21:33:56 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИФТИТОҲИ НЕРӮГОҲИ САНГТӮДА–1

Маросими баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1, воқеъ дар 110-килуметрии ҷануби шаҳри Душанбе, рӯзи ҷумъаи 31 июл бо ширкати Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон, раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Раиси ҷумҳури Русия дар раъси ҳайъате аз мақомоти ин кишвар баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе ба манзури анҷоми дидори кории дурӯза вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, шуд. Дмитрий Медведев дар нишасти чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳури Русия, Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон ширкат кард ва дидорҳои ҷудогонае низ бо Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ анҷом дод.

 

Оқоён Медведев ва Раҳмон дишаб созишномае дар мавриди баҳрабардории муштарак аз нерӯгоҳи Сангтуда-1 имзо карданд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ барои тақсими даромади онро мушаххас мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 гуфт, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин нерӯгоҳ дар роҳи дастёбии ин кишвар ба истиқлоли энержӣ як гоми муҳим хоҳад буд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки тарҳҳои энержии Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ бар зиёни манофеъи кишварҳои ҳамсоя нахоҳад буд.

Оқои Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, ки истифода аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 имкон медиҳад, ки тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар шабонарӯз ба ҳашт милюн килувот соъат афзоиш ёбад, ки ин ба рафъи камбуди энержӣ дар фасли сармо то андозае кумак хоҳад кард.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ба навбаи худ нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро аз бузургтарин тарҳҳои Русия дар кишварҳои хориҷӣ арзёбӣ карда ва гуфт, ки кишвараш дар садад аст дар иҷрои тарҳҳои дигари энержи обӣ дар Тоҷикистон ва истихроҷи маъодини нафту гоз, ширкат кунад.

Дар ин ҳамоиш, аз ҷумла, аз оғози фаъолияти бахшҳои ширкати "Газпром"-и Русия дар маъодини гози Саргазон ва Сариқамиш дар ҷануби Тоҷикистон ёдоварӣ шуд. Зимнан, корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи обии Сангтӯда -1 дар моҳи апрели соли 2005 милодӣ тавассути ширкати РАО ЕЭС–и Русия шурӯъ шуд.

Ин нерӯгоҳ аз чаҳор турбин иборат буда ва зарфияти он 670 меговотро ташкил медиҳад ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд тавоноии тавлиди нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳ солона ба ҳудуди се милёрд килувот соъат мерасад. Се турбини ин нерӯгоҳ дар соли гузашта ва чаҳорумин турбини он дар соли ҷорӣ фаъол шуданд. Қарор буд ифтитоҳи турбини чаҳоруми ин нерӯгоҳ ва маросими баҳрабардории ин тарҳ дар баҳори соли ҷорӣ сурат бигирад, аммо ба далоили мухталиф ин амр то имрӯз ба таъвиқ уфтод.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ҷониби Русия барои анҷоми ин тарҳ маблағи 720 милюн дулор ҳазина карда ва бар асоси тавофуқоти дуҷониба беш аз 75 дарсади саҳмияи ин тарҳ моли он кишвар аст.

Ширкати русии “Интер РАО ЕЭС"-и Русия ҳамроҳ бо фаъол шудани нахустин турбинҳои ин нерӯгоҳ фурӯши нерӯи барқ ба ширкати “Барқи Тоҷик”-ро оғоз кард. Ҷониби Тоҷикистон аз Русия ҳар як килувот соъат нерӯи барқи тавлиди неругоҳи Сангтӯда-1–ро ба ивази 3,1 сенти омрикоӣ харидорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, пештар эълом шуда буд, ки ширкати “Барқи тоҷик” аз Сангтӯда-1 маблағи ҳудуди сӣ милюн дулор бидеҳкор аст. Масъулони ин тарҳ аз ширкати "Барқи тоҷик" чанд бор хостори пардохти қарзҳо шуданд, вале ин масъала то кунун ҳал нашудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, гуфта мешавад Русия ба фурӯши нерӯи барқи тавлиди Сангтӯда–1 ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, назири Афғонистон ва Покистон алоқаманд аст ин мавзӯъ зоҳиран дар мулоқоти чаҳорҷонибаи сарони Русияву Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон матраҳ шудааст, ҳарчанд раҳбарон дар ин бора мушаххасан ибрози назар накардаанд.

Мавзӯъи содироти нерӯи барқи тавлиди Сангтӯда-1 ба Афғонистону Покистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Тоҷикистон худ дар фасли зимистон бо камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ аст. Бо он ки дар чанд соли ахир бештари ҷамъияти Тоҷикистон дар фасли зимистон бо мушкилоти сангини камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ ҳастанд, аммо соли гузашта ин кишвар дар рӯбарӯи сармои шадидтар ва бӯҳрони энержӣ қарор гирифт, ки дар гузашта собиқа надоштааст.



Хисороти ворида дар асари сармои шадид ва бӯҳрони энержии соли гузашта дар Тоҷикистонро мақомот маблағи ҳудуди як милёрд дулори омрикоӣ арзёбӣ кардаанд.

Зимнан, ба иллати мушкилоти энержӣ давлати Тоҷикистон дар муддати чанд соли ахир таъмини нерӯи барқ барои сокинон дар манотиқи мухталиферо ба василаи ҷирабандӣ маҳдуд карда ва дар бархе манотиқ сокинон дар фасли зимистон дар шабонарӯз танҳо аз як соъат нерӯи барқ бархӯрдоранд.

Ин дар ҳолест ки Тоҷикистон дорои захоири бузурги об дар минтақа аст ва мақомот мегӯянд танҳо панҷ дарсад аз ин захоир ва зарфиятҳо мавриди истифода қарор гирифтааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi