12:51:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

БОЗДОШТИ ДУ ҲАМСАНГАРИ СОБИҚИ РАҲМОН САНГИНОВ

Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти ду нафар, ки ба узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи Раҳмон Сангинов ва Мансур Муваккалов муттаҳам мешаванд, хабар дод.

Илёс Идрисов, муъовини раиси бахши ҷароими сангини Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 24 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки имрӯз бозпурсии Саидҳомид Бердиёров, яке аз ин афрод, ки дар иртикоби чанд ҷурм мазнун аст, оғоз шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, оқои Бердиёров як рӯз пеш аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ниҳодҳои интизомии Русия бо дархости додситонии Тоҷикистон оқои Бердиёровро дар шаҳри Смоленск боздошт кардаанд.

Илёс Идрисов гуфт, ки Саидҳомид Бердиёров ба узвият дар гурӯҳи Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба "Раҳмон Гитлер" ва Мансур Муваккалов, ду фармондеҳи собиқи мухолифон дар даҳаи 1990, мазнун дониста мешавад. Бозрасон ӯро ба авбошӣ ва мушорикат дар қатли як нафар гумонбар медонанд.

Оқои Идрисов ба далели сиррӣ будани раванди таҳқиқот аз ироаи ҷузъиёти дигари ин парванда худдорӣ кард. Вай афзуд оқои Бердиёров, ки 31 сол дорад, муддати чанд соли ахир ба Русия паноҳ бурда буд.

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи оқои Идрисов, маъмурони додситонӣ ду моҳ қабл Ҷонмаҳмад Содиқов, “як узви дигари гурӯҳи Раҳмон Гитлер ва Мансур Муваккаловро боздошт кардаанд.”

Ба гуфтаи ин мақоми Додситонии кулл, оқои Содиқов дар иртикоби 19 ҷурм, аз ҷумла амалиёти теруристӣ, гаравгонгирӣ, авбошӣ ва қатл мазнун аст. Бозрасони додситонӣ то ҳол машғули таҳқиқи парвандаи ҷиноии оқои Содиқов ҳастанд.

Илёс Идрисов гуфт, ки Саидҳомид Бердиёров ва Ҷонмаҳмад Содиқов аз соли 1997 то соли 2001 дар суфуфи гурӯҳи ғайриқонунии Раҳмон Сангинов ва Мансур Муваккалов узвият доштанд.

Зимнан, Раҳмон Сангинов ва Мансур Муваккалов, ду фармондеҳи саршиноси мухолифони пешин, аз иҷрои муфодди созишномаи сулҳ, ки дар соли 1997 имзо шуд, сарпечӣ карда ва дар ҳумаи шарқи шаҳри Душанбе гурӯҳе таъсис доданд ва дар чанд маврид бо нерӯҳои давлатӣ даргир шуданд. 

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ин гурӯҳ ба роҳзанӣ, гаравгонгирӣ, аз ҷумла гаравгонгирии атбоъи хориҷӣ, қатл, авбошӣ ва таҷовуз машғул буд. Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ аъзои ин гурӯҳ муртакиби беш аз 400 ҷурм, аз ҷумла беш аз дусад мавриди қатл, шудаанд.

Дар моҳи июни соли 2001 нерӯҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи ин гурӯҳ амалиёти вижае анҷом доданд, ки дар натиҷа теъдоди зиёде аз аъзои ин гурӯҳ бо шумули Раҳмон Сангинов кушта шуданд.

Теъдоди андаке ҳам ба раҳбарии Мансур Муваккалов аз маҳали амалиёт фирор карданд, вале пас аз муддате онҳо низ дар як амалиёти дигар кушта шуданд.

Дар зарфи чанд соли ахир додгоҳҳои Тоҷикистон теъдоде аз аъзои собиқи ин гурӯҳро ба иттиҳоми даст доштан дар ҷароими мухталиф барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi