16:11:19 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

САДО ДАР КРЕМЛ 1

Президенти Русия Борис Елтсин баъди чанд моҳ дар китоби худ «Записки президента» роҷеъ ба ҳамла ба дидбонгоҳи 12-уми ноҳияи Москав чунин менависад: «Ба дидбонгоҳи мо бандаи хеле хуб мусаллаҳгардидаи экстремистони афғон ҳамла оварданд. Аскарони мо ба қатл расиданд». Котиби матбуотии Борис Елтсин,- Вячеслав Костиков вокуниши расмии президенти Русияро қироат намуда, аз ҷумла гуфт, ки «дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нирӯҳои муҷоҳиддини афғон ва боевикҳои тоҷик иғвои калонмиқёсеро ба роҳ андохтаанд. Хуни аскарони Русия рехта шудааст».

Генералҳои Вазорати мудофиаи Русия ба кохнишинони Кремл пешниҳод намуданд, ки ба хотири ин фоҷиаи гӯшношунид дар саросари кишвар рӯзи мотам эълон кунад, аммо Борис Елтсин ин пешниҳодро напазируфт. Шояд ба он хотир, ки Русия дар вазъияти хеле мушкил қарор дошт. Таваррум рӯз ба рӯз боло мерафт. Аз ҷониби дигар, муборизаи ӯ бо раиси Шӯрои олӣ Руслан Хасбулатов ва муовини худ Александр Рутской шиддат мегирифт ва баҳсҳои ӯ бо порламенти Русия дар масъалаи Конститутсияи нави Русия ҷомеаро ба сангарҳо ҷудо менамуд. 

Дар чунин марҳилаи сарнавиштсоз Елтсин намехост рӯзи мотам эълон кунад, зеро расонаҳои хабарии Русия, ки хеле озод буданд, аз ӯ савол мекарданд: аскарони Русия дар марзи Тоҷикистон киро ва чиро ҳимоя мекунанд ва дуввум чаро Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия Борис Елтсин натавонист аскарони русро дар дидбонгоҳи 12-уми дастаи марзбонии ноҳияи Москва аз чунин ҳамла эмин нигоҳ дорад ва ё аз марг наҷот бидиҳад. Зеро то тасарруфи ин дидбонгоҳ аз ҷониби ҳамлагарон задухӯрд беш аз ним рӯз идома ёфта буд.

Президенти Русия дар баробари ин саволҳо ҳеҷ посухи қаноаткунанда барои ҷомеаи кишвари худ надошт. Аммо барои роҳ додан ба чунин як фоҷиаи бузурги инсонӣ, ӯ роҳбарони Кумитаи марзбонӣ ва амниятро аз вазифа сабукдӯш кард. Шӯрои Олии Русия низ Изҳорот пахш карда, аз роҳбарияти Давлати Исломии Афғонистон талаб намуд, ки пеши роҳи чунин иғвоҳоро бигирад. Парламенти Русия дар баробари ин тасмим гирифт, ки нирӯҳои худро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таҳким бахшад. Ва рӯзи 16-уми июл вазири мудофиаи Русия Павел Грачев ба Душанбе омад ва зимни яке аз суханрониҳои худ гуфт: «Шағолҳое, ки ба ҷони аскари рус қасд кардаанд, бояд сахт ҷазо дода шавад».

Дар он шабу рӯз чандин Изҳорот аз ҷониби мақомоти расмии Тоҷикистон низ содир гардиданд, ки дар ҳамаи онҳо Давлатии Исломии Афғонистон барои роҳ додан ба чунин як ҳамлаи густурда гунаҳкор дониста мешуд. Масалан, дар нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба консулгарии Давлати исломии Афғонистон воқеъ дар Душанбе гуфта мешуд, ки «ин иқдоми душманона ва кӯшиши вайрон кардани якпорчагии Тоҷикистон мебошад».

Аммо саволе ба вуҷуд меояд, ки чаро ҳамла маҳз ба дидбонгоҳи марзбонони Русия воқеъ дар ноҳияи Москва сурат гирифт? Фарзияҳо хеле зиёд ва гуногунанд. Шояд яке аз сабабҳо ин буд, ки ду моҳ қабл қарордоди дӯстӣ ва ҳамкории низомӣ миёни Раҳмонову Елтсин ба имзо расида буд, ва чунин пуштибонӣ метавонист пояҳои ҳукумати Душанберо мустаҳкам кунад. 

Ҳукумати фирории мухолифин, ки дар хориҷа таъсис ёфта буд, дар ин сурат ба мушкилоти бештаре мувоҷеҳ мегардид. Ҳар чи кӣ ҳам бошад, ҳамла ба дидбонгоҳи 12-ум нишон дод, ки мухолифин Русияро низ як ҷониби даргири ҷанг дар Тоҷикистон медонанд. Ин ҳамла нишон дод, ки ҷанг дар пеш аст ва он акнун шиддат мегирад. Мухолифин дар як қатор вилоятҳои Афғонистон пойгоҳҳои низомии худро таъсис дода, дарси ҷангро меомӯхтанд.

Аммо оё ҳукумати расмии Кобул, ки дар раъси он Бурҳониддин Раббонӣ қарор дошт, ҳангоми ин ҳамла мусоидат карда буд ё не? Посухи расмие, ки дар он шабу рӯз аз Кобул пахш гардид, мегуфт, ки на. Ба ин посух дар Душанбеву Масква бовар накарданд. Афғонистон дигар дар ҳолати поракандагӣ қарор дошт ва пеши роҳи ҳар як қумондонро гирифтан барои ҳукумати марказии Кобул душворӣ пеш меоварад.

Як рӯз баъд аз ҳамла ба дидбонгоҳи 12-ум парлумони Русия фавран дар ҷаласаи худ шартномаи миёни Маскав ва Душанберо, ки қариб ду моҳ қабл ба имзо расида буд, ба тасвиб расонд. Зеро дигар барои ҳама маълум буд, ки хатар воқеан ҷиддӣ аст. Мухолифини тоҷик аз тактикаи ҷанги партизанӣ истифода мекарданд. Дар чунин ҷанг нерӯҳои марзбон ва артиш чандон ба кор намеоянд. Шикасти дидбонгоҳи 12-ум нишон дод, ки мухолифин барои ҷанги комилан айёр, ҳатто ба муқобили нерӯҳои низомии Русия тайёр аст. 

Дар мавриди артиши нимафеодалии Тоҷикистон ҷои гап ҳам набуд. Ин чунин маъно дошт, ки онҳо барои ҷанг ва хариди силоҳ маблағ доранд. Роҳбарияти мухолифин тарғиботи густурдаеро дар ҷаҳони ислом ба роҳ монда, мегуфтанд, ки онҳо ба муқобили ҳукумати неокоммунистӣ дар Тоҷикистон мубориза бурда истодаанд. Ин идея хеле кор дод, онҳо ҷонибдорони бисёре пайдо карданд. Аммо ҳукумат дар Душанбе дастнигар буд, зеро иқтисоди кишвар пурра фалаҷ шуда буду дар хазина пул ҳам пайдо намешуд. 

Танҳо ягона пуштибон Русия буд. Чун Тошканд аз имзои Шартнома миёни Душанбе ва Маскав розӣ набуд, аз ҳукумати нав фосила гирифт. Ин норозигӣ махсусан дар рӯзи ҳамла ба дидбонгоҳи 12-ум барои ҳама ошкор гардид. Тошканд, ки ҳамроҳи Москав дар пирӯзии фронти халқӣ ва ба сари қудрат омадани ҳукумат дар Тоҷикистон даст дошт, натанҳо ба ёрии марзбонҳои Русия наомад, балки ҳатто имкон надод ҳавопаймоҳои русӣ мустақар дар пойгоҳи Кокайтии Ӯзбекистон барои зарба задан ба мухолифин ба осмон хезанд. Ин иқдоми Тошканд Маскавро маҷбур кард, ки баъди чанд ҳафта ҳавопаймоҳои худро ба пойгоҳи ҳавоии Айнӣ, ки дар фосилаи 10-километрии Душанбе қарор дорад, интиқол бидиҳад.

Танҳо коре, ки Русия дар рӯзи ҳамлаи мухолифин ба Сари Ғор анҷом дод, ин буд, ки ду чархболро аз майдони ҳавоии ноҳияи Москва барои ёрӣ ба марзбонҳо равон кунад. Ин таваккал буд, зеро пилотҳои Русия аз таҷрибаи ҷанги Афғонистон медонистанд, ки муҷоҳиддини афғон аз мушакҳои амрикоии «Стингер» истифода мебурданд. Дар минтақаҳое ба монанди Сари Ғор, ки дар баландкӯҳ қарор доранд, чархболҳо дар муқобили силоҳҳои дигаре ба монанди ДШК низ осебпазир мешуданд. 

Он рӯз чархболҳо зарар надиданд, аммо барои наҷоти марзбонон низ кори зиёдеро ба анҷом расонида натавонистанд. Ҳатто десантчиёнро натавонистанд дар минтақаи даргир фароранд. Вақте ки осмонро дуд фаро гирифт, чархболҳо минтақаро тарк карданд. Фақат баъди расидани нерӯҳои хушкигард наздики бегоҳ чархболҳо боз дар фазо пайдо шуданд. Ин замон дидбонгоҳро ҳамлагарон забт карда буданд. Ҳуҷуми нирӯҳои русӣ аз замину осмон онҳоро маҷбур кард, ки ақиб нишаста, ба Афғонистон баргарданд.

Тибқи иттилооти расонаҳои Русия дар майдони ҷанг 65-70 нафар ҷасади ҳамлагарон боқӣ монда буданд. Ҷониби Тоҷикистон шумораи ин ҷасадҳоро бештар эълон дошт. Рӯзи 20-июл сарвазири кишвар Абдумалик Абдуллоҷонов дар нишасти матбуотии худ дар Маскав изҳор дошт, ки дар байни 79 нафар ҳамлагаре, ки ба қатл расидаанд, 66 нафараш афғонҳо мебошанд. 

Дар худи ҳамон рӯз дар Изҳороти махсуси роҳбарияти Тоҷикистон, ки дар СММ паҳн гардид, гуфта мешуд, ки дар ҳамла ба дидбонгоҳи 12-м ҷузъу томҳои артиши Афғонистон ширкат доштаанд. Аммо Кобул эълон дошт, ки муҷоҳиддини афғон дар ҷанги миёни тоҷикон ширкат накардаанд.

Баъди рафтани вазири мудофиаи Русия Павел Грачёв аз Тоҷикистон расонаҳои хабарии ҷаҳон элон доштанд, ки дар натиҷаи тӯпборон кардани вилояти Тахор аз ҷониби нирӯҳои Русия мустақар дар Тоҷикистон беш аз 300 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора Изҳороти расмии ҳукумати ин кишвар низ содир гардид.

Рӯзи дигар Изҳороти расмии ҳукумати Кобул дар мавриди мушакборон кардани вилояти Тахор аз ҷониби нирӯҳои Русия мустақар дар Тоҷикистон пахш гардид. Аммо вазири мудофиаи Тоҷикистон Генерал-майор Александр Шишлнников дар посух гуфт, ки «ягон минтақаи аҳолинишини афғон дар рӯзҳои охир аз ҷониби нирӯҳои Русия дар Тоҷикистон ба оташ кашида нашудаанд».

Бо ҳамла ба додбонгоҳи 12-уми дастаи марзбони ноҳияи Маскав дар Кремл хуб дарк карданд, ки агар бо роҳи дипломати вориди қазия нашаванд, назарияи «ҷанги идорашаванда» дар Тоҷикистон комилан ба нокомӣ мувоҷеҳ мешавад ва роҳбарони мухолифини тоҷик пурра зери контроли нирӯҳои зиддирусӣ мегузаранд. 

Дар он ҳолати дигар ҳеҷ имконе барои дар ҳолати зарурӣ хомӯш кардани ҷанг дар Тоҷикистон барояшон боқӣ намемонад. Дар мавриди пиёда кардани манфиатҳои стратегиашон дигар ҳеҷ ҷои гап боқӣ намемонд. Дар он сурат вазъияти Тоҷикистон мисли Афғонистон ба майдони бузкашии абарқудратҳо мубаддал мегашт.

Ба ин хотир, охири моҳи июл дар мушкилтарин шароит, дар ҳоле ки фурудгоҳи байналмилалии Кобул аз ҷониби нирӯҳои Гулбиддин Ҳикматёр ракетаборон мешуд, раиси Хадомоти разведкаи хориҷии Русия Евгений Примаков ба Афғонистон сафар кард, то ки бо роҳбарияти ин кишвар дар масъалаи Тоҷикистон гуфтушинид анҷом бидиҳад. Дар музокиротҳое, ки ӯ бо Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъул анҷом дод, масъалаи сулҳро дар кишвари мо дар мадди аввал гузошт.

Нуралӣ Давлат, 
ҳафтаномаи «Фараж», (идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi