ҚАРОРИ НАВ ДАР БОРАИ НЕРӮГОҲИ РОҒУН
Ҳукумати Тоҷикистон ба бонкҳои дигари тиҷоратии кишвар ба мисли «Ориёнбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷпромбонк», «Бонки Рушди Тоҷикистон», «Фононбонк» ва «Бонки Эсхата» низ дар баробари «Амонатбонк» иҷозаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро дод. Ин иҷоза дар пайи тағйирот дар қарори ҳукумати кишвар оид ба тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои Нерўгоҳи барқи обии Роғун имконпазир гардид. Қаблан, танҳо «Амонатбонк» чунин як ҳақро дошт.
Дар ташреҳи расмии зиёд кардани шумораи бонкҳои машғул бо фурўши саҳмияҳои Роғун омадааст, ин иқдом имконият медиҳад, ки ба фурўши саҳмияҳо суръат бахшида шавад ва талаботи харидорон дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд шудани шумораи нуқтаҳои фурўш пурра қонеъ гардонида шавад.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ин амал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мизоҷони бонкҳои номбаршуда мебошанд, барои бевосита дар бонки хизматрасонии худ харидорӣ намудани саҳмияҳо бо сарфаи вақту хароҷоти барасмиятдарорӣ шароити бештари мусоид фароҳам меоварад.
Бонкҳои мазкур ўҳдадор шудаанд, ки ҳифзи маблағҳои дар суратҳисоби махсус воридгардидаро кафолат дода, маблағгузориро аз ин суратҳисоб танҳо бо иҷозат ва супоришҳои пардохтии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ва бемамоният дар мўҳлати 3 (се) рўзи тақвимӣ амалӣ намоянд.
Фурӯши саросарии саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун рӯзи шашуми январ дар Тоҷикистон ба шакли мутантан шурӯъ шуд. Вазорати молияи Тоҷикистон авохири соли 2009 саҳмияҳои манзуриро бо арзиши номиналии 100, 500, 1000, 5 000 сомонӣ ва ҳамчунин сертификати саҳмияҳои номӣ, ки барои маблағи беш аз 5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, дар дохили кишвар чоп кардааст. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 5 миллион адад саҳмияҳои манзурӣ ва сертификати саҳмияҳои номӣ бо маблағи 6 миллиард сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.
Зеро давлати Тоҷикистон нархи оиномавии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» -ро низ ҳамин миқдор маблағ арзёбӣ кардааст. Тибқи муқаррарот хариди саҳмияҳо ихтиёрӣ буда ва ба таври нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат мегирад. Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, масъулони корхонаҳо ва донишгоҳҳо коргарон ва донишҷӯёнро барои харидории иҷбории саҳмияҳо ташвиқ кардаанд ва ҳатто аз маоши моҳонаи онҳо маблағҳоро баргардондаанд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1539-karori-nav-dar-borai-nirugohi-roghun.html
-
06.11.2026 17:09
188
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия
-
04.11.2026 11:40
117
Душанбе — маркази сулҳ: Ҳамоиши таърихии СММ барои ояндаи наслҳо
-
30.10.2026 13:02
112
Дипломатияи созанда дар Минск: Тадбирҳои нави Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани тавофуқоти олии ИДМ
-
16.10.2026 13:18
745
Рӯзгори синамои тоҷик: аз «Қисмати шоир» то муваффақиятҳои байналмилалии имрӯз
-
14.09.2026 04:00
398
Парламент ва дипломатияи миллӣ: 35 соли мустақилияти Тоҷикистон
-
08.05.2026 19:24
902
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
04.11.2026 11:44
92
Энергетикаи асри нав ва рӯзгори рақамӣ: Иштироки Тоҷикистон дар ҳамоишҳои нафту гази ҷаҳон «ADIPEC-2026» дар Абу-Забӣ
-
30.10.2026 12:50
230
Сармоягузории 62 миллион евроӣ ба рӯзгори мардум: Навсозии роҳи Сари Хосор ва оби тоза барои Кӯлоб
-
28.10.2026 17:41
124
Тандеми бонкҳои Тоҷикистон ва ширкати «Textima»-и Олмон барои рушди саноати ватанӣ
-
25.10.2026 20:01
469
Бахши «Мусоҳибаҳо»-и сомонаи «Рӯзгор»: оинаи зиндагӣ ва таҷрибаи наслҳо
-
19.10.2026 12:09
359
The Belfast News Letter: Рӯзномае, ки аз нома то афсона расид
-
12.10.2026 00:59
640
“Wiener Zeitung”: Рӯзномае, ки Империяро дид ва ба рақам гузашт
-
08.11.2026 17:12
184
5 маҳсулоти дастрас, ки масунияти кӯдакро табиатан баланд мебардоранд
-
04.11.2026 20:08
145
Аз «гала», «офтоб» то «қум-қум» ва «ятим»
-
01.11.2026 23:29
162
Оё вожаҳои тоҷикӣ решаи ибрӣ ва оромӣ доранд? - I
-
30.10.2026 13:04
117
Фарёди ёди Лоиқ дар қалби Русия: Бозтоби худогоҳии миллӣ ва сулҳпарварии тоҷикон дар маҳфили адабии Москва
-
30.10.2026 12:55
216
Пешниҳодҳои таърихии Тоҷикистон дар Форуми маорифи Осиёи Марказӣ дар Тошканд
-
28.10.2026 18:00
129
Маърифати инсон дар оинаи афкори Мавлоно: Ҷойгоҳи ахлоқи ҷовидонаи Балхӣ дар рӯзгори рақамӣ
-
23.10.2026 12:43
381
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
-
02.10.2026 13:53
413
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
-
30.09.2026 11:18
400
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
12.10.2026 01:06
472
Марҳалаҳои даъвати Паёмбар (с)
-
17.09.2026 21:27
429
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
672
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
01.11.2026 11:40
109
Асри стресс: Чӣ тавр зани муосир метавонад руҳияи худро ҳифз кунад?
-
25.10.2026 19:56
284
Зан - роҳбар: Мушкилоти мувозинат байни кор ва оила
-
14.10.2026 23:09
821
Ҳифзи ҳуқуқи зан ва пойдории оила: Роҳҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ ва талоқ
-
12.08.2026 23:15
1144
СУЛҲИ ТОҶИКОН: ХАТИ ВАСЛ АСТ, НА ХАТИ ФАСЛ
-
07.07.2026 12:25
699
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2533
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
01.11.2026 11:27
118
ҶҶ 2022: Ҷоми Месси ва финали афсонавӣ дар Қатар
-
25.10.2026 19:41
235
ҶҶ 2018: Пирӯзии дуввуми Фаронса дар сарзамини Русия
-
21.10.2026 22:04
736
Мактаби дипломатияи Тоҷикистон дар Женева: Ошноии донишҷӯёни аврупоӣ бо ташаббусҳои ҷаҳонии Душанбе
-
01.11.2026 11:34
104
Маҳатма Ганди - Падари миллати Ҳиндустон
-
01.11.2026 11:24
105
5 қоидаи тиллоӣ: Чӣ тавр ҳамёни электрониро аз қаллобон муҳофизат кунем?
-
19.10.2026 12:07
418
Искандари Мақдунӣ офарандаи империяи ҷаҳонӣ










































