03:06:12 01-уми Июли 2025 сол

ДОДХОҲИИ ЗАНОНИ КӮЛОБ АЗ РАИСИ ҶУМҲУР

Иддае аз занони шаҳри Кӯлоб хостори мусоидати Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоташон шудаанд.

Занони кулобБеш аз даҳ нафар аз занони кӯлобӣ, ки субҳи имрӯз 27-уми апрел дар назди бинои Қасри раёсати ҷумҳурӣ таҷаммӯъ карда буданд, гуфтаанд, ки хонаҳои истиқоматии онҳо дар баҳори соли 2010-ум дар натиҷаи сел хароб шуда буд ва ба онҳо бо имзои Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири кишвар қитъаи замин ҷудо шуд ва ниҳодҳои давлатӣ хона сохтанд.

САД АЛАМИ СЕЛЗАДАГОНИ КӮЛОБ

Аммо ба гуфтаи ин занон, баъди як муддати зиндагӣ дар хонаҳои нав, ҳукумати шаҳри Кӯлоб иддае аз онҳоро аз хона берун карда ва иддаи дигарро ҳӯшдор додааст, ки хонаҳоро холӣ кунанд. Фаришта, як сокини Кӯлоб мегӯяд, дар рӯзи ҷашни истиқлолият дар моҳи сентябри соли 2010, калиди манзили истиқоматиро ба дасташ доданд,

Шаходатномааммо баъди 6 моҳи зиндагӣ, хонаро аз ӯ гирифтаанд. Ба гуфтаи хонум Фаришта, вай маҷбур шудааст, ки ҳамакнун бо фарзандонаш дар манзили қаблии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта шабро рӯз кунад: «Хонаҳое, ки моро доданд 6 моҳ зиндагӣ кардем, моро ба зӯр бароварданд, хонаро ба дигар нафар фурӯхтанд.» Майрамбӣ Олимова, модари шаш фарзанд мегӯяд, ки мебоист бо назардошти он, ки манзили истиқоматиаш зарар дида буд, соҳиби қитъаи замин мешуд, аммо то ба ҳол шаҳрдорӣ ин корро кашол медиҳад.

Он гуна, ки хонум Олимова мегӯяд, ҳоло вай дар хайма зиндагӣ дорад: «Маро хонама сел зад, гуфтанд. ки манзили истиқоматӣ медиҳем, аммо то ба ҳол надоданд. Дар руйхат ворид мекунанд, аммо нафарони дигарро медиҳанд. Мо дар ҳамон хонаи селзадагӣ салафан кашида зиндагӣ мекунем, кӯдаконам аз намии хона ва сарди бемор шуданд. Ҳамин қадар муроҷиат мекунем, мегӯянд,  ки касе шуморо гӯш намекунад, ҳамааш дар дасти худамон аст.»

ХОНАҲОРО ПАС МЕГИРАНД?

Аммо Низорамоҳ, модари 8 нафар фарзанд афзуд, ки баъди як соли зиндагӣ дар хонаҳои нав, шаҳрдорӣ ӯро ба кӯча баровардааст ва хонаро ба нафари дигар додаанд. Вай гуфт: «ҷаноби олӣ маро калид дод ва гуфт, ки ин ба шумо тӯҳфа аст, аммо баъди як соли зиндагӣ хонаро аз дастам гирифтанд ва ба дигарон фурӯхтанд.

Ман бо се келину набераҳо ҳоло дар кӯча мондаам. Мегӯянд, ки манзилҳои пешитон, ки дар ҳолати садама бошанд ба ҳукумат супоред, охир онҷо ният дорам ба як писарам хона кунам. Мегӯянд, ки писаронат дар Русия ҳастанд, серпулӣ, чӣ кор

кунем. На ҳукумати шаҳр, на вакилон ва на дастгоҳи президент ба додамон намерасанд. Фақат нома медиҳанд, ки дида баромада шавад.....» Олия, модари ҷавон, ки бо кӯдаки 6-солааш ба нияти бо раиси ҷумҳур вохӯрдан омадааст, мегӯяд "маротибаи севвум аст, ки дар назди Касри раиси ҷумҳур қасди оташсӯзи дорам ва ба ин васила аз ноадолатиҳои ҷомеа ба Эмомалӣ Раҳмон паём фиристоданиям."

Зеро ба гуфтаи хонум Олия, бо он ки ҳоло дар хонаҳои нав сохташуда зиндагӣ дорад, аммо шаҳрдории Кӯлоб ӯро ҳар рӯз ҳушдор медиҳад, ки хонаро холӣ кунад: «Вақте меравем ба ҳукумат, мегӯянд, ки баъди нисфирӯзи биё, нисфирӯзи меравӣ даракаш нест, мегӯянд ки равед худатонро кушед, шумо ба касе даркор нестед, чӣ кор кунем.»

ЗАНОНРО ИҶОЗАИ ВУРУД НАДОДАНД

Занони кулобАммо дар ҳоле, ки ин занҳо мехостанд ба Қасри раёсати ҷумҳур ворид шаванд, барояшон иҷоза дода нашуд. Бо онҳо гурӯҳе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбат карда, гуфтанд, ки дар доираи қонун талаботҳояшон таъмин мешавад. Суханони намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ба занони таҷамӯъкарда асар накард ва онҳо, ки бо бастаи санаду номаҳои дастгоҳи раис ҷумҳур назди Қасри ҷумҳур омадаанд, гуфтанд, танҳо бо Эмомалӣ Раҳмон боварӣ доранд.

Зеро ба иддаъои онҳо, ин гуна номаҳо барои ҳал кардани мушкилот мусоидат намекардааст ва барои ҳамин мехоҳанд, ки рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур аз мушкилоти ба сарашон омада, мадад пурсанд.Ин бори аввал нест, ки занон бо нишони эътироз аз амалҳои роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар рӯ ба рӯи Қасри раисиҷумҳур ҷамъ мешаванд. Аммо, ҳамеша занони таҷаммӯъгар аз тарафи пулис аз назди бинои раёсатҷумҳурӣ дур карда мешаванд.

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #7 Guest 10.06.2011 23:50
Овозҳо Farishta:
Аз ин ру хохиш менамоям, ки ин кадар чоги бехуда назанед...Аз пушти 3-4 зани шаттох боз обу руи Кулобихо бад мешавад..Бе ин хам номамону шарафамон дар хама чой бад хаст...Ин чо ман фикр мекунам гунохи Хукуматдорон мебошад...Рафики Хамид Абдуллоев ба гапи мовинонаш гуш андохта бехабар аз он хаст, ки Муовинаш З.Комилова бо бад сохтани номи Раиси шахр, гуйё, ки пинхони уро ба зани дуюм кабул кардаасту ана корхои давлатирро ба як су монда бо Раиси Занонаш бо игвогарии занон рохх додааст.. Аз сари мансаб дур кардан даркор чунин занони бо ном муовини Раиси шахрро.
Боки сихатманду сарфарози хохонем ба Шумо хонандагони гироми.
ки ба ту хак додааст ки як каси дигарро шатох гуйи худат бе камбуди??? ба чои дасгири кардан аз дахонат сухани бад мебарояд
 
 
0 #6 Guest 21.05.2011 22:44
agar vaz'i kuloboho in tavr boshad man tasavvur mekunam ki mardumi digar nohiyaho dar chi hol hastand. Oxir in hukumatdoronu vazifadoron hama gurexta ba Dushanbe omadagi ...
 
 
-1 #5 Guest 29.04.2011 08:27
Аз ин ру хохиш менамоям, ки ин кадар чоги бехуда назанед...Аз пушти 3-4 зани шаттох боз обу руи Кулобихо бад мешавад..Бе ин хам номамону шарафамон дар хама чой бад хаст...Ин чо ман фикр мекунам гунохи Хукуматдорон мебошад...Рафик и Хамид Абдуллоев ба гапи мовинонаш гуш андохта бехабар аз он хаст, ки Муовинаш З.Комилова бо бад сохтани номи Раиси шахр, гуйё, ки пинхони уро ба зани дуюм кабул кардаасту ана корхои давлатирро ба як су монда бо Раиси Занонаш бо игвогарии занон рохх додааст.. Аз сари мансаб дур кардан даркор чунин занони бо ном муовини Раиси шахрро.
Боки сихатманду сарфарози хохонем ба Шумо хонандагони гироми.
 
 
-1 #4 Guest 29.04.2011 08:25
Аз хонандагони расонахо хохиш менамоям, ки пеш аз пода чанг нахезонанд....Б а ана хамин шахсе, ки шаходатномаи муваккати дорад омада бинед, шояд ману ту мухточи як порча замин бошему вай сохиби шаходатнома не....Бовар кунед ба хонаи ха вай тамоман об-сел задаги нест...Чун бороне, ки борид ба хонаи ману ту низ аз осмон борид, ин маънои онро надорад, ки сел зад. Хатто чои сел заданам он чо вучуд надоранд...
 
 
+1 #3 Guest 28.04.2011 13:23
Чамъе ки ба фикри чоху давлат аламанд
Бемаърифат аз илми вучуду адаманд
Танпарвари аст зохиру ботинашон
Сар то ба кадам маркази даври шикаманд.

Аз рохбарияти имрузаи Точикистон ба истиснои якчанд мансабдори бомаърифат бокимонда комилан сазовори вазифа нестанд ва бояд барканор шуда ба дахмардаи равона карда шаванд.Дар шуури инхо ба чуз аз хурдану р…… ва лаззоти шахвони дигар нест.
Дар сари вазифа будани инхо факат бар зиёни миллат аст ва то инхо аз хукумат хазф нашаванд ба пешарфт ва ободи умед нест.
 
 
0 #2 Guest 27.04.2011 22:10
Агар ахамият додангиред ба ин сурати Хчат Дамавой ( Шаходатномаи мувакати) барои чи мувкати : савол бо имзои Алимардонов пас барои чи дар тахти ин Хуччат имзо мондаанд ин хилларо би-аа ин чанг андози ва ташкил кардани норозигихои халки Кулоб чи найрангу бозии сиёси-е аст ки мехоханд бо мо боз шабохуне ташкил кунанд – дар дигар нохия хои – мисол вилояти Сугд то 200 300 гектар замин чудо карда шудааст а дар ин минтакаи Кулоб 10 15 гектори – боз як чанг андозии миллат ! ва хамонам =ро аз дасташон гирифта истодаан ! Худоё нигах дор халки Моро аз чангиу чидол-хо !
 
 
0 #1 Guest 27.04.2011 21:41
Ин чи бе адолати ба халки Кулоб дод аз дасти Золимону Ситамгарон ! ин чи шармандаги бе адолати чи хаёл кардед ки халк бе сохиб аст не халк Худои Мехрабону Бахшандаи Каххор дорад ! Худоё ин разилон-ро чора кун ки охирин чизе ки саробон Хона-хояшон аст . ки охарин катраи сабр аст . ай п....... вазифадорону ардори шахрдорони расвохо !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ