14:18:25 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

М. АСРОРӢ: «УМЕДВОРАМ, ВАО БАҲРИ ТАТБИҚИ ДУРУСТИ СИЁСАТ...

 М.Асрорӣ: «Умедворам, ВАО баҳри татбиқи дурусти сиёсати давлатӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мусоидат мекунад

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ зимни риояи аслҳои конститутсионии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат, бевосита амалӣ гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба ҳар кас, сарфи назар аз нажоду миллат, эътиқоди динӣ ва мавқеи сиёсӣ ҳуқуқу озодиҳоро кафолат додани давлат, таҳаммулгароӣ дар муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, барои онҳо муҳайё намудани шароитҳои баробари ҳуқуқӣ имконият фароҳам овард, ки дар мамлакат фазои софу беғубори озодии виҷдон ва эътиқод, аз ҷумла эътиқоди динӣ ҳукмфармо гашта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ниёзҳои эътиқодии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ гардонанд.

Рӯзҳои наздик Қонуни нави «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг омода шуда буд, парлумон тасдиқ намуд ва онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намуд. Ин қонуни нав дар ВАО-и дохилӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён овард. Бо мақсади равшанӣ андохтан ба паҳлӯҳои мухталифи масъала бо вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳамсӯҳбат шудем.

Мӯҳтарам Мирзошоҳрух Асрорӣ, вокуниши ВАО-ро нисбат ба Қонуни нави ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Дар робита бо қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» беш аз пеш афзудани таваҷҷўҳи ҳам ниҳодҳову созмонҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ ва ҳам шаҳрвандони алоҳидаи ҷумҳурӣ, умуман кулли ҷомеа ба масъалаҳои дину эътиқоди динӣ баръало мушоҳида мегардад. Мавзўи дин ва фазои андешаи динӣ дар маркази диққати матбуот, васоити ахбори омма ва тамоми ҷомеа қарор гирифтааст.

Имрўзҳо нашрияеро пайдо кардан душвор аст, ки дар ягон шумораи он мавзўи динӣ матраҳ нагашта бошад. Шигифтовар он аст, ки ба ин масъала қариб ҳама яку якбора мутаваҷҷеҳ гаштанд - чӣ кормандону мутахассисони касбҳои мухталифи дар бисёр мавридҳо аз соҳаи диншиносӣ тамоман дур ва чӣ шахсони ҳаваскору тасодуфӣ; дониставу надониста сари ин мавзўъ суханҳо гуфтаанд, андешаҳо баён кардаанд, огоҳонаву ноогоҳона дар ин бора менависанд, ба ин масъала дахл мекунанд.

Дар ин робита хотирнишон сохтани чунин нуқта бамаврид аст, ки тибқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» рўзноманигор вазифадор аст, ки саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад. Тибқи моддаи 6 қонуни мазкур дар воситаҳои ахбори омма интишор додани ахборе, ки шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, хусумати нажодию миллӣ ва динӣ эҷод месозад, инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигарро таблиғ мекунад, манъ аст. Истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурўғин, маълумотҳои тўҳмату иғвоангез, ки шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, низ манъ мебошад.

Мутаассифона, дар баъзе мақолаҳое, ки ахиран ба нашр расиданд, ҳамин гуна андешаву андешарониҳо ва таҳрифҳо нуфуз кардаанд. Шитобкорӣ дар қазовати бармаҳал ва бозгўии ноогоҳонаву муқаллидонаи суханони носанҷидаи расонаҳои хабарӣ, эҳтимол, ба мақсади аз дигарон рабудани гўйи сабқат дар ин мавзўи доғи рўз ва ё ба ягон сабаби дигар, боиси роҳ ёфтани чунин таҳрифот дар навиштаҳои баъзе рўзномаҳо гашт.

Ҷаноби вазир, мехостем раванди таҳияи қонуни мазкур ва нуқтаҳои муҳими онро шарҳ медодед?

Бале, воқеан ба таври мухтасар ёдрас намудани раванди таҳияи лоиҳаи Қонун бамаврид аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» 8 декабри соли 1990 қабул гардида, солҳои минбаъда ба он борҳо иловаҳо ворид карда шуд. Аз замони қабул гардидани Қонуни қаблӣ дар тўли беш аз 18 сол дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва хусусан дар фазои андешаи динии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Аз сўи дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, ба узвияти бисёр созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Воқеияти ҷаҳони имрўз чунин аст, ки дар он гуфтугў ва муколамаи фарҳангҳо ва адён, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла мудорову муросо ва таҳаммулгароӣ дар муносибати байни пайравони динҳову равияҳои динии мухталиф мавқеи намоёнро ишғол намуда, мавқеи кўтоҳназарии мутаассибона ва ифротгароии динӣ торафт тангтар гашта истодааст. Дар айни замон нақши чунин зуҳуроти номатлуби радикализми динӣ, аз қабили таассуб ва ифротгароӣ, синкретизму нигилизм ва тоталитаризми диниро наметавон нодида гирифт.

Таҳияи Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (минбаъд - Лоиҳаи Қонун) ҳануз беш аз ду сол қабл оғоз гардида буд. Варианти ибтидоии он 7 ноябри соли 2007 дар мизи мудавваре, ки бо ташаббуси Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе доир гардид, мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар мизи мудаввари мазкур дар муҳокимаи Лоиҳаи Қонун вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони дохиливу хориҷии соҳа, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ, аъзоёни Шўрои машваратии коршиносони Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, олимон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкилотҳои динӣ, иштирок доштанд.

Ин ҷо ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар мизи мудаввари мазкур намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ низ ширкат варзиданд ва иброз доштанд, ки онҳо низ тарҳи чунин як қонунеро таҳия кардаанд ва барои муҳокимаву баррасӣ дар мизи мудаввар пешниҳод хоҳанд намуд. Эшон он вақт ҳатто чунин андешае низ баён намуданд, ки дар заминаи ҳар ду тарҳи Қонун - яъне, тарҳи онҳо ва тарҳи Вазорати фарҳанг як тарҳи умумӣ таҳия карда шавад.

Дар мизи мудавваре, ки дар таърихи 21 ноябри соли 2007 доир гардид, Лоиҳаи Қонун бори дуввум дар ҳамин сатҳи ёдшуда мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Иштироккунандагони мизи мудаввари дуюм низ дархосту эродҳо ва андешаву мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба Лоиҳаи Қонун ба гурўҳи корӣ пешниҳод намуданд. Дар бораи муқаддимаи Лоиҳаи Қонун, бандҳои алоҳида ва моддаҳои ҷудогонаи он, инчунин бандубаст, забону услуби баён, моҳият ва ҳадафҳои он андешаву мулоҳизаҳои судманд ва таклифҳои мушаххас пешниҳод гардид. Гурўҳи корӣ бо назардошти дархосту эродҳо ва андешаву мулоҳизаҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла мулоҳизаҳои таҳиянамудаи Шўрои машваратии коршиносони Идораи ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА Лоиҳаи Қонунро таҳрир карда, онро баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матни таҳрири ниҳоии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол намуд. Лоиҳаи мазкур дар кумитаву комиссияҳо ва Раёсати Маҷлиси намояндагон низ мавриди омўзиши муфассал ва ҷиддӣ қарор гирифта, ҷиҳати такмили он аз ҷониби вакилони мўҳтарам бисёр таклифҳои арзишманд пешниҳод гардид, ки ба матни ниҳоии Лоиҳа ворид карда шуданд.

Лоиҳаи Қонунро парламенти мамлакат маъқул донист ва он рўзи 26 марти соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Калонтарин моддаи қонуни мазкур «Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин» мебошад, ки 15 бандро дарбар мегирад. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин кафолат дода мешавад; монеъшавӣ ба амалӣ гардонидани ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин боиси ҷавобгарӣ мегардад. Бандҳои алоҳидаи ин модда даъват ба ҳар гуна бартариҳо ва маҳдудиятҳо дар муносибат ба дин ва эътиқод, барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон, айбдор кардани шахс барои диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин, дахолати иттиҳодияҳои диниро ба ҳаёти шахсии инсон ва шаҳрванд дар масъалаҳои вобаста ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ қайд намудани муносибати шаҳрванд ба динро манъ кардаанд.

Банди 14 моддаи мазкур ба падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ медиҳад, ки фарзандонашонро тибқи муносибати шахсии худ ба дин, бо риояи ҳуқуқи кўдак ба озодии виҷдон таълиму тарбия диҳанд.

Тибқи моддаи 8 қонуни мазкур ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таълими динӣ дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад. Инчунин ба ташкилотҳои динӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки муассисаҳои таълими динӣ таъсис диҳанд, масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва масҷидҳои ҷомеъ бошанд, метавонанд гурўҳҳои таълимӣ таъсис дода ба омўзонидани асосҳои дин машғул шаванд.

Тибқи моддаи 9 на камтар аз 10 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон масҷид таъсис дода метавонанд ва бар хилофи иддиои баъзеҳо ҳеҷ гуна «садди чинӣ» барои масҷидсзӣ вуҷуд надорад.

Ба баррасии якояки моддаҳои Қонун напардохта, танҳо як қатор бартариятҳои онро аз қонуни қаблӣ номбар менамоям:

1. Қабл аз ҳама номи Қонун гувоҳӣ медиҳад, ки мавзўи асосии онро ду масъалаи меҳварӣ ташкил менамояд: яке -озодии виҷдон, аз ҷумла озодии пайравӣ ба дин; дигаре - иттиҳодияҳои динӣ. Мақсад ва ҳадафи асосии Қонун ҳам танзими муносибатҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии инсон, давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ иборат мебошад. Воқеан, мафҳумҳои меҳварӣ ва калидии Қонун ҳам маҳз ҳамин се истилоҳанд, яъне: истилоҳоти «озодии виҷдон», «озодии пайравӣ ба дин» ва «иттиҳодияҳои динӣ».

2. Қонун бо назардошти воқеияти ҷаҳони имрўза таҳия гардидааст, ки хусусияти асосии онро ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҷаҳонишавӣ, вусъат ёфтани равобити байни кишварҳову халқҳо, гуфтугўи тамаддунҳо ва муколамаи фарҳангҳо, ба ҷои аввал баромадани принсипи таҳаммулгароӣ (толеранс) дар муносибати байни пайравони дину мазҳабҳои мухталиф, аз байн бурдани тамоми шаклҳои радикализми динӣ, аз ҷумла экстремизм, фанатизм, синкретизм, нигилизм ва тоталитаризми динӣ ташкил медиҳад.

3. Васеъ гаштани заминаи ҳуқуқӣ, истифода аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, инчунин аз таҷрибаи қонунэҷодкунии кишварҳои мутараққии ҷаҳон. Дар қонуни қаблӣ қонунгузорӣ дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ аз ду санад - Сарқонун ва Қонуни мазкур иборат буд, дар Қонун номгўи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, дар заминаи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қарор гирифтаанд, хеле зиёд аст. Чунончи, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дебоча ва моддаҳои 1, 5, 8,14, 17, 26,28,30,34,41,42,43,64,69, 84,93,100-и он.

Ҳангоми таҳия намудани лоиҳаи ин қонун оё меъёрҳои муқаррарнамудаи дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудаанд?

Ҳангоми таҳияи Лоиҳаи Қонун инчунин меъёрҳои муқаррарнамудаи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ бевосита алоқаманданд, ба эътибор гирифта шудаанд. Чунончи, моддаҳои дахлдори Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дар бораи фаъолияти ноширӣ, дар бораи маориф, дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият, кодексҳои андоз, замин ва гумрук ва ғайра.

Ҳамчунин аснои таҳияи Лоиҳаи Қонун меъёрҳои муқарраркардаи санадҳои байналмилалии марбут ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, мавриди назар қарор дода шуданд. Хусусан чунин санадҳо:

Моддаҳои 18, 19, 26 ва 29 Эъломияи байналмилалии ҳуқуқи башар;

Моддаи 18 Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ;

Моддаи 14 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак.

Моддаи 1 Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барҳам додани ҳама намудҳои бетаҳаммулӣ ва ҳуқуқпоймолкунӣ дар заминаи дин ё эътиқод;

Дебоча ва моддаи 4 Эъломия дар бораи шахсони мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ ё этникӣ, динӣ ва забонӣ.

Бартарии дигари ин қонун дар он аст, ки дар заминаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ принсипҳои асосии муносибати давлат ва иттиҳодияҳои диниро мушаххас намудааст. Аз ҷумла, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон; ҳамчун мафкураи давлатӣ ва умумиҳатмӣ эътироф нашудани ҳеҷ як мафкураи динӣ; аз давлат ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ; ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ нагузоштани иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ; вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро иҷро накарда, ба фаъолияти онҳо дахолат накардани иттиҳодияҳои динӣ; дахолат накардани давлат ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда; дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишии худ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият намудани иттиҳодияҳои динӣ, ходимонашонро тибқи муқаррароти эътиқоди динии худ интихоб, таъин ва иваз кардани онҳо; хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин намудани давлат; барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат намудани давлат; дар интихобот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ иштирок нанамудани иттиҳодияҳои динӣ ва дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои сиёсӣ иштирок накарда, ба онҳо кумаки моддӣ ва дигар кумакҳо нарасонидани иттиҳодияҳои динӣ.

Инчунин, ба яке аз шаклҳои асосии иттиҳодияи динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - масҷид ҷудо намудани моддаи алоҳида (моддаи 11), муқаррар кардани шаклҳои он - масҷидҳои ҷомеи марказӣ, масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта), мушаххас намудани тартиби таъсис додан ва фаъолияти онҳо. Чунончи, муассисони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, ки шакли махсуси иттиҳодияи динӣ буда, дар ҳар шаҳру ноҳия яктогӣ таъсис дода мешаванд, масҷидҳои ҷомеи дар ҳудуди ҳамон шаҳр ё ноҳия воқеъгашта шуда метавонанд. Тибқи қисми 2 моддаи 9 Қонун, беш аз нисфи масҷидҳои ҷомеи марказӣ бошанд, барои ҳалли масъалаҳои умумидиёнатии худ Маркази динии ҷумҳуриявӣ таъсис дода метавонанд.
Ин ҷо ёдовар шудан бамаврид аст, ки китобҳои фиқҳӣ барои воҷиб гаштани баргузории намози ҷумъа мавҷудияти баъзе шартҳоро муқаррар кардаанд, ки аз ҷумлаи онҳо намозгоҳи калони шаҳр, марказҳои воҳидҳои маъмурӣ ва иншооти иҷтимоии онҳо (миср ё финои миср), ҳоким ё шахсе, ки ҳоким ўро ба адои намози ҷумъа маъмур кардааст, хондани хутба, инчунин рухсати умумӣ мебошанд. Шариат хондани намози ҷумъаро барои аҳли деҳаву рустоҳои хурд фарз нагардонида, аз дўши онҳо соқит кардаааст. Ҳангоми муқаррар кардани теъдод барои масҷидҳо шартҳои мазкури муқарраркардаи шариат низ дар мади назар гирифта шуданд.

Бояд гуфт, ки аз байн рафтани зарурат ба баъзе бандҳову моддаҳои қонуни қаблӣ, аз ҷумла «дайрҳо, ихватҳо, миссияҳо» (моддаи 10), ба сабаби дар ҷумҳурии мо вуҷуд надоштани чунин ташкилот ё ҷамоаҳои динӣ дар Қонун ворид карда шудани мафҳумҳои нав, аз қабили «озодии виҷдон», «озодии пайравӣ ба дин», «ҷамоатхона», «ҷамоатхонаи марказӣ», «масҷиди ҷомеи марказӣ» муфид аст.

Дар баробари ин, мушаххас намудани самтҳои назорати мақомоти давлатии ваколатдор (прокуратура, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, андоз, сўхторнишонӣ ва ғ.) ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ. Тартиби боздоштан, қатъ кардан ва барҳам додани иттиҳодияи динӣ - моддаҳои 31 ва 32 (аз тариқи пешниҳоди прокурор ё мақомоти ваколатдор оид ба дин бо қарори суд). Дар қонуни қаблӣ (моддаи 16) амалҳои мазкур дар салоҳияти мақомоти ваколатдор оид ба корҳои дин дохил мешуд.

Вокуниши ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус ҲНИТ оид ба ин қонун дар кадом сатҳ аст?

Гуфтанист, ки то кунун аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии кишвар, ба истиснои ҲНИТ вокунише нашудааст.

Ҳамин чизро гуфтан зарур аст, ки ҳарчанд мўҳтарам Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳибаи худ ба Агентии иттилоотии «Фергана.РУ» мавҷудияти ҳар гуна умумиятро байни лоиҳаи онҳо ва лоиҳаи ҳукуматӣ инкор кардаанд, дар лоиҳаи пешниҳоднамудаи вакилони мўҳтарами Маҷлиси намояндагон Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ бисёр бандҳои қонуни қаблӣ бо таҳрири камубеши забонӣ ва услубӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Чунончи, дар лоиҳаи эшон ҳамаи бандҳои моддаҳои 3 ва 4; 3 банди моддаи 6; 4 банди моддаи 17; 1 банди моддаи 7; 1 банди моддаи 14; моддаи 15 ба пуррагӣ; 4 банди моддаи 17; 1 банди моддаи 18; 3 банди моддаи 19; 1 банди моддаи 20; ба пуррагӣ моддаҳои 25, 26 ва 28-и қонуни қаблӣ, дар маҷмўъ дар 47 маврид аз 19 моддаи он ба таври пурра ё қисман истифода шудааст. Дар ин робита бояд гуфт, ки баъзе бандҳои моддаҳои мазкур дар заминаи Қонун низ қарор гирифтаанд.

Умед дорам, ки баъди мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур бозтобӣ ва инъикоси воқеъбинонаи воқеиву ростин ва бидуни ҳар гуна таҳрифи аҳдоф ва муқаррароти он аз ҷониби васоити ахбори омма баҳри татбиқи дурусти сиёсати давлатӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. Азбаски шарҳу тафсири дуруст ва саҳеҳи бандҳву моддаҳои алоҳидаи қонун мазкур донишҳои тахассусӣ, ба вежа ҳуқуқӣ ва фиқҳиро тақозо доранд, дар маслиҳат ва машварат бо ниҳодҳои дахлдору нафарони салоҳиятдор ва коршиносони соҳа омода намудани хурдтарин гузориш дар ин мавзўъ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Манбаъ: www.khovar.tj

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi