Маҳбуси «Қалъаи Ной»
Ин мақола ба хотираи дурахшони ховаршиноси маъруфи тоҷик шодравон Амрияздон Алимардонов, ки дар соҳаи адабиёти классикии форсу тоҷик,хосатан ҳавзаи адабии Ҳинду Покистон, пажӯҳишҳои арзишманде аз худ боқӣ мондааст ва моҳи моҳи ноябри соли равон 75 сола шуд, бахшида мешавад. Равонаш шоду хонаи охираташ обод бод!
Муаллиф
Агар ба таърихи чандинҳазорсолаи адабиёту фарҳанги аҳли башар назар дӯзем, хоҳем дид, ки аз замонҳои қадим то ба рӯзҳои мо бисёре аз шоирон ва фарзонамардон як қисмати умри азизи хешро дар зиндонҳо сипарӣ кардаанд. Дар ин чархи таърихии зудгузар мо бо номҳои шоирону олимони зиёде дучор мегардем, ки ҷабри зиндони тангу торикро кашидаанд.
Сабаби зиндонӣ гардидани чунин мардони орифу закии замон гуногунанд: яке бо ҷурми сиёсӣ, дигаре бо ҷурми ҷиноят, саввумӣ бо аъмоли озодандешӣ ва ҳоказоҳо. Дар бисёр ҳолатҳо аз осори сарчашмаҳо ва навиштаҳои зиёди таърихӣ бармеояд, ки ин озодмардон, инсонҳои тамаддунсоз аз ҳасудии атрофиён, шукӯҳу шӯҳрат ва обрӯ, манзалату икромеро, ки дар дарбору давлат доштаанд, ба тӯҳмат гирифтор гашта, бе ягон сабаб равонаи зиндон гаштаанд, ки дар ин мақола аз ҳабсу ранҷу азобе, ки дар зиндонҳо фозилони Аврупову дигар минтақаҳои ҷаҳон кашидаанд, мисол наоварда худдорӣ менамоем.
Дар ин мақола мо танҳо аз бузургтарин шоири зиндонии адабиёти форси, яке аз маъруфтарин шоирони порсизабон, ки бо абёти зиндонии худ шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад Масъуди Саъди Салмон мехоҳем ёдовар шавем.
Бешак, номи ин шоири маъруфи адабиёти классикиамон ба ҳар як хонандаи тоҷик шинос аст. Сарнавишти ин шоири зиндонӣ пур аз нишебу фароз буда, ба қавли навиштааи тазкира ва таърихномаҳо қариб 20 соли умри азиз ва давраи нерӯмандӣ ва шукуфоии ҳаёти худро дар зиндонҳои гуногун паси сар намудааст.
Дар бораи ҳаёту фаъолияти ин шоири зиндонӣ дар сарчашмаҳо ва тазкираҳо, худи асарҳои ӯ мадракҳои фаровон оварда шудааст.
Номи падари шоир Саъд ва номи бобояш Салмон аст. Аҷдоди шоир ҳама аз аҳли адабу соҳибкасб ва соҳибмансабони давр будаанд. Онҳо аз Ҳамадон буда, дар давраи ҳукмронии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ҳукмронияш 988-1030) ҳамагӣ ба Ғазна рафта, дар он ҷо зиндагӣ ва хизмат намудаанд.
Баъди як қисми Ҳиндустонро ба тасарруфи худ даровардани Султон Масъуди Ғазнавӣ, падари шоир Саъд чун шахси донишманд ба дарбори Сулолаи Ғазнавиён кашида мешавад. Саъд ибни Салмон дар Лоҳур ба иҷрои вазифаи хизмати давлатӣ мепардозад, ки он вақт як ҷавони 20 солае беш набуд ва тибқи навиштаҳо дар ин дарбор муддати 60 соли дароз хизмат намудааст.
Шоир Масъуди Саъди Салмон зода ва парвардаи шаҳри Лоҳур буда, дар ин шаҳр миёнаҳои асри 11 ба дунё омадааст. Маънавиёти худро дар муҳити адабӣ ва фарҳангии шаҳрҳои Лоҳур ва Ғазна тақвият бахшидааст.Ӯ чун ҷавони тарбияи хуб дида, ба муҳити дарбори Ғазнавиён дар Лоҳур, ки маркази давлати исломӣ маҳсуб меёфт, кашида шуда, яке аз шахсони наздики султони вақт Сайфуддавла Маҳмуд мегардад ва дар корзорҳо ва ҷангҳое, ки Ғазнавиёне дар Ҳиндустон бо мақсади васеъ намудани хоки давлати хеш мебурданд, пайваста дар сафи намояндагони асосии ҳукумат қарор мегирад.
Шоир дар дарбори ин подшоҳ шӯҳрати зиёд ёфта, ба иззату ҳурмат ва ҷойгоҳи баланд мерасад.
Давраи зиндагонии хуши Масъуди Саъди Салмон на он қадар тӯлонӣ будааст.Маълум аст, ки ҳар шоиру олиму ҳунарманди баландпоя ҳарифону ҳасудони худро дорад ва шоир Масъуд низ аз ин омилҳои пур аз шаръ ва ҳасудию бадбини дар канор намонд.
Ин ҳасудон ва душманони заифу дурӯяааш ба пояҳои баланди мақомоти давлатӣ расидану иззату ҳурмати зиёди ӯро дар дарбор дида натавонистанд ва бо нотавонбинии зиёд дар пайи аз пой афтондани шоир гаштаанд.Ин қабил мардум тавонистанд, ки шоири ҷавон ва овозадорро, ки умраш аз 30 сол беш набуд, ба бӯҳтон кашанд ва пеш аз ҳама бо овозаҳои дурӯғин ӯро ҷинояткори давлатӣ эълон намоянд.
Ашхоси ғаразнок ба Султон Иброҳим расониданд, ки писараш Сайфуддавла Маҳмуд бо ходими хосаи худ Масъуди Саъди Салмон қасди ба тобеъияти Маликшоҳи Салчуқӣ даромадан дорад. Ҳамчунин бо мақсади тақвият бахшидани айбномаи сиёсии шоир бархе аз ашъори шоирро, ки аслан ягон моҳияти сиёсӣ ва ғаразе нисбати Сулолаи Ғазнавиён надоштанд, пешниҳод намуданд. Бо амри Султон Иброҳим писараш Сайфуддавла Маҳмуд соли 1087 зиндонӣ гардида, дӯстону нодимонаш низ ба ин ҳол афканда шуданд.
Аз ҷумла, шоири бузург Масъуди Саъди Салмон чун ҷинояткори сиёсӣ 7 сол дар Қалъаҳои Даҳак ва Су, 3 соли дигар дар Қалъаи Ной, ҷамъан даҳ соли умри ҷавонии худро дар зиндон гузаронидааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки ин қалъаҳо мисли дигар қалъаҳои кишварҳои асри миёнагӣ дар мавзеъҳои дурдаст, баланду сангин, дар фарози дараҳои ваҳмангез, дар болои кӯҳҳо дар байни Ғазна ва Ҳиндустон ҷой гирифта, шароити тоқатфарсои зиндониро чун қалъаи азими Петропавловскии шаҳри Санкт-Петербург ва қалъаи маъруфи Иф ва ғайраҳо доштанд. Бо назардошти давраи дури зиндагии шоир тартибу зист дар ин зиндонҳо даҳҳо маротиба нисбати зиндонҳои зикршудаи давраи нисбатан нави ҷомеъа вазнин ва даҳшатон бояд буда бошад.
Агарчанде ки ин зиндони Қалъаи Даҳак дар фарозҳои кӯҳҳои осмонбӯс ва касногузар ҷой гирифта, роҳи ниҳоят душворгузар доштааст, нисбати зиндонҳое чун зиндонҳои Су ва Ной барои шоир беҳтар будааст, зеро дӯстон ва эҳтиромгузоронаш пайваста ӯро бо либосу хӯрок таъмин мекардаанд.
Ҳасудӣ, душманӣ ва нотавонбинии рақибонашро бинед, ки чун аз ҳаёти нисбатан оромонаи шоир дар зиндони Қалъаи Даҳак дарак ёфтаанд, ба такудав афтида, ба шоҳ Султон Иброҳим дар бораи ҳаёти хуби шоир дар зиндони мазкур хабар додаанд.Бо фармони шоҳ ба пойҳои ин "маҳбуси сиёсӣ" ишкел андохта, ӯро ба зиндони боз ҳам тартиботаш сахттар, зиндони Қалъаи Су интиқол додаанд. Инҷо қисмати шоир бо он фозилони декабристи рус, ки ба пойҳояшон ишкел зада равонаи зиндонҳои Сибири каҳратун намуда буданд ва пайваста вориди зиндонҳои мушкилзист гардонида мешуданд хело ҳам монанд ҳаст.
Дар ин хусус шоир чунин менигорад:
Гусаста банд ду пои ман, аз гаронии банд
Заиф гашта тани ман зи меҳнати алвон.
Шоир ҳангоми ҳабс дар зиндони тангу торики Қалъаи Су бемории зиёде кашидааст, ки онро баъдан ёд оварда, нигоштааст:
Лекин чи кунам, ки мондаам ин ҷо,
Бемору заифу оҷизу музтар.
Аз ҷаври фалак саре пур аз андӯҳ,
В-аз оташи ғам диле пур аз ахтар.
Шоир чи тавре,ки дар боло қайд намудааст,7 соли умри худро дар зиндонҳои қалъаҳои Даҳак ва Су пушти сар намуда, 3 соли дигар дар қалъаи Ной ранҷи маҳбусӣ кашидааст.
Қалъаи Ной, ки дар ашъори шоир зиёд дучор меояд, яке аз қалъаҳою зиндонҳои машҳури сиёсии давр ба шумор мерафтааст. Ин зиндон бо мавқеи ҷойгиршави, режими сахти назорати ва тарзи зист даҳшатноктарин зиндони замони худ буда, дар он амалдорони баландпояву шоҳзодагон, сипоҳиёни гуноҳи сахти сиёси содирнамударо зиндонӣ мекарданд. Бо ибораи дигар ин зиндон нақши ҳамон зиндони машҳури Қалъаи Петропавловскии замони Пётри Кабир ва ворисонашро, ки онҷо ашхоси машҳури сиёсӣ ва зиёию руҳияи инқилобӣ доштаи рус зиндони мегаштанд, ба иҷро мерасонидааст.
Қалъаи мазкур байни Ғазна ва Қандаҳор ҷой гирифта, харобаҳои он дар Ғулкӯҳ, болои кӯҳҳои осмонбӯс қарор дошта, асрҳои баъдина аз тарафи одамон борҳо мавриди тамошо ва назорат қарор гирифтаанд.
Cабаби ба ин зиндони даҳшатнок афканда шудани шоир боз ҳамон бадхоҳонаш гаштаанд. Онҳо ӯро дар назди шоҳ Султон Иброҳим боз бо гуноҳҳои сахттарини сиёсии дар асл вуҷуд надошта ба тӯҳмат кашида, муяссар ба он гаштаанд, ки шоирро ба ин зиндони даҳшатноки он давра биафкананд.
Зиндагии шоир дар ин зиндон бисёр ба сахтӣ пушти сар мешудааст, зеро ки ягон роҳи осони омаду рафт, надошта, зиндониён ягон ёрии моддие гирифта натавониста, зимистон ба домани ин қалъа баромадан тамоман ғайриимкон будааст.Зиндониён бошанд муддати тӯлонӣ аз ҳолу аҳволи хешу табори худ дарак намеёфтанд.
Шоир ин ҷо меорад:
Ҷигарам пора ҳасту дил хаста,
Аз ғаму дарди он дилу ҷигарам.
На хабар мерасад маро зи эшон,
На бад эшон мерасад хабарам.
Боз гаштам асири Қалъаи Ной,
Суд кам кард, ба қазо ҳазарам.
Шоир аз даҳшати ин зиндон нолида мегӯяд:
Чун ной бенавоям аз ин Нойи бенаво,
Шодӣ надид ҳеҷ кас аз Нойи бенаво.
Ба қавли шоир ӯро дар хоначаи тангу торе нигоҳ медоштаанд, ки як равзана доштааст.Он равзана он гуна танг будааст, ки аз он танҳо як қатра борон гузашта метавонистааст.
Чунин зиндони бетирезаро Николайи 1 барои зиндониён-маҳбусони сиёсӣ, декабристҳои рус сохта, баъди анҷоми он ва равонаи чунин зиндон гардонидани зиндониён ва шикояти маҳбусон аз чунин зиндони бе тиреза ба тозиёнаи танқиди аҳли зиё ва завҷааш малика Александра Фёдоровна гирифтор шуда, ахиран гуноҳро ба сари коменданти қалъа, генерал Лапарский бор карда маҷбур шуда буд, ки ба кушодану насби тирезаҳо дар онҷо иҷозат дихад.
Шоир аз азоби тоқатфарсои ин зиндон, набудани либосу пӯшок, набудани ғизои хӯрданӣ, сармо ва торикӣ дар ашъораш ба таври ҷонсӯз ҳикоя кардааст. Ҳангоми ба зиндон кашидани шоир дар шаҳри Лоҳур духтар, ду писар ва падару модари солхӯрдааш мондаанд, ки ба вақти дар зиндони Қалъаи Ной буданаш ӯ азоби фироқи ёрони роҳдури худро мекашад.
Ӯ на шеър менависад, балки навҳа аз ҷигар мекашад.
Тибқи гуфтаи муҳаққиқон беҳтарин ашъори зиндонии шоир маҳз дар ҳамин Қалъаи Ной офарида шудаанд.
Шоир дар ашъораш ба рӯзи нек, озодӣ ва саодатмандӣ, дидани ёру дӯстони худ расиданро суруда, бо ин амалаш исбот мекунад, ки ӯ иродаи оҳанин дошта, шикаста нахоҳад шуд.Чунин ашъори сӯзнокро бо қатъият ва иродаи мустаҳкам баъдан дар ашъори декабристшоирони рус дучор омадан мумкин аст.
Шоир баъди даҳ соли зиндонӣ ва вафоти Султон Иброҳим бо кӯмаки дӯстон ба озодӣ мебарояд. Ба шаҳри Лоҳур меравад, ба корҳои эҷодӣ машғул шуда, ба дидори пайвандон мерасад. Баъди чанде тавассути дӯстонаш ба кори дарбор кашида шуда, то вазифаи ҳокими яке аз ноҳияҳои Ҳиндустон таъин мешавад.
Дӯст ва пуштибони ӯ Абӯнасри Порсиро ҳасудон ва нотавонбинонаш ба сабаби он обрӯ ва қадру манзалате, ки дар дарбор дошт, чашми дидан надоштанд ва бо бадгӯиҳо ӯ ва дӯсти шоираш Масъуди Саъди Салмонро аз вазифаҳояшон барканор намуда, ба он муваффақ гаштанд, ки шоири маъруфи адабиёти форсӣ Масъуди Саъди Салмонро дар соли 1100 ба зиндони Қалъаи Маранҷ воқеъ дар қаламрави Ҳиндустони имрӯза афканданд.
Дар ин зиндон аз 8 то 10 соли умри шоир сипарӣ гаштааст.
Ҷамъан шоири номвар дар ҷараёни ҳаёти ноҳамвор ва ноосудаи хеш бо айби ҳасудон ва нотавонбинони замон ду маротиба зиндонӣ гашта, давраи аввалашро дар зиндонҳои Қалъаҳои Даҳак, Су ва Ной 10 сол ва давраи дуюмашро дар зиндони Қалъаи Маранҷ 8-10 сол, ҷамъан қариб 20 соли ҳаёташро дар зиндон пушти сар намудааст. Лекин дар бархе аз сарчашмаҳо мӯҳлати зиндонии шоир 30, ҳатто 32 сол нишон дода шудааст.
Ҳабси 10-солаи аввали шоир, ба Рашидӣ нисбат дода шуда, ӯ бузургӣ ва ҳурмати Масъуди Саъди Салмонро, ки худ низ шоир будааст, дида натавониста, номи ӯро назди Султон Иброҳим сиёҳ намуда боиси 10 сол бандӣ гаштани ӯ гаштааст.
Ҳабси дуюми шоир бо кӯшишу ғайрати шоири дигари дарбори Абулфараҷи Наср Ибни Рустам, ки ӯ низ аз бадхоҳони шоир ва шахси ҳасуд будааст, ба вуқӯъ пайваста, чуноне ки ишора кардем, ин ҳабс ҳам дуру дароз қариб 10 сол давом кардааст.Масъуди Саъди Салмон вақте, ки бо тӯҳмат ба зиндон мерафт, ҷавонмарди сарсиёҳе буд, баъди 20 соли зиндонӣ дар синни 62 солагӣ шоир, пиру заифу нотавон гашта, як тори мӯи сиёҳ надоштааст.
Шоир ба рағми ҳасудони давр бо фармони Султон Масъуд Иброҳим ба вазифаи китобдори салтанатӣ шарафёб мегардад. То охири умраш ӯ ин вазифаи баландро ба ҷо овардааст. Дар сарчашмаҳо соли вафоти шоир соли 1126 нишон дода шудааст.
Шоири бузурги мо натанҳо истеъдоди бузурги шоирӣ дошт. Зиндагиномаи шоир исбот месозад, ки ӯ дорои қалби бузург, иродаи мустаҳкам ва рӯҳияи оҳанин буда, бо ҳама ҷабру зулми ҳасудонаш нигоҳ накарда, аз ҳама азобҳо тансиҳат баромад ва баъди ба озодӣ баромадан барои назми оламгири порсӣ корҳои зиёдеро низ аз худ ба ёдгор гузоштааст.
Барои чунин амал ва бо иборае муборизаи маргу зиндагӣ ва бо хотираи солим, тануманд бо боварӣ ба оянда, азобҳои алими дурру дарозро пушти сар карда баромадан ва боз ба эҷод машғул гаштан воқеъан бояд инсони хеле сахтҷон ва тобовар буд ва на ҳар кас ба ин мушикилиҳо тоқат карда метавонад.Дар таърих зиёданд номҳои зиндониёни маъруф аз ҷумлаи адибон,ки ба мушкилиҳои зиндон тоб наоварда худкушӣ кардаанд ва дар байни декабристони рус низ чунин ҳодисаҳо буд.
Беҳуда нест, ки у ба ҳайси сардафтари адабиёти порсии Ҳинд шинохта мешавад.
Шоири маъруф пешоҳанги офаридаҳои адабиёти зиндонист.
Ин адабиёт, адабиёте аст, ки шоир бевосита онро дар зиндон дар бораи ҳабси худ месарояд.
Мазмуну мӯҳтавои ин ашъор чизҳои дида, воқеаҳои мушоҳида намудаи шоирро дарбар мегирад.
Дар чунин ашъор фикру андеша ва ақида аз худи муаллиф, шоири зиндонӣ бармеояд.
Дар ашъори зиндонӣ шоир ҳамчунин ба вазъи зиндон, надимону кормандони он, тартибу низоми зиндониҳои он давр низ диққат медиҳад. Дар ашъораш ҳамчунин шиква аз рӯзгор, ёди наздикону дӯстон мекунад. Замони зиндонӣ буданаш писараш Солеҳ ҷавонмарг мешавад, ки дар ин хусус шоир абёти ғамангезе навиштааст.
Олими саршиноси тоҷик Т.Неъматзода дар осори арзишманди худ "Рӯзгор ва осори Масъуди Саъди Салмон (Душанбе-1997) менигорад:
"Муҳимтарин хусусияти ашъори зиндонӣ ва ё ҳабсиёт аз он иборат аст, ки ба василаи он хонанда ба чигунагии вазъи зиндонҳои даҳшатангези давраҳои гуногун ва сарнавишти гирифторони онҳо ошноӣ пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз ашъори зиндонӣ ба андозаи қиммати адабии худ аҳамияти таърихӣ низ касб мекунад".
Камина комилан ба ин андешаҳо розиям ва илова кардан мехоҳам, ки натанҳо аҳамияти таърихӣ, балки ҳангоми омӯзиши ҳуқуқи асримиёнагӣ ва махсусан омӯзиши "иниститути"-и таъини ҷазоҳои он давра, омӯзиш низому тартиби зиндонҳои қадимаи миллати тоҷик, муносибати ҳуқуқӣ бо зиндониён, аз ҷумла маҳбусони cиёсӣ он аҳамияти баланди хуқуқиро низ доро мебошад.
Умед мебандем, ки ҳуқуқшиносони тоҷик сари ин масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва таърихӣ андеша меронанд ва дар оянда корҳоеро анҷом медиҳанд.
Дар ин кору амал омӯзиши таърихи зиндонии машҳури олам, шоири бузурги адабиёти форсӣ Масъуди Саъди Салмон ва ашъори ҳабсиётии ӯ бешубҳа нақши муҳимеро хоҳад бозид ва боварӣ дорем, ки сари ин масъалаҳо, пажуҳишҳои ҳуқуқӣ анҷом ва рисолаҳо дар оянда пайдо хоҳанд шуд.
Дар охир ҳаминро мегӯям, ки имрӯз дар таърихи қариб 900 солаи баъди сари шоири бузурги зиндонии мо касе он ҳасудонро намешиносад, лекин номи шоир Масъуди Саъди Салмон бошад оламгир шуд ва ӯро ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ таҳқиқ мекунанд ва меомӯзанд.
Варқаи Зайниддин, узви ИЖ Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсус барои "Рузгор"
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №27, 04 декабри соли 2013