҳ Ҳимматшоев, Маҳкам Ҳоҷиқулов ва Амиршо Иброновро, ки ҳаҷвнигорони модарзод буданд. Аз ҳар яки онҳо низ чизе омӯхтаам.

- Ба фикратон чаро аксар вақт ҳаҷву мутоиба ва тақлидкорӣ ба мардуми мо сахт мерасад. Онҳо, баръакс, ба ҷойи ислоҳ шудан, меранҷанд?

- Гап, ин ки бояд шахси тақлидкунанда пеш аз ҳама ба иззати нафси тақлидшаванда нарасад. Сониян, худатон медонед, ки на ҳар кас тақлид мешавад. Албатта, шароити мо инро намебардорад. Масалан, дар Россия ҳаҷвнигори шинохта Владимир Винокур, Клара Новикова, Евгений Петросян, Михаил Жванетский, Геннадий Хазанов, Михаил Задорнов ва ғайраҳо ҳатто роҳбари давлатро ҳаҷв мекунанд.

Адибону оҳангсозон, муаррихону дигар соҳибмансабонро - ку қариб ҳаррӯз тавассути телевизион як навъ тақлид мекунанд. Яъне, шахсе, ки ҳамеша аз воқеияти зиндагӣ хабардор аст, каму кост ва ноҷӯриҳои онро медонад, новобаста ба мансабаш бояд наранҷад. Ҷойе, ки кор аст, бекамбудӣ нест. Фақат онро ислоҳ кардан даркор асту халос. Боварӣ ҳаст, ки ҳаҷв дар ин роҳ ёрӣ расонда метавонад.

- Акаи Ғайратҷон, базмҳои консертӣ, шаби эҷодӣ ҳам мегузаронед?

- Бо дастгирии шахси фарҳангдӯст Раҳматуллоҳ Машарифов се консерт бо номи "Хандабазм бо рақсу суруд" дар ноҳияҳои Рӯдакиву Ҷалолиддини Румӣ ва дар Қасри корхонаи "Тоҷикрадиотелеком" гузаронида будам. Дар он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов иштироку ҳунарнамоӣ кард. Тӯли ду соат бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба мардум ғизои маънавӣ расондем. Ба хаёлам, ба мухлисон писанд афтод.

Ҳамчунин, бо кӯмаки марди фарҳангӣ М. Каримов ду барномаи ҳунарӣ барпо намудем. Яке дар назди истироҳаткунандагони осоишгоҳи Хоҷа Обигарм ва дигаре назди коргарони корхонаи мазкур барномаҳои радиоии "Садои Душанбе", ТВ ва барномаи махсуси театрии "Хандапанд" низ барномаҳо сабт кардем. Бахшида ба 90 - солагии пойтахтамон барномаи идона таҳия намуда истодаем, ки "Ку, нахандида бинед!" ном дорад. Ният дорем, ки дар пойтахти давлатамон - шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи марказу вилояти Хатлон ҳам намоиш диҳем.

- Маълум гардид, ки хеле таҷрибаи гузаронидани шабҳои эҷодиро дошта будаед.

- Ёдам ҳаст, ки даҳ- дувоздаҳ сол пеш ҳам ҳамроҳи устодам Ҳоҷибой Тоҷибоев дар бинои Сирки давлатӣ ва Кохи Борбад хандабазм ташкил намуда будем, ки ба қавле дар толор ҷойи сӯзанпартоӣ набуд.

- Сафарҳои хориҷӣ надоштед?

- Агар Россияро хориҷа гӯем, будам. Дар Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ. Дар корхонаи нефту гази шаҳри Сургут хуб ҳунарнамоӣ кардам, аз афташ, ки бо Ифтихорномаи шаҳр сарфароз гаштам.

Гуфтори халқие хаст, ки агар кас бештар бо одамони кушодачеҳраву соҳибзавқ ва дилсоф вохӯрад, ҳамеша рӯзгораш хуш мегузарад. Сифатҳои гуфтаамон дар ниҳоди мусоҳиби мо нуҳуфтаанд. Таманно дорем, ки ҳамеша дилашон шоду рӯзгорашон обод ва хонаашон хандабозор бошад.

Мусоҳиб Ҳотами Ҳомид, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi