00:38:59 19-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КОҲИШИ МУСОФИРОН ДАР ҚАТОР ВА ПАРВОЗҲОИ ҲАВОПАЙМО

 

Роҳи оҳани Тоҷикистон водор шудааст муҷаддадан қиммати билет барои сафар ба Русияро коҳиш бидиҳад. Ба гуфтаи Содиқҷон Ҷалов, муъовини раиси истгоҳи роҳи қатори шаҳри Душанбе, бо дархости Ҳукумати Тоҷикистон, ширкати Роҳи оҳани ин кишвар тасмим гирифтааст аз 15 июн қимати ҳамлу нақли мусофиронро дар масири шаҳрҳои Русия дар маҷмуъ то 15 дарсад коҳиш бидиҳад. 

Ба гуфтаи оқои Ҷалов, ин амр ба манзури ҷалби мусофирон барои сафар аз тариқи роҳи оҳан гирифта шудааст. Зеро, аз авоили соли ҷорӣ коҳиши қобили таваҷҷуҳи теъдоди мусофирон мушоҳида мешавад. 

Ба унвони мисол оқои Ҷалов гуфт, ки дар қаторе, ки имрӯз аз Душанбе ба Маскав сафар кард, танҳо сӣ дарсади билетҳо фурӯхта шудаанд. Дар маҷмӯъ, коҳиши теъдоди мусофирони Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо соле қабл беш аз панҷоҳ дарсад будааст. 

Содиқҷон Ҷалов афзуд, ки ду моҳе қабл Роҳи оҳани Тоҷикистон қимати билетҳои қаторҳои худро ҳамчунин 15 дарсад коҳиш дода буд, вале ин иқдом низ ба афзоиши теъдоди мусофирон мусоъидат накард. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Ҷалов, аз коҳиши қимати билет Роҳи оҳани Тоҷикистон хисороти ҷиддие хоҳад бардошт. 

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи вай, муъомилоти ин ширкат бо ҳамтоёнаш дар кишварҳои хориҷӣ, ки қаторҳои тоҷикистонӣ аз қаламрави ин кишварҳо убур мекунад, ба фронки суисӣ сурат мегирад, ки баҳои ин арз низ пайваста дар ҳоли афзоиш будааст. 

Ба гуфтаи иқтисоддонҳои тоҷик, ҳоло қимати билети қатор ба Маскав, ки беш аз 280 дулор арзиш дорад, наздик ба қимати билети ҳавопаймо дар ин масир аст ва ба ин далел мусофирон намехоҳанд бо арзиши мушобеҳ муддати чаҳор рӯз то ба пойтахти Русия сафар дошта бошанд.

Гузашта аз ин, дар сурати сафар бо қатор мусофирони тоҷик водор мешаванд аз марзи чанд кишвари ҳамҷавор убур кунанд ва ба гуфтаи бархе аз онҳо, пайваста бо муъомилоти хашини маъмурони марзбонӣ ва хадамоти гумруки ин кишварҳо рӯбарӯ мешаванд. 

Ин дар ҳолест, ки "ТоҷикЭйр", ширкати давлатии ҳавоии Тоҷикистон низ аз коҳиши теъдоди мусофирон дар хатти сайрҳои худ гузориш медиҳад. Ба гуфтаи Назира Давлатова, сухангӯйи ин ширкат, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ин ширкат беш аз сӣ ҳазор камтар мусофиронро интиқол додааст. 

Ин дар ҳолест, ки "Тоҷикэйр" низ дар соли ҷорӣ водор шудааст, қимати билетҳоро коҳиш бидиҳад. Ба унвони мисол, хонум Давлатова гуфт, ки агар соле қабл қимати билети омаду рафт дар масири Душанбе-Маскав 650 юру арзиш дошт, пас ҳоло мусофирон метавонанд ин билетро бар ивази 500 юру харидорӣ кунанд. Вале ба гуфтаи вай, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ коҳиши теъдоди мусоифирон дар ширкатҳои хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳанд, бештар мушоҳида мешавад. 

Аз сӯйи дигар, бо вуҷуди коҳиши теъдоди мусофирон, "ТоҷикЭйр" шумори парвозҳои худ ба шаҳрҳои Русияро афзоиш додааст. Қарор аст, аз ҳафтаи ҷорӣ шумори парвозҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба шаҳри Маскав афзоиш ёбад. Ҳамчунин дар ҳафтаи ҷорӣ оғози парвозҳои ҳавопаймоҳои "ТоҷикЭйр" аз Душанбе ба шаҳрҳои Сочӣ ва Иркутски Русия дар назар аст. 

Ба эътиқоди соҳибназарон, пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия ва қоҳиши ниёзи ин кишвар ба муҳоҷирони кории тоҷик аз илали аслии коҳиши мусофирон дар ҳавопаймо ва қатор дар Тоҷикистон будааст. 

Ҳарчанд манобеъи расмии давлати Тоҷикистон омори дақиқе дар мавриди коҳиши теъдоди муҳоҷирон ҳанӯз мунташир накардаанд, вале ба эътиқоди соҳибназарон дар соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷике, ки ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанд, беш аз сӣ дарсад камтар хоҳад буд. 

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi