21:01:58 24-уми Октябри 2026 сол

ДАР БОЗОРИ «САХОВАТ» ГЕРОИН ДАРЁФТ НАМУДАНД

808,4 гр героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар вақти гузаронидани амалиёти махсус аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2  ноҳияи Синои пойтахт, шаҳрванд Абдулҳакимов Барот, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ш.Кулоби вилояти Хатлон, дастгир карда шуд.

 

Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 22 июни соли равон дар назди бозори «Саховат» - и шаҳри Душанбе аз  шаҳрванд Маҳмадуллоев Алишер, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Кулоб, 90 дона бастаи ба капсула монанд, ки дар дохилаш 808,4 гр героин буд, мусодира гардид, ки онро бо мақсади дар оянда барои ба Федератсияи Россия интиқол додан ба шаҳрванд Сафаров Ҳабибулло, соли таваллудаш 1974, низ истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб додааст. Ин маводи марговар аз меъдаи Ҳ. Сафаров гирифта шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

 

АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2583---lr---.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854