02:21:50 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШАРОИТИ НОМУСОИДИ ТИҶОРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Пажӯҳиши тозаи Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисод ҳокист, ки шароити тиҷорат дар Тоҷикистон дар муқоиса бо як сол қабл бадтар шуда ва ин кишвар дар шохиси солона даҳ рада пойинтар уфт кардааст.

Тибқи натоиҷи ин пажӯҳиш, ҳоло Тоҷикистон дар миёни 121 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 114-ро ба худ ихтисос додааст, дар ҳоле ки порсол ин кишвар дар миёни 118 мамлакат дар радаи 104 қарор дошт. Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисод барои соли дувум аст, ки бо арзёбии чаҳор меъёр, яъне дастрасии озод ба тиҷорат, муҳити мусоъиди бозаргонӣ, вазъи зербиноҳои ҳамлу нақлӣ ва иртиботот, ва мудирияти марзӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон гузорише дар бораи шароити тиҷорат таҳия мекунад.

Гузоришгарон мегӯянд, ки гузориши имсолаи онҳо дар шароите таҳия шудааст, ки ҷаҳон бо як буҳрони шадиди иқтисодӣ рӯбарӯст ва ин буҳрон дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон асароти шадиде бар ҷой гузоштааст.

Тибқи пажӯҳиши ахир, Тоҷикистон дар канори кишварҳое назири Непол, Банглодеш, Алҷазоир, Чад, Ниҷер, Зимбобве ва Венезуело дар феҳристе қарор дорад, ки ғолибан иқтисодҳои бастае доранд.

Шохиси тоза нишон медиҳад, ки Сангопур ва Ҳункунг аз болотарин мизони озодии тиҷорат дар ҷаҳон бархурдоранд. Кишварҳои урупоии Донморк, Суис, Конодо, Нурвеж, Финланд, Утриш ва Ҳуланд аз ҷумлаи даҳ кишвари садри ин феҳрист ҳастанд.

Русия пас аз Тоҷикистон дувумин кишварест, ки озодии тиҷорат дар онҳо дар муқоиса бо сойири кишварҳои собиқ Шӯравӣ бадтар арзёбӣ шудааст. Русия дар ин феҳрист болотар аз Тоҷикистон, вале пойинтар аз сойири кишварҳои собиқ Шӯравӣ, яъне дар мақоми 109, қарор гирифтааст.

Тибқи ин гузориш, се кишвари соҳили Болтик дар муқоиса бо кишварҳои дигари Шӯравии собиқ иқтисоди озодтаре доранд. Қазоқистон низ бо иқтисоде бозтар дар ин пажӯҳиш мавқеъи беҳтареро ба худ ихтисос дода ва дар радаи 93 қарор гирифтааст.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар пойинтарин рада қарор гирифта ва нисбат ба сойири меъёрҳо аз нигоҳи муҳити тиҷорат ба пешрафтҳое даст ёфта ва мақоми 70-ро касб кардааст.

Вале аз нигоҳи мудирияти марзӣ ва зербиноҳои ҳамлу нақлӣ ва иртиботот Тоҷикистон дар мавқеъияти баде қарор гирифтааст. Бахусус, муқаррароти содироту воридот дар марз барои густариши тиҷорат дар ин кишвар аслан мусоъид набуда ва Тоҷикистон дар ин замина дар радаи 119 қарор гирифтааст.

Зерсохтҳои ҳамлу нақлӣ дар Тоҷикистон низ чандон дастраси умум набудаанд ва кайфияти хубе ҳам надоштаанд. Ва ин кишвар дар ин замина дар мақоми 116 қарор гирифтааст.

Тибқи пажӯҳиши Маҷмаъи Ҷаҳонии қтисод, шароити дастрасӣ ба бозор, чи дохилӣ ва чи хориҷӣ, дар Тоҷикистон низ чандон ризоятбахш набуда ва ин кишвар дар ин замина дар мақоми 104 қарор дорад.

Дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик бо натиҷагирии пажӯҳишгарони Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисод мувофиқ аст ва мегӯяд, ки дар як соли ахир дар Тоҷикистон фазои тиҷорат ва сармоягузорӣ бадтар шудааст.

Ба эътиқоди оқои Умаров, дар ин муддат мавонеъи зиёде дар роҳи густариши тиҷорат дар кишвар эҷод шудаанд. Вай афзуд, ки набуди рақобати озод дар иқтисоди Тоҷикистон аз рушди бахши хусусӣ дар ин кишвар то ҳадде монеъ шудааст.

Вале Фирӯз Саидов, як масъули Маркази мутолеъоти истротежики раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, бо натиҷагирии пажӯҳишгарони Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисод чандон мувофиқ нест.

Ба гуфтаи вай, дар як соли ахир муҳити тиҷорат дар Тоҷикистон беҳбуд ёфта ва шароити бозаргонӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо Қазоқистон ва Қирғизистон бамаротиб беҳтар шудааст.

Аммо дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки талошҳои давлати Тоҷикистон барои сода кардани шароити тиҷорат ва бозаргонӣ дар ин кишвар, ки тоза роҳандозӣ шуд, ҳануз натоиҷи чашмгире надодааст. Оқои Умаров зимни истиқбол аз роҳандозии “равзанаи воҳид” барои сабти номи ширкатҳои хусусӣ ва дарёфти муҷаввиз барои сохтмон истиқбол кард, вале гуфт, ки ҳоло рӯшан нест, ки ин амр чи натоиҷе дар пай хоҳад дошт.

Давлати Тоҷикистон аз якуми июли соли ҷорӣ иҷрои барномаи мавсум ба “200 рӯзи ислоҳот”-ро рӯйи даст гирифт, ки сода кардани шароити тиҷорат ва мусоъидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ аз аҳдофи аслии ин санад арзёбӣ мешавад.

Вале барои бори нахуст нест, ки созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи озодии тиҷорат ва иқтисод дар Тоҷикистон интиқод мекунанд. Тибқи пажӯҳиши ахири маҷаллаи “Форбз” (Forbes), Тоҷикистон дар заминаи озодии тиҷорат дар миёни 127 кишвари ҷаҳон ҷойгоҳи 123-ро ба худ ихтисос додааст.

Бар асоси арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон шароити сабти номи ширкатҳо ва моликият душвор буда, мизони болои молиёт ва шароити печидаи воридот ва содирот, дарёфти муҷаввиз барои анҷоми умури сохтмонӣ ва набуди амнияти сармоя аз рушди бахши хусусӣ монеъ шудааст.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi