13:10:11 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КӮМАКИ САФОРАТИ ИМА БА ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 6-уми марти соли 2013 Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии cафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва лавозимоти шахсӣ иборат аз лавозимоти шахсии ҳимояткунанда, либосҳои гарм ва лавозимоти размороиро бо арзиши зиёда аз 460 000 доллари амрикоӣ ба отряди сарҳадӣ дар ноҳияи Шӯробод супорид.

/images/stories/2013/03/06_1.qushunho_060313.jpgТаҷҳизоти мазкур ба баланд бардоштани сатҳи тавоноии қувваҳои мобилии мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон  ва ифротгароён мусоидат мекунад. Аз ҷонибӣ сафорати ИМА дар ин чорабинӣ атташеи ҳарбӣ подполковник Джон Фрейвел ва роҳбари барномаи зидди маводи нашъаовар Артур Тарян ширкат варзиданд.

Подполковник Джон Фрейвел дар суханронии хеш қайд кард: “Ҳукумати Амрико бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди қочоқ ва нашъаҷаллобӣ мақсадҳои  муштарак дорад. Кӯмаки мазкур  кӯшишҳои қувваҳои мобилии мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қувваҳои сарҳадиро дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ба таври назаррас беҳтар намуда, амнияти марзбононро, ки баҳри бехатарии Тоҷикистон ҳаёти худро зери хатар мегузоранд таъмин менамояд”.

/images/stories/2013/03/06_2.qushunho_060313.jpgИнъоми мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасоне мебошад, ки Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико маблағи зиёда аз  як миллиард доллари амрикоро баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои кӯмакрасон, ки ба рушди иқтисод мусоидат намуда, фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд ҷудо намудааст.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi