18:41:07 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАЗОРОН БЕКОР БО БАСТА ШУДАНИ БОЗОРИ ЧЕРКИЗ

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд баста шудани бозори Черкизи шаҳри Маскав мунҷар ба бекор мондани ҳазорҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон шуда ва нигарониҳоеро дар миёни ин афрод ба бор овардааст.

Мусамиршо Ғафуров, масъули умури муҳоҷирони сафорати Тоҷикистон дар Русия, ин матлабро рӯзи чаҳоршанбеи 1 июл дар гуфтугӯйе телефунӣ ба Би-би-сӣ баён кард. Тибқи гузоришҳо, тайи се рӯз аст, ки бозори Черкизи шаҳри Маскав, аз бузургтарин бозорҳои Русия, ки дар он теъдоде зиёде аз муҳоҷирони тоҷик фаъолият мекарданд, ба далели риъоят нашудани умури беҳдоштӣ ва вуҷуди навоқиси қонунӣ, баста шудааст.

Оқои Ғафуров гуфт, ки ҳарчанд дар ҷараёни ин қазия аст, аммо бозори Черкиз бидуни огоҳӣ ва тавзеҳи сабабҳои он баста шудааст.

Вай гуфт бо вуҷуди муроҷеъаҳои мукаррар ба ниҳодҳои зидахли шаҳри Маскав ва ҳамчунин Вазорати хориҷаи Русия, ҳанӯз посухе дар ин замина ба сафорати Тоҷикистон дар мавриди сабабҳои баста шудани ин бозор ироа нашудаст.

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи оқои Ғафуров, дар бозори Черкизи шаҳри Маскав дастикам 10 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон машғули фаъолиятҳои тиҷоратӣ будаанд.

Ҳамакнун вай мегӯяд бисёре аз ин афрод "сарсону саргардон ва нисбат ба кор ва буду бошашон дар ин бозор нигарон ҳастанд."

Он гуна ки оқои Ғафуров гуфт, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ба иловаи кор дар ин бозор, дар онҷо ба сар мебурданд ва ҳамакнун ба иллати баста будани бозор ба маводди лозимӣ, асноду мадорик ва дороиҳояшон дастрасӣ надоранд.

Мусамиршо Ғафуров дар посух ба ин суол, ки сафорати Тоҷикистон дар қазияи пешомада чи кумаке ба муҳоҷирон метавонад кунад, гуфт: “Бо боварӣ метавон гуфт, ки бозор баста хоҳад шуд. Зеро масъулони шаҳрдории Маскав қаблан ҳам аз чунин тасмиме ҳушдор медоданд. Сафорати Тоҷикистон дар сурати омодагии муҳоҷирон барои бозгашт ба ватан ва ё идомаи кор дар манотиқи дигари Русия метавонад ба онҳо мусоъидат кунад.”

Аммо оқои Ғафуров мегӯяд, ки муҳоҷирони кории тоҷик мебоист аз қабл барои чунин иттифоқе омода бошанд ва бояд дарк кунанд, ки бо чунин итифоқоте дар Русия ҳеч замонате барои кору зиндагии доимии онҳо дар амокине, монанди бозори Черкиз, вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, бо он ки оқои Ғафуров эҳтимоли эътироз ва таҷҷамуъи муҳоҷирони дигар кишварҳо нисбат ба баста шудани бозори Черкизро баъид намедонад, аммо бовар дорад, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба чунин аъмоле даст нахоҳанд зад.

Аммо бо он ки баста шудани бозори Черкизи шаҳри Маскав нигарониҳоеро дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон, бахусус муҳоҷирони корӣ, ба бор овардааст, аммо Каромат Шарифов, раиси созмони иҷтимоъии “Ҷунбиши муҳоҷирони Тоҷикистон” аз ин иқдоми шаҳрдории Маскав чандон малӯл ба назар намерасад.

Вай гуфт: “Баста шудани бозори Черкиз фоҷеъа нест. Баръакс аз ин тариқ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин бозор ҳамчун ғулом кору зиндагӣ мекарданд ва ҷабру азият мекашиданд, озод мешаванд.”

Ба гуфтаи оқои Шарифов, аз соли 1994 то кунун дар бозори Черкиз беш аз 18 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд, ки ҳазор тани онҳо соҳиби дуконҳо ва бақия машғули корҳои ба истилоҳ "сиёҳ" будаанд.

Оқои Шарифов мегӯяд муҳоҷирони тоҷик бадтарин корҳоро дар бозори Черкиз анҷом медоданд ва дар иваз дар бадтарин шароит ба сар мебурданд.

Раиси созмони иҷтимоъии “Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик” мегӯяд, ҳамакнун ин теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар дигар манотиқи Русия бидуни азияту озор ва “ғуломӣ” кору фаъолият кунанд.

Каромат Шарифов афзуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин замина ҳеҷ кореро барои муҳоҷирони тоҷик наметавонад анҷом бидиҳад.

Ба гуфтаи вай, “сафорат ба ҷойи расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирон, дар бозори Черкиз дафтари кунсулгарӣ боз кард ва ин дафтар ҳеҷ кори судоваре анҷом надод.”

Бо ин ҳама, бархе аз соҳибназарон баста шудани бозори Чекизро дар шароити феълии бӯҳрони ҷаҳонии молӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик, ки бештарин мизони даромади рӯзгори хонаводаҳои худ дар Тоҷикистонро аз кор дар муҳоҷират таъмин мекунанд, зарбае ба зиндагии онҳо ва вазъи иқтисодии ин кишвар медонанд.

Оморҳои расмӣ ҳокист, ки мизони маболиғи интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик дар соли гузаштаи милодӣ беш аз ду милёрд дулори омрикоиро ташкил дода, вале бо таваҷҷуҳ ба асароти буҳрони ҷаҳонӣ, интиқоли ин маболиғ дар соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.

Мавзӯъи баста шудани бозори Черкизи шаҳри Маскав ҳанӯз дар авохири соли 2007 матраҳ шуда буд. Аммо баъдтар ин иқдом ба авоили соли ҷории милодӣ мавқуф гузошта шуд ва гуфта мешуд, ки иҷрои ин тарҳ то соли 2011 тамдид шудааст.

Манобеъи мухталиф дар Русия иллати аслии баста шудани бозорро ба мавориди мукаррари оташсӯзӣ, мунозеъоти қавмию хусусӣ ва ҷурму ҷароим дар ин бозор марбут медонанд. Гуфта мешавад, ахиран додситонии Русия алайҳи раиси ин бозор парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. 


BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi