20:59:40 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«КОНСТИТУТСИЯИ СТАЛИНӢ ВА ЯҲУДИҲОИ МЕҲНАТКАШ»

«Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиҳои меҳнаткаш» -чунин ном дорад мақолаи устод Садриддин Айнӣ, ки баъди 64 соли бори аввал дар Тошканд бо ҳуруфи лотинӣ ба нашр расидан бо ибтикори нависанда ва публисисти шинохтаи кишвар Мансур Суруш бо ҳарфҳои кириллик дар маҷмӯе таҳти унвони «Садриддин Айнӣ ва яҳудиёни Бухоро» бори дуюм чоп шуд.

Sadriddin AyniДар ин маҷмӯа инчунин ҳамин мақола ба забони русӣ дар тарҷумаи Мансур Суруш ва боз чанд мақолаи дигари ӯ ва Муҳаммадюсуф Имомов, ректори Донишгоҳи славянии русӣ-тоҷикӣ дар робита ба мақолаи мазкур ва эҷодиёти устод Айнӣ бо забонҳои русиву тоҷикӣ ба нашр расидаанд.

Дар ҳамоише, ки имрӯз дар Донишгоҳи славянии русӣ-тоҷикӣ баргузор гардид ва дар он олимону донишҷӯён ширкат варзиданд ҳамин китоби «Садриддин Айнӣ ва яҳудиёни Бухоро», ки мураттибаш Мансур Суруш буда он дар нашриёти «Ношир»-и Хуҷанд чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳфили муаррифии  китобро Раҳмон Улмасов, ноиби ректори Донишгоҳи мазкур ифтитоҳ бахшида нашри китоби мазкурро дар илмӣ айнишиносӣ падидаи мусбат арзёбӣ намуд.

majlisМансур Суруш дар суханронии худ иброз дошт, ки нусхаи асли ин мақоларо ӯ аз набераи устод Айнӣ, писари устод Камолиддин Айнӣ Эраҷ Айнӣ гирифтааст ва рӯи чоп овардааст. Ба навиштаи  ӯ «устод Айнӣ поймолкунии ҳуқуқҳои миллатҳои хурдро пурра маҳкум намуда, дар хусуси он менависад, ки яҳудиёни бухорӣ на танҳо ба истисмори яктрафа, балки дутарафа, ҳатто панҷтарафа гирифтор буданд. Ҳаёти яҳудиён аз таваллуд то марг бо даҳҳо маҳдудиятҳои на фақат беадолатона, балки таҳқиромез зери фишор қарор дошт.

Барои мисол яҳудиён вазифадор буданд, ки фақат дар минтақаи махсуси барои онҳо ҷудошуда зиндагӣ кунанд; ҳуқуқ надоштанд, ки дар ҳудуди шаҳр савора гарданд; ҳини ба кӯча баромадан ҳатман бояд бо канаб миёнашонро мебастанд, ки ин нишонаи фарқкунандаи вазъи беҳуқуқии онҳо буд; аз синни 13-солагӣ сар карда соле ду бор хироҷи «ҷизя» месупориданд, ки хосатан барои номусулмонҳо таъин гардида буд ва зимни ситондани хироҷ маъмур яҳудиро ду торсакӣ мезад ва ғайраву ҳоказо».

Дар ҳамоиши мазкур Исомиддин Ҳисомиддинов, раиси Анҷумани тоҷикон ва форсзабонони ҷаҳон «Пайванд», Иброҳим Усмонов, профессор, мудири кафедраи «Журналистикаи байналмилалӣ»-и факултети журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Михаил Абдураҳмонов, раиси Ҷамъияти яҳудиёни Тоҷикистон, Азимҷон Аминов, профессори Донишгоҳи славянии русӣ-тоҷикӣ ва дигарон дар бораи ин китоб ибрози андеша намуданд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi