Хунинтарин муҳорибаи таърих...
Ҳаштод сол қабл дар таърихи дуввуми феврали соли 1943, нирӯҳои Олмони фашистӣ дар Сталинград шикаст хӯрданд. Шикасте, ки як нуқтаи чархиш ва ҳалкунанда дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ шуд. Муҳорибаи Сталинград, ки аз тобистони соли 1942 то 2-юми феврали соли 1943 давом кард, яке аз хунинтарин ва сарнавиштсозтарин набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва тамоми таърихи башарият буд.
Фатҳи ин шаҳр барои Гитлер аз он сабаб муҳим ба шумор мерафт, ки он сабаби канда шудани роҳҳои интиқолу борҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷануби ин кишвар аз тариқи дарёи Волга мешуд. Ин буд, ки артиши шӯравӣ бо фашистон сарсахтона муқовимат намуд ва дар кӯчаву хонаҳо бо олмониҳо ҷангид.
Пас аз чандин моҳи даргириҳои хунин, дар таърихи дуввуми феврали соли 1943 олмониҳо шикаст хӯрда 2500 афсари олирутба, ки 24 нафари онҳо генерал буданд, таслими артиши шӯравӣ шуданд.
Таърихнигорон менависанд, ки 1 миллиону 100 ҳазор тан аз сарбозони шӯравӣ барои дифоъ аз ин шаҳр ҷон бохта ё маҷруҳ беному нишон шуданд. Шумораи қурбониён аз ҳисоби мардуми оддӣ ва ғайринизомиён 400 ҳазор тахмин зада шудааст.
Дар қатори ҳазорон сарбози шӯравӣ, ки барои дифоъ аз ин шаҳр муқовимат карданд, садҳо тан аз фарзандони Тоҷикистон низ ширкат карданд. Хайрулло Усмонов, аз ҷумлаи он фарзандони Тоҷикистон буд, ки барои дифоъ аз ин шаҳр муқовимат карда ва зиндаву саломат ба ватан баргашт ва чандин сол ба ҳайси рӯзноманигор дар нашриёти "Ирфон" ифои вазифа намуд.