05:08:08 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАРО МУҲОҶИРОН ДУБОРА ҲИҶРАТ МЕКУНАНД?

Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мегӯяд, то кунун на бештар аз 30 дар сади муҳоҷирон ба ватан баргаштаанд. 

Аммо ҳамин муҳоҷирони бозгашта ҳам, ба қавле, дар ватани азиз худ бисёр тоқат накарданд ва ҳоло Тоҷикистон шоҳиди бозгашти дубораи муҳоҷирони корӣ ба Русия шудааст. Шамсиддин Салимов – табиби таҷрибадори тоҷик, ки дар авҷи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия барои ёфтани кор ба ин кишвар баргашт, ҳарчанд баъди бозгашташ ба Тоҷикистон аҳд карда буд, дар назди азизонаш мемонаду дар ватан кор мекунад. 

Аммо Шамсиддини 36- сола ин аҳди худро шикаст, зеро, ба гуфтаи худаш, агар дар Тоҷикистон мемонд, бояд хонаашро мефурӯхту, чаҳор фарзандашро таъмин мекард. 

Шамсиддин мегӯяд, сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодӣ ва баста будани дари корхонаҳои Русия ба рӯи муҳоҷирони тоҷик, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон мехоҳанд, ба Русия баргарданд: "Қариб ҳамаи халқи Тоҷикистон мехоҳанд, ки ба Русия биёянду кор кунанд, аммот ҷойи аниқ надоранд. Телефон мекунанд, кордиҳандаҳо мегӯянд, кор нест, пул нест, намебиёянд, аммо мехостагиҳо бисёранд ва ҳама мехоҳанд, биёянду кор кунанд."

Шамсиддин, ки қабл аз бӯҳрон дар Русия музди кори хубе мегирифт ва ҷойи кори доимӣ дошт, ҳоло розӣ аст, аз ноилоҷӣ ҳар кори сиёҳу каммуздро ҳам иҷро кунад, мисли ҳазорон ҳамватани дигараш: “Дар ин бӯҳрон албатта кор ёфтан назар ба солҳои гузашта мушкил аст. Вале ҳаёт маҷбур мекунад, ки кор кунему кор ёбем. Меёбем, назар ба солҳои пеш камтару арзонтар, корҳое, ки солҳои пеш як сол пеш дар ивази пули бештар мекардем, ҳоло маҷбурем бо пули камтаре иҷро кунем.”

Аммо набудани ҳамин пули каму ҷойи кори муносиб дар Тоҷикистон ҳазорон муҳоҷири бозгаштаи тоҷикро, ки маҷбур кардааст, сарфи назар аз ҳама беҳуқуқиву сахтиҳо ва қиссаҳои тарснок доир ба бераҳмии миллатгароёни рус ба ин кишвари муҳоҷипазир аз Тоҷикистон баргарданд. 

Тамом шудани захираҳои ҷамъкардаи муҳоҷирон, бадтар шудани сатҳи зиндагии хонаводаҳои бузург, ки дастнигори муҳоҷирони корӣ буданд, ҳоло дигарбора сели муҳоҷирони тоҷикро ба Русия равон мекунад. 

Аз ҳисоби бештар аз 1 миллион нафар муҳоҷирони кории тоҷик, бар асари бӯҳрони иқтисодӣ тақрибан 30 дар сади онҳо ба Тоҷикистон баргаштаанд, ки табиатан интиқоли пул ба кишварро камтар кард. 

Ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров – вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ, тайи ним сол муҳоҷирон ба кишвар 750 миллион доллар интиқол доданд, ки назар ба соли гузашта 25 дар сад камтар аст. 

Вазири тоҷик боз ҳам шукр мегӯяд, ки миқдори зиёдтари муҳоҷирон ба Тоҷикистон барнагаштанд ва ҳаҷми пули фиристодаи онҳо назар ба соли 2007 бештар аст. 

Бозори кории Тоҷикистон, ки ҳар сипоҳӣ 150 000-нафарӣ онро бештар мекунад, зоҳиран то як даҳсолаи дигар ҳамингуна пойбанди бозори кории Русия хоҳад буд ва ҳамингуна иқтисоди Тоҷикистон ҳам. 

Ба шарофати муҳоҷирон аст, ки садҳо ҳазор нафар дар кишвар зиндагии худро беҳтар карданд, ба шарофати муҳоҷирон буд, ки бонкҳои Тоҷикистон ҷон гирифтаанд ва ҳоло дуо мекунанд, ки кош муҳоҷирон бештар бошанду, онҳо аз ҳисоби интиқоли пулҳо миллионҳои дигар ба даст биёранд. 

Аммо бозгашти муҳоҷирону афзоиши муҳоҷират, дар баробари манфиати зиёд, аз ҳоло дарди сарҳои зиёде барои Тоҷикистон офаридааст. 

Ҷамшед Қуддусов, коршиноси тоҷик, аз созмони таҳқиқотии “Сотссервис» ки бозори кории кишварро таҳқиқ кардааст мегӯяд: “Масалан ман медонам, ки дар соҳаи кишоварзӣ, мутахассисони парвариши пахта намерасанд. Намерасанд, барои онки онҳо ба Русия сафар карда ва ихтисоси худро дигар карда, соҳиби ҷойу кор шудаанд. Обмон намерасад, пахтачин намерасад, чунин камбуди мутахассис дар дигар соҳаҳо ба назар мерасад, ба истиснои соҳаи сохтмон.” 

Аммо ҳамин обмонҳову мутахассисони арсаҳои дигар дар ҷараёни пажӯҳишҳо гуфтаанд, ки бо дилу ҷон дар ватани хеш мемонаду кор мекунанд, ба шарте ки имконияти кори муносибе барои онҳо фароҳам шавад. 

Собир Аминов – намояндаи Созмони Ҷаҳонии Кор дар Душанбе аз натиҷаҳои як таҳқиқоти ин созмон мегӯяд: "Бисёре аз онҳое, ки мо дар байнашон пурсиш анҷом додем, хоҳиш доранд, ки дар ҷумҳурӣ истанд, агар ки ба онҳо ягон имконият дода шавад. Азбаски ин имкониятҳо бисёр кам аст, реалӣ нест, бинобар онҳо гуфтанд, ки илоҷе ба ғайр аз бозгаштан ба муҳоҷирати корӣ надоранд."

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои офаридани ҷойҳои кории нав ва танзими муҳоҷирати корӣ талош мекунад, зеро худи кишвар қодир ба таъмини 4 миллиону 200 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ нест. 

Аз ин ҳисоб бештар тақрибан якуним миллион нафари онҳо нерӯи кории барзиёданд ва табиатан ҷойи кори худро дар хориҷ меҷӯянд. Шукурҷон Зуҳуров вазири кори Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумат барномаҳои зиёде барои офаридани ҷойҳои корӣ ва танзими муҳоҷират иҷро мекунад, вале имконоти зиёде барои он надорад: 

Аммо Ҷамшед Қуддусов мегӯяд, то ҳол давлати Тоҷикистон мисли як нозир дар равандҳои муҳоҷиратӣ будааст ва натавонистааст, аз имкониятҳои васеъи муҳоҷират барои рушди иқтисодӣ маҳаллӣ истифода кунад. 

Ба гуфтаи мусоҳибонам, дар сурати идомаи муҳоҷирати бенизом, нодида гирифтани ниёзҳои муҳоҷирон, садҳо ҳазорон Шамсиддин дар хориҷ хоҳанд монд ва иқтисоди Тоҷикистон дар шароити рақобати сахт дар бозорҳои корӣ, навмедона мӯҳтоҷи ҳазорон мутахассиси соҳибтаҷриба.

Тоҳири Сафар, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi