21:28:06 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НИШАСТИ САРОНИ CҲШ ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ

 

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия нишасти навбатии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба кори худ оғоз кард. Қарор аст дар нишасти навбатии раҳбарони шаш кишвари узви CҲШ фаъолияти Русияро ҳамчун раҳбари давраии ин созмон тайи солҳои 2008-2009, интихоби раҳбарии давраии ин созмон, қабули аъзои нав ба ҳайати он, дурнамои ҳамкориҳо оид ба ҷилавгирӣ аз пайомадҳои ногувори бӯҳорни саросарӣ ва масъалаи марбут ба Афғонистон ба баррасӣ гирифта хоҳад шуд.

Ва аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Екатеринбург, Денис Каменшиков, мегӯяд тайи як сол мешавад, ки омодагӣ ба қабули меҳмонони олиқадри Созмони Шонгҳой идома дорад ва қариб тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеъаи Екатеринбург ба он рабт пайдо кардааст. 

Каменшиконв бо истифода аз назари сокинони ин шаҳр рӯҳияи мардуми Екатеринбургро чунин шарҳ медиҳад: “Сар аз барномаҳои фарҳангии кӯдакон, чопи китобҳову иҷрои барномаҳои дигар то баста шудани роҳу гузаргоҳҳои асосӣ, ҳамааш ба нишасти Созмони ҳакориҳои Шогҳой пайванд гирифтааст, ки ин боиси норозигии шаҳрвандаони Екатеринбург гаштааст ва онҳо мегӯяд зиндагии ороми онҳоро ин такудавҳо ва омодагиҳо халалдор кардааст ва онҳо маҷбуранд, ки то анҷоми ин нишаст шаҳрашонро тарк кунанд. Ба ростӣ одам ҳайрон мешавад,ки ин қадар эҳтиёткорӣ барои чист. Моро ба марказ роҳ намедиҳанд, ягон кореро намешавад ба нақша гирифт. Чаро аз мо метарсанд. Мо маҷбурем шаҳрро тарк кунем ва онро барои меҳмонҳои Шонгҳой холӣ кунем” 

Воқеан ҳам сокинони Екатеринбург тарк кардани шаҳрашонро дар ин рӯзҳо беҳтар медонанд. Нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Екатеринбург ду рӯз, 15 ва 16 июн идома хоҳад кард. Бино ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, воқеаи муҳимтарин дар нишаст, мулоқоти Ҳомиди Карзай бо президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев мебошад, ки аз ҳамтои қирғизаш хоҳиш карданист, ки бастани пойгоҳи Манасро ба таъхир гузорад. 

Ҳамчунин қарор аст, рӯзи 16-уми июн Маҳмуди Аҳмадинажод ба Екатеринбург рафта, дар нишасти раҳбарони СОзмон ширкат варзад. Ин аввалин сафари Аҳмадинажод баъди пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии Эрон хоҳад буд. Аммо тибқи охирин ахбор ба иллати авзоъ дар кишвараш Аҳмадинажод сафари худро ба таъхир гузоштааст.

Дастоварди дигари нишасти Екатеринбург мулоқоти рӯ ба рӯи раҳбарони Ҳинду Покистон Манмоҳан Сингҳ ва президент Осифалии Зардорӣ шуда метавонад. Ин аввалин дидору гуфтугӯи онҳо баъди ҳамлаҳои хунини шаҳри Мумбай хоҳад буд. Ҷои ёдоварист, ки Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон ҳамагӣ дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мақоми нозир доранду халос. 

Ва аммо коршиносон пешбинӣ намекунанд, ки дар нишасти Екатеринбург шаш кишвари узви Созмон: Русия, Чин, Қазоқистон Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон кадом мувофиқати бузургеро ба тасвиб расонанд. Ҳоло ихтилофи назари кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар созмонҳои минтақавӣ баръало намоён аст. 

Масалан, рӯзи якшанбе Беларус, ки замоне аз муттафиқони наздиктарини Маскав ба шумор мерафт, ба нишони эътироз аз фишорҳои иқтисодии Русия дар нишасти раҳбарони кишварҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав иштирок накард.

Ва аммо мавзуи дигари нишасти Екатеринбург интихоби раҳбари давраии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошад, ки қарор аст аз Руссия ба Узбакистон гузарад. Баъзе шореҳони маҳаллии Тоҷикистону Қирғизистон аз он нигаронанад, ки Узбакистон бо истифода аз мақомаш дар Созмон ба иҷрои лоиҳаҳои обу барқи ин ду кишвар халал мерасонад.

Аммо Абдуғаффори Камол коршиноси тоҷик мегӯяд вай баъид медонад,ки дар сурати ба даст овардани мақоми раҳбарии давраии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Узбакистон хостаҳои худро дар минтақа амалӣ карда тавонад, ва ё тавонад Тоҷикистону Қирғизистонро аз сохмтани неругоҳҳои бузургашон, манъ кунад: 

“Нуфузи Узбакситон дар минтақа ва хусусан дар назди созмонҳои байналмиллалии молӣ заъиф шудааст ва ҳарчанд чунин менамояд,ки дар раёсати ин созмон ҳамаи кишварҳо ҳуқуқи баробар доранд, аммо дар асл чунин нест ва ҳарфи аввалро Русияву Чин мегӯянд. Пасравии нуфузи Узбакистон ба ин далел буд,ки тайи 10 сол мешавад, ки сиёсати яксон надорад ва чандин бор дар баробари Русия ва Ғарб мавқкъи худро дигар мекунад.Узбакистон,ки феълан мисли Тоҷикистон ва Қирғистон, мавқеъи устувори худро надорад,ва аз сиёсати дигшарон пуштибонӣ мекунад,мехоҳад бо чунин жестҳое ба монанди имзо накардани таъсиси неруҳои вокуниши сареъ, ба маскав бигӯяд,ки бояд маро аз дигар кишварҳои минтақа болотар гузорӣ ва гарна ман сиёсатамро метавонам дигар кунам. Ба ғарб гуфтанист,ки ҳарчанд ман дар минтақаи Рсиёи марказиам,аммо аз сиёсати Маскав пайравӣ намекунам ва мавқеъи худамро дорад.Ва шоҳиди он шудаем,ки чунин мавқуъивазкуниҳои Узбакситон ба манфиати миллати узбак набудааст”

Ба ин тартиб қарор аст дар интиҳои нишасти навбатии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, асноде марбут ба мубориза бо терроризм ва аксуламали сареъ алайҳи хатарот ба амнияти минтақа қабул карда шавад.

Сафаргули Олимӣ, «Озодӣ» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi