20:29:44 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ЗАРДОЛУ Ё ПАНБА: КАДОМЕ СУДОВАР АСТ?

Зардолупарварӣ аз машоғили умда дар шимоли Тоҷикистон аст. Устони Суғд бо анвоъи зардолуҳое, ки дар он ҷо парвариш мешавад, шуҳрати зиёде дорад. Боғҳои зардолуро дар бештари навоҳии ин вилоят, бавижа дар кӯҳистони Зарафшон, ноҳияҳои Ашту Конибодом ва Исфара, ва дар маҳаллоти атрофи шаҳри Хуҷанд, зиёд метавон дид.

Агар касе дар мавсими "зардолупаз" аз ин ноҳияҳо боздид кунад, албатта бомҳои хонаҳоеро мебинад, ки ранги заъфаронӣ ба худ гирифтаанд. Ин ранги зардолуҳоест, ки мардум барои хушкондан дар болои бомҳо ва дар ҷойҳои офтобрас паҳн мекунанд. Дарвоқеъ зардолу манбаъи даромади бисёре аз хонаводаҳо дар шимоли Тоҷикистон будаву ҳаст ва ин мақоли мардумӣ, ки "Зардолу зард шуд, фалғарӣ мард шуд, зардолу адо шуд, фалғарӣ гадо шуд" шояд ба ҳамин аҳаммияти тиҷоратии зардолу ишора мекунад.

Дар замони Шӯравӣ устони Суғд ба яке аз маконҳои аслии парвариши панба табдил шуд ва ба гуфтаи бархе иқтисоддонҳо, "тилои сафед" аз аҳаммияти меваю сабзиҷот дар ин минтақа коста буд.

Вале буҳрони ҷаҳонии молӣ ва коҳиши баҳои панба зоҳиран кишоварзони маҳаллиро дубора бар он доштааст, ки ба боғдорӣ рӯй оваранд. Парвариши анвоъи мухталифи зардолӯ ва тиҷорати меваи хушки он агар даромади зиёде ҳам надиҳад ва мардум аз он сарвати анбӯҳе ба даст наёваранд, лоақалл манбаъи аслии таъмини рӯзгори бисёре аз хонаводаҳои фақир метавонад бошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дар ҷараёни сафари ахири худ ба вилояти Суғд, хостори эҷоди боғҳои бештар ва парвариши зардолӯ ва меваҳои дигар шудааст.

Вай аз ҷумла гуфтааст, дар ҳоле ки панбакорӣ дар шароити буҳрони молӣ манофеъи иқтисодии зиёде надорад ва азбаски зардолу дар шимоли Тоҷикистон ҳосили хубу фаровоне дода ва бештар судовар аст, боист, ки боғҳои зардолуро афзоиш дод.

Оқои Раҳмон гуфтааст, ки дар панҷ соли оянда ҳудуди 20 ҳазор ҳектор аз заминҳои кишоварзӣ дар устони Суғд бояд ба боғҳо табдил дода шаванд. Бо ин вуҷуд, як масъули идораи кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, ки ба далели фишор аз ҷониби мақомоти давлатӣ онҳо наметавонанд боғҳои зардолуро ба ҷойи заминҳои панба афзоиш бидиҳанд.

Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2008 кишоварзони устони Суғд ба хориҷ аз кишвар беш аз 100 ҳазор тун меваи хушк содир кардаанд. Коршиносон муътақиданд, ки парвариш ва фурӯши мева, бавижа зардолу, ва содироти он ба хориҷ аз кишвар, аз машоғили судоваре аст.

Абдувоҳид Ёрматов, як масъули Идораи кишоварзии вилояти Суғд, мегӯяд, ки аз 1 ҳектор боғи зардолу, ки дорои 150-180 бех дарахт аст, аз 15 то 18 тун мева гирифтан мумкин аст.

Вай гуфт: "Ин миқдор зардолу тақрибан ба чаҳор тун зардолуи хушк табдил мешавад, ки дар бозори дохилӣ қиматаш аз чаҳор сомонӣ шурӯъ шуда ва дар бозорҳоиРусия аз 12 то 90 сомонӣ ба фурӯш мерасад. Яъне, дар ҳоли фурӯши он ҳатто бо қимати пойинтарин дар бозори дохилӣ, кишоварзон аз як ҳектор боғи зардолу наздик ба чаҳор ҳазор дулор суд ба даст меоранд".

Ба гуфтаи оқои Ёрматов, ин дар ҳолест ки барои боғдорӣ заҳмат ва сармояи зиёде масраф намешавад. Вале барои ба даст овардани ҳосили панба дар як ҳектор мазраъа боистӣ 700-800 дулор масраф кард.

Оқои Ёрматов мегӯяд: "Танҳо дар сурати дарёфти 30 сентнер панба аз як ҳектор замин, ки дар натиҷаи коркарди он як тун нахи панба ба даст омада ва онро метавон тақрибан ба як ҳазор дулор дар бозорҳои хориҷӣ ба фурӯш расонд, суде ба даст овардан аз он мумкин аст."

Оқои Ёрматов мегӯяд, ин дар ҳолест ки "дар дар чанд соли ахир кишоварзони суғдӣ аз як ҳектор мазраъаи панбатанхо 14-15 сентнер ҳосил ба даст меоранду дар натиҷа ба ҷойи дарёфти суде ба вомдорони сангине табдил шудаанд."

Тибқи иттилоъи Идораи кишоварзии вилояти Суғд, кишоварзони панбакори ин мантақа 130 милюн дулор аз сармоядорон қарздор ҳастанд. Ҳоло дар вилояти Суғд наздик ба 60 ҳазор ҳектор аз мазореъи беҳтарин барои панбакорӣ ихтисос дода шудааст.Аммо барои боғот ҳудуди 50 ҳазор ҳектор замин ҷудо шудааст, ки як қисми он заминҳои фарсудае ҳастанд, ки барои эҳёи дубораи онҳо бояд сармоягузорӣ кард.

Бархе аз коршиносони арсаи кишоварзӣ ба ин суол ки чаро аз ҳисоби заминҳои кишти панба, ки зиёновар аст, боғҳои зардолуро афзоиш намедиҳед, мегӯянд "ин лоббигарони панбакорӣ ҳастанд, ки намехоҳанд бо вуҷуди зиёновар будани ин маводд панбакориро коҳиш бидиҳанд." Ба гуфтаи яке аз онҳо, ки хост номаш зикр нашавад, "бо барҳам додани панбакорӣ як силсила корхонаҳои коркарди панба, корхонаҳои равғанкашӣ, сармоягузорони ин арса, тоҷироне, киба фурӯши панба машғул буда ва бо мақомоти давлатӣ робитаи наздик доранд, кору фаъолияти худро аз даст хоҳанд дод."

Дар гузашта, бархе аз созмонҳои байналмилалӣ аз давлати Тоҷикистон интиқод кардаанд, ки ислоҳот дар арсаи кишоварзиро ба таври комил анҷом надодааст ва мақомоти маҳаллӣ ҳамчунин бар кишоварзон дастур медиҳанд, ки онҳо чизеро парвариш кунанд ва аз баҳри чи чизе бигзаранд.

Гуфта мешавад яке аз сабабҳои анбошта шудани қарзҳои кишоварзони панбакор аз сармоягузорон дар Тоҷикистон, ки тибқи омори мухталиф аз 500 милюн дулор бештар аст, ҳамин истиқлол надоштани кишоварзон будааст.

Зоҳиран ин вазъ боъис шудааст, ки даҳҳо ҳазор нафар аз кишоварзон майдонҳои панбаро гузоранд ва ба ҷустуҷӯйи кори даромаднок ба Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷират кунанд.

Акнун, ки буҳрони молӣ бар мушкилоти кишоварзон афзуда ва нокоромадии сиёсатҳо дар умури кишоварзиро ба рухи раҳбарон кашидааст, коршиносон мегӯянд, ки дар ин сиёсатҳо бояд таҷдиди назар кард ва кишоварзонро ба ҳоли худ гузошт: "бигзор худашон тасмим бигиранд, ки зардолу коранд ё панба!"

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi