17:13:18 28-уми Октябри 2026 сол

Қадами амалӣ: Маркази тадқиқоти модернизатсияи Чин ва Тоҷикистон

Дар шароити тағйирёбии босуръати низоми байналмилалӣ, афзоиши танишҳои геополитикӣ ва коҳиши эътимод дар арсаи ҷаҳонӣ, эҳёи муколамаи тамаддунҳо ва таҳкими шарикии илмиву технологӣ ба авлавияти аввалиндараҷаи рӯзгори устувори давлатҳо табдил ёфтааст. Тоҷикистон дар ин раванд робитаҳои стратегии худро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба сатҳи сифатан нав мебардорад.

444 photo 2026-10-28 08-48-47Дар шаҳри Тайчжоуи музофоти Чжэтзяни Чин Форуми нуфузии фарҳангии «Хэхэ-2026» оғоз гардид, ки дар он манфиатҳои илмиву стратегии кишвари моро ҳайати расмӣ таҳти роҳбарии Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода намояндагӣ мекунад. Ин ҳамоиши ҷаҳонӣ, ки то 29 октябр идома меёбад, меҳвари баррасии амнияти минтақавӣ ва табодули таҷрибаи модернизатсия гардид.

Фалсафаи «Хэхэ» ва иқтидори чинӣ барои иқтисоди миллӣ

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ зимни суханронии худ таъкид дошт, ки баргузории ин форум дар замони буҳронҳои геополитикӣ аҳамияти хосса дорад. Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Пекинро дар самти мусоидат ба рушди минтақа баланд қадр мекунад.

Дар ин замина, самтҳои калидии шарикии Душанбе ва Пекин муайян шуданд, ки мустақиман ба навсозии рӯзгори иқтисодиву иҷтимоии мо дахл доранд:

- Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва амнияти экологӣ;

- Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди энергетика;

- Навсозии саноати миллӣ бо истифода аз иқтидори азими илмию технологии Чин;

- Истифодаи фалсафаи суннатии «Хэхэ» (ҳамоҳангӣ ва сулҳ) дар фаъолияти соҳибкорӣ ва сиёсат.

Қадами амалӣ: Маркази тадқиқоти модернизатсияи Чин ва Тоҷикистон

Рӯйдоди марказии ҳамоиш барои кишвари мо — мулоқоти Хайриддин Усмонзода бо Президенти Корпоратсияи байналмилалии пахши Чин (CICG) Чжан Бо буд. Ҷонибҳо раванди татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Маркази тадқиқоти модернизатсияи Чин ва Тоҷикистонро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор доданд. Ки ин санади таърихӣ моҳи майи соли 2026 дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ба имзо расида буд.

Барои оғози фаъолияти ин маркази муҳими илмӣ, роҳбарони сохторҳо зарурати суръат бахшидани қадамҳои зеринро таъкид намуданд:

1. Таҳияи ниҳоии Оиннома ва ташкили сохтори кории марказ;

2. Таъсиси кумитаи муштараки коршиносони баландпоя;

3. Танзими чорабиниҳои байналмилалӣ бо ҷалби марказҳои таҳлилии Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ.

Дидгоҳи сомонаи "Рӯзгор" бар он аст, ки роҳандозии ин маркази таҳлилии фарогир на танҳо шарикии стратегии ду кишварро қавӣ мегардонад, балки ба ворид шудани ғояҳои нави модернизатсияи илмиву саноатӣ ба рӯзгори ҷомеаи мо тасҳеҳ ва суръати тоза мебахшад.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ