00:45:34 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Саид Солеҳов: «Агар ҳама корҳоятон дар чаҳорчӯбаи қонун бошанд…»

ё дар суҳбати Саиде, ки намегузорад занҳову фарзандонаш муҳтоҷ бошанд

Мусоҳиб Султони Ҳамад

Хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Рӯзгор», мо мусоҳибаҳои худро бо роҳбарони созмонҳову ташкилотҳои дар кишварҳои хориҷ будаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва тавассути онҳо шиносоиямонро бо шароити кору зиндагонии мардикорон дар дигар давлатҳо идома медиҳем. Саид Солеҳов, муовини раиси Анҷумани тоҷикони Қазоқистон аст. Яке аз соҳибкорони муваффақ ба шумор меравад.Чанд муддатест, ки дар Тоҷикистон қарор дорад ва мо аз фурсат истифода бурда бо ӯ пиромуни кору фаъолияташ ҳамчун соҳибкор ва инчунин оиди Анҷумани  тоҷикони Қазоқистон суҳбате оростем. Нахуст аз ӯ хоҳиш кардем, ки бо чанд ҷумла худро барои хонандагони ҳафтанома муаррифӣ намояд.

1.said 454546554-Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

Нахуст мехоҳам, ки салом гарму ҷӯшони тоҷикони Қазоқистонро ба ҳамватанони азизамон, ба мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ин хонаи умеди ҳамаи мо бирасонам. Баъдан, ман, Саид Солеҳов, дар яке аз деҳаҳои  собиқ Совхоз-техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Коммунистӣ, ки ҳоло ноҳияи Бохтар номида мешавад, таваллуд шудаам.

Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шудам.Пас аз хатми Донишгоҳ ба Совхоз-техникум баргашта ба ҳайси агроном - энтомолог ифои вазифа кардам. Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта дар ҳамон ҷо раиси иҷоракорон интихоб шудам. Ҳамзамон дар замини наздиҳавлигӣ бо парваришу фурӯши сабзавот машғул будам. Зиндагонии муфарраҳ доштам. Вале нооромиҳо шуруъ шуданду бар асари ҷангу ҷидолҳо дар вилояту ҷумҳурӣ иҷборан ба Ҷумҳурии Қазоқистон муҳоҷират кардам.

-Дар Қазоқистон корро аз чӣ сар кардед?

-Ман бо дасту киссаи холӣ ба Қазоқистон муҳоҷират карда будам. Ҳамон қадар маблағе доштам, ки роҳпулӣ кунам. Дар Қазоқистон корро аз тиҷорат сар кардам. Дар Алма Ато тасодуфан бо бародарони дунгонӣ, ки алҳамдулиллоҳ, муъмину мусалмони худотарс ҳастанд, шинос шудам. Онҳо бо тиҷорати сабзавот машғул буданд. Яке аз онҳо ба ман бо нархи арзон  як халта редиска ва як халта пиёз дода гуфт, ки рафта тиҷорат кунам ва кадом вақте, ки соҳиби пул шудам, пулашро баъд бармегардонам.

Хулоса, ман корро аз ҳамин фурӯши як халта редиска ва як халта пиёз оғоз кардам. Тоҷирони маҳалии бозор соатҳои 5-6 бегоҳӣ корро қатъ карда ба хонаҳояшон мерафтанд, мо тоҷикони муҳоҷир бошем, баъзан то нисфи шаб кор мекардем. Ҳамин тавр маблағи муайяне ҷамъ овардам ва оҳиста-оҳиста худам низ дӯкон кушодам. Теъдоди дӯконҳоро батадриҷ торафт зиёдтар мекардам. Масалан, ман дар як муддати на чандон тӯлонӣ дар ҳамон бозори марказии шаҳри АлмаАто, ки бозори «Зеленный» ном дорад, 17 дӯкон кушодам ва ин дӯконҳоро ба дигар касон, азҷумла ба дигар тоҷикон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ба иҷора медодам.

Баъдтар дар ҳамин бозор аввал  ошхонаеро ба иҷора гирифтем ва чанд муддат дар он ҷо кор кардем, муштариёни зиёд пайдо намудем. Сипас ҳамон ошхонаро аз соҳибаш харидем ва он моли мо шуд. Баъдтар аз пули худамон дар ҳамон ҷо як ошхонаи дигар сохтем. Ҳамин тавр чанд сол кор кардем. Рости гапро бигӯям, мардуми он ҷо хеле босаводу дурандешанд. Ҳамеша дар фикри пеш бурдани корҳояшон мебошанд.

Пулро ба хотири пайдо кардани пул медонанд, ки чӣ хел сарф кунанд. Мо аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхтем. Баъдтар ман ҳам як порча заминро харидаму дар он ҷо як ресторани калон сохтам. Заминеро ки ман харидам як партовгоҳи калон буд. Тахминан 2 гектар масоҳат дорад. Вақте ки ба тоза кардани ин замин шуруъ кардам, 286 мошини КАМАЗ борро ман аз ҳамин партовгоҳ бор карда бурда дар як партовгоҳи дигар  бурда рехтам. Ҳамин миқдор КАМАЗ хок, яъне хоки ҳосилхез ва сангро барои бунёди он мавзеъ ба ин ҷо, ба партовгаҳ, оварда рехтам. Як трактори булдозер  дар муддати 36 рӯз дар он ҷо пайваста кор кардааст.

Барои мисол барои ҳар як рӯзи кории ин булдозер ман 150 долларӣ  музд додаам. Имрӯз он мавзеъро шинохта намешавад. Дар он ҷо боғи калоне бунёд шудааст. Тақрибан чору ним-панҷ ҳазор бех ниҳоли боровар парвариш меёбад. Дарахтони себу зардолу ҳосили хуб дода истодаанд. Токи шинондаам имсол чунон ангур бастааст,ки ҳар хӯшааш аз 2 килограмм зиёд вазн дорад. Як қисмати сабзавотеро, ки дар ресторан истифода мебарем, аз ҳамин замин ва боз 20 гектар замине, ки ба иҷора гирифтаам, ба даст меорем. Бо ин мақсад ба парвариши чорво низ машғул ҳастем.

- Чунин пешрафт дар корҳои шумо ба ҳайси як соҳибкори муваффақ рашку ҳасад бахилии мардуми таҳҷоиро ба бор намеорад? Нисбати Шумо ягон вокунишҳои манфӣ сурат намегиранд?

2.said 454546554-Алҳамдулиллоҳ, мардуми қазоқ мардуми таърихан боадлу инсофанд. Ҳақиқатҷӯ ва ҳақиқатгӯ ҳастанд. Онҳо мебинанд, ки мо ба чунин пешравиҳо бо меҳнати ҳалоламон ноил мешавем, инро эътироф мекунад, ба инсонҳое мисли мо, ки ҳаққи шаҳрвандии Қазоқистонро низ соҳиб шудаем, бо чашми инсоф менигаранд. Албатта, ҳастанд нафарони алоҳида, он ҳам аз намояндагони дигар миллатҳо, ки намехоҳам инҷо мушаххас кунам кадом миллат, гапҳои пасту баланд мезананд, вале мо бо кори худ, бо муносибати неки худ бо онҳо ботил будани андешаашонро амалан исбот мекунем.

-Намояндагони мақомоти қудратии Қазоқистон дар маҳалҳо сари шумо фишор намеоранд? Масалан, бо баҳонаҳои мухталиф тамаъҷӯӣ намекунанд, чи тавре ки дар Ватани мо, мутаассифона, ин гуна ҳолатҳо мушоҳида мешавад?

-Тамаъҷӯии мақомоти қудратиро дар он ҷо мо дар шакли густурда мушоҳида намекунем. Агар ҳама корҳоят дар чаҳорчӯбаи қонун бошанд, санадҳоятон ҷо ба ҷо бошанд, касе ба шумо кордор нест. Албатта ҷангал бе гург намешавад. Ёфт мешаванд нафарони алоҳидае, ки аз мансабҳои хеш сӯистифода карданӣ мешаванд. Вале чунин корҳо бештар бо айби худи мо сурат мегиранд. Зеро худи мо дар корҳоямон ба камбудиҳо роҳ медиҳем. Як воқеа ба ёдам меояд.

Мехостам гирди корхонаамонро девори бетонӣ бигирам. Кор аз нисф гузашта буд, ки тракторчие аз мардуми маҳал аз беэҳтиётӣ девори сохтаи моро мегардонад. Ин ҳолро дида ман ӯро сахт ҷанг кардам. Ҳатто мумкин аст суханҳои дурушту дағал ҳам гуфта бошам. Тифоқо дар ҳамон наздикиҳо сардори ба тозагӣ таъиншудаи  умури дохилаи ноҳия, ки ман ӯро намешинохтам, ҳузур доштааст. Ӯ низ маро намешинохт. Ӯ суханҳои маро шунида бисёр дар қаҳр шуд.

Ба кормандонаш амр кард, ки маро ба назди ӯ  бо тамоми асноди худам ва корхонаам даъват кунанд. Чанд лаҳза пас ман дар дафтари кории сардори умури дохилаи ноҳия дар иҳотаи дигар кормандонаш  бо ӯ бо забони қазоқӣ саволу ҷавоб мекардам. Ба тамоми саволҳояш посухҳои лозимаро медодам. Вақте, ки аз нозири минтақавӣ (як подполковники калонсол буд), дар бораи ман пурсон шуд, ӯ маро ҳамаҷиҳата мусбат муаррифӣ кард. Шояд чунин муаррифӣ ба табъи сардори нав нафорид, ки аз нозир  пурсид:

-Ту забони тоҷикиро медонӣ?

Нозири минтақавӣ гуфт:

-Не, намедонам.

-Дар Тоҷикистон моликияти ғайриманқул дорӣ?

Гуфт:

-Не, надорам.

Сардор боз пурсид:

-Дар Тоҷикистон ресторан дорӣ?

Нозир посух дод, ки «не, надорам».

-Барои чӣ ин одам забони қазоқиро медонад, дар Қазоқистон ресторан дорад, дар Қазоқистон моликияти ғайриманқул дорад, ту бошӣ забони тоҷикиро намедонӣ ва ин ҳамаро дар Тоҷикистон надорӣ?  Бигӯ барои чӣ?

-Нозири минтақавӣ посух дод, ки барои он ки ин марди худодод аст. Доимо кори нек мекунад, хайр мекунад. Дасташ кушод аст. Ба ин одам Худо додааст.

Сардор чун ин таърифҳоро шунид ба ман гуфт:

Хез аз ҷоят, мо ҳозир туро дар амал месанҷем.

Ӯ маро ба толори варзишие бурд, ки дар ҳамон наздикиҳо ҷойгир шуда буд. Баъди нишон додан гуфт:

-Ба фикрам, фарзандони Шумо низ ин ҷо тамрин мекунанд. Агар ин ҷо ободтар бошад оё барои Шумо ва мардуми маҳал хуб нест?

Гуфтам «хуб аст». «Пас обод кардан лозим аст инҷоро», гуфт ӯ.  Гуфтам «дуруст мегӯед» ва обод кардем.

-Ва аммо муносибати мардуми оддӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, махсусан тоҷикон, чӣ гуна аст?

3.said 454546554-Мардуми оддӣ, махсусан соҳибони аслии ин кишвар, қазоқҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус мо тоҷикон, бисёр муносибати хуб доранд. Мо дар ҳама маъракаву маросимҳои худ мардуми маҳаллиро, махсусан ҳукуматдоронро, даъват мекунем, онҳоро дар шодиву хурсандиҳои худ шарик месозем. Бояд гуфт, ки ин самимият, муносибати нек бо тоҷикони муҳоҷир, баъди он ки Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои худ ба Қазоқистон вақт ёфта бо мо низ вомехӯрд, зиёдтар шуданд, таҳким ёфтанд. Дар Қазоқистон Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон гуфтанӣ ниҳоде ҳаст, ки намояндагони беш аз 130 қавму халқу миллатҳоро муттаҳид месозад ва раиси он худи Нурсултон Назарбоев мебошад. Тоҷикон низ узви баробарҳуқуқи ҳамин Ассамблея мебошанд.

-Воқеан, дар бораи Анҷумани тоҷикони Қазоқистон  ва фаъолияти он чанд сухан мегуфтед?

-Анҷумани тоҷикони Қазоқистон соли 1998 ташкил шудааст. Он вақт онро Анҷумани ба номи Абӯалӣ ибни Сино мегуфтанд ва раисаш яке аз тоҷирони пешқадам Саидмурод Шарифов буданд. Ҳоло раиси Анҷумани тоҷикони Қазоқистон Ҳикматуллоҳ Холиқов аст. Як варзишгари номӣ, ки дар гӯштии дзюдо комёбиҳои хубе ба дастоварда буд. Феълан дар Клуби марказии Артиши Қазоқистон мураббии дзюдо мебошад.

Ду муовин дорад. Муовини аввалаш Муҳаммадсафар Иззатуллоев, яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик дар Қазоқистон мебошад. Банда низ муовинаш ҳастам. Аъзои фаъоли ин Анҷуман Ёқуб Абдуллоев, Сулаймон Абдурашидов, Акобир Абдурашидов, Ҷамшед Камолов ва дигарон ҳастанд, ки корҳои зиёдеро ба мақсади таҳким бахшидан ба муносибатҳои неки байни тоҷикони муҳоҷири меҳнатӣ ва мардуми таҳҷоӣ анҷом медиҳанд.

Анҷумани тоҷикон бо Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон низ равобити ҳасана дорад. Махсусан, сафир ҷаноби Баҳром Холназаров ба кори Анҷумани тоҷикон ҳусни таваҷҷуҳи беандоза хуб дорад. Ҳамеша аз аҳволи муҳоҷирини меҳнатӣ хабар гирифта меистад. Нафаронеро, ки дучори мушкилот мешаванд, дастгирӣ менамояд.

- Анҷумани тоҷикони Қазоқистон бо тоҷикони таҳҷоии Қазоқистон ягон равобит дорад?

-Мо бо тоҷикони таҳҷоӣ ё муқими Қазоқистон, ки асосан дар Қазоқистони ҷанубӣ, дар дар вилояти Чимкент зиндагонӣ мекунанд, муносибати хеле  хуб дорем. Онҳо мактабҳои тоҷикӣ доранд. Як мактаби миёна ба номи Садриддин Айнӣ ҳаст ва мактаби дигар номи Мирзо Турсунзодаро дорад. Мактабҳои хеле калонанд, ки то ҳазор талаба дар онҳо дарс мехонанд. Китобҳои дарсии онҳо аз ҳамин Тоҷикистон таъмин мешаванд.

Баъди хатми мактабҳои миёна беҳтарин хонандагон тариқи квотаи президентӣ омада дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсилашонро давом медиҳанд. Чанд муддат пеш бо ширкати Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Баҳром Холназаров дар ноҳияи Сариоғочи вилояти Чимкент муҷассаммаи шоири классики мо Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд, ки дар баргузории ин маросим раиси Анҷумани тоҷикони Қазоқистон Ҳикматуллоҳ Холиқов фаъолона ширкат варзид.

Хулоса, мо тоҷикони муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамеша дар маъракаҳои тоҷикони таҳҷоии Қазоқистон иштирок мекунем. Онҳо дар маъракаҳои мо ширкат мекунанд. Масалан, ҷашни истиқлолиятро талош мекунем бо ширкати намояндагони ҳамдигар ҳам дар  маҳалли зисти онҳо ва ҳам дар маҳали таҷаммуъи муҳоҷирони корӣ бигзаронем. Ҷашни «Наврӯз»-ро ҳамин гуна боҳашамат бигзаронем. Дар ин ҷашнҳо мусобиқаи гуштингириро ташкил мекунем. Ба ғолибон туҳфаҳо медиҳем.

-Муҳоҷирони корӣ аз ҷумлаи тоҷикон бештар дар кадом шаҳрҳои Қазоқистон кору фаъолият мекунанд? Теъдодашон чӣ қадар аст?

4.said 454546554-Тоҷикони муҳоҷири меҳнатӣ қариб дар тамоми шаҳрҳои калони Қазоқистон:  Остона Қарағанда, Семипалатинск, Чимкент ва ғайра ҳастанд. Вале дар Алма Ато онҳо бештар мебошанд. Қариб дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи Қазоқистон кор мекунад. Вале бештар дар соҳаи савдо ҳастанд. Бо тиҷорат машғуланд. Теъдодашонро касе аниқ муайян накардааст. Вале теъдодашонро солона на камтар аз 200 ҳазор нафар дар фасли тобистон ҳадс мезананд. Зимистон шояд камтар шаванд.

- Корбурди раҳбарони Анҷумани тоҷикони Қазоқистон миёни муҳоҷирини меҳнатӣ чӣ гуна аст?

-Мо дар тамоми минтақаҳое, ки тоҷикони муҳоҷир кор мекунанд, намояндагони худро дорем. Тавассути онҳо аз ҳоли муҳоҷирон огоҳ мешавем. Агар зарурати ба касе кумак кардан ҳам пайдо шавад ин корро низ тавассути ҳамон намояндаҳо анҷом медиҳем. Мо бо ин мақсадҳо сандуқи хайрия дорем. Маблағҳо бо қарор ва розигии раёсати Анҷумани тоҷикон маъмулан барои кӯмакҳои башардӯсона сарф карда мешаванд. Ё Худо нахоста ягон маргу мурда шавад дар рафъи камбудиҳои ин маъракаҳо масраф мешаванд.

Лочинов Саидмардон Худо раҳматаш кунад, яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик дар Қазоқистон буд. Даҳ рӯз нашудааст даргузашташро. Деҳқон буд. Дар Чимкент 20 гектар замини иҷора дошт. Бо киштукори сабзавот машғул буд. Имсол ҳосили хубе гирифт. Мехост онро ба Русия барои тиҷорат бубарад. Вале мутаассифона, дар як садамаи автомобилӣ чанд рӯз пеш дар ҳамон Қазоқистон ба шаҳодат расид. Ҷасадашро бародарон аз он ҷо тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фиристоданд, мо ин ҷо қабул карда бурда дар Ватанаш Қумсангир ҷаноза карда ба хок супоридем. Худо раҳматаш кунад, яке аз фаъолони Анҷумани тоҷикон буд.

Анҷумани тоҷикони Қазоқистон бо дарёфти имконият ба баъзе зиёиёни муқими Қазоқистон низ дар корҳои эҷодиашон кӯмак мекунад. Масалан, чанде пеш олим ва донишманди тоҷик Қурбоналӣ Идрисов «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро ба забони қипчоқӣ омодаи нашр кард. Чопи он асосан бо кӯмаки Анҷумани тоҷикон, махсусан муовини аввали он Муҳаммадсафар Иззатуллоев, дар шакли як китоби зебо анҷом пазируфт.

-Байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва мардуми таҳҷоӣ ҳолатҳои хешу таборшавӣ, масалан издивоҷ зиёд аст?

- Бале, чунин мисолҳои хешу таборшавиро зиёд овардан мумкин аст. Азҷумла худи ман қариб бист сол пеш ба як уйғӯрдухтари Алма Ато расман хонадор шуда будам ва аз ин издивоҷ се фарзанд дорем. Писарам Исломиддин синфи 10 мехонад, духтарам Малика синфи 8 мехонад. Воқеан, корхонаи ман номи ҳамин духтарамро дорад. Духтари хурдиам Ситора синфи чор мехонад.

-Фарзандонатон забони тоҷикиро медонанд?

-Бале, хеле хуб медонанд. Дар мактаб русӣ мехонанд. Аз ҷумлаи хонандагони пешқадами мактаб ба шумор мераванд. Директори мактаб мегӯяд, ки мо фарзандони Шуморо барои дигар хонандагон ба хотири он ки забони модариашонро хуб медонанд, ҳамчун намуна муаррифӣ мекунем. Фарзандонам инчунин забони русӣ, қазоқӣ ва забони модарияшон-ӯйғуриро хуб медонанд.

-Дар Тоҷикистон низ зан доред?

-Бале, дар ин ҷо низ зану фарзанд дорам. Ҳарду хонумам бо ҳам муносибати хубу ҳасана доранд. Хонуми тоҷикистониям чанд бор Қазоқистон рафт ва меҳмони, чи тавре ки дар мардуми мо мегӯянд, бохчонаш шуд. Хонуми қазоқистониям низ чанд бор Тоҷикистон омад ва меҳмони оилаи тоҷикистониям гардид. Хулоса хонумҳоям байни ҳамдигар муносибати хуб доранд.

Албатта талош меварзам, ки  ҳарду хонаводаам дар зиндагӣ муҳтоҷ набошанд. Соли гузашта фарзанди калониям Сиёвушҷон Донишгоҳи тиббиро дар Душанбе хатм кард ва имсол ба Донишгоҳи русиву қазоқии ба номи Динмуҳаммад Қунаев дар Алма-Ато дар риштаи ҳуқуқ дохил шуд. Ҳоло дар ҳамон ҷо таҳсил дорад. Яъне мехоҳад, ки дар соҳаи ҳуқуқ низ соҳибмаълумот шавад (Занги телефон баланд шуд ва Ҳоҷӣ Саид ба ҳамсуҳбаташ ба забони қазоқӣ посух дод).

-Мебинам, ки бо забони қазоқӣ хуб ҳарф мезанед. Боз кадом забонҳоро медонед?

-Алҳамдуллилоҳ, қариб тамоми забонҳои туркиро медонам. Яъне забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, туркманӣ, уйғӯрӣ, инчунин каму беш бо забонҳои арабӣ ва олмонӣ ҳарф мезанам. Забони модариам тоҷикиву забони русиро ҳисоб намекунем.

-Бо намояндагони ин миллатҳое, ки гуфтед, кӯшиш мекунед, ки бо забони онҳо суҳбат кунед?

-Бале, масалан бо ҳукуматдорони маҳаллӣ мо танҳо бо забони қазоқӣ ҳарф мезанем. Вақте, ки дар маъракаҳо ва чорабиниҳои ба ин ё он муносибат азҷумла ба Рӯзи истиқлолият, Рӯзи Сарқонун, Рӯзи шаҳри Алма Ато ва ғайра бахшидаи онҳо ширкат ва хизмат мекунем, талош мекунем, ки бо забони худи онҳо суҳбат кунем, суханронӣ кунем. Мо худро ҷузъи ҳамин кишвар медонем. На танҳо дар хурсандиву шодӣ, балки дар мушкилоти онҳо, дар ғаму андуҳи онҳо низ шарикем. Шодии онҳо шодии мост. Ғами онҳо ғами мост.

-Масалан дар кадом ғаму андуҳи онҳо шарик будед?

-Масалан, чанде пеш дар навоҳии атрофи Алма Ато обхезӣ шуд. Он ба мардуми таҳҷоӣ зиёни калон расонд. Анҷумани тоҷикон тасмим гирифт, ки то ҳадди имкон ба офатзадагон кӯмаки моддӣ бирасонад ва мо ин корро кардем. Як миқдори муайяни орду биринҷу равған ва дигар чизҳо ба маҳали офатрасида бурдем ва тавзеҳ кардем.

-Дар ҳамин корхонаи Шумо, ки ресторани «Малика» ном дорад, чанд нафар кор мекунанд?

-Ҳама вақт 45- 50 кас кор мекунад. Вале рӯзҳое мешавад, ки барои гузаронидани маъракаҳои калон тақрибан боз 20-30 нафар одамро ба муддати кӯтоҳ ба кор мегирем. Мо чанд толор дорем. Дар толори калонӣ то 1000 одамро метавонем дар як вақт меҳмондорӣ кунем. Дар як вақт ду то се маърака мегузаронем. Дар чунин ҳолатҳо теъдоди коргарони мо то ба 60-70 нафар мерасанд.

-Коргарони Шумо асосан аз ҷумлаи муҳоҷирони меҳнатиянд ва ё аз мардуми таҳҷоӣ?

-Тақрибан 12-15 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ-тоҷиконанд. Боқимонда ҳама аз мардуми таҳҷоӣ мебошанд.

-Муҳоҷирони меҳнатӣ азҷумлаи тоҷикон дар як моҳ чӣ қадар маош мегиранд, мардуми таҳҷоӣ чӣ қадар мегиранд?

-Муҳоҷирони меҳнатӣ азҷумлаи тоҷикон аз 500 доллар камтар намегиранд. Вале мардуми таҳҷоӣ бошад зиёдтар, 700-800 то 1000 доллари амрикоӣ дар моҳаш маош мегиранд. Як сабаби муносибати хуб доштани ҳукуматдорони маҳалӣ бо мо, соҳибкорони муҳоҷири тоҷик, дар ҳамин аст, ки мо натанҳо мардуми таҳҷоиро бо кор таъмин мекунем, балки молиёти хуб низ ба хазинаи давлати Қазоқистон  мепардозем.

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 23 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi