05:21:54 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Марям Исоева: "Дар як сол танҳо як-ду маротиба ба гастрол меравем"

Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман баъди тамошои намоишномаи "Муҳаббат" дар Театри академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳут бо иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосии спектакл Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Марям Исоева суҳбате орост. Суҳбат агарчи аз таҳлили намошномаи мазкур оғоз шуда бошад ҳам, вале дар он масоили мубрами театр низ матраҳ шудааст.

-Устод, чанд рӯз қабл журналисте бо номи Ҷасури Вашгирдӣ дар рӯзномаи "Имрӯз News" матлаберо мунташир кардаву спектакли "Муҳаббат"-ро сахт танқид карда буд. Ба гуфтаи ӯ гӯё "Муҳаббат" зеби саҳнаи Театри академӣ нест. Шумо ҳам дар ин намоиш нақш офаридаед. Дар ин бобат чӣ мегӯед?

1-maryam-isoeva 1212-Дар урфият мегӯянд, ки "ҳар сареву савдое". Ҳар як шахс завқ дорад. Завқҳо гуногун мешаванд, завқҳои баланду паст. Боз завқҳое ҳастанд, ки ҳама чизро меписанданд ё завқҳое ки баръакс, чизеро қабул надоранд. Инчунин ман дар зиндагӣ бисёр дидаву то имрӯз мебинам, ки аксар одамон фақат камбудӣ мекобанду ношукрӣ мекунанд. Мумкин худи ӯ (манзур Ҷасури Вашгирдӣ. шарҳи Баҳман) бисёр тараққӣ кардаву ҷаҳонбинияш васеъ шуда бошад. Ё шояд худи ӯ ҳанӯз драматургияро намедонад. Намедонад, ки драматургияи тоҷик чӣ гуна буд, аз чӣ сар шуд ва ба кадом қуллаҳо баромад. Лекин вай агар ҳақиқатан донишманд бошад, бояд аз дигар драматургон мисолҳо оварда, камбуди "Муҳаббат"-ро исбот мекард.

-На. Ин тавр накарда ва гумон мекунам дар мавриди он мақола ҷойи баҳс ҳам нест. Фақат аз зикри навиштаи Ҷасури Вашгирдӣ манзурам он буд, ки андешаҳои Шуморо дар мавриди ин намоиш пурсон шавам.

-Ҳар як замон чизи худашро пешниҳод мекунад. Ин асар суст буд, лекин ман пеш аз ба саҳна гузоштани он чун аз таҳиягари ин намоиш, ҳамкурси ман Тӯрахон Аҳмадхонов, ки худ ҳам драматург, ҳам актёр ва ҳам режиссёр аст, дар мавриди "Муҳаббат" суол кардам, вай гуфт, ки "Марям, ин асар хеле суст аст, вале ман онро аз ду сабаб гирифтам." Баъд ман сабабҳояшро пурсидам. Он вақт ҳанӯз намедонистам, ки дар спектакл ба ман нақш ҳаст ё на.

Тӯрахон Аҳмадхонов гуфт, ки "якум сабабаш ҳамин ки муаллифи "Муҳаббат" бастакори маъруф Шарофиддин Сайфиддинов бо бародарашон, шодравон Муҳиддин Сайфиддинов, ки дар вақташ журналист буда ва ин асарро ҳам хеле пештар навиштаанд.

2-maryam-isoeva 1212Ҳозир Шарофиддин Сайфиддинов ба синни ҳаштоду панҷ расидаву аз зиндагӣ бисёр дилаш сард гардида, ки касе аз ҳоли он кас пурсон намешавад. Дуюм, Президенти мо дар ҳар баромаду мулоқотҳояшон даъват мекунанд, ки бояд ҷавононро дастгирӣ кард. Маҳз ба ҳамин хотир ҳам квотаи президентӣ таъсис дода шуда, то ҷавонон аз навоҳии дурдаст ба таҳсил дар макотиби олӣ даст ёбанд. Барои ҳамин биёед, ин асар суст ҳам бошад, тавассути он нишон медиҳем, ки ҷавонон ҳам ҷавобан ба ин ғамхориҳо ва даъватҳо фаъолӣ нишон медиҳанд."

Баъдан аз ман таклиф кард ки нақши модари духтарак- қаҳрамони аслиро бозӣ кунам. Дар аввал ин нақш хеле маҳдуд буд ва мо онро такмил додем. Воқеан, ҳастанд модароне, ки мехоҳанд духтаронашонро ба оилаҳои доро ва сарватманд ба шавҳар диҳанд.

Дар ҳамин спектакл ҳам шахсони суддор модари духтаракро фиреб медиҳанд, ки ҷавон инсони хуб асту бо ӯ духтараш хушбахт мешавад. Ин дарди имрӯзаи ҷомеаи мост. Боз дар ин спектакл образи муовини раиси хоҷагӣ нишон дода мешавад, ки муқобили ҷавонони фаъол аст. Лекин сардор бисёр ба оянда хушбин аст ва ҷавононро дастгирӣ мекунаду ояндаи дурахшони хоҷагиро вобастаи онҳо медонад. Бубинед, коргардони таҳиягар ҳам фикр кард, ки дили Шарофиддин Сайфиддиновро, ки ин қадар барои ҷомеа ва рушди фарҳанги кишвар хидмат карда, бардорад ва инчунин ба ҷавонҳо мо каме ҳам бошад роҳи дурустро нишон диҳем.

-Бинанда чӣ гуна қабул кард "Муҳаббат"-ро?

3-maryam-isoeva 1212-Медонед, ба тамошобин, махсусан ба ҷавонон ин спектакл он қадар писанд меафтад, он қадар кафкӯбӣ мекунанд, ки ман дар ҳайрат меафтам. Хусусан дар охири намоиш, вақте ки ду дилдода ба ҳам меоянду ҳақиқат собит мегардад, тамошобинон ба арӯсу домод гул медиҳанд, бо онҳо акс мебардоранд. Ман ҳамин қадар дар театр кор карда, ягон бор надидаам, ки бо қаҳрамонҳои спектакл тамошобинон акс гиранд. Аммо баъди "Муҳаббат" аксгириҳои бисёре ҳам шуд, ки мо бо чашми сар дидем. Боз мегӯям, ки агар вай (манзур Ҷасури Вашгирдӣ) журналисти ҳақиқӣ мешуд, спектаклро таҳлил мекард. Мегуфт, ки ин ҷояш ин хел асту ин гуна камбудӣ дорад. Агар вай журналисти ҳақиқӣ бошад, аввал фикр мекунад, ки мо имрӯз чанд драматург дорем ва солҳои шастум чанд драматург буд. Драматургон пеш чӣ менавиштанду имрӯз чӣ менависанд?

Ман чанд вақт пештар ёддоште дар бораи Борис Кимёгаров навиштам ва дар он ин нуктаро овардам, ки замони шӯравӣ Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигар нависандаҳои маъруфамон филмномаҳо навиштанд ва он филмҳо мукофотҳои ҷаҳонӣ гирифтанд. Ё ки Файзулло Ансорӣ, Аъзам Сидқӣ, Султон Сафаров фақат драматург бунад, дигар дар ягон ҷо кор намекарданд. Агар муаллифи он мақолае, ки Шумо мегӯед, дилаш ба театр сӯзад, бигзор журналистон, драматургон, режиссёрҳо ва нависандагону шоиронро дар театр ҷамъ  кунаду дар ҳузури онҳо ин спектакл намоиш дода шавад ва баъди анҷом онро баррасӣ кунанд. Шояд бо ҳамин васила дар театри мо ягон дигаргуние пайдо шавад? Ҳама гап мезананд, аммо амал нест.

-Шумо аз омадани адибони маъруфи замони Шӯравӣ ба театр ёдрас шудед. Сабаб чист, ки имрӯз то андозае байни адибону ҳунармандон фосила уфтода?

-Ман дар бораи сабабаш чӣ гуфта метавонам? Масалан, агар адибе ба театр наояд ман сабаби наомадани ӯро аз куҷо медонам? Ман гумон мекунам, барои ин бояд ҳамаро ба театр сарҷамъ кунем. Зеро театр синтези тамоми санъатҳо ҳаст. Инҷо бастакор аст, балейтмастер, драматург ва актёр аст, инҷо режиссёр аст, рассом аст. Чаро ҳаминҳо ба театр намеоянд? Бояд ҳаминҳо биёянд ва ҳама якҷоя ба ин гуна суолҳо посух кобем.

-Дар мавриди вазъи имрӯзи драматургии мо чӣ назар доред?

4-maryam-isoeva 1212-Ман ба ин суоли Шумо бо як мисол ҷавоб мегӯям. Ман бисёр драматургонро бинам, суол мекунам, ки барои чӣ шумо дигар намоишнома наменависед ё ба театр намеоед? Онҳо ҷавоб медиҳанд, ки зеро барои ин кор ба мо пули ночиз медиҳанд. Масалан як шоир, ки драматург ҳам буд, мегӯяд, ки ман ҳозир роман менависам ва аз ин кор маблағ меёбам. Ин калимаро бинед-"ночиз". Охир мо ҳам бисёр пули кам мегирем. Кадом рӯз ман дидам, ки дар истгоҳ чанд нафар нафақахӯр ба троллейбус нишастанӣ буданд ва пулчинак ба ронанда мегуфт, ки "Тез ҳай кун ака, инҳо нашинанд, инҳо пул намедиҳанд, "книжка" доранд. Э кай мемиранд инҳо?".

-Барои рушди театр аз нигоҳи устод Марям Исоева чӣ бояд кард?

-Агар идеология суст бошад, давлат ҳеҷ гоҳ пеш намеравад. Иттиҳоди Шӯравиро ҳам бо сабаби сустии идеология аз дарун барҳам хӯрд. Дар замони муосир бояд ба идеология бо диди нав нигоҳ ва онро мустаҳкам бояд кард. Пештар ба нахустнамоишҳо Муҳаммад Осимӣ, Президенти Академияи улум меомаданд. Вақте ки ба мо мегуфтанд, ки Осимӣ омадааст ё Бобоҷон Ғафуров ин моро нерӯ мебахшид.

-Коргардони маъруфи мо Барзу Абдураззоқ дар як суҳбат таъкид карда буд, ки "агар тамошобин ба театр наояд, мо бояд назди тамошобин равем"…

-Бубинед, солҳои пеш дар мактабҳо дарсҳои эстетика ва этика чӣ гуна мегузашт. Хонандагонро аз ҳамон вақт тарбия мекарданду завқи ҳунарии онҳоро баланд мебардоштанд. Ана ҳамин чизҳоро имрӯз ҳам бояд барқарор кард. Вақте ман аз Маскав омадам, дар Донишгоҳ маҳфили ҳунарӣ мегузаронидам ва хоҳишмандони иштирок дар он хеле зиёд буданд. Ин гуна завқро ба дили мардум ҷой кардан даркор. Ҳунармандон дар театр интизори омадани тамошобин нишинанд, ҷавонон фақат бо консертҳо раванд, ин хел намешавад.

5-maryam-isoeva 1212Сипас, дар мактабҳои миёна вохӯриҳо бо ҳунармандон гузаронидан лозим, онгунае ки солҳо ипеш ҳаминхел анъана буд. Ҳунарманд назди хонандагони мактаб нақше иҷро мекунад, шеъре мехонад, дар бораи театру ҳунар сухан мегӯяд ва ба ин васила хонандагон огоҳ мешаванд, ки театр чист? Меҳри онҳо ба санъат бедор мешавад. Охир меҳр аз рафтуомад пайдо мешавад-ку. Мо чандин сол аст, ки дар як сол танҳо як-ду маротиба ба гастроли меравем. Ҳунарманди ҳақиқӣ бо гастроли зинда аст.

-Барои чӣ имрӯз кам меравед?

-Барои он ки имрӯз мошин нест. Дар театри академӣ мошин нест. Хайр ба ҳар сурат директор мошинро иҷора мегирад ва мо гоҳ-гоҳе меравем ба гастрол. Лекин чӣ тавре, ки мо солҳои пеш мерафтем, он хел нест. Вақте ки нақшаи пахта иҷро мешуд, зимистон нагуфта, назди халқи меҳнаткаш мерафтем. Имрӯз бубинед, ки роҳҳо кафи даст барин ҳамвору роҳат. Аммо дар ҳамин гуна шароити фароҳам ҳам кам меравем.

- Пас чун театрҳои мухтор ҳастанд, дигар тақсир дар худи театрҳост, ки кам ба гастроли мераванд ё ҳунармандони маъруфашонро ба маҳфилу вохӯриҳо намебаранд?

-Албатта, ин корро бояд худи театрҳо кунанд.

-Хуб, устод, сипос барои гуфтугӯи ошкор.

Мусоҳиб Баҳман,«Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №24, 13 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi