20:45:31 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ХУШУНАТ ДАР ҲАЁТИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ТОҶИК

 

 Садбарг, сокини яке аз деҳкадаҳои ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, дар синни 35-солагӣ ба хотири берун омадан аз рӯйхати пирдухтарҳои деҳа, ба қавле чашмонашро пӯшида, ба марде, ки ду зани аввалашро талоқ додааст, ба шавҳар баромад. 

 

(Садбарг номи шартии ӯст). Вай ду фарзанди шавҳарро аз никоҳи пешин мисли фарзандони худ қабул ва парасторӣ мекард. Садбарг ҳама каму костӣ ва мушкилоти ба сараш меомадаро дар хонаи шавҳар бо оромӣ ва сари хам таҳаммул мекард, то оилааш побарҷо бошад. Аммо хушдоману як хоҳари шавҳараш, ба зиндагии онҳо то ҳадде дахолат карданд, ки қариб ҳар рӯз шавҳараш дар пайи бадгӯӣ ва тӯҳматҳои пайдарпайи хоҳару модараш Садбаргро зери тӯфони таҳқиру надомат ва латукӯб қарор медод.

 

 

Кор ба ҷое расид, ки Садбаргро хушдоманаш ба хиёнат ба шавҳар бадном кард ва ин буд, ки баъди латукӯби шадид шавҳари Садбарг бо дастури модараш дар назди вай шарт гузошт, ки агар минбаъд баробари фарорасии шом аз ҳуҷра берун барояд, талоқашро медиҳад. 

Ин ҳол шаш моҳ идома ёфт, то падари Садбарг аз воқеа хабардор шуд ва маҷбуран Садбаргро ба хонаи худ бурд. Хушдоман дар деҳа овоза кардааст, ки шавҳараш Садбаргро талоқ додааст. Танҳо ҳамин ҳодиса тавонист косаи сабри Садбаргро лабрез кунад ва ӯ ба созмони ҷамъиятии “Дилафрӯз” дар шаҳри Қурғонтеппа оиди нақзи ҳуқуқи худ ва хушунатҳои пайдарпайи дидааш, шикоят барад.

Лола Ҷалилова, раиси созмони ҷамъиятии “Дилафрӯз”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз шомил шудан ба гурӯҳи корӣ, ки барои санҷидани ин ҳодиса созмон додаанд, танҳо милисаи минтақаӣ, худдорй кардааст ва гуфтааст, ин моҷарои оилавӣ аст, ва дахл кардани мақомоти интизомӣ бар он барзиёда аст.

Лола Ҷалилова мегӯяд, “вақте мо бо як гурӯҳи корӣ рафтем ва бо ин зан сӯҳбат кардем, аз гиряи бисёр чашмонаш варамида буданд ва меларзид, ҳатто ба душворӣ суҳбат мекард. Ин ҷавонзан қаблан дар ҳукумати ноҳияи кор мекард. Вақте ман ӯро дидам нашинохтам. Он қадар лоғару афсурда буд, ки ман ӯро базӯр шинохтам».


Лола Ҷалилова, раиси созмони ҷамъиятии “Дилафрӯз”, ин ҳодисаро дар минтақа нодир мешуморад ва мегӯяд, дар додгоҳи шаҳрвандӣ ва шӯрои ҷамоати ноҳия, пирӯз шудани Садбарг ва баргардонидани номи неки худро пирӯзии натанҳо худи Садбарг ва занони ин минтақа, балки пирӯзии ин созмони ҷамъиятӣ низ медонад, ки қариб 10 сол ба ин сӯ дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи занон ва ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар минтақаи Хатлон фаъолият дорад.

Лола Ҷалилова меафзояд, “чунин занҳо хеле зиёданд, ки аз шавҳар, хушдоман ва дигар аъзои оилаашон хушунат дидаанд. Бисёрии онҳо шикоят мекунанд ба мо, вале ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешаванд, ки корро ба додгоҳ супорем. Ман фикр мекунам, барои ҳамин ҳам хушунат нисбати занҳо ба ҷойи кам шудан рӯ ба афзоиш дорад”.

Хонум Ҷалилова мегӯяд, тайи ду соли ахир шумори корафтодагони созмони онҳо, ки ҳамагӣ занони хушунатдида аз шавҳар ва дигар аъзои хонавода мебошанд, ба маротиб афзудааст. Аммо меафзояд, вай ҳанӯз ҳам занҳо хушунатро нисбати худ як амри маъмулӣ медонанд ва аз чаҳор девори хона берун рафтани онро айб меҳисобанд. 

Мақомоти интизомӣ, низ хушунат нисбати занро ҷиддӣ намегиранд, магар ки ғазаби шавҳарон бо рехтани хуни ҳамсарон фурӯ нишаста бошад ва ё занҳо ягона роҳи халосиро аз хушунати хонаводагӣ дар худкушӣ пайдо карда бошанд. 

Ва аммо сокини шаҳри Душанбе Солеҳа мегӯяд, ҳангоми хостгорӣ падару модари шавҳараш нашъаманд будани писарашонро пинҳон доштаанд. Вай мегӯяд, дар тӯли 3 соли оиладорӣ аз шавҳару хушдоман он қадар ҷабр кашидааст, ки қисааш ба қавле чанд китобро пур мекунад.

Солеҳа меафзояд, “ман бо умеду орзуҳои зиёд ба шавҳар баромадам, вале баъди ҳамагӣ чанд моҳ фаҳмидам, ки шавҳарам нашъаманд аст. 700 доллар аз кадом нашъаҷаллоб қарздор шудааст ва як шаб онҳо омада маро ба ивази қарзи шавҳарам бурданӣ шуданд. Ман бо як азобе бо кумаки ҳамсояҳо аз онҳо халос шудам. Падару модари шавҳарам бошанд ҳама ҷиҳозамро гирифта бо як пироҳан маро аз хона ронданд. Инак 10 сол аст, ки дар хонаи падару модарам зиндагӣ дорам. Чанд бор ба мақомот шикоят навишатм, касе ба додам нарасид”. 

Дар ҷаласаи 11- ми Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи 7 июн дар шаҳри Женева баргузор гашт, вазъи занони тоҷик ва хушунату зуроварӣ нисбати онҳо баррасӣ шуд. Ва гузоришгари Созмон Милал, дар мавриди маҳви хушунат алайҳи занон дар чанд кишвари ҷаҳон,аз ҷумла Тоҷикистон гуфт, ки хушунат алайҳи занон дар ин кишвар реша давонда ва ба ҳайси як зуҳуроти маъмулӣ қабул шудааст. 

Ба гуфтаи вай агарчӣ қонунҳои Тоҷикистон баробарии ҳуқуқи зану мардро дар ҷомеъа кафолат медиҳанд, аммо аз се як ҳисса ё то нисфи занони тоҷик пайваста аз ҷониби шавҳар ё дигар аъзои хонавода, ба навъе дучори хушунат мешаванд.

Сафаргули Олимӣ, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi