09:51:51 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲОҶӢ МУҲАММАД УМАРОВ: БОЯД ҲУКУМАТИ ЗИДДИБӮҲРОНӢ ТАЪСИС ШАВАД

Мусоҳиба бо доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров 


-Чаро шумо зарур шумурдед, то барои ташкили ҳукумати зиддибӯҳронӣ даъват ба амал биоваред? 

- Аввалан ҳукумати Тоҷикистон барои муаррифии барномаи зиддибӯҳронӣ таъхир дорад, ки далели ин омода набудани ҳукумати феълии кишвар барои истодагарӣ дар баробари бӯҳрони молии ҷаҳонӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои мутараққӣ дар такопӯ афтодаанд ва ҳар кадом аз ҳукуматҳо ин шабу рӯз танҳо ба фикри муқовимат бо бӯҳрон ҳастанд. Масалан, кишвари Арманистон барномаи алайҳи бӯҳронро таҳия ва ба Сандуқи Байналмилалии Пул пешниҳод карда, аз ин ниҳод 560 миллион доллар кӯмак дарёфт кардааст. Аммо масъулони давлати мо аввалан таъкид доштанд, ки ба иллати адами ширкати Тоҷикистон дар бозори бурси ҷаҳонӣ кишвар дар баробари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ осебпазир нахоҳад буд.
 
 
Вале ахиран нодурустии ин пешбиниҳо рӯшан шуд ва дар се моҳи ахир бахши даромади буҷаи Тоҷикистон танҳо 59 дар сад иҷро гардид. Дар ҳоле, ки давлат иҷрои бахши даромади буҷаро 76 дар сад арзёбӣ кардааст. 

Аз ин рӯ даъвати ташкили ҳукумати зиддибӯҳронӣ аз ҷониби Ҳизби демократи қаноти М. Искандаров иқдом шуд, ки банда низ пас аз баҳсу баррасиҳо ва ворид кардани тағйиротҳо дар ин барнома бо он ҳамроҳ шудам ва тӯли як ҳафта мо онро барои пешниҳод омода кардем. Агарчӣ ин барнома ҳарфи охирини илми иқтисод нест, вале ин пешниҳоди коршиносони ҲДТ аст ва бояд ниҳодҳои дигари фаъоли ҷомеа барномаҳои худро дар ин замина пешниҳод бидиҳанд. 

Ва дар пояи ин пешниҳодҳо барномаи мукаммалу воҳиди муқовимат бо бӯҳрон таҳия карда шавад. Мо аз мақомоти давлатӣ даъват кардем, ки барои муқобала бо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва коҳиши осебпазирии он бо аҳзоб, созмонҳо ва ҷомеаи мадании (шаҳрванди)-и Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Ба ин хотир мо ин санадро ба ҳукумати кишвар ирсол кардем ва умедворем, ки бисёр пешниҳодҳои мо ба барномаи ҳукуматӣ ҳамроҳ карда мешавад, зеро ин ногузир аст. 

Барномаи мо аз ҳафт боб иборат аст, ки Барномаи чораҳои коҳиш додани пайомади бӯҳрони молӣ унвон дорад, ки ахиран дар ҷамъи хабарнигорон, аҳзоби сиёсӣ ва мақомот муаррифӣ шуд. 

Кам кардани андозҳо, таъмини шаффофияти корхонаҳои бузург, бознигарии ҷиддии сиёсати хусусигардонӣ, таҷдиди қонуни гумрук ва ғайра аз ҷумлаи тадбирҳои зиддибӯҳронӣ мебошад. Барои пешгирӣ аз оқибатҳои бӯҳрон бояд, Қонуни андози Тоҷикистон такмил ва сиёсати андозбандии давлат низ дигар шавад. 

Шарти асосӣ ташкили ҳукумати зиддибӯҳронӣ дар Тоҷикистон аст, ҳукумате аз ашхоси шоиста ва ботаҷриба иборат бошад. Ҳукумате, ки аз технократҳо иборат бошад ва роҳбарони вазоратҳо мардумоне бошанд, ки ҳамон соҳаро аз ҳама бештар ва беҳтар донанд ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошта бошанд. 

Ҳамчунин ҷилавгирӣ аз воридоти мол бо роҳӣ қочоқ ба Тоҷикистон, ки зимни гузаштан аз марзҳои гумрукӣ ё вазни мол кам нишон дода мешавад ва ё нархи он, ки дар натиҷа маблағҳои зарурӣ ба буҷаи давлат ворид намешавад, метавонад осеби бӯҳронро камтар кунад. 

Замони бознигарии сиёсати хусусигаронӣ низ фаро расидааст. Бояд корхонаҳои хусусишудае, ки фаъолият намекунанд, дубора давлатӣ шуда ва аз сари нав хусусӣ карда шаванд. Аммо ин кор танҳо дар шароити таъсиси як ҳукумати зидибӯҳронӣ имкон дорад. 

-Чаро шумо фикр мекунед, ки ҳукумати феълӣ наметавонад дар баробари бӯҳрон истодагарӣ кунад? 

- Воқеан ҳам вақте хелеҳо мегӯянд кори ҳукумат, ба хусус блоки иқтисодӣ заъиф аст, мақомдорон ин идаоро рад мекунанд ва бепоя мехонанд, ки ин гуна нест ва онҳо тавонманд ҳастанд ва барномаи зиддибӯҳронии худро доранд. Аммо бубинед, вақте танҳо дар ҳамин ҷаласаи ахираш Раиси ҷумҳур ба шаш нафар вазиру роҳбари вазорату корхонаҳои калидӣ ҳушдор дод, ки шаш моҳ мӯҳлат доранд, то дар корашон ислоҳ ворид кунанд, чи хулоса метавон кард. 

Ин далели он аст, ки ҳатто худи Раиси ҷумҳур кори онҳоро ғайриқаноатбахш меҳисобад. Аммо ин ки барои онҳо дар шароити авҷи бӯҳрон барои ислоҳ мӯҳлат медиҳанд, ба назари ман чандон дуруст нест. Зеро онҳо, ки дар шароити мусоид натавонистаанд корашонро пеш бибаранд, дар шароити бӯҳрони молӣ, ки тавонотарин ширкатҳо ва кишварҳои қудратмандро ба зону нишондааст, чӣ гуна метавонанд, корашонро ислоҳ кунанд. Балки тӯли ин муддат онҳо бештар ба мушкил ва бӯҳрон ғуттавар мешаванд. 

Аз ин рӯ ислоҳи ин камбуд дар ҳоли ҳозир саривақтӣ аст. Роҳи наҷот танҳо сари кор овардани шахсони кордону мутахассис ва шоиста мебошад. Зеро бӯҳрон дар кишваре, ки тамоми бахшҳояш бӯҳронзада аст, бештар осебпазир аст. То бӯҳрони ҷаҳонии молӣ кишвари мо худ гирифтори бӯҳрони системавӣ буд. Ин бӯҳрон ҳанӯз аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ шуда буд ва он то имрӯз идома дорад. Ин танҳо бӯҳрони иқтисодӣ нест, ин бӯҳрон ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ, бӯҳрони маъмурӣ ва идорӣ, бӯҳрони ҷомеа аст, бӯҳрони сиёсӣ ва ахлоқӣ аст. Яъне тамоми бӯҳронҳои ба ҳам пайвастшуда моро дар ин вазъияти ногувор қарор додааст. 

Вақте мегӯянд, ки фасод дар кишвар густариш ёфтааст, ин нишони бӯҳрони ахлоқӣ ва маънавӣ аст. Мутаассифона, фасод ҳатто ба тарзи зиндагии мардум ба фарҳанг табдил шудааст, яъне барои одитарин фарди кишвар, ки худ ба як бурда нон муҳтоҷ ҳастанд, онҳо низ подош доданро ҳатмӣ медонанд. 

Ҳатто дар ошхонаву чойхонаҳо ҳамагӣ фикр мекунанд, ки ба пешхидматҳо ҳам подоше бояд дод, ба муаллимон, духтурон, милисаҳо ва дигарон бошад, дар ин маврид ҳеч гуна баҳсе вуҷуд надорад. Ақидае ба вуҷуд омадааст, ки бидуни ин зиндагӣ пеш нахоҳад рафт ва аз зинаҳои поёнӣ то боло мӯътақиданд, ки бидуни он намешавад ва ин як тақозои табии инсон аст. 

Вале дар асл ин гуна нест ва мӯътақид будан ба ин андеша моро бештар мувоҷеҳ ба бӯҳрон мекунад. Аз ин рӯ давлатмардони мо бояд шабу рӯз барои муқовимат бо ин бӯҳронҳо, ки бо сарозер шудани бӯҳрони моли ҷаҳонӣ он шиддат гирифтааст ва дар маҷмӯъ як бӯҳронро ташкил додааст, фикр кунанд ва аз оқибатҳои он дар ҷомеа биандешанд. 

Тавре ки ман огоҳ ҳастам, то ҳоли ҳозир барои рафъи бӯҳрон тадобири муҳим аз сар гирифта нашудааст, ҳатто ба Пажӯҳишгоҳи иқтисодӣ, як ниҳоди муҳим, ки ҷузъе аз пайкараи иқтисоди Тоҷикистон аст ва ман ин ҷо фаъолият дорам, то ҳол ҳеч дархосте аз ҳеч як ниҳоди ҳукумат барои рафъи оқибатҳои бӯҳрон нарасидааст. 

Ва аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки ё мансабдорони ҳукумат оқибати фоҷиабори бӯҳрони ҷаҳонии молиро дуруст дарк накардаанд ва ё ин ки дар баробари сарнавишти давлату миллат чандон манфиатдор нестанд. 

-Шумо гуфтед, ки яке аз шартҳои асосии пешгирии осебпазирии бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ташкили ҳукумати зиддибӯҳронӣ аст, ки бояд аз афроди огоҳ, шоиста ва мутахассис иборат бошад. Вале Раиси ҷумҳур аз камбуди кадрҳо дар як ҷаласаи солонаи ҳукумат ёдовар шуданд, ки кадри лоиқ пайдо нест. Шумо чӣ касони шоистаро дар ҳайъати ҳукумати зиддибӯҳронӣ дидан мехоҳед ва метавонед аз онҳо ном бубаред? 

-Бале, мо ин гуна афродро кам надорем, масалан метавон аз Мирзошариф Исломиддинов, Аҳ¬мବдов, Маҳмудҷон Қосимов ва дигарон ном бурд, ки таҷрибаи хуб доранд ва мутахассис ҳам ҳастанд. 

-Худи шумо чӣ, метавонед соҳаеро бар ӯҳда бигиред ва дар шароити бӯҳрон ба кишвар нафъ бирасонед? 

-Дар ин бора фикр накардаам. Аммо ба андешаи ман, нафъи ман бештар дар соҳаи илми иқтисод ба ҷомеа мерасад. 

-Бо шурӯъи бӯҳрон, ҷомеаи ғарбӣ ба "Капитал"-и Маркс рӯ овард ва ин асар аз пурфурӯштарин китоб дар кишварҳои ғарбӣ дониста шудааст. Оё рӯ овардан ба "Капитал" метавонад бӯҳронро рафъ кунад ва ба он малҳам шавад? 

- Не. "Капитал" роҳи наҷот нест. Ин ки ҷомеаи ғарбӣ ба "Капитал" рӯ овард ё якбора ба он таваҷҷӯҳ бештар шуд, аз он сабаб аст, ки дар ҳоли ба бӯҳрони молӣ мувоҷеҳ шудани системаи сармоядорӣ дар ғарб ҳизбҳои коммунистӣ ва доираҳои ба онҳо наздик бо истифода аз фурсат якбора фаъол шуданд ва дар тарғиби "Капитал"-и Маркс саҳм гузоштанд. 

Дар ин ҷо албатта Маркс қисман ҳақ аст. Аммо ман гумон мекунам, ки он қонунияти даврагӣ, такроршавии даврагии бӯҳронҳо, ки Маркс кушода буд, ин қонуният на танҳо ба иқтисодиёт ва ба бӯҳронҳои молиявӣ дахл дорад, балки ин қонуният ҳоло кушода шудааст ва он ба ҳама бахшҳои олам дахл дорад, ҳатто дар кайҳон, дар Замин, дар сайёраҳои дигар, дар ҳама ҷо шумо ҳамин такроршавии даврагиро мебинед. 

Ин як қонуни табиат аст ва ин қонуниятро дар олами ҳайвоноту наботот Дарвин кушод ва дар ҷамъият ин қонуниятро Маркс кушод ва гуфт, ки он ба капитализм дахл дорад. Вале он на танҳо ба капитализм дахл дорад, балки он ба дигар системаҳои ҷамъиятии қабл аз капитализм ва баъди он низ дахл дорад. 

Ба фикри банда худи «Капитал» кӯҳна шудааст ва чизи муҳим дар «Капитал» ин манфиати «Капитал» мебошад, на мазмуни «Капитал». Маркс бархе аз масоилро, ба хусус ба ҳирси инсонӣ нисбат додааст ва ақида дорад, ки истеҳсолкунанда ҳарчи бештар бо сифати баланд ва бештар мол истеҳсол кунад, ин ба ҳирси инсонӣ вобаста аст. Ва иштибоҳаш ҳам дар ҳамин аст. 

-Шумо барои истифода аз бонкдории исломӣ низ пешниҳод додед, чаро инро зарур мешуморед? 

- Бале, як банди дигари пешниҳоди мо истифода аз низоми бонкдории исломӣ ва мудохилаи интерактивии давлат ба умури иқтисодӣ дар шароити мубориза бо бӯҳрон мебошад. Ҳарфе, ки имрӯз ҳатто кишварҳои ғарбӣ ба он рӯ овардаанд ва имрӯз ин систем дар ғарб истифода мешавад ва роҳбарии ин бонкҳоро афроди ғайримусалмон ба ӯҳда доранд. 

Бонки аввалини исломӣ шакли нави идории бонкдорӣ аст ва аввалин бонки исломӣ солҳои 1960 дар Миср таъсис ёфта буд ва он ба муваффақиятҳои назаррас ноил нашуд, зеро ба он халал расонида буданд. Баъдтар бонкҳое, ки солҳои 80-ум пайдо шуданд, онҳо рушд ёфтанд. Зеро дар ин ҷо тамоми комплекси хеле мураккаби дохилибонкӣ ва ғайрибонкӣ дар асоси нормаҳои шариат ассонок карда шуданд. 

Яъне барои таъсиси бонки исломӣ танҳо донистани оёту аҳкоми шариат кифоят нест. Балки барои роҳандозии бонкдории исломӣ бо такя ба фармудаҳои китоби муқаддаси Қуръон садҳо китоб навишта шудааст, ки ҷавҳари ин систем аз ахлоқи қуръонӣ маншаъ мегирад. Мутаассифона мо дар Тоҷикистон дар ин маврид иттилои дуруст надорем. 

Дар ҳоле ки бонкҳои исломӣ манфиатҳои зиёде дорад. Ба вижа манофеъи қарзгирандагонро мадди назар дорад. Масалан, системи қарздиҳии аксарияти бонкҳо дар дунё ва ба вижа Тоҷикистон ғайригуманистӣ ва муқобили башарӣ мебошад, ки дар баробари зиён дидани шахси қарздор, даҳшатнок рафтор мекунанд ва ҳатто аксарияти хонаводаҳоро бо зану бачаҳояшон ба кӯча мепартоянд ва манзили иқоматашонро бар ивази қарзҳояшон ғасб мекунанд. 

Аммо системи бонкдории исломӣ усули судхӯриро маҳкум мекунад ва танҳо ба суди ба даст оварда, аз қарзи додашуда шарик мешавад. Ҳатто дар зиёне ҳам ки шахси қарздор мебинад, бонкҳои исломӣ шарик мешаванд ва онро ҳамроҳ бартараф мекунанд. Аз ин рӯ имрӯз Ғарб зарурати рӯ овардан ба ин системро ҷоиз донистааст. Ва мо низ онро пешниҳод додем. 

Мусоҳиб А. МИРЗО


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi