Лаълҷубаи Мирзоҳасан: "Омӯзгорони Бадахшон аз камбуди китобҳои бадеӣ шикоят мекунанд"
Лаълҷубаи Мирзоҳасан соли 1951-ум дар ноҳияи Рошқалъа чашм ба дуёи ҳастӣ кушодааст. Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айниро дар Душанбе хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ чанд муддат дар мактаби миёна муаллим буда, аз соли 1992-юм фаъолияташро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ идома медиҳад.
Айни ҳол номзади илми филология ва мудири кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин донишгоҳ аст. Соли 1997-ум ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазириуфта шуда, то имрӯз чанд маҷмӯаи ашъораш амсоли "Ҷилои шишаи шабнам", "Суруди дарё", "Накҳати субҳ" интишор ёфтаанд. Лаълҷубаи Мирзоҳасан айни замон ҳамчунин раиси шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо ӯ дар мавриди вазъи имрӯзи ҳавзаи адабии Бадахшон суҳбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.
-Устод, бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагон имрӯз дар кадом вазъ қарор дорад?
-Ман танҳо дар мавриди фаъолияти бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагон давоми ду соли охир андеша ронда метавонам. Зеро ман дар ин вазифа аз 15-уми августи соли 2011-ум, баъди аз олам даргузаштани Раиси бахши Бадахшонии Иттифоқи нависандагон устоди равоншод, Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд ба фаъолият шуруъ намудам. Фаъолияти бахш давоми ин ду сол хушҳолкунанда ҳам ҳаст. Зеро баъзе падидаҳое, ки давоми ин ду сол ба вуҷуд омад, касро ба ояндаи дурахшон умедвор мекунад.
-Шумо аз устод Ширин Бунёд ёдовар шудед. Воқеан маҳз бо кӯшиши он кас ин шуъба таъсис ёфта…
- Албатта, бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагон бо ташаббус ва кӯшишҳои хеле зиёди устод Ширин Бунёд соли 1994-ум таъсис ёфтааст.
-Чаро ин қадр дер? Масалан бахшии суғдии Иттиҳодияи адибон ҳанӯз шаст сол қабл ташкил шуда буд…
-Зеро талабот чунин аст, ки дар он маҳале, бахш ташкил карда мешавад, ки он ҷо ҳадди ақал панҷ аъзои Иттифоқи нависандагон ба сар баранд. Дар соли 1995-ум теъдоди аъзои Иттифоқ ба панҷ расида буд ва бо заҳматҳои устод Ширин Бунёд бахши бадахшонии ИН таъсис ёфт.
-То ин вақт чӣ? Адибон чӣ гуна сарҷамъ мешуданд?
- То ин вақт маҳфили адабии "Адибони Бадахшон" фаъолият дошт ва қаламкашони ҳавзаро гирди худ сарҷамъ мекард. Роҳбари маҳфил худи устод Ширин Бунёд буданд. Ин маҳфил дар идораи рӯзномаи "Бадахшони Советӣ" мегузашт. Мо ҳар ду- се моҳ як маротиба дар ин маҳфил, дар дафтари кории устод Ширин Бунёд ҷамъ меомадем. Ман як нуктаро зикр карданӣ ҳастам, ки шеър ба маънии томаш дар ин маҳфил вуҷуд дошт, аммо наср на. Насрнависон набуданд. Насрнависони маҳфили мо ҳамонҳое буданд, ки касби рӯзноманигорӣ доштанд. Маҳз ҳамин маҳфили адабӣ барои ташкил кардани бахши бадахшонии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон асос гузошт.
-Имрӯз ҳастанд насрнависон?
-Як падидаи умедворкунанда ҳам ҳамин аст, ки имрӯз аз байни ҷавонон теъдоди насрнависон хеле зиёд шудааст ва мо насрнависони хеле умедбахш дорем. Зеро аз байни насрнависони мо аллакай чанд нафар мисли Қурбони Аламшо ва Бӯрибеки Худойбахш ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудаанд. Аз байни ҷавонон ҳам носироне чун Гулнисои Ризвоншоҳ, Хушомади Алидод ба арсаи адабиёт омадаанд ва дар ин ҷода гомҳои устувор мегузоранд.
Имрӯз он падида низ хушҳолкунанда мебошад, ки ба бахши бадахшонӣҷавонон ва адибони умедбахш шомил гаштаанд, ки дар риштаи назму наср қувва меозмоянд. Руқияи Давроншоҳ, Пайшанбеи Шоҳзода, Лутфишоҳи Қиматшоҳ, Муҳиддини Шоҳинбод, Анвари Андаробӣ, Довуди Сулаймонӣ, Ҳуснияи Бекназар, Амирҷони Адабҷон, Музаффари Муборакшоҳ, Қурбонмаҳмади Шодмонбек, Абдураҳмони Сулаймон, Шоҳзодаи Саидиброҳим, Мақсуди Ҳусейн, Мубораки Ғоронӣ, Қиматшоҳи Бироҳимшоҳ, Шавкати Оғоназар, Раззоқи Давроншоҳ, Додалӣ Қурбон, Тайғун Бозор, Маҳмадалӣ Бахтиёр, Парвонаи Фаррухзод, Раъно Сайфзода, Додихудои Ҳусейн, Ҷангибеки Улфатшоҳ, Раҳмони Гулзор, Абдусаломи Муборакқадам, Зарнигори Муборакшоҳ, Рамазони Ризвонӣ, Раҳими Азизбек, Назархудои Назархудо, Сумангули Орзумаҳмад ва чандин адибони дигар сазовори ном бурдан аст, ки аллакай бо ҳунари эҷодашон шинохта шудаанд ва қисмате аз онҳо китоб чоп кардаанд.
-Дар қаламрави вилоят имрӯз ҳам маҳфилҳои адабӣ амал мекунанд?
-Албатта, дар ҳар як ноҳия мо маҳфили адабӣ дорем ва ҳар моҳ шоирону нависандагони ҳавза дар ин маҳфилҳо ҷамъ мешаванд. Аммо бояд гуфт, ки нақди адабӣ ҳанӯз дар Бадахшон мелангад… Дирӯз дар маҷлиси Раёсати Иттифоқи навсандагон ҳам таъкид шуд, ки имрӯз вазъи нақди адабӣ дар Тоҷикистон хеле коста шуда ва як холигие дар нақди адабии мо сар задааст.
-Адибони ҷавони Бадахшон чӣ гуна дастгирӣ меёбанд?
- Ман дар ин маврид ба Шумо аз як падидаи умедворкунанда ҳарф мезанам. Ду сол аст дар бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагон бо дастгирии ташкилоти ғайридавлатии "Рушди ҳунарҳои дастии мардумӣ", махсусан роҳбари адабдӯсту адабпарвари ин ташкилот Ёралӣ Бердов фестивал- озмуни адибони ҷавон гузаронида мешавад. Ин барнома, яъне барномаи Озмуни шоирони наврас таҳти унвони "Истеъдод: Табассум-2012" роҳандозӣ шуда, тамоми хароҷоти маблағии онро ташкилоти ғайридавлатии номбурда ба ӯҳда дорад.
Озмун дар чаҳор марҳила гузаронида мешавад: мактаб, ҷамоат, маркази ноҳия, маркази вилоят. Соли гузашта ба фестивал-озмуни вилоятӣ аз шаҳри Хоруғ ва навоҳии Бадахшон ғолибон ва роҳбарони маҳфилҳои адабӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳр ширкат карданд ва аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии "Рушди ҳунарҳои дастии мардумӣ" ба иштирокдорон ва роҳбарони маҳфилҳои адабии шаҳру навоҳӣ Ифтихорнома ва мукофотпулӣ дода шуд.
Мусаллам аст, ки ноҳияҳои ВМКБ аз якдигар дар фосилаи дур воқеъ ҳастанд ва ҷамъ овардани шоирони наврас-толибилмони мактабҳо кори мушкил аст. Коре, ки ин ташкилот ва Фестивал-озмун анҷом дод, кори хайр ва хеле муфид буд. Аввалан, шоирони навраси ҳудуди вилоят бори нахуст якдигарро аз наздик шинохтанд, дуввум, онҳо аз эҷодиёти ҳамдигар огоҳӣ пайдо намуданд, саввум, байнашон додугирифти эҷодӣ ба вуҷуд омад. Муҳимтар аз ҳама мо маҷмӯаи шеърҳои иштирокчиёни Фестивал-озмунро бо кӯмаки ин ташкилот ба чоп омода кардаем, ки низ ба фоидаи кор хоҳад буд.
-Аз устод Ширин Бунёд чӣ хотираҳо доред?
-Моҳи марти соли 2011 бо ташаббуси аъзоёни Бахши бадахшонӣ дар хонаи устод Ширин Бунёд, дар деҳаи Хидорҷеви н. Роштқалъа бахшида ба иди Наврӯз базми шеър ташкил карда шуд. Он вақт устод Ширин Бунёд мариз буданд, аммо ба ин ҳол ҳам дар маҳфил ширкат карда, ба ҳар як адиб нигариста, дар борааш сухан гуфта, комёбӣ таманно мекарданд, гӯё суханҳои охиринашонро ба шогирдонашон иброз медоштанд.
Дар бораи ман ҳам хеле суханҳо гуфтанд ва ниҳоят чунин хулоса карданд: "Ман мемирам, аммо шод ҳастам, ки шумоён бесоҳиб намемонед, Лаълҷуба ҳаст, Лаълҷуба пас аз ман шуморо соҳибӣ хоҳад кард". Ин навори таърихӣ то ҳоло маҳфуз аст.
-Барои ҳифзи забонҳои мардуми Бадахшон шуъба чӯ корҳоеро пеш гирифта?
-Аксари адибони бахши бадахшонӣ бо ду забон -забони тоҷикӣ ва забонҳои маҳаллӣ, яъне язгуломӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, ишкошимӣ, ва вахонӣ эҷод мекунанд. Барои мо маълум аст, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон ҳам ҳифз шудани забони яғнобӣ ва забонҳои бадахшонӣ махсус таъкид шудааст. Фикр мекунам, ки аз як тараф, эҷоди шеъру наср бо ин забонҳо онҳоро метавонад аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дорад, аз сӯйи дигар, ин лаҳҷаҳои маҳаллӣ ҳанӯз бисёр хасоиси забонҳои пешинро бо худ доранд, ки метавонанд барои ковишҳои илмӣ маводи кофӣ пешниҳод намоянд. Аммо ашъори ба забонҳои маҳаллиашонро аксарияти адибони Бадахшон дар шакли китоб ҳанӯз нашр накардаанд.
-Чаро? Оё Ҳукумати вилоят барои нашри китоби адибон кӯмак намерасонад?
-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, бахусус, Раиси вилоят Қодири Қосим бахши бадахшониро ҳамеша дастгирӣ мекунад (Мусоҳиба қабл аз ба вазифаи дигар таъйин шудани Қодири Қосим ба вуқуъ пайваста буд). Масалан, дар тӯли ду соли охир аз тарафи Раиси вилоят барои 8 нафар аъзои бахши бадахшонӣ барои чопи асарҳояшон кӯмаки молӣ расонида шуд, ки мо аз он кас хеле сипосгузорем. Дар асоси нақшаи ҳамҷояи Бахши бадахшонӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ҳамчунин чорабиниҳои зиёди адабӣ-фарҳангӣ, шабҳои эҷодии адибони Бадахшон, шабҳои ёдбуд дар сатҳи вилоят гузаронида шудаву мешаванд.
-Оё мардуми Бадахшон имрӯз ба осори адибон таваҷҷуҳ доранд ё на?
- Саволи баҷо. Мардум имрӯз камтар китоб мехонаду камтар китоб мехарад ва ин ҷо омилҳое ҳамчун рушди босуръати технологияи муосир, омилҳои иқтисодӣ, равонӣ, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва ғ. бетаъсир нестанд. Аммо боз ҳам эҳсос мекунем, ки оҳиста-оҳиста мардум ба китоб рӯ оварда истодаанд. Моҳи августи соли равон бо супориши Президенти мамлакат, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи ҷумҳурӣ Корвони китоб фиристода шуд.
Аз он ҷумла, Корвони китоб дар ҳайати Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, директори нашриёти "Адиб" Фарҳодҷон Каримов, шоир Ато Мирхоҷа ва дигарон ба Бадахшон омад. Ман ҳам шомили ин ҳайат шудам. Ба ҳар ноҳияе, ки мерафтем, мардумон зуд ҷамъ шуда, китобҳоро варақгардон карда мехариданд. Арзи андеша мекарданд, ки китоб нав чопшударо дастрас намекунанд, ба ҷойҳои дурдасти ҷумҳурӣ китоби нав оварда намешавад ва ё кам оварда мешавад. Омӯзгорон низ аз маҳдудияти теъдоди китобҳои бадеӣ дар китохонаҳои мактабҳояшон шикоят мекарданд.
-Хуб, сипос барои суҳбат.
Суҳбати Баҳман, «Рӯзгор»
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №26, 27 ноябри соли 2013