19:56:59 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОЗДОШТИ ШИКОРЧИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР МУРҒОБ

 

 8 июн кормандони ШКД-и ноҳияи Мурғоб дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ автомашинаи тамғаи УАЗ-569, ки таҳти идораи ронанда Аслибек Иброев қарор дошт, боздошт намуданд. 

Ҳангоми аз назаргузаронии автомашина аз он як халта иборат аз 15 кг гӯшти гусфанди кӯҳӣ (архар), ки шикораш дар Тоҷикистон манъ аст ва як туфанги шикории ИЖ-32 ва 5 дона тир бе ягон ҳуҷҷат ёфт ва мусодира карда шуд. Дар натиҷаи тафтиш муайян карда шуд, ки гӯшт ва яроқ ба мусофири автомашина, сокини деҳаи Кӯҳна Қурғони ноҳияи Мурғоб Ҷумъабой Носиров тааллуқ доштааст. 

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2009 барои иҷозатнома ва шикори гусфанд кӯҳиро манъ карда, ин ҳайвон ба Китоби Сурх дохил шудааст. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи табиати ҷумҳурӣ ҳар сол дар кишвар аз тарафи шикорчиёни ғайриқонунӣ 100 сар чунин ҳайврни нодир нест карда мешавад. Нархи бозории як сар архар 55 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад. Тавре аз ВКД- и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нисбат ба Д. Носиров парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.

Анварбек Сиддиқов, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi