19:40:09 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МӮЪҶИЗАИ ТАФТИШНАШУДА

 Ӯзбекҳо эълом доштаанд, ки рушди 
иқтисодиашон дар ҷаҳон беҳтарин аст

Бино ба омори расмӣ, афзоиши маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ММД - ВВП) дар Ӯзбакистон ҳатто аз Чин болотар аст. То ҳол ба ягон давлати ҷаҳон муяссар нагардидааст, ки ба чунин натиҷаҳо ноил гардад. Вале санҷидани он, ки чунин як изҳороти лидерҳои ӯзбакистонӣ то чӣ андоза дуруст аст, ғайриимкон мебошад…

Ба қавли онҳо, ӯзбакистон бо муваффақияти калони иқтисодие ноил гардидааст, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст. Бино ба омори расмие, ки дар ҷаласаи девони вазирон 17-уми июл садо дод, дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Ӯзбакистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8,2% афзоиш ёфтааст. Ин алҳол аз нишондодҳои Чин ҳам беҳтар аст.

 

Коршиносон бар онанд, ки муваффақиятҳо мумкин дар ҳақиқат ҳам бошанд, вале санҷидани дурустии изҳороти лидерҳои ӯзбакистонӣ аз имкон берун аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбакистон, дар нимсолаи аввали соли 2009 ММД-и кишвар ба 13 559,9 триллион сӯм (9,03 миллиард доллар) баробар будааст. Болоравии иқтисодиёти мамлакат асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсолот ва кишоварзӣ таъмин гардидааст. Бино ба маълумоти расмии оморӣ, ки дар ҷаласаи девони вазирон садо дод, дар нимсолаи аввали соли 2009 афзоиши ММД-и Ӯзбакистон 8,2%-ро ташкил додааст. 

Афзоиши маҳсулоти саноатӣ 9,1%, истеҳсоли молҳои истеҳсолӣ 13,1%, кишоварзӣ 4,6%, хизматрасонӣ 18,5%, корҳои сохтмон 32,5% таъмин гаштааст. Буҷаи давлатӣ дар ҳаҷми 0,3% зиёд аз ММД иҷро шуда, сатҳи таваррум аз нишондодҳои пешбинишуда боло нарафтааст. Даромади воқеии аҳолӣ дар нимсолаи аввал 25,9 % афзун гаштааст.

"Ӯзбакистон дар ҳақиқат бо роҳи дуруст меравад, ҳарчанд бо суръати на он қадар тез, ки Ғарб интизораш аст, - меҳисобад сиёсатшиноси австралиягӣ Ричард Помфрейт. - Мамлакат ислоҳотро оҳиста-оҳиста, вале дуруст амалӣ мекунад ва аз ин рӯ боиси тааҷҷуб нахоҳад буд, агар нишондодҳои соли оянда боз ҳам назаррастар шаванд".

То ҳол ба ягон давлати дигари ҷаҳон муяссар нашудааст, ки ба чунин нишондодҳо ноил гардад. Ҳатто дар Чин ҳам, ки тавонистааст маҷмӯъи маҳсулоти дохилиро бештар аз 7% ва ҳамчунин истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба ҳамин андоза афзоиш диҳанд, ҳаҷми содирот (экспорт) дар нимсолаи аввал 21,8% коҳиш ёфтааст. Баробари ин профитсити мувозинати тиҷоратӣ 2,1 миллиард доллар кам шуда, то ба 96,9 миллиард доллар расидааст.

Ҳукумати Ӯзбакистон маълумотҳоро дар бораи афзоиши чунин нишондод наовардааст, вале маълум аст, ки профитсити мувозинати тиҷоратии кишвар дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2009 то 1,6 миллиард доллар (16,5%-и ММД) зиёд шудааст.

Илова бар ин ҳукумати мамлакат изҳор кардааст, ки тӯли нимсола дар мамлакат қариб 534,6 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, ки аз он 228 ҳазораш дар деҳот мебошад ва 52 ҳазори дигараш ҷойи кори хонагӣ аст, ки якҷоя бо муассисаҳо созмон ёфтааст. Бояд гуфт, ки муваффақиятҳои иқтисодии кишварро ҳатто душманҳои ошкорои раисҷумҳур Ислом Каримов эътироф мекунанд.

"Ташкили ҷойҳои нави кор бисёр муҳоҷирони ӯзбакистониро, ки дар Русия кор мекунанд, маҷбур менамоянд, ки ба ватан баргарданд ва ин диктатураро дар мамлакат боз ҳам мустаҳкамтар мекунад", - изҳор намуд яке аз сиёсатмадорони мухолифи ӯзбаки муқими Маскав, ки нахост номаш ифшо шавад. Аммо, баъзе коршиносҳо ба дурустии рақамҳои эълонкардаи ҳукумати ӯзбакистон сахт шубҳа доранд. Сармуҳаррири сомонаи интернетии "Фарғона.ру" Даниил Кислов ба РБК daily изҳор намуд, ки бисёрии рақамҳо дар бораи суръати рушди иқтисодиёт шубҳаоваранд, зеро тӯли даҳ соли охир Ӯзбакистон маълумотҳоро ба кумитаи ИДМ пешниҳод намекунад ва аз ин рӯ санҷидани онҳо ғайриимкон мебошад.

"Ҳангоми муборакбодиҳояш ба муносибати Соли Нав ва иди Наврӯз И.Каримов суханҳоеро ба забон меорад, ки аз ҳақиқат дуранд. Масалан вай мегӯяд, ки имрӯз дар мамлакат музди кори миёна ба 200 доллар баробар аст ва ӯ саъю талош дорад, ки ин нишондод ба 350 расад. Вале кам воқеъ мешавад, ки моҳонаи кормандони соҳаи буҷавӣ аз 100 доллар бештар бошад", - мефаҳмонад коршинос. Ба ҳар ҳол ҷаноби Кислов ҳам эътироф кардааст, ки ба андозаи муайян рушди иқтисодиёт ба назар мерасад. Вақте ки муассисаҳои нав боз мешаванд, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд. Ин муассисаҳоро бошад чиноиҳо ва малайзиягиҳо месозанд. Вале бо оғози бӯҳрони молиявӣ инвеститсияҳо ҳам хеле кам шудаанд.

РБК DAILY, тарҷумаи ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi