21:49:31 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КОРГАРОНИ РУС ДАР ТАРҲИ НЕРӮГОҲИ "РОҒУН"

Ҳашт ширкати Русия ва ҳудуди як ҳазор нафар аз мутахассисон ва коргарони ин ширкатҳо машғули кор дар тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" дар ҷануби Тоҷикистон ҳастанд.

Ин матлабро рӯзи панҷшанбеи 23 июл дар як нишасти матбуъотӣ дар сафорати Русия дар Душанбе Александ Яковлев, намояндаи тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон, эълом кард. Ба гуфтаи оқои Яковлев, ин ширкатҳо дар гузашта ба эҳдоси нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ҷануби Тоҷикистон машғул буданд ва батадриҷ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷалб шуданд. Ба ин тартиб, кори ин ширкатҳо дар тарҳи "Роғун" зоҳиран бар асоси қарордодҳои тиҷорие сурат мегирад, ки худи онҳо бо масъулони ин тарҳ имзо кардаанд, на бар асоси мувофиқатнома миёни ду кишвар.

Вале ба гуфтаи Рахметулла Алжанов, раиси ширкати саҳҳомии “Нерӯгоҳи Сангтӯда-1”, ҳоло ҳудуди 90 дарсади мутахассисони ширкатҳои Русия, ки машғули кор дар сохтмони ин нерӯгоҳ буданд, ба ватан бозгаштаанд. Ба эътиқоди оқои Алжанов, ҷониби Тоҷикистон натавонистааст ин афродро ба корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" ҷалб созад.

Вай афзуд: "Ҳарчанд давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар соли ҷорӣ барои идомаи иҷрои ин тарҳ 150 милюн дулор ихтисос бидиҳад, вале шароити молӣ барои ҷалби кормандони рус ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" чандон муносиб набудааст."

Сохтмони ин нерӯгоҳ дар 110-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе дар замони Шӯравӣ оғоз ёфта ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ба далели мушкилоти молӣ мутаваққиф шуда буд. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ки то ҳол дар тарҳи ин нерӯгоҳ ба маблағи 804 милюн дулор корҳоисохтмонӣ иҷро шудааст ва барои анҷоми комили ин тарҳ ҳудуди ду милёрд дулори дигар лозим аст.

Дар соли 2004 миёни давлати Тоҷикистон ва ширкати «Русал»-и Русия дар бораиазсаргирии сохтмони нерӯгоҳи Роғун қарордоде ба имзо расида буд, вале як сол қабл давлати Тоҷикистон онро лағв кард. Рахметулла Алжанов, ки дар замони Шӯравӣ масъули сохтмони нерӯгоҳи "Бойғозӣ" дар ҷануби Тоҷикистон буд, дар посух ба ин суол, ки оё худаш майли ширкат дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро надорад, гуфт, ки баъд аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба Русия бармегардад ва қасд дорад ба кишоварзӣ машғул шавад.

Дар ҳамин ҳол, Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон, дар посух ба ин суол, ки оё кишвараш дар идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ мушорикат хоҳад кард ё хайр, гуфт, ки дар ин замина ҳеҷ рӯшание нест.

Ба эътиқоди вай, то замони таҳияи тарҳи ҷадиди ин нерӯгоҳ аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ ҳеҷ кишваре наметавонад дақиқан бигӯяд, ки дар иҷрои он саҳм хоҳад гирифт ё на. Вале ба гуфтаи оқои Попов, интизор меравад баъд аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 Русия дар ин кишвар боз чанд нерӯгоҳи мутавассит бисозад.

Тавофуқ дар ин замина дар ҷараёни дидори расмии президенти Русия аз Тоҷикистон дар соли гузашта ҳосил шуда буд. Оқои Попов хабар дод, ки ҳоло раванди интихоби маҳалли сохтмони ин нерӯгоҳҳо идома дорад ва дидори қарибулвуқуъи Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон дар охири ин моҳ метавонад ба иҷрои сареъи ин амр мусоъидат кунад. Ин дар ҳолест ки ба эътиқоди коршиносон, бидеҳкории ширкати “Барқи тоҷик” барои истифода аз барқи тавлиди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 метавонад дар ҷалби сармояи бештар барои иҷрои тарҳҳои дигари энержии Тоҷикистон мушкил эҷод кунад.

Рахметулла Алжанов аз эъломи мизони дақиқи бидеҳкории ҷониби Тоҷикистон худдорӣ кард, вале гуфт, ки эҳтимол дорад ин мушкил дар ҷараёни боздиди раиси ҷумҳурии Русия аз Тоҷикистон дар авохири ин моҳ ҳалли худро пайдо кунад. Ин дар ҳолест ки дар гузашта эълом шуда буд, ки “Барқи тоҷик” аз Сангтӯда-1 ҳудуди сӣ милюн дулор бидеҳкор аст.

Юрий Попов ҳамчунин аз эҷоди “фазои хашине” дар матбуъоти тоҷик алайҳи Русия дар остонаи сафари оқои Медведев ба ин кишвар изҳори нигаронӣ кард. Вай иддаъоҳои бархе аз соҳибназарон дар бораи ба сардӣ гаройидани равобити ду кишварро такзиб кард.

Ба эътиқоди оқои Попов, дар равобити миёни Тоҷикистон ва Русия “мавзӯъоти мавриди баҳс” вуҷуд доранд, вале онҳо дар ҷараёни музокирот ҳал мешаванд. Ба гуфтаи сафири Русия, “ин ду кишвар роҳе ба ҷуз тавсеъаи ҳамкориҳо дар ҳама арсаҳо надоранд.”

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi