ИЗҲОРОТИ “БИРЛИК” АЛАЙҲИ СОХТМОНИ РОҒУН
Ҳизбҳои мухолифи давлати Узбакистон мегӯянд, мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳастанд, аммо онҳо мӯътақиданд, ки сиёсати иштибоҳии Ислом Каримов Тоҷикистонро водор ба ин иқдом кардааст. Муовини раиси ҳизби ҷунбиши мардумии “Бирлик” Пӯлод Охунов, ки мухолифи давлати Ислом Каримов аст, дар баёнияе гуфтааст, ин созмон замоне дар заминаи талошҳои мардумӣ барои наҷоти баҳри Арал ташкил шуда буд, ки баъдан ба як ҷунбиши сиёсӣ табдил ёфт ва наметавонад ба масоили зистмуҳитии минтақаӣ бетафовут бошад.
Бинобар ин, омадааст дар ин баёния, “Бирлик” аз ибтидо мухолифи сохтмонҳои бузурги тарҳрезишуда дар замони шӯравӣ аст. Сохтмонҳое, ки ба гуфтаи масъулини ин ҳизб, дар Маскав ва бидуни назардошти манофеи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд. Ба андешаи масъулини “Бирлик” сохтмони ин иншоотҳои азим, ки “Роғун” бузургтарини онҳост, пайомадҳои мудҳиши зистмуҳитӣ хоҳанд дошт.
Пӯлод Охунов мегӯяд, мушкиле, ки вобаста ба сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пеш омадааст, мушкили танҳо ин ду кишвар нест, балки масъалаи ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои минтақа мебошад. Муовини раиси “Бирлик” мегӯяд, бовар дорад, ки иқдоми Тоҷикистон дар ҷиҳати сохтмони “Роғун” ба мақсади баровардани ниёзаш ба нерӯи барқ дар ояндаи наздик метавонад боиси осебпазирии ҳамаи сокинони дигари Осиёи Марказӣ шавад.
Пӯлод Охунов зимни изҳори нигаронӣ, мудохилаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҷалби СММ ва Иттиҳодияи Аврупоро барои ҳалли ин қазия амре зарурӣ хонда ва аз ин ҳам фаротар рафта ва гуфтааст, ки ин созмонҳо бояд, ба гуфтаи ӯ, аз ҳаққи миллати узбак ҳимоят кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Отаназар Охунов, раиси ҳизби «Эрк», ки низ аз ташаккулҳои умдаи мухолифи давлати Узбакистон аст, гуфтааст, шахсан мухолифи сохтмони Роғун ҳаст ва аз пайомадҳои сохтмони нерӯгоҳҳои бузург барои муҳити зист нигарон мебошад, аммо дар айни ҳол бовар дорад, ки Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, бо сиёсатҳои иштибоҳи худ Тоҷикистонро барои сохтмони ин нерӯгоҳ водор кардааст.
Зеро аз сӯи дигар Тоҷикистон ҳам ба истифодаи манобеи энержӣ ба шиддат ниёз дорад. Аммо мухолифони сиёсии давлати Узбакистон дар ҳоле аз иқдомоти ҳукумати он кишвар ҳимоят мекунанд, ки қабл аз он мухолифони сиёсии давлати Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар қазияи “Роғун”, ба истилоҳ, ба як овоз аз мавқеи давлати Тоҷикистон ҳимояти худро эълон намуда ва иқдом ба харидории саҳмияҳои Роғун карда буданд.
Акнун ин иқдоми мухолифони узбак навъе пайравӣ аз мухолифони тоҷикро мемонад ва шояд таҳаввули дигаре дар муносиботи ду кишвар дар ҳоли шакл гирифтан бошад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1723-2010-02-10-14-32-40.html
-
06.11.2026 17:09
189
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия
-
04.11.2026 11:40
117
Душанбе — маркази сулҳ: Ҳамоиши таърихии СММ барои ояндаи наслҳо
-
30.10.2026 13:02
112
Дипломатияи созанда дар Минск: Тадбирҳои нави Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани тавофуқоти олии ИДМ
-
16.10.2026 13:18
745
Рӯзгори синамои тоҷик: аз «Қисмати шоир» то муваффақиятҳои байналмилалии имрӯз
-
14.09.2026 04:00
399
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
903
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
04.11.2026 11:44
92
Энергетикаи асри нав ва рӯзгори рақамӣ: Иштироки Тоҷикистон дар ҳамоишҳои нафту гази ҷаҳон «ADIPEC-2026» дар Абу-Забӣ
-
30.10.2026 12:50
230
Сармоягузории 62 миллион евроӣ ба рӯзгори мардум: Навсозии роҳи Сари Хосор ва оби тоза барои Кӯлоб
-
28.10.2026 17:41
124
Тандеми бонкҳои Тоҷикистон ва ширкати «Textima»-и Олмон барои рушди саноати ватанӣ
-
25.10.2026 20:01
477
Бахши «Мусоҳибаҳо»-и сомонаи «Рӯзгор»: оинаи зиндагӣ ва таҷрибаи наслҳо
-
19.10.2026 12:09
365
The Belfast News Letter: Рӯзномае, ки аз нома то афсона расид
-
12.10.2026 00:59
645
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
08.11.2026 17:12
185
5 маҳсулоти дастрас, ки масунияти кӯдакро табиатан баланд мебардоранд
-
04.11.2026 20:08
145
Аз «гала», «офтоб» то «қум-қум» ва «ятим»
-
01.11.2026 23:29
163
Оё вожаҳои тоҷикӣ решаи ибрӣ ва оромӣ доранд? - I
-
30.10.2026 13:04
117
Фарёди ёди Лоиқ дар қалби Русия: Бозтоби худогоҳии миллӣ ва сулҳпарварии тоҷикон дар маҳфили адабии Москва
-
30.10.2026 12:55
217
Пешниҳодҳои таърихии Тоҷикистон дар Форуми маорифи Осиёи Марказӣ дар Тошканд
-
28.10.2026 18:00
134
Маърифати инсон дар оинаи афкори Мавлоно: Ҷойгоҳи ахлоқи ҷовидонаи Балхӣ дар рӯзгори рақамӣ
-
23.10.2026 12:43
382
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
-
02.10.2026 13:53
413
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
400
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
12.10.2026 01:06
472
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
430
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
672
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
01.11.2026 11:40
110
Асри стресс: Чӣ тавр зани муосир метавонад руҳияи худро ҳифз кунад?
-
25.10.2026 19:56
288
Зан - роҳбар: Мушкилоти мувозинат байни кор ва оила
-
14.10.2026 23:09
821
Ҳифзи ҳуқуқи зан ва пойдории оила: Роҳҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ ва талоқ
-
12.08.2026 23:15
1145
СУЛҲИ ТОҶИКОН: ХАТИ ВАСЛ АСТ, НА ХАТИ ФАСЛ
-
07.07.2026 12:25
699
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2533
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
01.11.2026 11:27
119
ҶҶ 2022: Ҷоми Месси ва финали афсонавӣ дар Қатар
-
25.10.2026 19:41
240
ҶҶ 2018: Пирӯзии дуввуми Фаронса дар сарзамини Русия
-
21.10.2026 22:04
736
Мактаби дипломатияи Тоҷикистон дар Женева: Ошноии донишҷӯёни аврупоӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонии Душанбе
-
01.11.2026 11:34
104
Маҳатма Ганди - Падари миллати Ҳиндустон
-
01.11.2026 11:24
105
5 қоидаи тиллоӣ: Чӣ тавр ҳамёни электрониро аз қаллобон муҳофизат кунем?
-
19.10.2026 12:07
418
Искандари Мақдунӣ офарандаи империяи ҷаҳонӣ










































