16:01:49 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 27 28
29 30          

ТАФСИРИ ДАВЛАТ АЗ ҚАТЛИ МИРЗО ЗИЁЕВ

Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва фармондеҳи нерӯҳои мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-97, дар тирандозии гурӯҳе номаълум кушта шуд.


Ин вазоратхона, ки то имрӯз аз ибрози назар дар бораи вазъияти Тавилдара худдорӣ мекард, баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе, 12 июл, дар кунфронсе матбуъотӣ барои нахустин бор шарҳи муфассале дар бораи вақоеъи чанд рӯзи ахир дар Тавилдара ироа дод. Тибқи баёнияи матбуъотие, ки мақомот дар ихтиёри хабарнигорон гузоштанд, Мирзо Зиёев субҳи рӯзи шанбеи 11 июл бо писараш ва Ҳикматулло Азизов, сардори идораи умури фавқулъодаи ноҳияи Тавилдара, дар дидбонгоҳе "нигоҳ дошта шуда ва дастгир карда" шуданд.

Ин дар ҳолест, ки пештар манобеъи маҳаллӣ ба Би-би-сӣ гуфта буданд, ки вай бо ибтикори худаш ба назди нерӯҳои давлатӣ рафта ва мехостааст дар халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба онҳо кумак кунад.

Дар баёнияи вазорати кишвар омадааст: "Худи ҳамон рӯз М. Зиёев бо хоҳиши худаш розӣ мешавад, ки ҷойҳои нигоҳдории яроқу аслиҳаро нишон дода, бо аъзои боқимондаи гурӯҳи ҷиноии Неъмат Азизов гуфтушунид бо мақсади таслим шуданашон ташкил намояд. Дар рафти гузаронидани ин амалиёт дар роҳбаладии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва кормандони умури дохилӣ дар қишлоқи Ағбаи дараи Сурхоби ноҳияи Тавилдара аз ҷониби як гурӯҳи силоҳбадасти ғайриқонунӣ ҳамлаи ногаҳонӣ ба амал оварда мешавад, ки дар натиҷа М. Зиёев ба ҳалокат расонида шуда, якчанд корманди умури дохилӣ ва кумитаи амнияти миллӣ ярадор (захмӣ) шудаанд."

ИРТИБОТ БО ГУРӮҲҲОИ ТЕРУРИСТӢ

Мақомот ҳамчунин Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизовро ба ҳамкорӣ бо Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ҳамкорӣ ва қочоқи маводди мухаддир муттаҳам кардаанд: "Бояд қайд кард, ки канали интиқоли маводди нашъадорро узви фаъоли ташкилоти байналмилалии теруристии "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон", Азизов Неъмат Саъдуллоевич сарварӣ намуда, онро маҳз барои маблағгузорӣ ва сарпарастии гурӯҳҳои теруристӣ истифода мекард."

Вазорати кишвари Тоҷикистон ҳамчунин Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизовро ба гаравгонгирии се сарбоз дар деҳаи Чирсуни ноҳияи Дарвоз дар 11 майи соли 2009, ҳамла ба нерӯҳои давлатӣ ва қатли як афсари вазорати дифоъ дар ҳамин рӯз ва як ҳамлаи дигари мусаллаҳона ба ҳукумати ноҳияи Тавилдара дар 8 июни соли 2009 муттаҳам кардааст.

Мақомот мегӯянд, дар пайи ин ҳамла мушаххас карда шуда, ки "ба гурӯҳи ҷинояткори М. Зиёев, Неъмат Азизов ва Ҳикматулло Азизов бо тахаллуси "Кури Малиш" марбут мебошанд."

Дар баёнияи вазорати кишвар омадааст: "Маълум карда шуд, ки дар ҳайъати гурӯҳи мазкур панҷ нафар шаҳрвандони Русия, ки мллаташон чечен мебошад, бо мақсади интиқоли маблағи калони пулии аз ҳисоби фурӯши маводди нашъадор ба дастовардаи Зиёев. М. А. ва Азизов Н.С. барои созмонҳои теруристии муқими Афғонистон ва Покистон ба Тоҷикистон омадаанд ва муваққатан дар шаҳри Душанбе истиқомат доранд. Дар ҷараёни амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ин шаҳрвандон аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон дастгир карда шуданд."

Тибқи ин баёния, дар даргирии 8 июн чаҳор тан аз аъзои дастаи Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов кушта шудаанд. Баъд аз ин даргирӣ "роҳҳои эҳтимолии ақабнишинӣ ва фирори гурӯҳи ҷиноӣ таҳти назорат ва мушоҳида қарор дода шуда, дар натиҷа як қисми аъзои гурӯҳи силоҳбадаст ба муҳосира гирифта мешаванд. ки баъди ин 20 нафар аз аъзои гурӯҳи ҷиноии М. Зиёев ва Н. Азизов маҷбур мешаванд, ки бо силоҳҳои оташфишон ва дигар лавозими ҷангиашон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ таслим шаванд."

Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, аз ин афрод миқдори зиёде автомат, пулемёт, камонҳои нишонгир, норинҷакандоз, норинҷак ва дигар лавзозими ҷангӣ мусодира шудааст.

МАСИРИ ИНТИҚОЛИ МАВОДДИ МУХАДДИР

Бар асоси тафсири мақомот, Мирзо Зиёев худ ва Неъмат Азизов пештар гурӯҳе "ҷинояткорро" ташкил дода буданд ва зимни ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои теруристӣ, аз ҷумла Ҳаркати исломии Ӯзбакистон, ба қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба Қирғизистон аз тариқи масири Дарвоз-Тавилдара-Рашт-Ҷиргатол машғул буданд.

Ин масири интиқоли маводди мухаддир дар гузашта барои ҳамагон чандон ошно набуд ва ба гуфтаи вазорати кишвар, амалиёт алайҳи "гурӯҳҳои мусаллаҳи Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов" дар чорчӯби амалиёти зидди маводди мухаддир, мавсум ба "Кукнор-2009" анҷом шудааст. Зимнан, оқои Зиёев аз соли 1999 то 2006 вазорати умури изтирории Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Мақомҳои Тоҷикистон дар гузашта ҳамвора иброз доштаанд, ки гурӯҳҳои теруристӣ аз қочоқ ва фурӯши маводди мухаддир манобеъимолӣ барои анфоми фаъолиятҳои худро таъмин мекунанд.

Дар баёнияи Вазорати кишвари Тоҷикистон омадааст, ки дар маҷмӯъ дар натиҷаи амалиёти муштараки ниҳодҳои амниятиву интизомӣ ва низомӣ ба номи "Кукнор-2009" дар саросари кишвар 121 мавриди ҷурм мушаххас карда шуда, 950 килуграм маводди мухадир ва беш аз 300 ҳазор ниҳоли бангдона кашф ва мусодира шудааст. Гуфта мешавад, дар иртибот бо ин қазоё 124 нафар, аз ҷумла ҳафт шаҳрванди Афғонистон, ба маҳкама кашида шудаанд.

Дар посух ба ин суол, ки вазъи амниятӣ дар минтақаи Рашт чигуна аст, Рамазон Раҳимов, муъовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дар кунфронси рӯзи якшанбе гуфт, ки амалиёти "Кукнор-2009" идома дорад ва мақомоти умури дохилӣ аз раванди таҳқиқ ва бозҷӯйии фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳ ба хабарнигорон иттилоъ хоҳанд дод.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi