01:03:24 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТУРСУНЗОДА: «ХОНАИ МО ОН ҚАДАР ҲАМ ДУР НЕСТ»

 

 САЙРЕ ДАР ОСОРХОНАҲОИ АДАБИИ ДУШАНБЕ


Мехоҳед, ки бо ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва ё нависандаи дӯстдоштаатон аз наздик ва ҳам дар як муддати кӯтоҳ шинос шавед? Манзурам дар чанд соат дар борааш маълумоти муфассали айёнӣ бигиред? Пас пеш аз ҳама ҷӯёи он шавед, ки ин адиб дар ҳамон шаҳри шумо ягон марказ ва ё осорхонае дорад ва ё не? Тибқи ақидаи маъмул дар чунин марказҳо ва ё осорхонаҳо масъулин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тамоми маълумоти заруриро дар бораи он шахсияте, ки он марказ ва ё осорхона ба номаш иртибот мегирад, ҷойгир кунанд. 

Сайёҳони хориҷӣ беҳуда осорхонаҳои шахсиятҳои бузургро дар нақшаи худ яке аз ҷойҳои асосии тамошо интихоб намекунанд. Агар дар шаҳри шумо чунин марказҳо бошанд, пас бидонед, ки кори шумо омад кардааст. Чанде пеш тасмим гирифтам, ки донишҳои дар бораи баъзе адибони муосири тоҷик, аз ҷумла, устод Айнӣ, устод Лоҳутӣ, устод Турсунзода ва дигарон дар мактаби миёна ва Донишгоҳ андӯхтаамро тавассути осорхонаҳои адабии шаҳри Душанбе боз ҳам мустаҳкамтар кунам. Ва дар пайи ҷустуҷӯйи осорхонаҳо шудам. 

Аз чӣ сабаб бошад дӯстон ва устодонам ҳини номбар кардани чунин осорхонаҳои шаҳри Душанбе аввал аз осорхонаи устод Мирзо Турсунзода ном мегирифтанд. Ман ҳам бо ин далел тамошои худро аз осорхона ё худ хона-музеи устод Мирзо Турсунзода шурӯъ кардам.

Осорхонаи устод Турсунзода дар қисмати шимолу шарқи пойтахт дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ ҷойгир шудааст. Он нахустин бор дари худро ба рӯи тамошогарон 25-уми сентябри соли 1981 ба муносибати 70 солагии зодрӯзи шоир боз намудааст.

Шоир 20-соли умри пурбаракати хешро аз соли 1949 то соли 1969 дар ҳавои ин манзил гузаронидааст. Дар ҳамин хона дар тӯли 20- сол асарҳои машҳури худ; «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё», «Ҷони ширин», силсилаи шеърҳои «Ман аз Шарқи Озод» ва «Қиссаи Ҳиндустон»-ро эҷод намудааст.

Бале, инҳо маълумотҳое ҳастанд, ки онҳоро бидуни кадом заҳмате аз китобҳо пайдо кардан мумкин аст. Ман дар осорхона чӣ чизи барои худ ҷолиб ва тозаро дидам? Пеш аз ҳама муҳити хонаводагии устодро то андозае дарк кардам. Директори ин осорхона Фарида Низомова ҳамчун роҳбалад ба ману чанд нафари дигар, ки он рӯз ба ин даргоҳ омада буданд, дар бораи экспонатҳои осорхона бо завқ қисса мекард: 

-Ана дар паси ин мизи гирд соли 1958, яъне дар рӯзҳои ҷашнгирии 1100 солагии зодрӯзи устод Рӯдакӣ, шоирони машҳури дунё Николай Тихонови рус, Расул Ғамзатови доғистонӣ, Файз Аҳмади покистонӣ, Мулк Раҷ Ананди ҳиндустонӣ ва дигарон бо ҳам нишаста, як мушоираи таърихие барпо кардаанд. Устод Турсунзода дар достони мондагори худ «Ҷони ширин» ин лаҳзаҳоро ба ёд оварда навиштааст:

Меҳмон аз дуру аз наздик буд,
Оламе дар хонаи тоҷик буд.
Рус омад, турк омад аз дарат,
Духтари ҳиндӣ нишаст андар барат…
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон
Файз буд дар хонаи мо меҳмон,
Аз ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
Печу тобаш мисли мавҷи об буд,
Обҳои ноҳаи Панҷоб буд.


Дар ин ҳуҷра китобхонаи шахсии устодро ҷойгир кардаанд. Аз теъдод ва номгӯйи китобҳо мо барои худ кашф месозем, устод то кадом андоза ба илму адаб завқу рағбати беандоза бузург доштаанд. Вале ба гуфтаи роҳбаладамон устод бештар китобҳоеро ба даст мегирифтанд, муаллифонашон онҳоро ба худи ӯ тӯҳфа карда будаанд. Масалан, мо дар он ҷо китобҳои устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Николай Тихонов, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва дигаронро дидем, ки дар саҳифаҳои аввали онҳо соядастҳои муаллифонашон ҳамчун номаҳои меҳр, арзу сипоси онҳо ба ин абармарди адабиёт дар ёд мемонанд.

Дар ин хона баъзе аз либосҳои устод Турсунзода ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ба гуфтаи роҳбаладамон ба сабаби камбуди ҷо бархе аз ин либосҳо дар амбор ҷой карда шудаанд ва хатари хароб шудани онҳо мавҷуд аст.

Дар назди ҳавлии хона-музей як боғи хеле зебо обод шудааст. Мегӯянд, нависандаи бузурги доғистонӣ Расул Ғамзатов онро «Боғи дӯстӣ» ном ниҳода будааст. Бисёр вақт ҳамсояҳои устод Турсунзода аз қабили шоир Абдусалом Деҳотӣ, адабиётшинос Холиқ Мирзозода ва оҳангсоз Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ ба ин даргоҳ омада, дар зери дарахтони ин боғ базми шеъру суруд ташкил мекардаанд. Устод Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ суруди «Ситораи ман»-ро, ки матнаш аз устод Турсунзода ҳаст ва онро баъдҳо шодравон Муқаддас Набиева хеле олиҷаноб хонда буд, дар ҳамин боғ аввалин бор худаш барои устод сурудааст.

Дар болои мизи яке аз ҳуҷраҳо як албоми бузурги аксҳо гузошта шудааст, ки дар он аксҳои дар солҳои гуногун ва дар кишварҳои мухталиф гирифтаи устод часпонда шудаанд. Дар ҳақиқат, дар он аксҳои нодири шоирро мебинем. Вале ба ин тарз ба тамошо гузоштани аксҳои шоир ба фикрам чандон кори айни муддао нест. 

Пеш аз ҳама агар одамони зиёд дар як вақт вориди хона-музей шаванд, на ҳамаи онҳо фурсат пайдо мекунанд, ки ин аксҳоро ба ҳузур тамошо кунанд. Аз сӯйи дигар ҳар як одами ба ин музей омада, агар албомро дар алоҳидагӣ варақ занад, он албом дер намепояд, аксҳо вайрон шуданашон мумкин. Барои ҳамин ман пешниҳод мекунам, ки аз воситаҳои нави техникӣ, аз CD ва DVD-ҳо истифода бурда шавад. 

Оё мумкин нест, ки ин аксҳо ва бисёр чизҳои дигар, масалан видеофилмҳоро дар бораи устод дар ҷойи муайяне дар ҳамин хона музей барои муштариён ба намоиш гузоранд. Дар аксарияти хона-музейҳои шахсиятҳои бузург дар дигар кишварҳо ин як кори муқаррарӣ ба шумор меравад. Одамон вақте вориди хона музейҳо мешаванд, метавонанд дар як ҷойи муайяни он, яъне барои ҳамин корҳо ҷудошуда, аз дидани видеофилмҳое дар бораи ин шахсиятҳо баҳра бубаранд. 

Дар остонаи ҷашни 100-солагии устод агар ин кор анҷом гирад, арвоҳи он бузургворро шод хоҳем кард. Ба ҳар ҳол чунин хизматрасониро барои муштариён дар хона- музеи устод Мирзо Турсунзода мо он рӯз надидем. Шояд ин чизро мо дар хона музеи устод Абулқосим Лоҳутӣ мебинем? Бо умеди дидор меравем ба он ҷо ва аз натиҷааш ҳафтаи оянда, Худо хоҳад, шуморо огоҳ хоҳем кард.

Сафаралӣ САИДШОЕВ, 
донишҷӯйи курси дуввуми 
факултети журналистикаи ДМТ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi