04:28:14 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

Ф. ФАЙЗУЛЛОЕВ: «САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ АЗ САФАРИ ТОҶИКИСТОН ДАСТ НАКАШИДААНД

 

Ҳавопаймои нахустини ширкати миллии ҳавонавардии «АйрБалтик» 1 июн дар майдони ҳавоии пойтахти Тоҷикистон фуруд омад. Ба ин муносибат 2 июн дар ширкати «Тоҷикавиатур» маросими шиносоӣ бо фаъолияти ширкати ҳавонавардии «АйрБалтик» баргузор гардид. Директори генералии «Тоҷикавиатур» Фаттоҳ Файзуллоев баъди анҷоми маросими шиносоӣ зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ба баъзе саволҳои ӯ ҷавоб дод. 

- Фаттоҳ Набиевич, лутфан бигӯёд, ки парвози ҳавопаймоҳо аз Аврупо ба мамлакати мо ба рушди соҳаи туризм чи гуна таъсир мерасонад?

- Ширкати «АйрБалтик» дар Аврупо аввалин ширкатест, ки ҳавопаймоҳои он ба мамлакати мо парвоз мекунанд. Ин иқдоми нахустин дар бобати кушодани роҳҳои ҳавоӣ ба мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо мебошад. Шумо мушоҳида карда метавонед, ки вазъият бо суръат тағийр меёбад ва мароқи сайёҳон ба Тоҷикистон мисли мамлакатҳои дигари ҷаҳон то рафт вусъат меёбад. 

Президенти ҷумҳурии мо Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба Латвия бо президенти ин мамлакат Валдис Затлерс дар бораи кушодани роҳи ҳавоӣ дар байни ҳар ду мамлакат созишнома имзо карданд.

Сарвари давлати мо баъди имзои ин ҳуҷҷат изҳор намуд, ки «Шумо роҳи моро ба Аврупо мекушоед, мо шуморо ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳидоят хоҳем кард». Ба ақидаи ман, кушодани роҳҳои нави ҳавоӣ дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо намунаи барҷастаи сиёсати хирадмандонаи давлатӣ мебошад.

- Ба ақидаи Шумо, имрӯз вазъи соҳаи туризм дар Тоҷикистон чи гуна аст?

- Аврупоиёне, ки дар вақташ ба Тоҷикистон омадаанд, онро «Швейсарияи дуюм» номида буданд. Манзараҳои кӯҳистони Бадахшон ба манзараҳои табиати қаторкӯҳҳои Алп шабоҳати қавӣ доранд. Илова бар ин мамлакати мо сарзамини қадима буда, дорои таърихи пурғановат ва шароиту имкониятҳои фаровони туристӣ мебошад.

Сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон омада рухсатии худро бо фароғат мегузаронанд. Онҳо дар мамлакати мо ҳазорон ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию меъмориро тамошо карда ба ҳайрат меафтанд. Тавре ки маълум аст, бисёр ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон аз ҷумла шаҳри қадимаи Саразм, Боғи миллии Тоҷикистон, ибодатхонаи буддоӣ дар Аҷинатеппа, шаҳристони Ҳулбук, Панҷакенти қадима, ёдгории Тахти сангин, қалъаҳои Ҳисор ва Ямчун, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва ғайраҳо ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда мешаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки муҷассамаи 14- метраи «Буддои хобида» дар яке аз осорхонаҳои Тоҷикистон маҳфуз мебошад. Муассисаи «Тоҷиавиатур» барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ташвиқу тарғиб ва рекламаро сол то сол ривоҷ медиҳад.

- Бигӯед, ки ширкати шумо кай ташкил ёфта буд ва ҳадафҳои фаъолияти он кадомҳоянд?

- «Тоҷиавиатур» соли 2006 ба фаъолият шурӯъ карда буд. Фаъолияти он ба хизматрасонӣ ба шаҳрвандони мамлакат дар соҳаи мубодилаи меҳнатии байналхалқии коргарон махсус гардонда шудааст. 

Ширкати мо дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда ба ин намуди фаъолият иҷозатнома гирифта буд. Фаъолияти ширкати мо дар саросари ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти «Тоҷикавиатур» ба мамлакатҳои хориҷӣ ба кор фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон, ташкили сафару сайёҳат ба хориҷи кишвар, иҷрои барномаҳои маърифатӣ ва хизматрасонии машваратӣ мебошад.

Мо имрӯз коргарони тоҷикро барои кор ба Русия, Қазоқистон, Украина, Белорусия, Қирғизистон ва Лаҳистон мефиристем. Бо ин мақсад бо муассисаҳои дахлдори ин мамлакатҳо қарордоди ҳамкорӣ имзо кардаем. Имрӯз намояндагиҳои ширкати мо дар бештар аз 10 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон фаъолият доранд. 

- Ширкати Шумо ба сайёҳони ватанию хориҷӣ кадом хизматҳоро пешкаш менамояд?

- Мо пеш аз ҳама ба сайёҳони хориҷӣ тамошои минтақаҳои кӯҳистон, аз ҷумла минтақаҳои Бадахшон, кӯҳҳои Фон, мавзеъҳои Оқсу, Каравшин, дараҳои Ромит, Варзоб, қуллаи Исмоили Сомонӣ ва ғайраро пешниҳод менамоем. Сайёҳони хориҷиро дар ин минтақаҳо роҳбаладони пуртаҷриба ҳамроҳӣ мекунанд.

Мо инчунин шикори баъзе намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ, аз ҷумла гӯсфанди Марко-Поло, бузи кӯҳӣ, гавазни Мархӯр ва ғайраро ташкил хоҳем кард. Яке аз роҳҳои муҳимтарини сафару сайёҳат дар мамлакати мо Ҷодаи бузурги абрешим, яъне тамошои шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ мебошад. Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир ба рушди соҳаи туризм диққати калон медиҳанд. Дар давраи солҳои 2009-2019 барои пешрафти ин соҳа 1,5 миллион доллар пешбинӣ карда мешавад.

- Таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба соҳаи туризм чи гуна аст?

- Бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мисли соҳаҳои дигар ба соҳаи туризм низ таъсири муайян расонд. Тавре ки маълум аст, бо ҳамин сабаб тобистони соли 2008 нархи сӯзишвории ҳавопаймоҳо якбора хеле баланд шуд. 

Бо вуҷуди ин одамон аз сафару сайёҳат даст намекашанд. Ҳаминашро қайд кардан лозим аст, ки сайёҳон мисли пештара маблағи худро баҳудаю беҳуда сарф намекунанд. Алҳол сайёҳони хориҷӣ аз сафару сайёҳат дар мамлакати мо даст накашидаанд. 

 «Тоҷикавиатур» кӯшиш мекунад, ки ба сайёҳон ҳамаҷониба кӯмак расонад. Масалан, нархи роҳхати туристии Душанбе-Истамбул-Берлин-Душанбе 1300 доллари ИМА буд, имрӯз роҳхати мазкурро ба ивази 800 доллари ИМА харидан мумкин аст.

Наталья Михайлова, АМИТ «Ховар», 
тарҷумон Қудратов А. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi