06:29:06 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Латофат Кенҷаева: «Китоб мехонанд, фақат китобро то ба дасти хонанда расонидан лозим»

Латофат Кенҷаева аз зумраи адибони маъруфу сермаҳсули тоҷик аст ва то имрӯз зиёда аз 40 китоби хурду бузургаш мунташир шудаву дар қалби хонанда ошён гузидаанд. «Лолаарӯсак», «Марҷонаи ранга», «Сандуқчаи марворид», «Мусича ва Дурдона», «Қофиябозӣ», «Шеърҳо», «Дар кишвари дӯстон», «Шарораи хотираҳо», «Рози шабнам», «Наҷотбахши дунё кист?», «Нома ба бародар» ва дигар китобҳои ӯ дар байни хонандагон аз шуҳрату маҳбубияти хосса бархӯрдоранд.

1.latofat-2013Латофат Кенҷаева бо талошу кӯшишҳои пайгирона дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ташкилоти «Истиқбол»-ро таъсис дод. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин ташкилот чоп ва паҳн намудани китобҳои кӯдакона буда, то имрӯз «Истиқбол» номгӯи зиёди китобҳои хубу марғубро пешкаши хонанндагони хурдсоли мо гардонидааст. Хабарнигори «Рӯзгор» бо хонум Латофат Кенҷаева атрофи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии «Истиқбол» ва умуман вазъи табъу нашри адабиёти кӯдак дар кишвар суҳбате анҷом дод, ки онро пешкаши хонандаи арҷманд мекунем.

- Устод, ташаккур, ки суҳбати моро пазируфтед. Аввалан мехостам барои хонанда дар бораи ТҶБ «Истиқбол» маълумоти бештар медодед...

- Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии «Истиқбол», ки пештар чун ташкилоти ғайридавлатӣ амал мекард, соли 1996-ум ба фаъолият шуруъ намудааст. Мо як гуруҳи ташаббускор дар он айёми бесарусомон, ки кӯдакон то андозае фаромӯш шудаву барои онҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр намешуданд, худро ба тақдири кӯдакону наврасони кишвар бетараф гирифта натавониста, даст ба ин иқдом задем.

Аз ибтидо то имрӯз мақсади аслии мо дастгирии кӯдакони соҳибистеъдод будаву ҳаст ва як бахши асосии фаъолияти ташкилоти мо дар ин самт нашри китобҳо барои кӯдакону наврасон аст. Чунки дар тарбияи кӯдак ҷойи китобро чизи дигаре гирифта наметавонад. Ва агарчӣ ба душвориҳои зиёд ҳам бошад, мо давоми ҳабдаҳ соли фаъолияти «Истиқбол» то ҷойе ба ҳадафҳои назди худ гузоштаамон расидем. То имрӯз мо зиёда аз 130 номгӯй китобро бо теъдоди як миллиону дусад ҳазор нусха нашру паҳн намудем.

-Китобе, ки барои хонандагони хурдсол нашр мешавад, чӣ гуна бояд бошад?

-Албатта сари ин чиз ҳам бояд андеша кард. Зеро китобҳои сарироҳӣ ё худ кӯчагӣ донише намедиҳанд барои кӯдакон ва аз онҳо гумон мекунам нафъе ҳам нест. Барои кӯдакон китоб навиштан ё китоб чоп кардан кори хеле пурмасъулияту душвор аст. Барои кӯдакон на ҳама навишта метавонанд. Ҳамчунин китоби кӯдак ба замми муҳтавои хуб доштан бояд бо беҳтарин сурат ороиш дода шуда бошад, то ба як дидан диққати хонандаи хурдсолро ба худ ҷалб кунаду кӯдак дигар онро аз даст гузоштан нахоҳад.

- Пас Шумо пеш аз нашр китобҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳед?

- Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии «Истиқбол» ҳаштод нафар аъзои Раёсат дорад. Ба Раёсати мо беҳтарин шоиру нависандагони кишвар чун Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, ҳамчунин олимону фолклоршиносони мо шомил ҳастанд. Ҳар китоберо, ки «Истиқбол» нашр мекунад, аввал аз баррасии ин устодон мегузарад. Китобу асарҳои сустро, ки дар баррасӣ баҳои мусбӣ намегиранд, мо нашр намекунем ва ба муаллифон бармегардонем. Ҳамчун мо барои шавқовар шудани китобҳо беҳтарин рассомонро ҳам ба ҳамкорӣҷалб намудаем.

- Шумо гуфтед нашри китоб барои кӯдакон яке аз бахшҳои фаъолияти ташкилоти мост, бахшҳои дигари амалкарди «Истиқбол» кадомҳоянд?

- Баргузор кардани фестивалҳо, ҳамасола гузаронидани намоишҳои китоб, озмунҳо самтҳои дигари фаъолияти мо маҳсуб меёбанд. Чанд со пеш мо озмуне баргузор намудем, ки дар кадом ноҳия китобхонон бештаранд. Дар ин озмун ноҳияҳои Ваҳдату Исфара ғолиб баромада буданд. Ҳамчунин барои наврасон озмунҳои зиёд дорем. Хубии ин кор дар он аст, ки давоми шонздаҳ соли фаъолият мо аз кӯдакони соҳибистеъдод шоир, рассом, нависанда тарбия карда тавонистем.

- Бисёриҳо ба он назаранд, ки «Истиқбол» бо грантҳои калони ташкилотҳои хориҷӣ фаъолияташро пеш мебарад. Оё ҳамин тавр аст?

2.latofat-2013-Дар ҳақиқат дар ин бобат овозаҳои бисёр ҳаст. Ба наздикӣ рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар бораи ман мақолае чоп кард бо номи «Бонуи миллионер». Онҳо албатта зиёда аз як миллион нусха китобҳои нашркардаи маро дар назар доштанд, лекин бисёриҳо гумон мекунанд, ки ман дар ҳақиқат миллионер ҳастам ва аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ ё сарпарастони хориҷӣ мо китоб нашр мекунем. Ин сирф ғалат аст.

Агар мо бо кӯмаки мададгорони хориҷӣ китоб нашр мекардем, онҳо ҳатман талаботҳои худашонро пеши мо мегузоштанд ва аз мо мехостанд, ки номи ширкати онҳо ё худи онҳоро дар сафҳаи аввали китоб нависем. Китобҳои моро гиреду варақ занед, дар ягон сафҳаи онҳо ишораеро аз номи ширкатҳои хориҷӣ пайдо намекунед.

Ҳоло мо як лоиҳаро бо фонди Оғохон иҷро карда истодаем, ки тибқи он ин фонд тамоми китобҳоеро, ки мо омода мекунем, маблағгузорӣ карда, он китобҳоро худашон ба тамоми марказҳои хониши оилавӣ ва китобхонаҳо ройгон тақсим мекунанд. Давоми 17-соли фаъолияти «Истиқбол» мо ҳамагӣ як бор грант гирифтем. Он ҳам дар оғози фаъолияти ташкилот, барои нашри китоби ман бо номи «Сандуқчаи марворид» буд. Вақте ки ман пешниҳод кардам, аз байни 50 лоиҳа лоиҳаи маро қабул карда, китоби маро бо теъдоди 30 ҳазор нусха ба табъ расониданд. Баъди ин дуввум китобе, ки нашр кардем, китоби «Лолаҳои дасти ман»-и Гулчеҳра Сулаймонӣ буд.

Мо ин китобро барои нашр омода кардем, аммо барои чоп маблағ надоштем. Ва ман маҷбур аз ду-се нафар дӯстонам қарз гирифта, ин китобро ҳам нашр намудем. Баъдан дидем, ки агар кӯшиш кунем бо қарз ҳам кори ташкилотро пеш бурдан мумкин. Ва ин корро давом додам. Бисёриҳо моро тамасхур мекарданд, ки муаллима бо ин кораш якумрӣ зери бори қарз мемонад. «Охир дар ин даврон кӣ китоб мехонад?»— аз пасу пеш мегуфтанд онҳо. Аммо чун азми мо қавӣ буд, аз роҳи худ нагаштем. Аввал барои нашри китоб аз шахсҳои алоҳида қарз мегирифтем, баъдтар гирифтани қарзро аз бонкҳо оғоз кардем. Қариб понздаҳ сол мо бо қарз кор кардем.

-Барои дастгирӣ ба соҳибкорони ватанӣ муроҷиат накардед?

-Чандин маротиба ба соҳиборон муроҷиат намудем, ҳеҷ кас дастгирӣ накард. Танҳо роҳбари ширкати «Вавилон» Беҳзод Файзуллоев дар нашри китоби «Гуфтори Алифбо» моро дастгирӣ намуданд. Он кас гуфтанд, ки ман аз ҳисоби корхона не, аз ҳисоби худам дар нашри ин китоб мусоидат менамоям.

-Шумо хароҷоти нашри китобро танҳо аз ҳисоби фурӯши китоб мепӯшонед?

-Бале

-Баъзе аз адибони мо мегӯянд, ки дигар мардум китоб намехонанд…

3.latofat-2013-Касе чунин мегӯяд, аз нотавонӣ мегӯяд. Ман ба Шумо як мисол меорам, соли 2007-ум мо фестивали китобро дар ноҳияи дурдасттарин, ноҳияи Муъминободи Хатлон баргузор кардем. Иштироки хонандаҳоро дар фестивал медидед, ба ҳайрат меафтидед. Қариб аз ду ҳазор хонанда бештар дар намоиши китоб иштирок дошт. Мо як гуруҳ шоиру нависандагонро ҳам ҳамроҳ бурда будем. Байтбарак, суҳбатҳои самими хонандагон бо адибонро дида, бовари кас намеомад, ки ҳамаи ин дар як деҳа, дар як ноҳияи дурдаст аст.

Яъне, мардум китоб мехонанд, фақат китобро бурда, ба онҳо дастрас кардан лозим. Дирӯз як ҷавонмард омада гуфт, ки ман се фарзанд дорам ва барои фарзандонам мехоҳам аз китобҳои Шумо харидорӣ кунам. Ман пурсидам, ки Шумо чӣ гуна аз китобҳои мо хабардор шудед? Ӯҷавоб дод, ки ман аз сомонаатон дар бораи китобҳои нашркардаи Шумо хондам ва онҳо ба ман маъқул шуданду хостам маҳз аз китобҳои Шумо ба фарзандонам туҳфа кунам.

Ҳар куҷое ки мо бо китоб мерафтем, моро гарму ҷӯшон истиқбол мегирифтанд. Соли гузашта мо ба Бадахшон китоб бурда будем. Мардум он қадар ташнаи китобу сухан ва мулоқот бо адибон буданд, ки куҷое нарафтем, на танҳо хонандаҳо, балки падару модарон ҳам барои шунидани ҳарфи мо ва дидани китобҳо ҷамъ мешуданд.

Мо дар як мактаби деҳаи Вуж мулоқот доштем. Он мактабе будааст, ки дар он шоири маъруфи мо Ато Мирхоҷа таҳсил карда. Мактаб мактаби куҳнаи қишлоқ буд. Тамоми хонандагони мактаб чунон бо ҳавас ба китобҳо менигаристанд, ки инсон ба шавқ меомад. Мо китобҳоро барои фурӯш не, ҳамчун туҳфа бурда будем. Вақте ин кӯдакон китоби хушрӯро ба даст мегиранд, дигар ягон чиз диққати онҳоро ба худ ҷалб карда наметавонад.

Боз баъзеҳо мегӯянд, ки дигар мардум китоб намехонад. Шумо аввал китобро то ба дасти хонанда расонед, баъд хоҳед дид, ки шавқи мардум ба китоб дар кадом ҳад аст. Аз ин рӯ ман ба фикри ин зумра розӣ шуда наметавонам.

-Шумо ин фикратонро бо фаъолияти худ исбот ҳам кардаед…

-Дар Душанбе китоб намехонанд гӯянд, ман бовар мекунам. Мо чандин маротиба ба мактабҳои Душанбе муроҷиат кардем, онҳо намехоҳанд, ки ба китобхонаашон китоби нав харидорӣ кунанд. Баҳона пеш меоранд, ки мо пул надорем, падару модарҳо барои харидани китоб пул намедиҳанд. Ҳар китобхонаи мактаб манбаъ дорад, ба онҳо аз тарафи давлат маблағ ҷудо карда мешавад. Ман намедонам ин маблағҳоро ба куҷо сарф мекунанд…

-Сифати китобҳое, ки Шумо нашр мекунед, хеле баланд аст, аммо нархи онҳо ба мардум дастрас бошад?

- Нархи китобҳои мо аз ҳама арзон аст. Назар ба китобҳое, ки дигар нашриётхо нашр мекунанд, китобҳои мо босифаттар ҳастанду ба замми ин нархи дастрастар доранд. Аммо ман ба Шумо мегӯям, ки як роҳи аз ин ҳам поён бурдани нархи китоб вуҷуд дорад. Барои ин бояд Ҳукумат аз лиҳози маблағ моро дастгирӣ кунад, ҳеҷ набошад бо додани қарзи бефоиз.

5.latofat-2013Агар барои панҷ сол ё даҳ сол ба мо қарзҳои бефоиз диҳанд, он гоҳ мо як китобро панҷ ҳазор нусха не, панҷоҳ ё сад ҳазор нусха нашр менамоем. Дар он сурат нархи китобҳо хеле паст мефарояд, ки ҳатто нодортарин инсон ҳам ба он дастрасӣ пайдо мекунад. Ана ҳамин гумон мекунам, ягон роҳи поён бурдани нархи китоб аст. Орзуи ман ин аст, ки барои кӯдакони тоҷик бо теъдоди миллион нусха китоб нашр намоям. Агар ҳукумат ва сармоядорони тоҷик дар ин роҳ ба мо ёрии моддӣ расонанд, мо метавонем шумораи китобҳоро ба маротиб афзуда, нархи як китобро то ба 50 дирам расонем. Ва ҳамчунин, дар ин сурат ба кӯдакони нодору маъюб ва бепарастор ин китобҳоро бепул ҳадя намоем.

Агар тоҷирони мо ба ин иқдом даст зананд, худашон ҳам фоидаи зиёд ба даст меоранд. Ман худам мехоҳам ба ин кор даст занам, аммо маблағ надорам. Ягона хонаи ман, ки дар замони Шӯравӣ гирифтаам, ба бонк ба гарав гузошта шудааст. Писарам гоҳо шӯхӣ карда мегӯяд, ки агар ягон вақт «Истиқбол» муфлис шаваду хонаамонро ба ҷойи пули қарз гиранд, мо аз қуттиҳои китоб хона мекунем.

- Сирри муваффақияти Шумо дар ҷодаи табъу нашри китоб чист ва чаро кӯдакон бештар китобҳои аз ҷониби ташкилоти Шумо нашршударо дӯст медоранд?

- Шояд сабаби аслияш дар он бошад, ки ташкилоти мо бештар рассомони соҳибистеъдодро дар кори ороиши китобҳо ҷалб менамояд. Матни асар бо аксу тасвирҳои зебо пешкаши хонандагон мегардад, ки ин барои наврасон ҷолиб аст. Дигар ин ки барои кӯдакон ташкилот бо аъзоёнаш беҳтарин китобҳоро баррасӣ намуда, баъд ба чоп тавсия медиҳанд. Чанд китобе, ки мо чоп кардем, бо аксу соядасти муаллиф ба кӯдакон ва имзои муаллиф ба рӯи хонанда боз мешаванд.

-Аз нигоҳи Шумо вазъи имрӯзи адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

-То солҳои 2000-ум вазъи адабиёти кӯдак то дараҷае бад буд. Бархе аз шоиру нависандагон дигар аз навиштан барои кӯдакон даст кашида буданд. «Истиқбол» дар ҳамин гуна замон тавонист, шоиру нависандагонро ҷалб кунад ва бо додани ҳаққи қалам беҳтарин осори барои бачаҳо навиштаи онҳоро нашр кунад. Имрӯз бошад вазъи адабиёти кӯдак дар кишвар хуб аст. Ҳамчунин чӣ тавре, ки қайд кардам, мо як зумра ҷавонони эҷодкореро тарбия намудем ва интизор дорем, ки дар оянда онҳо барои пешбурди ин адабиёт саҳм хоҳанд гузошт.

-Ташаккур барои суҳбат.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi