01:56:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОҒОЗИ ПАРВОЗҲО ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ – СОЧИ

Баъд аз таваққуфи беш аз шонздаҳсола миёни Душанбе ва шаҳри Сочии Русия парвози ҳавопаймо азсар гирифта шудааст. Баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе, 11 июн, ҳавопаймои "ТоҷикЭйр" ба шаҳри Сочи нахустин парвози худро анҷом дод. Чанд тан аз хабарнигорон ва ҳудуди сӣ тан аз мусофирони дигар, сарнишинони нахустин парвоз дар ин масир буданд.

Дар гузашта, дар солҳои замони шуравӣ, пайдо кардани билит дар масири Душанбе-Сочи дар фасли тобистон амри мушкиле маҳсуб мешуд. Зеро, ҳазорон нафар аз сокинони Тоҷикистон барои тафреҳ озими осоишгоҳҳои ин минтақаи наздидарёии Русия мешуданд. Хотирам меояд, ки дар овони кӯдакиам ҳамасола ҳамроҳи хонаводаи худ дар яке аз ин осоишгоҳҳо то як моҳ ба сар мебурдем. Вале, таваққууфи парвозҳо дар ин масир, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон сокинони ин кишварро аз чунин шароит маҳрум кард. 

Валерий Шарипов, муъовини аввали раиси ширкати "ТоҷикЭйр" дар маросими расмии оғози муҷаддади парвозҳо дар масири Душанбе-Сочи, зимни эҳдои кодуҳо ба мусофирони нахустини ин парвоз гуфт, ки ҳоло вазъи иқтисодии мардуми Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст ва ҳамакнун алоқамандони сафар ба ин минтақаи туристӣ, дар соҳили баҳри Сиёҳ низ бештар ҳастанд.


Масири ҷадид барои муҳоҷирони тоҷик


Вале аксари сарнишинони нахустин парвоз ба манзури дарёфти ҷойи кор ба ин минтақаи Русия сафар мекунанд. Ба гуфтаи Икром Шириншоев, як сокини ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон, барои бори нахуст аст, ки барои пайдо кардани ҷойи кор ба Сочи меравад. 

Вай афзуд: "Аз соли 2000-ум бад ин сӯ ман дар шаҳрҳои Маскав ва Екатеринбург машғули кор будам. Вале соли гузашта, дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ҳуқуқи моро ду маротиба коҳиш доданд ва ман водор шудам ба Тоҷикистон баргардам. Ҳоло дӯстонам, ки дар Сочи ба сар мебаранд, маро барои кор ба ин шаҳр даъват карданд."

Абдусаттор Раҳимов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мусофири дигари парвози Сочи гуфт, ки вай дар ин шаҳр муддати панҷ сол машғули кор аст ва ҳоло як ҳамсояи худро низ барои кор ба ин шаҳри Русия мебарад. Вай афзуд, ки шароити кор дар Сочи хеле хуб аст ва гузашта аз ин иқлими ин маҳал, ки муътадил аст, дар муқоиса бо минтақаҳои сарди Русия барои тоҷикон бештар мувофиқ мебошад. 

Ба гуфтаи оқои Раҳимов, дар ду соли ахир вай машғули кор дар умури сохтмонӣ дар таъсисоти бозиҳои улампики зимистонаи "Сочи-2012" аст. Вай афзуд, ки ҳоло ниёз барои нерӯи кор дар ин таъсисот бузург аст ва ҳамарӯза теъдоди зиёди тоҷикон аз минтақаҳои мухталифи Русия ба шаҳри Сочи барои дарёфти кор меоянд. Зимнан, гузориш шудааст, ки ширкатҳои русӣ аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон эъзоми гурӯҳҳои коргарони тоҷикро ба Сочи роҳандозӣ мекунанд. 

Адами зуҳуроти нажодпарастӣ


Ҳарчанд, Валерий Шарипов, муъовини аввали раиси ширкати "ТоҷикЭйр" изҳор дошт, ки интиқоли муҳоҷирони кории тоҷик дар масири Душанбе-Сочи аз аҳдофи аслии азсаргири парвозҳо дар ин масир нест, вале ба назар мерасад, ки бештарин мусофирон дар ин масирро низ муҳоҷирони корӣ ташкил хоҳанд дод. Баъд аз ҳудуди чаҳор соъати парвоз, аз равзанаи ҳавопаймо, савоҳили баҳри Сиёҳ намудор шуд, ҳавопаймои мо замоне дар фурӯдгоҳи Адлер фуруд омад, ки дар шаҳри Сочи торикии шаб ҳукмрон буд.

Дари ҳавопайморо боз карданд ва дохили солунро ҳавои дарёӣ пур кард. Нахуст маъмурони бехдоштии Русия вориди ҳавопаймои мо шуданд ва меҳмондор барои онҳо аз вазъи саломати мусофирон гузориш дод.

Ба мо тавзеъ доданд, ки аз ҷумлаи иқдомоти мақомоти зирабт барои ҷилавгирӣ аз ворид шудани бемории зукоми хукӣ ва мурғӣ ба Русия аст. Дар сурате, ки ягон анфар аз мусофирон аломати ин бемориҳо, аз ҷумла сурфа ё бухор дошта бошанд, ин мусофирон мустақиман ба кобинҳои вижаи коронтин интиқол ва ташхис мешаванд. 

Вақте аз назорати гумрукӣ, марзбонӣ ва Хадамоти муҳоҷирати ин фурӯдгоҳ убур мекардем, мушоҳида кардам, ки дар муқоиса бо соири хадамоти гумругӣ ва марзбонии шаҳрҳои дигари Русия, бархурди онҳо бо муҳоҷирони тоҷик бамаротиб муаддаб буд. Зеро пинҳон нест, ки бархурди персунол дар бештари фурудгоҳҳои Русия бо муҳоҷирони тоҷик хашин аст. 

Теъдоде аз тоҷиконе, ки дар Сочи машғули кор буданд, барои пешвози пайвандон ва дӯстони худ дар фурӯдгоҳи Адлер ҷамъ омада буданд. 

Зарина Собирова, як хонуми тоҷик аз ноҳияи Балҷувон, мегӯяд, ки зарфи ҳашт соли ахир дар яке аз хонаводаҳои сокинони ин шаҳр ба унвони мураббии кӯдакони онҳо машғули кор аст. 

Вай афзуд, ки дар муқоиса бо сойири шаҳрҳои Русия, дар ин ҷо нисбати муҳоҷирони тоҷик бархурди хашин вуҷуд надорад. Вай мегӯяд, миёни сокинони муқими Сочи ва вилояти Краснодар арманитаборон, обхозиҳо, гурҷиҳо ва намояндагони миллатҳои дигар зиёд ҳастанд, аммо нажодпарастӣ дар ин ҷо камтар мушоҳида мешавад. 

Хонум Собирова аз азсаргирии парвозҳо дар масири Душанбе-Сочи истиқбол кард, зеро ба гуфтаи вай ҳамакнун онҳо метавонанд бо масрафи камтари маболиғ ба Душанбе омаду рафт кунанд. 

Дар гузашта ин афрод водор мешуданд, ки нахуст аз Сочи ба Маскав бираванд ва сипас ба Тоҷикистон парвоз кунанд.


"Сочи аз Маскав хубтар аст" 


Ҳошим Қутбиддинов, сокини ноҳияи Ҳисор, ки муддати панҷ соли ахир дар Сочи машғули кор аст, мегӯяд, ки давлати Русия барои табдили ин минтақа ба минтақаи пешрафтаи ҷаҳонгардӣ ҳамасола маболиғи зиёде масраф мекунад ва бахши сохтмони хусусӣ низ дар ин минтақа дар ҳоли тавсеъа аст. Оқои Қутбиддинов афзуд, ки агар ду сол пеш теъдоди атбоъи тоҷик дар Сочи "ангуштшумор буд, ҳоло танҳо дар ин шаҳр на камтар аз се ҳазор нафар тоҷикон ба сар мебаранд."

Вай афзуд: "Муддати як сол дар Маскав кор кардаам ва бояд бигуям, ки дар он ҷо наметавонистам худро чунин озод эҳсос кунам. Мардуми Сочи бегонаситез нестанд. Ва ҳуқуқи коргарон низ дар ин ҷо бештар аст ва корфармоён низ аз фиреби муҳоҷирон худдорӣ мекунанд."

Баъд аз таваққуфи дусоъата, ҳавопаймои "ТоҷикЭйр" ба самти Душанбе парвоз кард. Дар солуни ҳавопаймои "Боинг" теъдроди муҳоҷироне, ки ба ватан бармегаштанд, каме бештар аз онҳое буд, ки озими Сочи буданд. 

Ин афрод мегуфтанд, ки ҳамакнун метавонанд, барои аёдати хонаводаҳои худ бештар ба Тоҷикистон сафар кунанд, зеро махориҷи роҳ камтар мешавад. 

Масъулони "ТоҷикЭйр" дар навбаи худ изҳори умедворӣ мекунанд, ки то ҷаҳор моҳи дигар теъдоди мусофирони парвозҳои онҳо афзоиш ёбад ва барои ширкат суд оварад, зеро дар марҳилаи нахуст ин парвозҳо барои ширкат танҳо хисорот ворид хоҳад дошт. 

Дар ҳамин ҳол, қарор аст рӯзи ҷумъа, 12 июн, "ТоҷикЭйр" парвози ҳавопаймоҳои худ дар масири Душанбе шаҳри Иркутски Русияро низ оғоз кунад. 

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi