21:02:04 24-уми Октябри 2026 сол

ҲАМКОРИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВАО ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

30 июн дар интернет – толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки котибони матбуоти мақомоти давлатӣ ва кормандони воситаҳои ахбори умуми қаламрави вилояти Суғд дар мавзӯи «Ҳамкории хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ бо васоити ахбори умум» семинар баргузор гардид.

 

Семинари мазкур бо ибтикори Анҷумани миллии васоити ахбори умуми озоди Тоҷикистон ва Намояндагии Институт оид ба инъикоси масоили ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидани вазъи кунунии дастрасӣ ба манбаи иттилоот дар сатҳи мақомоти давлатӣ ва дар ин раванд мустаҳкам намудани ҳамкории идораҳои давлатӣ бо ВАУ ташкил шудааст. Раиси Анҷумани миллии васоити ахбори умуми озоди Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар рафти семинар тазаккур дод, ки масъалаи дастрасӣ ба иттилоот дар таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти хокимияти иҷроияи давлатӣ муҳим аст.

 

Иштирокдорони семинар роҷеъ ба нақши васоити ахбори умум дар инъикоси фаъолияти шохаҳои хокимият ва вазифаҳои хадамоти матбуот, имкониятҳои дастрасӣ ба манбаи иттилооти расмӣ, асосҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи фаъолияти мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон, қоидаҳои ваколатдоркунии намояндагони  васоити ахбори умум дар мақомоти ҳокимият, проблемаҳо ва дурнамо ва амсоли инҳо табодули назар карданд.

 

АМИТ «Ховар», Бекназар Абӯбакр

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/2586-2010-07-01-11-32-58.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854