14:34:49 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФЗОИШИ БИДЕҲИҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ САНГТӮДА-1

 

 Бидеҳиҳои ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то сӣ милюн дулор афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки то як моҳе қабл ин рақам муъодили 18 милюн дулор хонда мешуд. 


Александр Кориченко, сармуҳандиси ширкати саҳҳомии "Нерӯгоҳи Сангтӯда-1", рӯзи чаҳоршанбе, 10 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки то ҳол ҷониби Тоҷикистон барои пардохти бидеҳиҳои худ иқдоми ҷиддие анҷом надодааст. Ба гуфтаи вай, "Барқи тоҷик" ҳамчунон "ваъда медиҳад, ки қисмате аз ин маблағро пардохт хоҳад кард, ки он ҳам ночиз аст". Вале оқои Кориченко афзуд, ки замони пардохти ҳатто ин маблағ низ норушан аст. 


Манобеъи ширкати "Барқи тоҷик" дар навбаи худ гуфтаанд, ки таътили умури сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ба мавзӯъи бидеҳкор будани ин ширкат набояд иртибот дошта бошад. 


Ин манобеъ эълом дошта буданд, ки барои дарёфти эътиборот ба манзури ҳалли ин мушкил бо бонкҳои кишвар вориди музокирот шудаанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Александр Кориченко, ахиран масъулони ширкати Сангтӯда-1 тасмим гирифитаанд, ки умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳро аз сар бигиранд. Зеро ду ҳафта пеш масъулони ин ширкат эълом карда буданд, ки умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ мутаваққиф шудааст.


Он замон Иннокентий Ким, ёвари раиси ширкати саҳҳомии "Нерӯгоҳи Сангтӯда-1" ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки ин амр ба далели адами шароити молӣ барои идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ гирифта шудааст. 


Ба гуфтаи вай, мушкили аслӣ дар ин замина пардохт накардани бидеҳиҳои ширкати "Барқи тоҷик" барои истифода аз нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ будааст.


Ҳамакнун, ба гуфтаи сармуҳандиси ширкати саҳҳомии "Нерӯгоҳи Сангтӯда-1", ин ширкат водор шудааст бо истифода аз "захоири дохилӣ" умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳро идома диҳанд. 


Зеро, ба гуфтаи оқои Кориченко, қарор аст рӯзи 29 ё 30 июл бо ширкати руасои ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон маросими расмии мавриди истифодаи комил қарор гирифтани ин нерӯгоҳ баргузор гардад. Масъулон муваззафанд то ин замон куллия умури сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро анҷом диҳанд. Дар посух ба ин суол, ки бо истифода аз чӣ маблағе онҳо умури сохтмониро аз сар гирифтаанд, оқои Кориченко гуфт, ки онҳо водор шудаанд эътиборот пайдо кунанд. Вале ин масъули нерӯгоҳи Сангтӯда-1 аз ифшои манобеъи молии ин амр худдорӣ кард. Оқои Кориченко ҳамчунин гуфт, ки мутахассисини рус, ки машғули кор дар ин нерӯгоҳ ҳастанд, аз панҷ моҳ бад ин сӯ ҳуқуқи худро дарёфт накардаанд. Вале ба гуфтаи вай, ширкат талош дорад "ҳуқуқи коргарони тоҷикро, ки мизони онҳо пойинтар аст, пардохт кунанд."


Зимнан, нерӯгоҳи Сангтуда-1 аз сӯйи ширкати русии "Интер РАО" эҳдос мешавад. Эҳдоси ин нерӯгоҳ бо тавони тавлиди 670 меговот нерӯи барқ дар сол дар авохири даҳаи 1980 оғоз шуда ва ҳудуди 20 дарсади корҳои сохтмонӣ дар он замон анҷом шуда буд. 


Вале баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1991 давлати Точикистон натавонист барои идомаи ин тарҳ маблағи зарурӣ пайдо кунад.
Дар пайи имзои як созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳо дар бахши энержӣ дар соли 2004, ширкати "РАО ЕЭС"-и Русия бо касби 75 дарсади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба эҳдоси он пардохт.


Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки қазияи бидеҳкории "Барқи тоҷик" аз ширкати "Нерӯгоҳи Сангтӯда-1" дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иҷрои тарҳҳои дигари энержии Тоҷикистон асароти номатлуб хоҳад дошт. Зеро, сармоягузорон дар судманд будани ин тарҳҳо ва имкони бозпас гирифтани сармояи худ тардид хоҳанд дошт. 


BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi