13:40:35 24-уми Октябри 2026 сол

ВАЗЪИ ДУШВОРИ ЗАНОН БА СММ ИРОА МЕГАРДАД

Имрӯз аз қабули Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамагуна поймолкунии ҳуқуқи занҳо 30 сол сипарӣ шуд. Ин санадро Тоҷикистон соли 1992 ба тасвиб расонид ва дар асоси ин санад як қатор ӯҳдадориҳоро дар мавриди ҳуқуқи занон ба зимма гирифт.

 

Имрӯз дар Душанбе ба муносибати қабули ин санад бо иштироки Кумитаи кор бо занон ва Бунёди ҳимоят аз занони Созмони Милали Муттаҳид нишаст доир гардид. Меҳвари аслии нишаст омодагии гузориши Тоҷикистон нисбат ба иҷрои ӯҳдадориҳои Конвенсияи мазкур ба СММ буд. Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат, гуфт, гузорише, ки барои СММ рӯзҳои наздик омода мешавад, тамоми паҳлуҳои ҳаёти занони тоҷикро дарбар мегирад.  

 

Аз ҷумла, хушунат бо занон дар хонаводаҳо, ниёзмандиҳои иқтисодии занон ва ҳамчунин он ташаббусҳои президенти Тоҷикистон дар мавриди дастгирии духтарон ва занон дар арсаи ҷамъиятӣ дар санади мазкур баррасӣ шудаанд. Дар ин нишаст ҳамчунин ишора шуд, ки қонунӣ гардонидани масъалаи дузанагӣ дар Тоҷикистон бояд ба СММ пешниҳод шавад.

 

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/1349-vazi-dushvori-zanon-ba-smm-iroa-megardad.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854