НИКОЛАЙ САВЧЕНКОВ: РОҒУН МУТОБИҚИ ҲАМА МЕЪЁРҲОСТ
Николай Савченков, олими рус ва яке аз тарроҳони сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тарҳи ин нерӯгоҳ аз лиҳози экологӣ, фаннӣ, тавозуни об ва сейсмологӣ мутобиқ ба меъёр аст.
Вай азфуд, Роғун метавонад обанбори бузурге барои таъмини кишварҳои минтақа бо об гардад. Ба таъкиди Савченков, пажӯҳишҳои ахири мутахассисону олимони русу тоҷик дар маҳалли ин нерӯгоҳ собит кардааст, ки садди обанбори Роғун ба заминларзаи то 9 дараҷаи ҷадвали Риштер тобовар хоҳад буд. Николай Савченков дар сохтмони нерӯгоҳи Норак саҳми аслиро дошт ва корҳои анҷомшуда дар сохтмони Роғун то фрӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ низ таҳти раҳбарии ӯ сурат гирифтааст.
Зилзилаи беш аз 6 бал имкон надорад?
Академик Собит Неъматуллоев, зилзилашиноси тоҷик, мегӯяд, таҷриба нишон додааст, ки то ҳол дар минтақаи сохтмони ин нерӯгоҳ, дар шарқи Тоҷикистон, заминларзаи беш аз 6 дараҷаи Рихтер рух надодааст. Академик Неъматуллоев афзуд, заминларзаи Ҳоит, ки дар 80 соли пеш ба вуқӯъ пайваст, ҳамагӣ 6 дараҷаи Рихтерро ташкил мекард.
Ҷаҳонгир Низомов, раиси Пажӯҳишгоҳи сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд, хоки маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар муддати ҳудуди сӣ соли ахир, яъне аз оғози корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳ дар даврони Шӯравӣ тағйир накардааст. Ба ин далел, меафзояд ӯ, сохтмони нерӯгоҳ аз лиҳози геологӣ ва экологӣ пурра ҷавобгӯ буда, ҳеҷ хатареро ба дунбол надорад.
Аммо ҳамсоя ҳамоно нигарон аст
Ахиран Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, бо ирсоли номе ба ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов хостори арзёбии байналмилалии тарҳи нерӯгоҳи Роғун шудааст. Нахуствазири Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати сарфи назар шудани мавқеи Узбакистон ин кишвар дар ба созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати рафъи пайомадҳои эҳтимолии сохтмони нерӯгоҳи Роғун муроҷеъ хоҳад шуд.
Ба эътиқоди Шавкат Мирзиёев, Роғун дар маҳалли зилзилахези то 10 дараҷаи Рихтер бунёд мешавад, ки дар сурати заминҷунбӣ бо ин шиддат марги садҳо ҳазор нафар аз сокинони кишварҳои минтақа эҳтимол дорад.
"Идомаи сохтмони Роғун ҳаққи Тоҷикистон аст"
Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, дар номаи ҷавобӣ ба ҳамтои узбакаш иддаои ҷониби Узбакистонро бепоя донист ва гуфт, «идомаи сохтмони «Роғун» ҳаққи Тоҷикистон аст». Нахустин корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар авоили даҳаи 1970 бар пояи лоиҳаи дар Тошканд - пойтахти Узбакистон тарҳрезишуда шурӯъ гаштааст.
Феълан сохтмони ин нерӯгоҳ ба шиддат идома дорад ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд барои ба кор андохтани нахустин чархаи Роғун ба ҳудуди 600 миллион долари амрикоӣ ниёз аст. Ин чарха тибқи барномаи давлати Тоҷикистон бояд соли 2013 ило 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1755-2010-02-15-16-41-38.html
-
23.09.2026 20:52
132
Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд
-
19.09.2026 11:53
342
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
-
17.09.2026 21:20
236
Мулоқот ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея
-
08.05.2026 19:24
723
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
697
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
691
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
03.09.2026 12:24
383
Бонки миллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба муомилот баровард
-
21.08.2026 11:04
537
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
414
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
14.07.2026 10:13
579
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
11.07.2026 11:51
637
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1274
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
23.09.2026 02:31
212
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
-
20.09.2026 12:37
171
Ташаббуси Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъии бехатар дар арсаи ҷаҳонӣ
-
19.09.2026 11:50
227
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
-
13.09.2026 22:13
326
Китобхонаи миллии Тоҷикистон: ғунҷоиши то 10 миллион китоб
-
10.09.2026 23:23
619
ИЗҲОРИ СИПОСИ АҲЛИ ЭҶОДИИ «РӮЗГОР» БА ҲАВОДОРОНИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН
-
06.09.2026 19:10
474
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
-
12.09.2026 00:44
622
СӮЗИШИ ҒУРБАТ: ТАЛХИҲО ВА УМЕДҲОИ МУСОФИРӢ
-
31.08.2026 10:24
504
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
-
16.08.2026 14:01
628
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.09.2026 22:44
475
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
453
Таваллуди Паёмбар (с)
-
28.08.2026 22:33
545
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
28.02.2026 22:46
875
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2246
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2403
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
549
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2366
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1434
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.09.2026 00:41
418
ҶҶ 1998: Триумфи бузурги Фаронса ва таваллуди як афсона
-
20.09.2026 12:34
363
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
-
19.09.2026 11:40
235
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
-
22.09.2026 10:51
225
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Падари шеъри тоҷику форс ва сардафтари адабиёти ҷаҳонӣ
-
22.09.2026 10:48
185
Оё медонед, ки…?
-
21.09.2026 00:46
355
Суқрот - Марде, ки ҷаҳонро андешидан омӯхт










































