04:07:47 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОНКИ ҶАҲОНӢ: "ПУЛИ МУҲОҶИРОН КОҲИШ МЕЁБАД"

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ мизони интиқоли сармоя тавассути муҳоҷирони корӣ ба кишварҳои дар ҳоли тавсеъа аз ҳафт то даҳ дарсад коҳиш меёбад.

Бар асоси пешгӯйии мутахассисони ин бонк, дар соли гузашта мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирон аз кишварҳои пешрафта ба кишварҳояшон ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёфта ва ба 328 милёрд дулор расида буд. Аммо ба гуфтаи ин бонк, имкон дорад дар соли ҷорӣ ба далели паёмадҳои буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ интиқоли ин маблағ то ба 304 милёрд дулор коҳиш ёбад.

Ба гуфтаи коршиносони ин бонк, ҷараёни муҳоҷират ба кишварҳои пешрафта ба дунболи буҳрони ҷаҳонии молӣ шадидан коҳиш ёфтааст, вале теъдоди муҳоҷирони корӣ, ки дар ин кишварҳо қаблан фаъолият мекунанд, коҳиши назаррасе нахоҳад дошт.

Ҳанс Тиммер, иқтисоддони ин бонк, мегӯяд: “Ин хатар вуҷуд дорад, ки мақомоти кишварҳои муҳоҷирпазир муқаррароти муҳоҷират ба кишварҳояшонро ташдид кунанд. Дар ин сурат имкон дорад интиқоли сармояи муҳоҷирони корӣ ба ватан беш аз ҳадди пешбинӣ коҳиш ёбад. Ин вазъ мунҷар ба кундии раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъа хоҳад шуд.”

Бар асоси омори Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон, Мулдовӣ, Тунго, Лесото ва Гуёно аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки беш аз як чаҳоруми даромади нохолиси миллии онҳо аз интиқоли сармояи муҳоҷирони корӣ бастагӣ дорад.

Аз ҷумла, бар асоси ин омор 46 дарсади даромади мардуми Тоҷикистон аз ҳисоби пулҳоест, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия ва Қазоқистон ба хонаводаҳои худ мунтақил мекунанд.

Омори расмӣ

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи омори Тоҷикистон низ аз коҳиши интиқоли сармояи муҳоҷирони корӣ аз хориҷ ба ин кишвар гузориш додааст.

Мерган Шаҳбозов, раиси Кумитаи омори Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршабеи 15 июл гуфт, ки соли гузашта тавассути муҳоҷирони корӣ танҳо аз Русия ба Тоҷикистон беш аз дуву ним милёрд дулор аз тариқи бонкҳо интиқол ёфтааст.

Аммо ба гуфтаи оқои Шаҳбозов, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо даврони мушобеҳи соли гузашта мизони сармояи интиқолӣ аз Русия панҷоҳ дарсад коҳиш ёфтааст.

Оқои Мерганов гуфт: “Русия аз буҳрони ҷаҳонии молӣ ҳудуди 650 милёрд дулор хисорат дидааст ва ҳудуди 360 то 450 ҳазор муҳоҷири тоҷике, ки дар он ҷо дар ҳоли ҳозир фаъолият доранд, бештарашон бо корҳои муваққатӣ ва каммузд машғул ҳастанд.”

Аммо масъулони Кумитаи омори Тоҷикистон бо дарназрдошти он ки Русия дар ҳоли пушти сар кардани буҳрони ҷаҳонии молӣ будааст, ҳадс мезананд, ки шояд дар нимсолаи оянда вазъияти интиқоли пул тавассути муҳоҷирони корӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон беҳбуд ёбад.

Ин дар ҳолест ки бархе аз коршиносони иқтисодӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки то авохири соли 2009 мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.

Ба гуфтаи онҳо, бо вуҷуди коҳиши таъсироти буҳрони молии ҷаҳонӣ ба иқтисоди Русия, мақомоти он кишвар қабл аз ҳама корҳои доимиро барои шаҳрвандони хеш таъмин хоҳанд кард.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ин коршиносон, мутаваққиф шудани фаъолияти бозори Черкиз, яке аз бузургтарин бозорҳо дар шаҳри Маскав, метавонад рӯйи зиндагии беш аз 20 ҳазор муҳоҷири тоҷик, ки дар ин бозор кор мекарданд, таъсироти ногуворе бар ҷой гузорад.

Бавижа, бо назардошти он ки аксари ин афрод ба тиҷорат машғул буданд, онҳо ҳамакнун наметавонанд дар тамоми қаламрави Русия ба тиҷорати колоҳои мухталиф машғул шаванд. Русия як сол пеш фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар арсаи тиҷорати хусусӣ ва давлатиро маҳдуд карда буд.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi