22:50:17 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОЗОДИИ ЭЪТИҚОД ДАХЛНОПАЗИР АСТ

 

Ё андешае чанд дар атрофи Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»

Муҳаммадшариф ҲИММАТЗОДА, 
роҳбари маънавии ҲНИТ, вакили Маҷлиси Намояндагон 

 

Пӯшида нест, ки Тоҷикистон баъд аз касби истиқлолият ва хотима бахшидан ба низоъҳои шаҳрвандӣ роҳи рушду тараққиётро пеш гирифта дар маёдини мухталиф то ҳадди имкон дастовардҳои назаррасро касб кардааст. Махсусан рушди эҳёи фарҳанги миллӣ ва бозгашт ба асолати динӣ ва таърихӣ боиси эҳтиром ва эътирофи ҳамагон дар ҷомеа гаштааст. Бузургдошти шахсиятҳои машҳури миллат ва мазҳаб дар роҳи таблиғи фарҳанги динӣ ва миллии мо саҳми бузурге дорад ва ҳамагӣ умедворем, ки дини аҷдодии мо дар зери ҳимояи роҳбари маорифпарвар ва динпарвар рушди бештаре хоҳад кард. Зеро тавре бузургон гуфтаанд: "Худованд тавассути султон чизеро вазъ мекунад, ки тавассути Қуръон вазъ намекунад". Яъне татбиқи аҳкоми Қуръон худ ба худ сурат намегирад, балки он ба риоя ва ҳимояи давлат эҳтиёҷ дорад. Албатта, ин сиёсат дар роҳи худ ба монеаҳо рӯ ба рӯ мешавад ва аз тарафи афроди динситез, ки мақомоти мухталиф ва калидии давлату ҳукумат ва марокизи тасмимгирии онро дар ихтиёр доранд, агарчӣ зоҳиран худро ҷонибдори ин сиёсат вонамуд кунанд ҳам, вале дар ботин комилан мухолифи ин сиёсат ҳастанд, биноан дуо мекунем, ки Худованд сарвари давлатро барои амалӣ кардани ниятҳои хайраш дар ин ҷода муваффақ бисозад. Албатта, дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳама умур тавассути қонун ба танзим дароварда мешавад. Ва тавре маълум аст, ахиран мақомоти қонунгузори кишварамон Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"- ро ба тасвиб расонд. Бо назардошти он ки меъёрҳои ҳамагуна қонунҳо аз ҷумла қонуни мазкур ҳам, ки зодаи фикри башарист ва аз нуқсону хато орӣ буда наметавонад, ибрози назар кардани худро қарзи шаҳрвандӣ медонам.

Дар муқаддимаи қонуни мазкур овардани ин ҷумла: "бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон", ки он яке аз асосҳои қабули қонуни мазкур дониста шудааст, бидуни шак дар қонунгузории давлати дунявӣ ҳар шахси мазҳабиро хурсанд месозад, ба шарте агар дар ҷумлаи болотар дар ҳамин муқаддима ин ибора: "дар асоси онки ҶТ давлати дунявӣ аст", намебуд. Пас саволе ба миён меояд, ки оё миёни ин ду меъёр дар қонунгузорӣ умуммияте ҳаст ё баръакс тазоде вуҷуд дорад?

Шаҳрвандон хуб огоҳанд, ки меъёрҳои дунявӣ дар бисёр мавридҳо тафсири ғалат дода мешаванд, ки гоҳҳо монеи баъзе аз ҳуқуқу озодиҳои динии онҳо мегардад. Барои ҳамин шахс аз овардани ин ду меъёр, ҳамчун асос барои қабули қонуни мазкур дучори сардаргумӣ мегардад ва ин суолро матраҳ месозад, ки оё дар қонунгузории низоми дунявӣ метавонад арзишҳо ва талаботи мазҳабӣ дар як ҷо ба ҳам оянд? Чун ин ду арзиш дар муқаддимаи ин қонун ҳамчун асос оварда шудааст, пас лозим аст, то дунявӣ комилан рӯшан карда шавад, то касе натавонад онро шарҳу тафсири барои худ мувофиқ бидиҳад ва ё аз он суистифода шавад.

Ба назари банда эътирофи нақши мазҳаби ҳанафӣ дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон чизи хуб ва қобили таъйид аст, агар меъёрҳои вазъшуда дар қонуни мазкур ба талаботи мазҳаб мухолиф намебуд. Вале дар бисёр маврид меъёри дунявӣ, тавре, ки баъзе онро фаҳму дарк мекунанд бо арзишҳои мазҳабӣ мутобақат намекунад, пас дар чунин ҳолат бартарӣ ба кадоми ин ду дода мешавад? Барои мисол тибқи меъёри мазҳаби ҳанафӣ шахсе аз дини Ислом бармегардад, ӯро муртад мехонанд ва бо ӯ тибқи талаботи Ислом бархурд карда мешавад, вале дар қонуни мазкур барои атеист, ки аз дини Ислом рӯ гардонда, муртад мешавад, барояш ҳаққи озодона паҳн кардани эътиқоди атеистӣ дода шудааст! Бинобар ин чун ҳама меъёрҳои қонунгузории ҶТ аз Конститутсия маншаъ гирифтааст ва дар он низоми дунявӣ аз ҷумлаи асосҳои конститутсионӣ мебошад, пас дохил кардани ин ҷумла : "бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фанҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон", метавонад ба мақсади назарфиребӣ бошад!

2. Дар моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ ва дар моддаи 4. Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, ба ҳар шаҳрванд ҳуқуқи баён ва паҳн кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ дода шудааст, вале дар зербанди 9-моддаи 4 гуфта шудааст, ки "Ба фаъолияти таблиғотии оммавии динӣ танҳо иттиҳодияҳои диние ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайд гирифта шудаанд". Агар дар ин ду меъёр диққат дода шавад, маълум мешавад, ки дуввумӣ аввалиро маҳдуд месозад.

3. Дар зербанди 3, моддаи 4. омадааст: "Ҳеҷ кас ӯҳдадор нест, ки дар бораи муносибати худ ба дин маълумот диҳад… ". Вақтҳои охир дида мешавад, ки баъзе афрод ба хотири эътиқоди мазҳабиашон мавриди таъқиб ва пурсиш қарор мегиранд ва онҳо ҳангоми муайян кардани муносибаташон ба дин мавриди пурсиш қарор мегиранд ва озодиашон салб карда мешавад!  

4. Дар зербанди 1. моддаи 4. чунин ибора: "ва эътиқодҳои дигар" зикр шудааст, манзур аз эътиқодҳои дигар чист? Ин меъёр тавзеҳ мехоҳад, то иштибоҳ дар он роҳ наёбад.

4. Дар зербанди 14. моддаи 4. омадааст: "Падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ доранд, ки фарзандонашонро тибқи муносибати шахсии худ ба дин бо риояи ҳуқуқи кӯдак ба озодии виҷдон таълиму тарбия диҳанд".

Ба ҳама маълум аст, ки падару модар барои тифли худ аз ҳама меҳрубонтаранд, онҳо мехоҳанд, фарзандашонро дар роҳи дуруст таълим ва тарбия намоянд, вале ибораи "риояи ҳуқуқи кӯдак ба озодии виҷдон" метавонад ҳуқуқи падару модарро маҳдуд кунад. Аз тарафи дигар кӯдак чӣ тавр ҳуқуқи худро дар бораи озодии виҷдон дарку фаҳм ва тамйиз мекунад, то барояш ин ҳуқуқ дода шавад?

5. Дар зербанди 15. моддаи 4. омадааст: "Ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ …манъ аст". Оё мақсад аз манъи ҷалби ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ манъи рафтани онҳо ба масҷид ба мақсади анҷоми ибодат ва фароизи динӣ аст ё манзур ҳамчун узви муассис шомил шудани онҳо дар таъсиси чунин иттиҳодияҳо мебошад? Агар мақсад аз манъи ҷалби ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ манъи рафтани онҳо ба масҷид ва иштироки онҳо дар намозҳои ҷамоат манзур бошад, пас дар ин сурат ин меъёри қонун комилан ба мазҳаби ҳанафӣ ва умуман ба талаботи Ислом мухолиф аст. Ин дар ҳолест, ки Имоми Аъзам тибқи дастури Паёмбар (с) роҳнамоӣ мекунад, ки атфоли худро ба намоз амр кунед, ҳаргоҳ ба ҳафтсолагӣ расиданд ва барои иҷрои ин рукни муҳим (агар таҳовун ва бепарвоӣ кунанд) таъдиб кунед, ҳаргоҳ ба даҳсолагӣ расиданд.

6. Дар моддаи 5. омадааст: "...ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда дахолат намекунад".

Асосан дар давлати дунявӣ, ки иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва давлат мутобиқи принсипи ҳамин ҷудоӣ барои инкишофи таълими динӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва маблағгузорӣ дар таъмини муассисаҳои динӣ ва ходимони онҳо саҳме намегузорад, пас беҳтар мебуд давлат мутақобилан дар умури иттиҳодияҳои динӣ дахолат намекард. Аз тарафи дигар истисное, ки дар ин банд барои дахолат оварда шудааст, бояд мушаххас карда шавад, ки дар кадом ҳолатҳо давлат дар умури иттиҳодияҳои динӣ дахолат мекунад.

7. Дар моддаи 7, ки номи он "Низоми таҳсилоти давлатӣ ва таълими динӣ" номгузорӣ шудааст, тибқи принсипи ҷудо будани таҳсилоти давлатӣ аз иттиҳодияҳои динӣ таълим дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ хусусияти дунявӣ дорад… Вале Донишкадаи исломии ҶТ-ро, ки худ як муассисаи таълимии динӣ аст, чӣ тавр метавон дар тобеияти Вазорати маорифи ҶТ, ки он принсипи дунявӣ дорад, дохил кард оё ин мухолифи ҳамин принсип нест?

8. Дар моддаи 8, зербанди 4 омадааст: "Таълими динӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур баъди гирифтани иҷозатномаи давлатӣ мумкин аст". Дар ин меъёр низ як тазодро ошкоро мушоҳада карда мешавад, зеро дар давлати дунявӣ, ки принсипи таълим дар муассисаҳои давлатӣ хусусияти дунявӣ дорад, иҷозатномаи давлатро, кӣ ба муассисаҳои таълими динӣ медиҳад? Албатта, ин меъёр дар оянда метавонад барои муассисаҳои таълими динӣ монеаи ҷиддӣ дар роҳи амалӣ намудани барномаи тарбияи динии шаҳрвандон гардад.

Аз тарафи дигар, то имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҳар деҳа ва ё маҳаллае пиразан ва ё мӯйсафеде, ки ҳадди ақал Қуръон хонда метавонад фарзандони мардумро дар он деҳа ва маҳалла саводи қуръонхонӣ ва ё саводи форсӣ дорад, таълим медиҳад. Оё ин ҷои бадие дорад, магар? Оё ҳатман он пиразан ва ё мӯйсафед бояд иҷозати мақомоти давлатиро дарёфт кунад, то битавонад фарзандону наберагони ҳамдеҳаашро Қуръонхонӣ биомӯзад?! Ба андешаи ман дар ин роҳ эҷоди монеаҳои зиёдатӣ ба манфиати давлату ҳукумат ва инчунин мардуми мусалмони кишвар нест. Бараъкс бояд дар ин ҷода осониҳои бештар муҳайё карда шавад, то одамон маҷбур нашаванд, фарзандони хурдсоли худро барои гирифтани таълими динӣ бо роҳҳои ғайри қонунӣ ба хориҷи кишвар баранд. Фикр мекунам ҷавонони таҳсилкарда дар донишггоҳҳои исломии бонуфузи хориҷ дар кишварамон хеле зиёд шудаанд, бигузор онҳо фарзандони ҳамдеҳагон ва ҳаммаҳаллаҳояшонро таълими динӣ бидиҳанд, ки аз ин сиёсат давлат бурд хоҳад кард.

9. Дар моддаи 9, зербанди 3 омадааст: "Шахсони мансабдори давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ, роҳбарон ва аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ муассиси иттиҳодияҳои динӣ шуда наметавонанд". Ин маҳдудкунии ҳуқуқи динии шаҳрвандон ба сиёсати давлат чӣ рабте дорад? Агар шахси мансабдор ё ҳизбии сарватманд бихоҳад барои охираташ як масҷиди ҷомеъе ва ё масҷиди панҷвақта дар маҳаллааш бино кунад, чаро ин ҳуқуқ аз ӯ гирифта шавад? Оё мансабдори давлатӣ намехоҳад садақаи ҷорияе барои охираташ бисозад ва барои наслҳои оянда онро боқӣ гузорад? Бовар дорам, инро мехоҳад, пас чаро ин ҳуқуқи динӣ ва эътиқодии ӯро аз ӯ бигирем ва ӯро аз ин кори савоб маҳрум созем?

Дар ҳамин модда, дар зербанди 4 омадааст: "Таъсис додани иттиҳодияҳои динӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигари давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракнунии маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ манъ мебошад". Аз таърифи иттиҳодияи динӣ, ки дар ҳамин Қонун омадааст: "иттиҳоди ихтиёрии пайравони як дин ба мақсади якҷоя анҷом додани ибодат ва маросимҳои динӣ, таълими динӣ, инчунин паҳн намудани эътиқоди динӣ". Ва инчунин дар моддаи 11. дар баёни таърифи масҷид омадааст: "Масҷид иттиҳоди ихтиёрии мусалмонон бо мақсади анҷом додани намоз ва қонеъ гардондани дигар эҳтиёҷоти динӣ, инчунин намозгоҳи ҷамъиятии исломӣ бо таъиноти умумидиёнатӣ мебошад". Аз ин талаботи қонун бармеояд, ки таъсиси намозхона ва ҷойи ибодат барои шаҳрвандон дар муассисаҳои мазкур манъ мебошад, ки ин нодидагирии ҳуқуқи динии шаҳрвандон ба адои ибодат дар вақтҳои муайян мебошад. Оё барои бароварда кардани ҳуқуқу озодии шаҳрвандон агар дар муассисаҳои мазкур шароит мӯҳайё карда шавад, чӣ бадие дорад ва ё боз ҳамон тафсири ғалати дунявӣ монеи ин кор мешавад? Дар кишваре чун Амрико, ки барои бароварда кардани эҳтиёҷоти шаҳрвандон дар бинои Конгрес ва Пентагон барои пайравони динҳои мухталиф, аз ҷумла барои мусалмонҳо ҷойи ибодат (масҷид) мӯҳайё карда шудааст, касе онро мухолифи дунявияти Амрико тафсир намекунад. Баръакс инро масъулияти давлат ва муассисаҳои он дар баробари таъмини ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон меҳисобанд.

10. Дар масъалаи бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ давлат бояд камоли суҳулатро барои онҳо мӯҳайё созад, аз эҷоди монеа ва мушкилоти зиёд дар ин роҳ бояд худдорӣ кард, зеро давлат дар он сурат бурд хоҳад кард, ки эътимоди мардуми мусалмонро нисбати динпарварии худ бештар ҷалб кунад, тавре, ки аз таҷлили соли бузургдошти Имоми мазҳаб ҳамаи мусалмонон аз хурд, то бузург ва аз омӣ то олим истиқбол карданд. Албатта, ин кор ба нафъи сиёсати пешгирифтаи сардори давлат ва амнияти эътиқодии мардум хоҳад буд.

Дар ин зимн қайд кардан ба маврид аст, ки дар бораи таъсис додани масҷидҳои панҷгона ва масҷидҳои ҷомеъ дар шаҳрҳо ва маҳалҳо вазъ кардани меъёри шумораи аҳолӣ яке аз он монеаҳое мебошад, ки ба он ҳеҷ зарурате нест. Чаро ин меъёр вазъ карда шудааст, дар ҳоле ки на ҳамаи аҳолие, ки дар маҳалҳо ва шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, аҳли масҷид ва аҳли намоз ҳастанд? Пас барои таъсис додани масҷид маҷмуъи аҳолии маҳалро ба эътибор гирифтан ба кадом мақсад аст? Агар ҳамаи мусалмонҳо ин рукни муҳими динии худро анҷом диҳанд ва барои адои намоз ба масҷид бираванд маълум аст, ки масҷидҳои мавҷуда ғунҷоиши ҳамаи онҳоро надорад.

11. Дар боби 4. роҷеъ ба бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои динӣ монеаҳои зиёде вазъ карда шудааст, ки аксари онҳо ба ҷуз аз садгузории зиёдатӣ чизи дигаре нест. Тавре дар боло қайд гардид, ҳам дар таъсис ва ҳам дар бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ давлат ба ҷойи монеагузорӣ бояд мусоидат ва суҳулатро мӯҳайё созад.

11. Дар моддаи 12 дар зербанди 2 омадааст: "Шароит ва низоми таълим дар муассисаҳои таҳсилоти динӣ бо мақомоти ваколаттдори давлатӣ мувофиқа карда мешавад". Барои мо маълум нест, ки шароит ва низоми таълим дар муассисаҳои таҳсилоти диниро чӣ тавр бо мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда мешавад, дар ҳоле ки онҳо чунин салоҳият ва тахассусро надоранд? Ба назари ман бояд аз ҳисоби шахсиятҳои донишманди улуми дин ва рӯҳониёни мӯътабар як марҷеъияти динӣ дар сатҳи олӣ тахсис дода шавад ва ба ихтиёри онҳо ин салоҳият гузошта шавад, ба мақсад мувофиқтар мебуд.  
 
12. Дар моддаи 19 омадааст, ки иттиҳодияҳои динӣ ӯҳдадоранд: "-бо дархости мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор маълумот пешниҳод кунанд:" Аз ин талаботи қонун бармеояд, ки иттиҳодияҳои динӣ ва ходимони онҳо дар назди мақомоти давлатӣ гузоришдиҳанда ва худро ночору залил биҳисобанд. Вақте ҷоҳу мақом, эътибору манзалати пешвоёни динҳои дигарро мебинем, мебинем ки раҳбарони давлатҳо дар баробари пешвоёни диниашон чигуна эҳтирому эътироф қоиланд, вале ходимони динии мо дар назди пасттарин хидматчии давлатӣ дуқад ва худро мӯҳтоҷ мебинанд, нанги кас меояд. Дин он гоҳ метавонад, дар мустаҳкам кардани пояҳои давлати милӣ нақши муассир бигузорад, ки ҷойгоҳи он ва ходимонаш дар нуфуси диндорон баланд бардошта шавад.  
 
13 . Дар моддаи 20, зербанди 3 омадааст: "Ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва замини ба онҳо мутаалиқ….анҷом дода мешавад". Тавре ки имрӯз мушоҳида мешавад, намозгузорон дар рӯзҳои ҷумъа маҷбур мешаванд дар кӯчаҳо ва берун аз масҷид намози худро адо кунанд. Зеро зарфияти масҷидҳои мавҷуда ғунҷоиши шумораи намозгузоронро надорад. Ҳоло қонун ба қувваи амал надаромада аллакай мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар деворҳои масҷидҳо эълон насб карда, талаб кардаанд, ки дар берун аз масҷид намоз нахонанд. Саволе ба миён меояд, ки пас намозгузорон дар куҷо намози худро адо намоянд? Намоз барои ҳар мусалмон дар вақтҳои муайян фарз шудааст, ки онро ҳатман бояд дар вақташ адо намояд, хоҳ дар сафар бошад ва ё дар ҷойи кор, пас адои ибодатро дар ҷойҳои дар ин қонун нишондодашуда маҳдуд кардан дар оянда метавонад барои мусалмонҳо мушкилот эҷод намояд.

Чанд сол муқаддам дар сохтмони бинои сафоратхонаи ИМА дар Душанбе шумораи зиёде аз ҷавонои тоҷикистонӣ низ ба кор ҷалб шуданд, дар дохили муҳавватаи сафорат барои мусалмонон пеш аз ҳама масҷид ва дигар шароити адои ибодат мӯҳайё карда шуд, то коргарон ба роҳатӣ битавонанд намозҳои худро адо намоянд. Корфармоёни амрикоӣ бо вуҷуди низоми шадиди корӣ барои мусалмонҳо монеи адои намоз намешуданд. Мутаассифона баъзе мусалмонзодагон дар вақтҳои корӣ ҳамдинони худро иҷозат намедиҳанд, то дар ҷойи кор намозашонро дар вақташ адо намоянд. Гоҳҳо мегӯянд ин ҷо ҷойи кор аст, масҷид нест, намозатро рафта дар хонаат мехонӣ!

Тавре медонем, имрӯз сафи намозгузорон аз ҳисоби ҷавонони донишҷӯ хеле зиёд шудааст, пас чаро дар донишгоҳҳо намозхонаеро ҷудо карда нашавад, то донишҷӯён намозҳои худро дар вақташ адо намоянд. Агар чунин пешниҳод карда шавад, мегӯянд, ки донишгоҳ масҷид нест, касе намозхон аст, рафта намозашро дар хонааш бихонад ва ё мегӯянд, давлати мо дунявӣ аст, чунин корҳоро иҷозат додан мухолифи рӯҳи давлати дунявӣ аст… Пас агар вақте гуфта шавад, ки мувофиқи чунин фаҳмиш дунявӣ зидди динист, нороҳат мешаванд ва инро комилан инкор мекунанд! Оре, агар дар давлати дунявӣ ҳамин меъёр асоси манъи сатри духтарони донишҷӯ ва ё монеи адои ибодати донишҷӯён дар вақтҳои муқаррарнмудаи Худованд гардад, пас дунявӣ бо ин тафсири назариявӣ ва татбиқи амалиаш зидди динист!

Аз тарафи дигар, аксари мардум ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Аврупо ва Амрико сафар мекунанд, онҳо мебинанд, ки дар фурӯдгоҳҳо ва вокзалҳои роҳи оҳан барои мусофирон намозхона ва ҳама шароити ибодат мӯҳайё карда шудааст, то онҳо дар адои ибодаташон ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд. Имрӯз Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифтааст ва хориҷиёни зиёде меҳмони кишвари мо мешаванд, бовар дорем, мавҷуд набудани намозхона дар чунин ҷойҳои муҳим метавонад 97 % мусалмон будани мардуми кишварамонро зери суол қарор бидиҳад. Таҳиякунандагони қонун магар баланд кардани обрӯи кишвар ва раҳбари динпарвари онро намехоҳанд? Ё бо ин амалашон мухолифи хатти машӣ ва сиёсати пешгирифтаи ӯ, ки дар ин ҷода корҳои амали зиёдеро анҷом дода истодааст, монеагузорӣ намекунанд? Ва ё боз ҳамон низоми дунявӣ бароямон иҷозаи чунин корҳоро намедиҳад! Вақте сарвари давлат дар яке аз сафарҳои худ ба Қатар дар маркази шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" мусоҳибае анҷом дод ва он такроран дар сартосари ҷаҳон пахш гардид, дар он ҷо хабарнигор ӯро дар бораи бастани масҷидҳо дар Тоҷикистон ва манъи сатри духтарони донишҷӯ суол кард, ки воқеан аз чунин суол ӯро дар ҳолати ногувор қарор дод. Онҳое ки саҳван ё амдан мухолифи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар чунин корҳоро мекунанд, масъулияташ бар дӯши раҳбари давлат меафтад.  

Дар моддаи 20, зербанди 4 омадааст: "Иттиҳодияҳои динӣ барои анҷом додани ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ ба шаҳрвандоне, ки дар беморхонаҳо, осоишгоҳҳо, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон, ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва маҳрумӣ аз озодӣ мебошанд, тибқи тартиботи дар онҳо муқарраршуда бо пешниҳод муроҷиат карда метавонанд". Шумо ҳама мусалмон ҳастед ва муқаррароти Худовандро барои бандагонаш дар шабонарӯзӣ медонед, ки он адои панҷ вақт намоз дар вақтҳои муайян мебошад, пас адои ин фароиз бар зиммаи ҳар мусалмон воҷиб аст ва ба муроҷиат ва ё адами муроҷиати Иттиҳодияҳои динӣ аз маъмурон ва масъулони муассисаҳои мазкур барои иҷозат гирифтан ҳеҷ рабте надорад, балки бояд маъмурон ва масъулон дар муассисаҳои мазкур қонунан муваззаф карда шаванд, то шароити адои ибодатро барои диндорон мӯҳайё созанд, то онҳо озодона ибодати худро анҷом диҳанд. Чаро дар Гуантанамо барои маҳбусони ба истилоҳ хатарноктарин маъмурони ин зиндони махуф шароити адои намоз ва барои мутолиа адабиёти динӣ мӯҳайё месозанд, дар ҳоле ки ҳеҷ иттиҳодияи диние барои ин кор аз онҳо бо пешниҳод муроҷиат накардааст. Балки ҳуқуқу озодии эътиқодии диндорон талаб мекунад, то барояшон чунин шароит муҳайё карда шавад.

Дар моддаи 23, зербанди 3 омадааст: "Фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ дар муасисаҳои давлатии томактабиву мактабӣ, инчунин дар манзилу хонаҳои шаҳрвандон манъ аст". Барои мо ин меъёр ба кадом мақсад дар қонун вазъ шудааст, номафҳум аст. Дар ин рӯзҳо, ки соли бузургдошти Имоми Аъзам дар ҷараён аст, дар сартосари манотиқи кишвар, ҳатто дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ конфронсҳову семинарҳо бахшида ба ин мавзӯъ баргузор карда мешавад, ки бидуни шак дар чунин гирдиҳамоиҳо таблиғот аз мазҳабу бузургии мактаби фиқҳи ҳанафӣ ва хадамоти арзандаи пешвои мазҳаб карда мешавад. Оё иштироки намояндагони иттиҳодияҳои динӣ ва суханронии онҳо дар чунин ҷамъомадҳо, ки бидуни шак фаъолияти таблиғотӣ ва маърифатӣ аст, баъд аз ин мамнуъ мешавад?  

Дар охир ба ин нукта ишора кардан ба маврид аст, ки дер ё зуд зарурат пеш меояд, ки қонуни мазкур мавриди бознигарӣ қарор бигирад ва нуктаҳои он ба талаботи ҷомеа ва меъёрҳои эътиқодии он мутобиқ карда шавад, зеро таҳиякунандагони қонун саҳван ва ё амдан ҳангоми таҳияи қонун талаботи ҷомеаро ба эътибор нагирифта, аз рӯи тафаккури собиқаи худ, ки то ҳол дар зеҳн доранд, чунин лоиҳаро омода кардаанд. Қонун ҳатман бояд мутобиқи замон ва талаботи ҷомеа бошад, ҷомеае, ки мардумаш, ба истиснои шумори андаке мӯътақид ва мазҳабӣ ҳастанд.

 

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi