03:47:42 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Малола ва Сновден дар феҳристи номзадҳои ҷоизаи Сахаров

Парлумони Аврупо номи Малола Юсуфзай ва Эдвард Сновденро дар феҳристи номзадҳо барои дарёфти ҷоизаи Сахаров қарор додааст.

malola-snouden-66565

Тибқи гузоришҳо, интихоби барандаи ҷоизаи имсоли Сахарови Парлумони Аврупо дар марҳилаи поёнӣ аст ва Малола Юсуфзай, фаъоли таълими духтарон аз Покистон, Эдвард Сновден, ифшогари амалиёти шунавидани махфиёна ва дастрасӣ ба эмейл дар Амрико, Алес Белятский, фаъоли сиёсӣ дар Белорус, Эдвард Лобай ва Микола Статкевич дар феҳристи ниҳоӣ дида мешаванд.

Ҷоизаи 50 ҳазори евроии (65 ҳазор долларӣ) Сахаров солона аз сӯи Парлумони Аврупо ба баргузидаҳо дар ҳавзаи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва мудофеони озодии баён дода мешавад.

Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Малола Юсуфзай аз имконияти ҷиддии баранда шудани ин ҷоиза бархӯрдор аст. Барандагони ин ҷоиза дар таърихи 10-уми октябр эълон хоҳанд шуд.

Гурӯҳҳое чун "Эътилофи либеролҳо ва демократҳои Аврупо" ва "Сотсиалист ва демократҳои Аврупо" ва низ ҳизбҳое чун "Ҳизби мардуми Аврупо" ва "Гурӯҳи муҳофизакорони ислоҳгарои Аврупо" эълом карданд, ки аз номзадии Малола Юсуфзай ҳимоят менамоянд.

Эдвард Сновден, ки барои ифшои барномаи гӯш кардани махфиёна ва назорати маълумоти маҳрамонаи корбарони интернет аз Амрико гурехт ва дар Русия ба унвони паноҳанда ба сар мебарад, аз сӯи аҳзоби Сабз ва Озодиҳои фардӣ, мавриди ҳимоят қарор гирифтааст.

Алес Белятский, Эдвард Лобай ва Микола Статкевич ҳам аз ҳимояти намояндагони Лаҳистон бархӯрдоранд ва ҳар як ба намояндагӣ аз ҷомеаи норозиён ва дигарандешони Белорус, номзади касби ҷоизаи Сахаров муаррифӣ шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi